Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нусха: Ба Раиси Суди Олии ҶТ Шоҳиён Ш.

Ба унвони як муштипар ва модар қалам ба даст гирифтаму ба Шумо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатнома менависам.

Пешвои муаззами миллат, тамоми хизматҳои беназири Шуморо дида ва ё шунида аз чунин Сарвари давлат доштан фахр мекунам ва ҳамеша даст ба дуо ҳастам, ки умратон дарозу танатон бедард бошад. Дасти дуо мебардорам, ки Худованд Шуморо дар болои сари мо нигаҳбон бошад ва бо ташаббусу сиёсати хирадмандонаи худ Тоҷикистони азизро боз ҳам ободтару зеботар намоед.

Вақте дар телевизион нигоҳ мекунам, ки ба ҳар гушаву канори ватани азизамон сафар менамоеду бо сокинони минтақаҳо гуфтугӯ менамоед ва нисбаташон ғамхории падаронаи худро дареғ намедоред, ростӣ, меболам, ки Худо ба мо чунин Сарвари оқилу ғамхор ато фармудааст.

Мо, модарон, хизматҳои арзишманди Шумо, Пешвои муаззами миллатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард ва ба фарзандонамон ҳамеша гӯшрас карда меистем, ки ба қадри ҷоннисориҳои Пешвои миллат беш аз пеш раседу дар ободонии кишвари азизамон ҳиссаи арзандаи худро гузоред.

Хизматҳои Шумо, Пешвои муаззами миллат беҳисобанд ва наметавон бо чанд ҷумла гуфт, аз ин рӯ, мо модарон аз Худо миннатдор ҳастем, ки Шумо барин Роҳбари дилсӯзро ба мо лутф кардааст.

Пеш аз ҳама мехоҳам худро муаррифӣ намоям. Ман, Азимҷонова Зуҳро Файзуллоевна, истиқоматкунандаи н. Фирдавсии ш. Душанбе, кӯчаи С. Шерозӣ 22/1, ҳуҷраи 55. Модари 2 фарзанд ва соҳиби 4 набера.

На камтар аз ду сол аст, ки ман дар беадолативу зӯргӯии чанд тан ғосибгару қонуншикан гирифторам.

Ба Шумо, Пешвои миллат ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд бо боварӣ, ихлос, самимияти бепоён ва умеди охирон муроҷиат карда, умед бар он дорам, ки дар ҳалли дурусту қонунии баҳси манзили истиқоматиам, ки аз шавҳарам ба фарзандонам мерос мондааст, мусоидат намоед.

То ин вақт чандин маротиба ба зинаҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, аз ҷумла ба Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуротураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо бо чандин аризаҳо муроҷиат карда будам. Мутаассифона, ягон мақомот ба доди ман нарасид. Махсусан, қонунҳои мавҷуда ва амалияи судӣ бархилофи манфиатҳои қонунии ману фарзандонам қарорҳои беасос қабул намуданд.

Нахуст, мехоҳам, ки қазияро шарҳ диҳам. Ман, Азимҷонова Зӯҳро Файзуллоевна, соли 1991 бо шаҳрванд Азимҷонов Тоҳир Зоҳирович ақди никоҳ баста, зиндагии муштаракро ба роҳ мондем. Аз зиндагии якҷоя соҳиби ду фарзанд шудем: Азимҷонов Абдураҳмон Тоҳирҷонович ва Азимҷонова (ҳоло Раҷабова) Гулбаҳор Тоҳировна.

Шавҳарам Азимҷонов Тоҳир Зоҳирович 21-уми сентябри соли 1999 манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, бинои 6, ҳуҷраи 105-ро аз Зуҳуров Мир Файзуллоевич харидорӣ намуда буд, ки шартномаи хариду фурӯш дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фрунзе (ҳозира ноҳияи Сино)-и шаҳри Душанбе таҳти феҳристи №8Д-4278 ба қайд гирифта шудааст.

Шавҳарам Азимҷонов Тоҳир аз вақти харидорӣ намудан то рӯзи вафоташ (19-уми сентябри соли 2020) дар ҳамин манзили истиқоматӣ зиндагонӣ кардааст.

Баъди вафоти шавҳарам, ман, Азимҷонова Зӯҳро Файзуллоевна ва фарзандонам, Азимҷонов Тоҳирҷонович ва Раҷабова Гулбаҳор Тоҳировна ҳамчун меросхӯр амволи шавҳарам – манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, бинои 6, ҳуҷраи 105-ро аз рӯи қонун ба мерос қабул кардем.

Бинобар сабабе, ки бародари шавҳарам Азимҷонов Ҳусейн Зоҳирович манзили истиқоматӣ надошт, шавҳарам Азимҷонов Тоҳир Зоҳирович соли 2009 аз рӯи дилсӯзӣ барои дар манзили истиқоматии мазкур муваққатан зиндагӣ кардан ба бародараш Азимҷонов Ҳусейн иҷозат дод, ки дар хонааш истиқомат намоянд ва то инҷониб бо аҳли оилаи дуввумаш дар хонаи шавҳари ман истиқомат карда истодааст.

Баъди қабули мерос, мо аввал ба Азимҷонов Ҳусейн барои холӣ кардани хона муроҷиат кардем, вале аз холӣ кардани хона ӯ саркашӣ карда, ба писарам Абдураҳмон таклиф намуд, ки 10 000 доллари ИМА медиҳам ва дигар даъвои хона накунед. Ману фарзандонам ба ин таклифи ӯ розӣ нашудем. Ва ҳарчанд талош кардем, ки бидуни ҳеч суду судбозӣ хонаро холӣ намояд, вале ӯ дар посух ба мо иддао карда гуфт, ки хона азони ӯст ва ҳар куҷое мехоҳед даъво кунед.

Баъдан, ману фарзандонам ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ дар хусуси кӯчонидани Азимҷонов Ҳусейн Зоҳирович муроҷиат кардем. Муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маҳмадзода Х.Б. аризаи даъвогии моро яктарафа дида баромада, бо ҳалномаи беасоси худ аз 15-уми июни соли 2021 даъвои моро рад карда, баръакс даъвои муқобили даъвои Азимҷонов Ҳусейн Зоҳировичро дар хусуси баста шуда, эътироф намудани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, бинои 6, ҳуҷраи 105 байни Зуҳуров Мир Файзуллоевич ва Азимҷонов Ҳусейн Зоҳировичро қонеъ намуд.

Мо ба ҳалномаи суд розӣ нашуда, аз болои он ба Суди шаҳри Душанбе  бо шикояти кассатсионӣ муроҷиат кардем. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе 16-уми августи соли 2021 шикояти кассатсионии моро қонеъ намуда, ҳалномаи суди ноҳияи Синоро бекор карда, парвандаро барои баррасии нав ба ҳамон суд ирсол намуд.

Баъди ин, муовини раиси суди ноҳияи Сино Маҳмадзода Х. бо мақсади ҳимоя кардани ҳалномаи худ парвандаро бо пешниҳод ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори кассатсионии Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанберо аз 16-уми августи сол 2021 бекор намуда, парвандаро барои баррасии нави судӣ дар марҳилаи кассасионӣ ирсол намуд.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе 11-уми январи соли 2022 шикояти кассатсионии моро қонеъ намуда, ҳалномаи суди ноҳияи Синоро боз бекор карда, парвандаро барои баррасии нав ба ҳамон суд ирсол намуд.

Ин дафъа низ муовини раиси суди ноҳияи Сино Маҳмадзода Х. бо мақсади ҳимоя кардани ҳалномаи ғайриқонунии худ парвандаро боз бо пешниҳод ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, дар як вақт шикояти назоратии Азимҷонов Ҳ.-ро низ ба Суди Олӣ пешниҳод карданд.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе аз 11-уми январи соли 2022 бекор намуда, ҳалномаи суди ноҳияи Синоро аз 15-уми июни соли 2021 бетағйир мононд.

Чӣ тавре, ки дар боло ёдовар шудам, шавҳари ман, яъне падари фарзандонам Азимҷонов Тоҳир манзили истиқоматиро соли 1999 харидорӣ намуда, то рӯзи вафоташ дар он истиқомат кард. Бародараш Азимҷонов Ҳ.-ро соли 2009 барои муввақатан истиқомат кардан дар ин манзили истиқоматии харидорӣ намудааш, иҷозат дод, бародараш Азимҷонов Ҳ. бо аҳли оилааш то соли 2020 бо ҳамроҳии ӯ дар ин манзили истиқоматӣ зиста, баъди вафоташ нақшаи азони худ кардани хонаи шавҳарами маро, ки ҳаққи ҳалоли ману фарзандонам мебошад, кашида, бо ёрдами муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маҳмадзода Хуршед онро амалӣ намуд.

Аҷиб ин ки Азимҷонов Ҳ. даъво пеш меоварад, ки гӯё ӯ хонаро харидаву аз тарси он ки ӯ корманди давлатӣ асту аз ҷониби Ҳукумат аз ӯ пурсон мешудаанд, ки пули хонаро аз куҷо пайдо карда, хона харидӣ, ба номи шавҳари ман, Азимҷонов Тоҳир сабт кардааст. Касе пайдо накардам, ки аз ӯ пурсон шавам ин иддаои Азимҷонов Ҳ. ягон асоси қонунӣ дорад? То ҷое худ огоҳам ин даъво набояд асоси қонунӣ дошта бошад, зеро ин иддао дар ҳеч қонуне дида намешавад ва ҳатто ба фаҳмиши ман бояд чунин даъво ҷиноят бошад.

Дар ҳоле, ки Азимҷонов Ҳусейн маълумоти олӣ надошта, танҳо маълумоти мактаби миёнаро дар даст дошт, яъне бидуни дипломи тахассусӣ номбурда чӣ гуна тавонистааст, ки корманди давлатӣ шавад? Албатта, бояд аз чорчӯбаи қонун ин муаммо баррасӣ карда шавад.

Ҳамзамон, Азимҷонов Ҳусейн иддао мекунад, ки хонаро харида ба номи бародараш Азимҷонов Тоҳир намудааст, агар ин даъвои ӯ асос медошт, ки хонаро харидорӣ намудааст, азбаски гӯё худаш дар вазифаи баланд будааст, чаро хонаро ба номи оилааш ҳуҷҷатгузорӣ нанамудааст?

Гузашта аз ин, оилаи якумаш, ки то ҳоли ҳозир дар ақди никоҳи Азимҷонов Ҳ. мебошад, дар баёноти худаш, ки мо онро дар суд пешниҳод намудем, чунин гуфта буд:

Вобаста ба моҳияти кор чунин баёнот медиҳам, ки ман (баёнотдиҳанда нахост, ки исмаш навишта шавад) бо Азимҷонов Ҳусейн Зоҳирович 26-уми сентябри соли 1987 дар хонаи ақди никоҳи ш. Душанбе, ба ҳам ақди никоҳ баста, аз зиндагии якҷояамон бо пешбурди хоҷагии уммӣ ҳамроҳ бо Азимҷонов соҳиби 4 фарзанд гардидем. Чунин қайд менамоям, ки Азимҷонов аз аввали зиндагиамон, яъне аз соли 1987 то соли 1995 танҳо ба ронандагӣ машғул буд ва инчунин, Азимҷонов ғайр аз ронандагӣ дигар ягон маблағи даромад дар зиндагониамон надошт.

Азимҷонов Ҳ. ягон маълумоти олии техникӣ надошт. Азимҷонов аз соли 1995 дар ягон ҷо кор намекард. Зиндагиамро худам пеш мебурдам, яъне ба тиҷорати тухм ва санбӯсафурӯшӣ машғул будам. Аз соли 1997 то соли 2000 дар кӯчаи Муҳаммадиев 18 иҷоранишин будем. Аз соли 2000 то 2004 дар манзили истиқоматии апаам Халифаева, ки дар кӯчаи Испечак 1 воқеъ буд, иҷоранишин будем.

Азимҷонов Ҳ. дар вақти зиндагиамон манзили истиқоматиамонро, ки дар кӯчаи Ҳисорак 33, ки ман харидорӣ намуда будам, омада ба ман гуфт, ки қарздораму манзили истиқоматиамонро, ки аз се ҳуҷрагӣ иборат буд, соли 1997 фурухта, қарзҳояшро доду боқимонда пулро гирифта дар маҳаллаи Испечак 1, ки аз ду ҳуҷра иборат буд, харидорӣ намуд. Азимҷонов Ҳ. маро фиреб карда, манзили истиқоматиамонро бо баҳонаи гуё, ки дар бозии қимор бойдодааст, фурухт.

Аз сабаби бехонагӣ маҷбур шудам, ки 4 фарзанди ноболиғамро назди модарам гузошта, ба Русия сафар кунам…

Инчунин, Азимҷонов Ҳ. шоҳидони бардурӯғро бо роҳи тақаллуб омода сохта, дар суд онҳоро ҳамчун шоҳидонӣ воқеӣ пешниҳод намудааст, ки ке аз онҳо Баҳриддинова Хубон, ки худро раиси маҳалла муаррифӣ намуд, бо шаҳодати сирф дурӯғ изҳор дошт, ки хонаро Азимҷонов Ҳ. харидорӣ намудааст. Ҳамин гуна, бисёр касони дигарро бо роҳи фиреб дар ҳалли қазия, ки ба манфиати Азимҷонов Ҳ. анҷом ёфт, истифода намуд.

Ману фарзандони бекасу кӯйро бо чунин даъвоҳои пӯчу беасос гӯл зада, мехоҳанд мероси падари фарзандонамро азони худ намоянд ва аз ин хотир, ба ҳар даре, ки муроҷиат намудам, касе ба фарёдам нарасид, акнун намедонам баъд аз ин, ба куҷо равам…

Аламовараш ин аст, ки даъвогарон ва ба ном Фозилҷон шахс, ки худро намояндаи онҳо муаррифӣ менамояд, дар ҳар мурофиаи судӣ ба ҳарами шахсии ман дахолат карда, маро буҳтону таҳқир мезаданд, ки гӯё ман шавҳари ғайри қонунӣ карда карда бошам, дар ҳоле, ки ман бо шавҳари худ ақди никоҳи қонунӣ дорам. Дар ҳар мурофиаи судӣ маро бо чандин касони бегона туҳмат мезаданд, ки ба шавҳар баромадаам. Чунин таҳқиру тавҳин ба шахси ман, модари ду фарзанд, ки айни ҳол ҳар дуи фарзандонам оиладор ҳастанду соҳиби фарзанд, магар ҷавобгарии қонунӣ надорад? Баъди чунин таҳқиру туҳмат, ки нисбати ман намуданд, чӣ гуна метавонам сарамро боло намуда, дар пеши фарзандону хешу ақрабо ва ошноҳоям гардам?… Бе ҳеч далелу аркон нисбати ман буҳтон намуда, номи маро доғдор намуданд ва бо чунин роҳ мехоҳанд аввал маро беобрӯ намуда, сипас мероси падари фарзандонамро ба осонӣ азони худ намоянд.

Ба унвони зан-модар ба Шумо, Пешвои муаззами миллат хоҳиш менамоям, ки сари роҳи чунин қонуншиканӣ ва беасос таҳқир намудани шаҳрвандо гиред.

Албатта, мо дар Ватани азизи худ, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем ва ба волоияти қонун боварӣ дорем.

Боварии яқин дорам, ки дар ин замон ҳеч кас наметавонад моликият ё мероси каси дигареро бо роҳи зӯриву найранг азони худ намояд. Вале имрӯз қаллобон мехоҳанд, ки мероси падари фарзандони маро азхуд намоянд, ҳамзамон даъво пеш меоранд, ки ин мерос аз худи онҳо бошад. Пас аз даъвоҳое, ки дар боло зикр намудам, даъвогар Азимҷонов Ҳ. менамояд, ба чунин суолҳо мехоҳам, ки посухи мушаххасу асоснок диҳад (ҳарчанд, бо ҷавобҳои дурӯғин бовар дорад, ки ба ин суолҳоро ҷавоб додааст):

Агар ин хона азони Азимҷонов Ҳ. мебуд, пас барои чӣ то соли 2009 дар манзилҳои истиқоматии гуногун ба сифати иҷоранишин зиндагӣ намудааст?

Агар ин хона аз Азимҷонов Ҳ. мебуд, пас барои чӣ то вафот кардани шавҳарами ман ва падари фарзандонам муддати 22 сол хомӯширо ихтиёр кард, ҳатто як бор ҳам даъвои хона накард?

Агар Азимҷонов Ҳ. соҳиби манзили истиқоматӣ мебуд, пас барои чӣ хизматрасониҳои коммуналиро пардохт накардаст? Фонди манзилро барои давраи аз соли 2013 то соли 2020 ва хизматрасониҳои коммуналиро барои давраи аз соли 2021 то соли 2022 шахсан ман пардохт кардаам. Дигар хизматрасониҳои коммуналиро бошад марҳум шавҳарам Азимҷонов Тоҳир то зинда буданаш пардохт кардааст.

Агар Азимҷонов Ҳ. соҳиби манзили истиқоматӣ мебуд, пас барои чӣ ақаллан хизматрасониҳои коммуналиро муддати 20 сол, яъне аз соли 1999 то соли 2019 пардохт накардааст?

Дар ҳамин ҷо зарур мешуморам махсус қайд намоям, ки дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба тариқи назоратӣ баррасӣ намудани парванда, яке аз аъзоёни Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии ҶТ Саидзода М.М. ба Азимҷонов Ҳ. пешниҳод кард, ки агар Шумо соҳиби хона бошед, ягон расидро дар бораи пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, барқ, андоз ва ғайраҳо барои давраи то соли 2019, махсусан барои солҳои аввали баъди харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ, ки аз номи шахсан худи Шумо супорида бошед, ба суд пешниҳод намоед. Аммо ҷавобгар Азимҷонов Ҳ. ҳатто як расид ҳам пешниҳод карда натавонист. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки то зинда будани шавҳари ман, Азимҷонов Тоҳир ҷавобгар Азимҷонов Ҳ. худро ҳатто соҳиби хона ҳисоб намекард ва боре ҳам даъвои соҳибмулкӣ накардааст. Ҷавобгар Азимҷонов Ҳ. дар он хона ҳамчун иҷоранишин зиндагӣ мекард ва то зинда будани шавҳарам Азимҷонов Тоҳир ҳатто ягон намуди хизматрасониҳои комммуналиро пардохт ҳам накардаааст. Барои ҳамин ягон расидро ба суд пешниҳод карда натавонист. Баъди вафоти шавҳарам ӯ нақшаи азони худ кардани манзили истиқоматиро кашида, ба воситаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Сино Маҳмадзода Хуршед онро амалӣ кард.

Боз суоли дигар ин аст, ки агар ин хона аз Азимҷонов Ҳ. мебуд, пас барои чӣ то ҳоло дар қайди манзили истиқоматӣ нест?

Тибқи қонун ҳамагон медонанд, ки ҳар чи аз падар боқӣ монд, ба мисоли манзили истиқоматӣ ҳамчун мерос ҳаққи ҳалоли фарзандонаш мебошад. Аммо муовини якуми раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маҳмадзода Хуршед дар кадом асос мероси қабулкардаро бекор кард? Оё касе аз ӯ инро мепурсида бошад?

Имрӯзҳо бошад бародари шавҳарам Азимҷонов Ҳ., ки дар ин хона муваққатан роҳ дода шуда буд, бо ёрдами муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маҳмадзода Хуршед ҳаққи ҳалоли фарзандони маро азони худ кардааст.

Агар бо чунин роҳи ғайриқонунӣ манзили аз шавҳарам ба мерос мондаро Азимҷонов Ҳ. азхуд кунад, ману фарзандонам ба куҷо равем, фарзандам оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад, яъне аёлманд, имрӯз хонаи мерос аз падараш мондаро зӯргӯён моли худ намуданд, ӯ ба кадом дар сар занаду зиндагӣ намояд?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромонона хоҳиш менамоям, ки дар ҳалли қазияи ба сари оилаи мо омада, баҳри ба фарзандонам баргардонидани манзили истиқоматии аз падарашон мерос монда, ки бо ёрдами муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маҳмадзода Хуршед ба амакашон Азимҷонов Ҳусейн дода шуд, чораҳои дахлдор андешед ва дар ҳалли ин қазия мусоидат намоед.

Азимҷонова З.Ф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь