Ба таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
Ба раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ
Ба раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён
Ё чӣ гуна Бахтиёр Оқилзода ва судяҳои Суғд барои Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров шуда қонунро эътироф намекунанд?!
Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва роҳбарони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ!
Бо нашри ин маводи матбуотӣ дар бораи амалкарди судяҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Зиёзода М. Ҳ., судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Бахтиёр Оқилзода, раиси суди вилояти Суғд мегӯям, ки онҳо дидаву дониста бо амалкарди ғайриқонунии худ мехоҳанд ҳуқуқу манфиятҳои мо дар суд зери по шавад.
Онҳо, барои ба нафъи Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров, муассиси ҶДММ “Маркази тиҷоратии Суғдиён” ҳал шудани ҳалномаи судӣ, на қонун ва на кори қонунии идораҳои давлатии дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷудбударо ба инобат намегиранд. Маълум мешавад, ки дар паси ин амалкарди муғризона ва манфиятхоҳонаи ин судяҳо баъзе нафарони мансабдори ҳукумати вилояти Суғд низ истодаанд ва талоши ҳамаи онҳо, танҳо бо роҳи беадолатӣ ва ғайриқонунӣ ҳал кардани кору масъала бар нафъи Мирзобаҳодуров М. мебошад. Чунин муносибати муғризонаи онҳо ба ибораи дигар “ғасби рейдерии судӣ” аст.
То имрӯз чандин ҳолати кор собит намудааст, ки Оқилзода Б., чи гуна ба таври ғайриқонунӣ манфиятҳои Мирзобаҳодуров М. ро дар суд ғайриқонунӣ ҳимоя намуда, аз ваколатҳои вазифавии худ сӯйиистифода кардааст.
Ба маҳзи дастгирӣ ва пуштибонии ғайрихолисона ва ғаразноки ӯ, ҳалномаи қонунӣ ва асосноки суди ноҳияи Б. Ғафуров аз 4 июни соли 2019 аз тарафи Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 15.07. 2020 бекор шудааст, ба баррасии нави судӣ ирсол гардидааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан бо таъиноти судяи Суди вилояти Суғд шикояти назоратии директори ҶДММ “Маркази тиҷоратии Суғдиён”- и ноҳияи Б. Ғафуров рад карда шуда буд.
Чунин муносибати муғризонаи раиси Суди вилояти Суғд маро водор намуд, ки ба унвони Шумо – Пешвои муаззами миллат ва роҳбарони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ муроҷиат намоям ва умедворам, ки ба маҳзи таваҷҷӯҳи Шумо ба ҳолати кор адолати судӣ барқарор мешавад.
Беадолатии судӣ нисбати мо аз куҷо сар шуд?
Дар асоси қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 4 июни соли 2012 таҳти № 502 ба шаҳрванд Ғафуров Шоҳманазар Сатторович қитъаи замин ба масоҳати 388, 40 метри мураббаъ барои сохтмони истгоҳ ва нуқтаи савдо аз ҳисоби заминҳои зери майдони шаҳраки ин ноҳия бо ҳуқуқи истифодаи мӯҳлатнок барои панҷ сол ҷудо шудааст.
Ғафуров Ш. С. баъди вобаста шудани қитъаи замини мазкур, аз рӯи таъиноташ истифода намуда, як қатор сохтмонҳоро ба иҷро расонида, саҳми худро дар ободии маҳал гузоштааст. Инчунин, дар асоси аризаи Ғафуров Ш. С. ва бо розигӣ ва хулосаи мақомот ва идораҳои дахлдори давлатӣ санаи 19 июни соли 2015 бо қарори раиси ноҳия, таҳти № 630 ба ин шаҳрванд оиди вобаста ва иловагӣ ҷудо намудани қитъаи замин қарор қабул гардида, дар асоси он аз 7 июни соли 2015 бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи АN: 0507169 таъмин карда шудааст.
Дар ин замина КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Б. Ғафуров, санаи 30 июни соли 2015 биноҳои мағозаҳоро барӯйхатгирии асосӣ гузаронида, дар ин корхона нуқтаи хизматрасонии савдо ҳамчун моликияти шахсии Ғафуров Ш. С. ба қайд гирифта шудааст.
Соли 2015 Ғафуров Ш. С., ин амволи худро ба фурӯш гузошт ва мо онро харидорӣ намудем. Санади харидуфурӯш дар идораи нотариалии ноҳия сабт шудааст. Баъди гирифтани ин нуқтаи хизматрасонии савдо мо корамонро бо маром пеш мебурдем.
Баъди огоҳ шудани он ки раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санаи 7 январи соли 2019 таҳти № 1 дар бораи қисман бекор намудани қарори раиси ноҳияи қаблӣ аз 19 июни соли 2015 таҳти № 630 ва беэътибор донистани қисми қарори раиси ноҳия аз 2 июли соли 2015 таҳти №685 қарор қабул кардааст, барои ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи худ бо аризаи даъвогӣ ба суди ноҳия ба ҷавобгарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуров, ҶДММ “Маркази тиҷоратии Суғдиён” ва шахсони сеюм – Кумитаи идораи замини ноҳия, Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳия аз 7 январи соли 2019 таҳти № 1 муроҷиат намудем. Суди ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳайати раисикунанда Ф. Н. Зарифов аризаи даъвогии моро моҳиятан баррасӣ намуда, ваҳҷҳои дар ариза овардаро ҳаматарафа санҷида, қарори қабулнамудаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 7 январи соли 2019 таҳти № 1- ро беэътибор дониста, санаи 4 июни соли 2019 бо қабули ҳалномаи судӣ муроҷиати моро қонунан ҳал кард.
Дар вақти қабули чунин ҳалнома дар суд Ғафуров Ғ., намояндаи ваколатдори Ҳукумати ноҳияи Б. Ғафуров иштирок дошт ва беасос будани бекоркунии қарори раиси ноҳия аз 19 июни соли 2015 таҳти № 630 эътироф намуд. Аммо Бахтиёр Оқилзода шахсан ба ҳалномаи эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани Суди ноҳияи Б. Ғафуров розӣ нашуда, пеши худ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот дар бораи ирсоли парванда барои баррасӣ намудани он дар марҳилаи назоратӣ қабул намуд. Аз таъйиноти қабулнамудаи раиси Суди вилояти Суғд бармеояд, ки гуё дар вақти ҷудо намудани қитъаи замин манфияти Мирзобаҳодуров М. халалдор шудааст.
Суди Олӣ дар навбати худ чунин таъйиноти ба таври ғайриқонунӣ қабулнамудаи Б. Оқилзодаро ба инобат гирифта, беасос ва яктарафа ҳалномаи дурусту қонуниро бекор намуда, бо иштироки Мирзобаҳодуров М. ба баррасии нави судӣ фиристод.
Ҳамин тариқ, санаи 23 августи соли 2021 дар марҳилаи суди назоратӣ, Зиёзода М. Ҳ., судяи Суди ноҳияи Б. Ғафуров даъвои моро бо ҷавобгарии МИҲД ноҳияи Б. Ғафуров, ҶДММ “Маркази тиҷоратии Суғдиён”, шахсони сеюм – Кумитаи идораи замини ноҳияи Б. Ғафуров, Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, беасос будани қарори раиси ноҳия аз 7 январи 2019 – ро рад намуд. Гуё замини қаблан ҷудошуда азони Мирзобаҳодуров М. бошад. Дар ҳоле ки замини ба мо тааллуқдошта дар ҳудуди заминҳои шаҳраки Б. Ғафуров ҷойгир буда, ба ҳудуди заминҳои иншооти ӯ, яъне “МТ Суғдиён” ҳамроҳ намебошад.
Зиёзода М. Ҳ. бо қабул намудани чунин ҳалномаи судӣ ҳатто ба фарқи миёни 20 ва 9 метр сарфаҳм нарафта, нуқтаи савдо аз маркази савдоро фарқ карда натавонистааст. Ин судя ҳамчунин, эътирофи давлатии бо муҳр ва имзои роҳбарони чандин идораҳои давлатӣ тасдиқшудаи нақшаи сохтмонро ба назари эътибор нагирифт. Маълум мешавад, ки чунин нодидагирифтанҳои Зиёзода М. Ҳ. бесабаб набудааст ва ин судя зери ҳадафҳои муғризонаи Мирзобаҳодуров М. ва миёнравии Оқилзода Б., раиси Суди вилояти Суғд ва Қодирзода Тоҳир, коллегияи Суди Олӣ қарор гирифта, дар баровардани ҳалномаи дурусту қонунии судӣ ночор мондааст. Ин амалкарди судя мисоли равшани “ғасби рейдерии судӣ” аст, яъне дидаву дониста мехоҳанд манфияти қонунии мо аз тариқи суд ғасб карда шавад.
Мирзобаҳодуров М. дар ҳоле ба иншооти мо чашм ало намуда, замини онро бо роҳи “ғасбӣ судӣ” аз худ карданист, ки “МТ Суғдиён”- и худаш собиқ “Базаи китоб” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидани муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ манъ мебошад. Чи гуна ва бо кадом роҳ ин соҳибкор бо харидани “Базаи китоб” – муҳимтарин муассисаи иҷтимоии фарҳангӣ даст ёфт, ин мавзӯъ худ саволбарангез аст.
Аз сӯи дигар, намояндаҳои Мирзобаҳодуров М., иброз намудаанд, ки ин соҳибкор мехоҳад дар оянда бинои ҳафтошёнадор бунёд карда, даромадгоҳҳои ин иншооташро аз тарафи шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, яъне аз назди иншооти мо гузоштаниаст. Дар ҳоле ки нақшаи генералии шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров тасдиқ шудааст ва дар он бинои ҳафтошёнагии ӯ ворид нашудааст. Бо ҳар роҳу воситаҳо ҳоло онҳо мехоҳанд, нақшаи генералии ноҳияро тағйир дода, ба таври ғайриқонунӣ қарори раиси ноҳияро, ки ҳанӯз шаш соли пеш ҷудо шуда буд, бекор намуда, замини қонунан ҷудошуда ва мақсаднок истифодашавандаи моро аз худ намоянд.
Мирзобаҳодуров М., аз ҳоло барои бунёди ин иншооташ мехоҳад ҳама мурофиаҳои судӣ бар нафъи ӯ тамом шавад, агарчи ғайриқонунӣ ҳам бошад. Барои ба ин мақсад расидани ӯ, аз ҷумла раиси Суди вилояти Суғд Оқилзода Б. нақш дорад ва дигар судяҳои ноҳиявӣ низ дар баровардани қарори одилонаи судӣ ночор мондаанд. Алалхусус, худи Зиёзода Ҳ. Н., ки баҳри дастгирии ғасбгарон даъвои моро рад намуда, қарори раиси ноҳияро бо он беэътибор ҳисобидааст, ки дар канори кӯча сохтмони маркази савдо манъ мебошад.
Чаро Оқилзода ва Зиёзода ба қонун аз паси панҷа менигаранд?
Чунин бардошт ва хулосабарории судя ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунад ва ин ҷо амалкарди худсарона ва ғайриодилонаи Зиёзода Ҳ.Н. дар хусуси ба иҷрорасии “супориш”- и Оқилзода Б. баръало равшан мегардад.
Ин судяи ноҳия чунин ҳисобидааст, ки сохтмонро гуё мо худсарона сохтааем ва он бидуни ҷуброни талофи зарар вайрон карда шавад. Дар асл, иншооти сохташудаи мо на Маркази савдо, балки нуқтаи хизматрасонӣ буда, қонунӣ ва дар асоси иҷозат ва дастгирии идораҳои ҳукуматии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд карда шудааст.
Зиёзода Ҳ. Н. дар паси иҷрои “супориш”- и нафарони манфиатхоҳу ғасбгаро истода, на адолат ва на мавҷудияти қонунро ба назари эътибор намегирад. Чунин судяҳо мехоҳанд барои ба нафъи Мирзобаҳодуров М. ҳал шудани баҳси судӣ моро ғайриқонунӣ аз моликияти худ маҳрум намуда, ба мо зарари калони иқтисодӣ расонанд.
Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва роҳбарони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, мо ба қонун арҷ мегузорем ва танҳо мехоҳем, бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳифз намоем. Умедворем, Шумо – роҳбарони соҳибэҳтироми идораҳои давлатӣ, барои расидани ҳақ ба ҳақдор ва тантанаи адолатӣ судӣ мусоидат мекунед.
Бо арҷу эҳтиром,
Каримов Далерҷон Раҳматҷонович –
сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
чамоати Ҳ. Усмон, кӯчаи Фахрӣ 93