Шукронаи Ваҳдат, ободӣ, озодӣ, гул–гулшукуфии Тоҷикистонро дорам, ки зери сарварии Пешвои муаззами миллат, Сарвари тоҷикони ҷаҳон, хирадманди худодод муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт ободу зебо гардида, мардумаш шоду масруранд ва баҳри боз ҳам тараққӣ ва нашъунамо кардани он аҳлона меҳнат мекунанд.
Сарвари давлат мудом дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки гузаштаро набояд фаромӯш кард, чунки меҳнату заҳмати гузаштагон аст, ки мо ба ин даврони нек расидем.
Ман Гулдастаи Ашур, фарзанди ягонаи иштирокчии барқароркунии давлати қонунии Тоҷикистон Шодиев Ашур мебошам. Падарам дар солҳои аввали нобасомониҳои мамлакат дар чандин набардҳо иштирок карда, соҳиби таҳсину офаринҳо гардида буд. Дар он солҳои вазнин баҳри Ватан ҷони худро нисор кард. Ба гуфти калонсолон, ман он вақт 3-сола будаам, ки ҳангоми муҳорибаҳои ҷангӣ дар дохили танк нобуд шудааст. Мани маъюб бо ёди падари нокомам шабу рӯз хоб надорам ва бо модарам якҷоя зиндагӣ дорам. Аз ҳоламон ҳамчун оила ва фарзанди иштирокчии барқароркунии давлати қонунӣ гӯён касе хабар намегирад, ном намебарад ва ягон имтиёз надорам. Ҳатто нафақаи маъюбиро гирифта наметавонам.
Санаи 26-уми апрели соли 2012 ба ман бо маълумотномаи силсилаи №0051076 гуруҳи маъюби дуюм дода, сабаби маъюбиро аз бачагӣ маънидод намуданд. 1 сол нафақаро гирифтам. Аз сабаби шароитам мушкил будан, касе дастгирӣ накардан то имрӯз бо дардҳои ҷонкоҳ аз нафақа маҳрумам ва шахси ғамхоре надорам. Сардори ХДТТИ-и байни ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент Насриддинов маро нағз мешиносад ва аз ҳолатам огоҳ мебошад.
Ба кулли кормандони ҳафтаномаи мардумии “Фараж” барои дастгирии ятимону маъюбон, пиронсолону эҳтиёҷмандон пешакӣ арзи сипос намуда, илтиҷо дорам, ки дарди дили маро бо ёрии ҳафтанома ба масъулон баён намоед ва аз ҳолу аҳволам онҳо огоҳ шаванду зери дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба ман кӯмак расонанд.
Гулдастаи АШУР, ноҳияи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Урметан