Тайи 30 сол аст, ки омӯзгорам ва аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №130 ва №141 -и ш. Ваҳдат бо тахассуси олӣ ба насли наврас дарс мегӯям. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошам. Аз соли 2006, ҳамчун эҳтиёҷманди дараҷаи аввал дар навбати замин истода, ниҳоят пас аз 10 соли интизорӣ соли 2016 аз заминҳои ғайрикишоварзии деҳаи Файзбахш, ҷ/д Б. Бурунов 0,12 га қитъаи заминро бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат аз 27.01.2016, таҳти №188 барои сохтмони манзил вобаста намуданд.

Ман дар асоси қарори раиси шаҳр ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро, аз қабили сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 05.10.2016 сол, иҷозати сохтмон ва нақшаи генералии қитъаи заминро ба даст оварда, сохтмонро оғоз намудам.

Вале хусурам Шерматов Убайдулло ва писаронаш Шерматов Шамсиддин, Шерматов Баҳридин барои сохтмони манзил монеа эҷод намуданд. Ман ба Прокуратураи ш. Ваҳдат муроҷиат кардам. Прокуратураи ш. Ваҳдат ҳамаи ҳуҷҷатҳоро санҷида, ҷавоб гардонид, ки замини ба номи ман вобасташуда аз заминҳои ғайрикишоварзӣ буда, ба замини Шерматов У, ягон алоқамандие надорад, инчунин барои ба суд муроҷиат намуданам тавсия дод.

Ман ба Суди ш. Ваҳдат мурочиат намуда, дар ҳамин ҳолат, яъне соли 2018 фаҳмидам, ки Суди ш. Вахдат бо ҳалномаи худ аз 10.08.2015 сол, баъди ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замини мазкур бо амри Прокурор аз 19.01.2015 сол ва қарори раиси ш. Ваҳдат, инчунин пас аз қарор оиди таъйин намудани ҷаримаи маъмурӣ таҳти №030702 аз 22.01.2015 сол, ҳалномаи ғайриқонунӣ ба ҳамин қитъаи замин қабул намуда, Шерматов Убайдуллоро ба 0,26 га қитъаи замин соҳибмулк эътироф намудааст. Ҳол он ки Шерматов У. ба Суди ш. Ваҳдат на қарори раиси шаҳрро оиди ҷудо намудани 0,26 га китъаи замин пешниход намудаасту на сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро. Ғайр аз ин, худи Шерматов У. ба Суди ш. Ваҳдат аризаи хаттӣ пешниҳод намудааст, ки қитъаи замини барояш ҷудогашта аз ҳудуди заминҳои ӯ берун мебошад.

Дар асоси ҳамин ариза Суди ш. Ваҳдат бо таъиноти худ аз 06.07.2015 сол аризаи даъвогии Шерматов У -ро бе баррасӣ мондааст. Аз сабаби ғайриқонунӣ будани ҳалномаи Суди ш. Ваҳдат аз 10.08.2015 сол Шерматов У ҳамроҳи писаронаш ду солу ҳашт моҳ ҳалномаи мазкурро аз ҳамаи мақомот, аз ҷумла Прокуратура, Ҳукумат ва Кумитаи идораи замини ш. Ваҳдат пинҳон намудаанд. Аз ҳолати навошкоршуда ба Суди ш. Ваҳдат муроҷат намудам. Суди ш. Ваҳдат бо таъиноти худ аризаи маро аз сабаби шахси манфиатдор набуданам дар вақти қабул намудани ҳалнома оиди эътирофи соҳибмулкӣ аз 10.08.2015 сол бе баррасӣ монд.

Ман кӯшиш намудам, ки муҳлати гузаронидаамро барқарор намоям, аммо натавонистам. Ҳамин тариқ, бо ҳалномаи Суди ш. Ваҳдат судя Абдуллозода Ф. аз 19.03.2019 сол 00,5 га қитъаи замини ба ман бо қарори раиси шаҳр ҷудогаштаро ба фоидаи Шерматов У. ҳал намуд. Айни ҳол аз 0,12 га қитъаи замини бароям ҷудошуда бо қарори Суди ш. Ваҳдат аз 19.03.2019 сол ба ман 0,07 га боқӣ мондааст. Ман ба Кумитаи идораи замини ш. Ваҳдат бо ариза муроҷиат намудам, ки қитъаи замини боқимондаи маро дар майдони 0,07 га муайяян намуда, ҷудо карда диҳанд. Мутахассиси Кумитаи идораи замини ш. Ваҳдат Қосимов Фаррух қитъаи замини ба ман тааллуқдоштаро чен карда, сарҳадҳояшро муайян намуда, дар ҳузури Шерматовҳо ба ман нишон дода гуфт, ки аз ҳамин ҷо метавонед сохтмонро шуруъ намоед. Ман аз Қосимов Фаррух ҷавоби хаттиро боз як моҳи дигар интизор шуда, ниҳоят 06.03.2020 сол гирифтам ва санаи 20.03.2020 сол корҳои сохтмониро оғоз намудам. Шерматовҳо боз норозигию ҷанҷол бардоштанд, ки мо намехоҳем ту дар инҷо сохтмон куниву зиндагӣ намоӣ. Ман ба Нозироти минтақавӣ муроҷиат намудам. Бо ёрии нозирон сохтмонамро шуруъ намудам, пас аз як моҳ 24.04.2020 сол Шерматов У боз ба Суди ш. Ваҳдат бо ариза муроҷиат намудааст.

Судя Қодирзода З. А. дар рафти баррасии парванда ташхис таъин намуда, ба ман гуфт, ки Шерматовҳо Сертификати ҳуқуқи заминро надоранд, Шумо рафта, сохтмонро давом диҳед. Ман сохтмонро давом додам. Дар ин байн судяи Суди ш. Ваҳдат Қодирзода З. А. Бо ҳалномаи худ аз 20.11.2020 сол 85 м.м. бинои сохтмони маро бекор намуд, ки он дар заминҳои ғайрикишоварзӣ ҷойгир мебошанд, аз 120 м.м. сохтмон дар асоси ин ҳалнома 85 м.м. вайрон карда шавад, ҳол он ки дар сохтмони манзили сохташуда ман зиёда аз 350 000 сомонӣ сарф намудаам.

Мутахасиси Кумитаи идораи замини ш. Ваҳдат Қосимов Ф. низ пас аз ду моҳи ба ман ҷудо намуда додани қитъаи замини баҳсӣ боз ба Шерматов У. ҳамин қитъаи заминро ҳуҷҷатгузорӣ намуда, такроран аз санаи 05.05.2020 сол қарори раиси шаҳрро ба номи Шерматов У. гирифта додааст, ки ин манфиатдории ӯро шаҳодат медиҳад, зеро ин қитьаи замин дар он вақт дар ҳолати баҳси судӣ қарор дошт ва дар ин қитъаи замин аллакай сохтмони хонаи истиқоматӣ дар марҳилаи пӯшонидани бом қарор дошт.

Дар рафти баррасии парванда ва нишондоди ташхиси мутахассиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Авазалӣ маълум гашт, ки замини Шерматов Баҳриддин аз сертификати ҳуқуқи заминистифодабарияш 333 м.м. ва замини Шерматов У. 17 м.м., дар умум 350 м.м. зиёд буда, ҳамчунин баъзе қисматҳои замин бо баҳонаи хорзор будан ба назар гирифта нашудааст, ки ин боз ба манфиати Шерматовҳо буда, боз ҳуқуқҳои заминистифодабарии ман аз ҷониби онҳо поймол гашта истодааст.

Бар замми ин, Шерматов У. худсарона ба ҳамсояи собиқаш бо номи Муборак як қисмати заминро фурӯхтааст, ки ҳангоми ченак ин қитъаи замин ба назар гирифта нашудааст. Яъне 0,05 га қитъаи замине, ки бо ҳалномаи Суди ш. Ваҳдат аз 19.03.2019 сол, аз қитъаи замини ман бекор карда шуда буд, дар дохили заминҳои Шерматов У. ва писаронаш Шерматов Б. ва Шерматов Ю. пинхон мондааст, ки сарҳадҳояшон девори аниқ надорад. Айни ҳол Қодирзода З. А., ки бо ҳалномаи худ аз 20.11.2020 сол 0,85 га замини зери сохтмони манзили истиқоматии маро ба манфиати Шерматов У. ҳал намуда буд, то ҳол ҳуҷҷати асосии ҳуқуқмуайянкунӣ барои истифодаи замини мазкур, яъне Сертификати ҳуқуқи заминро доро намебошад.

Баъди пушонидани боми манзили истиҷоматӣ раиси Суди ш. Ваҳдат Камолзода С. маро ба созиш даъват намуда гуфт, ки Қодирзода Зафар санади иҷроиши чаппа намудани хонаи истиқоматиатро ба Шерматов У, ки намояндааш Шерматов Шамсиддин мебошад, додааст. Шерматов У. ба хонаи ту харидор аст, биноан ба манфиати Шумо мешавад, ки манзили истиҷоматиятонро ба ӯ фурӯшед.

Ҳаминро қайд намуданиям, ки онҳо маро ба фурӯхтани хона маҷбур карда истодаанд. Шерматовҳо як сол муҳлат хостанд, вале имрӯз аз ҷониби Суди ш. Ваҳдат боз масъалаи чаппа кардани манзили истиҷоматии маро барои иҷроиш оғоз намуданд. Ҳол он ки ман дар дохили таҳхонаи баҳсӣ аз сабаби танг будани манзили истиқоматиям, ки дар он маскун мебошам, қисман зиндагӣ дорам.

Санаи 12 апрел иҷрочии суд Фаридуни Раҳматшо ба ман занг зада гуфт, ки муаллима, ба хонаат ҳозир шав, мо барои чаппа кардани хонаат рафта истодаем. Ман ба хонаам ҳозир шудам. Аз сабаби пурра набудани аъзои комиссия ва муайян карда натавонистани қитъаи замини баҳсӣ иҷроишро ба санаи 14 апрел гузоштанд. Дар ин рӯз ҳам аз Кумитаи идораи замини ш. Ваҳдат ягон намоянда ҳозир нашуд.

Иҷрочии суд Фаридуни Р. бо таҳдиду зӯроварӣ ба ману писарам Шерматов Фазлиддин фармон дод, ки хонаро чаппа кунанд. Ҳол он ки ман ба рафти кори онҳо ҳеч монеа эҷод накарда будам ва танҳо санади иҷчроишро, ки ба ман надода буд, нусхаашро талаб намудам. Ӯ ба ман на нусхаи иҷроишро доду на аъзои комиссияи иҷроишро ба пуррагӣ таъмин намуд. Яъне манфиатдории Фаридуни Р, баръало дар он муайян гаш, ки ӯ ҳатто моро нагузошт, ки чаппа намудани хонаамро ба телефон сабт намоем.

Ҳатто барои сабт намудани навор бо мо зӯроварӣ намуда, ба воситаи дахолати мақомотҳои қудратӣ телефонҳои ману писарамро аз дастамон кашида гирифтанд ва то имрӯз ба ман телефонамро барнамегардонанд. Худ казоват намоед, агар амалҳои иҷрочии суд Фаридуни Р, қонунӣ бошад, чаро ӯ аз наворбардорӣ ин қадар тарсида, ману писарамро азият дод?

Ҳуҷҷатҳои заруриро барои тасдики фикрам дар идораи рӯзномаи “Фараж” мегузорам.

Раҳимова Насиба Мирзошарифовна,

сокини ш. Ваҳдат, ҷ/д Б. Бурунов, деҳаи Файзбахш. Тел: 9О1 100 250.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь