Дар баробари арзи эҳтиром, ҳамзамон иброз медорем, ки ҳуқуқи фарзанди ҳафсолаамон Зиёдуллоев Юсуф Фирӯзович, ки дар синфи якум (ҳоло синфи дуюм)-и Литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳсил мекард, дағалона ва беинсофона поймол карда мешавад.

Аз нахустин рӯзҳои таҳсили писарамон дар Литсейи инноватсионии «Душанбе» муаллима ва роҳбари синфаш Дӯстмуродова Рита Михайловна ба писарамон (ва қисми зиёди дигар талабагон) ба таври бояду шояд диққат намедод ва дар посух ба талабу хоҳиши мо дар мавриди назорат ба раванди таҳсил мегуфт: «Шумо худатон муаллимаед, намешавад, ки бо фарзандатон кор кунед?». Бале, ман (яъне модари Юсуф) муаллимаи забони англисӣ ҳастам ва ба таври муназзам бо писарам кор мекунам, вале раванди таҳсилу тадриси ӯро чун бо таҳсили духтарамон Зиёдуллоева Шаҳзода Фирӯзовна, ки дар синфи он вақт дуюм (ҳоло сеюм)-и ҳамин литсей таҳсил мекард, муқоиса менамоям, мебинам, фарқ аз замин то осмон аст. Вале дар фаъолияти муаллима Дӯстмуродова М. Р. аз ҷиддияту масъулият асаре дида намешавад. Аммо ӯ масъалаи ҳангоми зодрӯзаш ва дигар санаҳои дахлдор аз мо талаби туҳфа намуданро ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад (дар ин хусус ва роҷеъ ба дигар масоили марбута мо муфассалтар дар аризаи хаттие ба унвони мақомоти марбута зикр кардаем).

Ҳамчунин, дар синфи писарамон муаллимае бо номи Эшонқулова Гулбаҳор Исматуллоевна аз фанни забони англисӣ дарс медиҳад, ки тарзи тадрисаш аз Дӯстмуродова Р. М. беҳтар нест. Бо вуҷуди ин, ӯ рафторе дорад дур аз ҳар гуна инсофу оддитарин мавозини ахлоқӣ. Ин шахс, ки бо ман (яъне модари Юсуф) хусумати шахсӣ дошт ва ман соли 2016 аз дасти ӯ корро дар ин литсей тарк кардам, тамоми адовати шахсиашро бар сари писараки ҳафтсолаи мо рехта, талабагонро ба муқобили ӯ шӯронидааст. Ӯ ҳатто ҳар дафъа «двоечник» гуфта, ба пушти сари писарамон Юсуф мезадааст. Инро духтарамон Шаҳзода, ки як синф боло мехонад, ҳангоми танаффусҳо чандин бор мушоҳида кардааст. Он ба ҳолати маъмулии Юсуф бетаъсир набуд. Аз ин вазъи тоқатфарсо писарамон ҳар бегоҳ гиря мекард, бо чашмони сурх ва хеле асабӣ мегуфт, ки «ман дигар назди он муаллима намеравам!».

Ин буд, ки мо маҷбур шудем назди директор рафта, хоҳиш намоем, то писарамонро аз синфи Дӯстмуродова Р. М. ба синфи дигар гузаронад ва ӯро аз шарри ин муаллима ва аз дасисаҳои муаллимаи забони англисӣ Эшонқулова Г. бираҳонад. Директор розӣ шуд ва писарамонро ба синфи дигаре, ки роҳбарии онро муаллима Базарова Анна Оразовна бар уҳда дошт, гузарондем. Вале боз ҳам ҳоли писарамон дар литсей бадтар шуду беҳ на. Хандаовар ва дар айни замон аламангез аст, ки як гуруҳи калони «омӯзгорон» дар ҳайати ҳамон Дӯстмуродова Р. М., Эшонқулова Г. ва чанд нафари дигар, ки ба онҳо сармуҳосиби литсей Каримова Зарафшон низ ҳамроҳ аст, ба муқобили писари ҳафтсолаи мо, хонандаи синфи якум (!!!) муттаҳид шуда, як гуруҳеро алайҳаш ташкил додаанд. Муаллимаи дигаре бо номи Райҳон Рашидовна, ки ҳоло бояд ҷойгузини Анна Оразовна шавад, ҳанӯз писари моро надида, пешакӣ дар ҳамдастӣ бо гуруҳи номбурдаи «омӯзгорон» эълом доштааст, ки «агар Юсуф дар ҳамон синф бошад, он синфро дарс нахоҳам дод!».

Ҳамарӯза онҳо назди директор рафта, аз болои писарамон шикоят мекардаанд: гӯё ки ҳарфи муаллимро гӯш намекардааст; аз болои партаҳо роҳ мерафтааст; ва хонандагонро назди канал (дар ҳоле, ки дар назди он посбонони литсей қарор доранд!) мебурдааст.

Гузашта аз он, огоҳ шудем, ки муҳосиб Каримова Зарафшон ба ҷиянҳояш, ки дар синфи дуюм таҳсил мекунанд, таъкид мекардааст, то Юсуфи моро дошта бизананд. Ин ҳол рух додааст ва вақте ки апааш Шаҳзода ба ҳимоя аз бародараш бархостааст, Каримова З. ба духтарамон дарафтода, ба пешониаш зада ва таҳдид кардааст: «Я выгоню тебя из этой школы!». Бубинед, ба муҳосиб дар ин литсей чӣ гуна имтиёзу салоҳияте дода шудааст?!

Дар айни замон, то аз синфи Дӯстмуродова Р. М. ва Эшонқулова Г. ба синфи дигар гузаронидани фарзандамон Юсуф дар хусуси рафтору интизоми ӯ ҳеч гуна шикояте набуд, вале ҳангоме аз Эшонқулова Г. сабаби хушунаташро нисбат ба фарзандамон пурсидем, ӯ гуфт: «Писаратон бесавод аст!». Охир, кӯдаке, ки ҳамааш ду моҳ таҳсил кардааст (ва он ҳам таҳти назари Шумо!) чӣ андоза савод дошта метавонад? Дар ду моҳ шумо ба ӯ чиро омӯзонидед? Пас аз ин дағалӣ оё метавон гуфт, ки худи Эшонқулова Г. хушахлоқ, тарбиятгар ва педагог аст?

Бубинед, чи гуна гуруҳи муаллимони литсей ҳамдаст шуда, алайҳи кӯдаки ҳафтсола бархостаанд. Ҳамчунин, бояд таъкид дошт, ки ин гуруҳи омӯзгорон ба директори литсей Одинаева Одинамо Зубайдовна таъсири зиёд доранд ва бо роҳи аз литсей рондани талаба мехоҳанд аз падару модараш қасос бигиранд.

Пас аз чанде директори литсей Одинаева О. З. маро (яъне модари Юсуфро) дар саҳни мактаб дида, бо як асабоният ва қаҳру ғазаб гуфт: «Писаратро аз мактаби ман (!?), ба мо чунин талаба лозим нест, ӯро ба ягон мактаби дигар бар!» ва илова дошт, ки «дар он синф ҷиянҳо ва набераҳои ман таҳсил мекунанд». Ба гуфтаи директор, гӯё роҳбари синф шикоят кардааст, ки фарзанди мо дар раванди дарс ба гапи муаллим гӯш намедодааст ва дар болои парта роҳ мегардаду ба болои тиреза мебарояд. Ба ӯ бо мулоимӣ гуфтам, ки то ҷое, ки ман фарзандамро медонам, ба ӯ ин гуна рафтор хос нест ва дар маҷмуъ кӯдаки муаддабе аст. Дигар ин ки, агар талаба чунин рафтор намояд, ин нишони бесалоҳиятии муаллим аст, ки наметавонад синфро идора намояд. Сипас синфҳо дар литсей бо камераҳо муҷаҳҳазанд, чаро ба ҷои гӯш додан ба туҳмату буҳтони афроди бесалоҳияте аз қабили Дӯстмуродова Р. М., Эшонқулова Г. ва муҳосиб Каримова З. як бор лутфан сабти дахлдори видеоиро тамошо нанамуда, ё рафта дар дарс ширкат накардаед? Ё чаро ин масъаларо дар Шӯрои педагогӣ бо иштироки волидайн мавриди баррасӣ қарор намедиҳед?

Дар зимн, дар пайи муроҷиат ва дархостҳои пай дар пай ба мо то ҳол сабти камераҳоро нишон намедиҳанд, то рост ё дурӯғ будани суханашон собит шавад. Сабаб чӣ бошад? Ва ё аслан он камераҳо кор мекунанд?

Баъд аз ин вобаста ба туҳмату буҳтони беасоси муаллимони номбурда ва муҳосиб Каримова З. фишори директор нисбат ба ман рӯз ба рӯз бештар мешуд ва ӯ ҳар дафъа исрор мекард, ки «писратро аз мактаби ман гир, зеро ӯ бетарбия аст ва тибқи оинномаи литсей чунин кӯдакон бояд дар он таҳсил накунанд». Аммо бояд таъкид кард, ки аввалан, вазифаи литсей ва ҳар муассисаи дигари таълимӣ тарбияти кӯдакон аст; дуввум, писари мо аз ҳар ҷиҳат кӯдаки хушахлоқ ва аз лиҳози ҷисмонӣ фаъол аст; сеюм, оё ин директор медонад, ки чунин оинномае (агар он мавчуд бошад) ба Конститусияи Тоҷикистон дар мухолифат қарор дорад?

Сипас, як рӯз ӯ хост, то шавҳарамро ба наздаш даъват кунам, хоҳиши бо ӯ суҳбат кардан дорад. Вақте шавҳарам наздаш омад, директор чунон ба эҳсосот дода шуд, ки бо садои баланд дод мегуфт ва ҳаққи суҳбат карданро намедод (сабти овозии ин назди мо маҳфуз аст).

Рӯзи дигар бо як хушунату дағалии ба худаш хос маро ба наздаш хонд ва гуфт, ман шавҳари туро намешиносам, вале «сага ба хотири соҳибаш мегӯянд». Ҳоло маълум нест, ки манзури ин роҳбари «донишманду хушахлоқ» аз вожаи «саг» кист ва чист?!

Баъдан, гӯё ки ба ман лутф мекарда бошад, гуфт: «Агар дигар «родител»-ҳо (манзураш «волидайн» аст) мебуданд, ман суханамро ҳайф намекардам, ба кабинетам даромадан намемондам». Яъне, ман бояд сипосгузор бошам, ки ӯ лутф карда, дар утоқи кориаш бо ман сухан мегӯяд?! Ҳамин тавр? Ӯ худ афзуд, шавҳарат ба ҳар ҷое, ки хоҳад, шикоят кунад, «аз ҷумла ба суд, прокуратура ва Президенти кишвар».

Зимнан, ҳангоми суҳбаташ бо ман ӯ ба унвони баҳона таъкид мекард, ки дар «майнаи сари писарат чизе ҳаст». Баъди ин суханон мо писарамонро аз муоинаи беҳтарин равоншинос гузаронида, муоинаи ҳирфаии томографии мағзи сарашро анҷом додем. Хулосаи муоинаи ҳамаи он пизишконро низ ба таври хаттӣ дар ихтиёр дорем. Шукри Худованд, бори дигар маълум шуд, ки писарамон аз лиҳози равонию ҷисмонӣ комилан саломат аст, ва он «чизе», ки дирекори литсей мегӯяд, таҳқир маҳсуб меёбад.

Ҳамин суханон (сабти видеоии онҳо назди мо маҳфуз аст) нишонгари бесалоҳиятии фардест, ки бо амри тақдир роҳбарии яке аз бонуфузтарин муассисаҳои омӯзишии кишварро бар уҳда дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки бесалоҳиятии роҳбаре, ки муддати нисбатан мадиде зимоми идораи муассисаеро ба даст мегирад, аксаран муҷиби сар задани сӯйистифода ва қонуншиканиҳо гардидааст. Одинаева О. З. низ аз ин амр истисно нест. Метавон гуфт, ки ӯ литсейро то андозае ба корхонаи хонаводагӣ табдил дода ва на камтар аз 10 нафар хешу таборони худро дар ин ҷо ба кор қабул намуда, дар мавриди зарурӣ аз онҳо ҳамроҳ бо шахсони дигари ба худаш наздику содиқ (мисли Каримова З. ва Эшонқулова Г.) ба сифати василаи таъсиргузорӣ ва фишанг истифода менамояд. Ва агар фарде муқобили хости директор амале содир кунад ва ё сухане гӯяд, тамоми ин гуруҳ бар сари ӯ метозанд. Муқаррабони директор ҳатто музди меҳнаташонро дар асоси табелу ведомостҳои ҷудогонае мегиранд, ки аз дигарон фарқ мекунад (тартиби ин ведомосту табелҳоро келини апааш бо номи Ситора мушаххас мекунад). Шарти асосии додани мукофотпулӣ ба кормандон низ ҳамоно садоқати шахсӣ нисбат ба директор аст.

Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои қабули имтиҳон Одинаева О. З. афроди ба худаш наздикро ба унвони ассистент ва навбатдор таъйин намуда, ба онҳо маоши хуб медиҳад. Сипас, бояд ёдовар шуд, ки фарзандону наберагони директор ва хешу таборони ӯ барои таҳсил 50% маблағи муқарраршударо пардохт мекунанд, ки бо дарназардошти теъдоди зиёди онҳо ин ҳолат барои буҷаи литсей бори гаронест. Ҳамасола волидайни хонандагон ба литсей маблағи ҳангуфте (5600 сомонӣ барои як нафар) пардохт мекунанд, вале тайи 20 соли фаъолияти ин муассиса барои беҳбуди вазъи моддию маънавии он кори зарурӣ амалӣ нашудааст. Ҳоло дар баъзе синфҳо то 25 нафар ва ҳатто зиёда аз он хонандагон таҳсил мекунанд, ки ин вазъ барои беҳбуди раванди таълим созгор нест. Дар ин равиш фаъолияти ҳадафманд ва огоҳона лозим аст, ки аз дасти шахсе мисли Одинаева О. З. сохта нест. Савол ба миён меояд, ки вожаи «инноватсионӣ» маънии мавҷудияти ҳамон «гуруҳи бонуфуз»-ро дар ин литсей дорад, ё таъбири дигаре низ аз он мавҷуд аст?

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масоил ва бо нияти ҳимоя аз ҳуқуки писарамон мо бо аризаи шикоятӣ ба мақомоти бонуфуз, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати маориф ва илм, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат намудем. Аммо чуноне ки аз ҷавобҳои гирифтаамон маълум мешавад, ҳеҷ кадоме аз ин мақомоти муътабар дар ин росто чораи муассире наандешиданд. Масалан, 16-уми августи соли равон бо имзои раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар Одиназода Р. С. посухе дарёфт намудем, ки дар он фаъолитяти литсей «тибқи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ» арзёбӣ мешавад. Инсоф куҷост? Мо матолиби лозима ва таҳдидҳои директорро бо сабтҳояш дар ихтиёри тафтишгарон гузошта будем. То чӣ андоза санҷида шуд?

Бояд гуфт, ки вақте барои дарёфти посух ба аризаамон ба Вазорати маориф ва илм рафтем, шахсе бо номи Имомзода Вайсиддин ба мо дӯғу пӯписа зада ва худро шахси «хеле тарбиятдида» нишон дод. Аз болояш ба вазир шикоят кардем, аммо бенатиҷа. Ахиран дар мулоқоти сеюмамон барои дарёфти ҷавоби ариза (дар ҳузури шавҳарам) ӯ каме нармтар шуда буд ва иброз дошт, ки дар ҳақикат зимни тафтиш муаллима Дӯстмуродова Р. М. иқрор шуда, ки аслан дар давоми сол ба писари мо Юсуф аслан таваҷҷуҳе накардааст ва Зарафшон Каримова низ иқрор шудааст, ки дар ҳақиқат духтарамон Шаҳзодаро задааст. Сабти аудиоии ин суханони Имомзода Вайсиддин низ назди мо мавҷуд аст. Охир, барои зарбу лати кӯдак дар қавонини ҷумҳурӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Пас чаро муаллима Эшонқулова Г. ва муҳосиб Каримова З. барои зарбу лати фарзанди мо посухгӯ набошанд? Вале бо вуҷуди исботи дақиқи ин амалҳои хилофи қонун дар литсейи мазкур дар ҳақи гунаҳкорон чорае андешида нашуд.

Дар зимн, моҳи август прокурори Раёсати кор бо ноболиғони Прокуратураи генералии кишвар Бахтиёр Нуриддинзода маро аз тариқи телефон ба Прокуратураи генералӣ давъват кард. Ҳангоми ворид шудан ба назди ӯ дидам, ки дар он ҷо намояндаи Прокуратураи шаҳри Душанбе, ҳамон намояндаи Вазорати маориф ва илм (Имомзода В.) ва директори литсей Одинаева О. ҳузур доранд. Яъне, маълум шуд, ки прокурор бо дигар афроди номбурда «забон як карда», бе гирифтани баёноти марбута, санҷиши аризаи мо ва бидуни оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ амали «рӯ ба рӯкунӣ»-ро гузаронд, ки ин қатъиян хилофи Қонуни мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст! Дар сурате, ки аризаи мазкур барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуда буд, кӣ ба прокурор Нуриддинзода ҳақ додааст, ки масъаларо дар заминаи шиносбозӣ ва муғризона ҳал намояд? Ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар Вазорати маориф ва илм аз мо мехостанд, ки агар хоҳем писарамон дар ин литсей идомаи таҳсил намояд, бояд бо роҳбарияти литсей муросо кунем. Яъне, маълум аст, ки ин афрод на дар пайи кашфи ҳақиқат ва таъмини пирӯзии адолат, балки дар андешаи ба нафъи роҳбарияти литсей ҳаллу фасл намудани ин қазияанд?! Чаро?

Гузашта аз ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди (коррупсияи) ҷумҳурӣ зарур надонист, ки аризаамонро мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш моро огоҳ созад. Ин мақоми муътабар аризаи мазкурро ба Вазорати маориф ва илм ирсол намуд. Яъне, ҳамон як давраи сарбаста! Тамом. Гӯё дар литсей аслан камбудие вуҷуд надошту надорад.

Вале савол дар ин замина бисёр аст, масалан, оё хеши наздики директор ҳақ дорад, ки сармуҳосиби ин муассиса бошад? Ва оё он теъдод хешу таборони директор ҳақ доранд, ки дар як муассисаи омӯзишӣ ифои вазифа намуда, алайҳи тифлону волидайни онҳо муттаҳид шаванду хусумат варзанд? Пас вазифаи ин Агентӣ иборат аз чист?

Кор ба ҷое расидааст, ки дар ин даргоҳ яке аз афроди ҳамон гуруҳи бонуфуз, ҳамдеҳа, ҳамсинф, ҳамсоя ва аз наздикони директор – муаллима Бекова Моҳшариф, ки бо истифода аз имтиёзоти фаровон 28 соат дарс дошта, ҳамзамон роҳбарии ду синф, роҳбарии Иттиҳодияи методӣ, роҳбарии маркази тестиро дар ин даргоҳ бар уҳда дошт, чанде пеш аз оғози соли таҳсил ба холаам, муаллимаи ҳамин литсей, ки яке аз беҳтарин омӯзгорони ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт, дарафтода, гуфтааст: «Шарм надоштӣ, ки боз ба литсейи мо (?) омадӣ». Холаам дар зери фишори ӯ ва муовинони директор, ки ҳама «якдилона» (чун анъана!!!) ба муқобили ӯ бархостаанд, маҷбур шуд, то ариза дода, аз кор равад. Имсол ба ғайр аз холаам, ки аслан аз қазияи фарзандони ман ва аризаҳоямон хабаре надошт, боз 6 нафар омӯзгорони хубу фарҳехта корро дар ин муассисаи таълимӣ тарк намуданд. Пас аз мушоҳидаи ин раванд мо ба мазмуни суханони густохонаи директор – «ҳар ҷое, ки хоҳед, шикоят кунед, аз ҷумла ба…» – дурусттар пай бурдем.

15-уми сентябр аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар посух омад, ки аз он ҷумла дар он ҳам омада, ки “камбудиҳо ошкор” гардиданд. Чунончи, 8-уми сентябр аз Прокуратураи шаҳри Душанбе ба ҳамин мазмун – “кирдорҳои ғайрипедагогии директор ва омӯзгорони литсейи мазкур тасдиқи худро ёфтанд” посух дарёфт карда будем. Аммо бо вуҷуди он, ки риоя нагардидани интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, хоҳар ва хоҳарзодаи директори литсей Одинаева О. З. ошкор гардид, муайян накарданд, ки дигар хешу таборони директор дар ин даргоҳ то ҳол фаъолият доранд, ки хилофи қонунгузорӣ аст. Бо ин вуҷуд, чаро бо муайян шудани толибилмони ин даргоҳро задани омӯзгорон, ғайриқонунӣ талаб намудани маблағ ва туҳфаҳо аз ҷониби омӯзгорон ва шахси Одинаева О.З., ҷалби хешовандонаш, тақсимбандии нодурусти соатҳои дарсӣ дар литсей ва дигар авомили ошкоргардида, то ба ҳол ҷазои мувофиқе ба директор дода намешавад?

Умедворем, ки дар иртибот бо ин дар масъалаи мазкур як таҳқиқоти густурдаи журналистӣ сурат мегирад, то ин муассиса аз шарри афроди номбурда наҷот дода шавад.

Ф. Р. ЗИЁДУЛЛОЕВ,

Р. АМИНЗОДА,

сокинони шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Какой же стресс перенес ребенок. Везде в первую очередь обращают внимание на психологическое состояние ученика. А тут такая травля. Пусть каждый кто навредил ребенку психологически получат своё наказание.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь