Ба гуфтаи масъулони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 80 дарсади роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ва 55 дарсади роҳҳои байналмилалӣ ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, ки ин вазъ бештар аз ҳама ронандагони воситаҳои нақлиётро нигарон кардааст.

 Гилаи ронандагон аз харобии роҳҳо

Сулаймон, Нуриддин, Саид ва чанде аз ронандагони воситаҳои нақлиёт гила аз он карданд, ки роҳҳои мошингарди ноҳияи Қубодиён дар вазъияти хароб қарор доранд. Онҳо гуфтанд, ки бо вуҷуди он, ки мо ҳамасола андози нақлиёт месупорем, аммо вазъи роҳҳои ноҳияи мазкур нигаронкунанда мебошанд.

“Нақлиётҳоямон тез-тез вайрон мешаванд ва маблағи зиёд сарф мекунем, то онҳоро таъмир кунем”, – гуфт яке аз ронандагон, ки худро Саид муаррифӣ кард. Ба мисли ин ронандагон даҳҳо нафари дигар аз харобии роҳҳои ноҳия шикоят карда, аз масъулон хоҳиш карданд, ки роҳҳои харобгаштаи ноҳияро обод кунанд.

Маблағгузорӣ кам аст

Нуруллозода Диловар, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён гуфт, ки дар тавозуни ин муассиса 175,5 километр роҳҳои автомобилгард мавҷуданд, ки 144 километраш роҳҳои маҳаллӣ ва 34,5 км роҳҳои байналмилалӣ мебошанд. 80 дарсади роҳҳои маҳаллӣ ва 55 дарсади роҳҳои байналмилалӣ ба таъмир ниёз доранд, -афзуд ӯ.

Номбурда илова кард, ки барои таъмири ҷории роҳҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар беш аз 164 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, аз тарафи буҷети ноҳия бошад, 100 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он 68 ҳазор сомониаш ҷудо гардидааст. Ин маблағҳо барои таъмиру нигоҳдории 144 км роҳҳои маҳаллӣ кофӣ нестанд. Мо бештар роҳҳои маҳаллиро бо ҷалби соҳибкорон обод мекунем, зеро аз ҳисоби соҳибкорон беш аз 24,2 километр роҳҳо бо харҷи 8 миллиону 678 ҳазор сомонӣ пурра мумфарш карда шуданд – илова кард ӯ.

Нуруллозода зикр кард, ки барои бозсозии як километр роҳ камаш 1 миллион сомонӣ лозим аст. Аммо бештари роҳҳоро мо бо дастгирии соҳибкорон ва Вазорати нақлиёт таъмири ҷорӣ карда истодем.

 Дар ҳамин ҳол Шералӣ Ҳабибуллоев, сардори шуъбаи буҷети маҳаллии давлатии Раёсати Вазорати молияи ноҳияи Қубодиён гуфт, ки дар соли 2023 барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи ноҳия 100 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он 68 ҳазор сомониашро ҷудо кардем.

Ӯ афзуд, ки ҳар як семоҳа бояд мо ба идораи роҳҳои ноҳия 25 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мекардем. Мо сардори идораи роҳҳои ноҳияро гуфтем, ки тендр гузарад ва маблағи боқимондаро бигирад, вале мутаассифона роҳбари идораи роҳҳои ноҳия тендр нагузашт.

Иттило дода шуд, ки соли 2022 барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 50 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳияи Қубодиён ба нақша гирифта шуда буд, ки пурра маблағгузорӣ шуд. Соли 2023 бошад, мо 300 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта аз ҳисоби буҷет пешниҳод кардем, аммо мутаассифона аз Сарраёсати Вазорати молияи вилояти Хатлон ҳамагӣ 100 ҳазорашро ба нақша гирифтанду халос.

Қайд гардид, ки чӣ қадар маблағе, ки аз ҳисоби буҷети вилоят ба мо пешниҳод карда мешавад, мо дар доираи имкониятҳо он маблағро ҷудо мекунем.

Бориши барф мушкил пеш меорад

Мушкили дигари Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён кам будани техникаҳои роҳдорӣ ва таъмирталаб будани бинои худи идора мебошад.

Роҳбари ин ниҳод Нуруллозода Диловар афзуд, ки дар ихтиёри идораи онҳо ҳамагӣ се техникаи роҳдорӣ ҳаст, ки ин кофӣ нест ва дар фасли зимистон агар бориши барф зиёд шаваду зимистон сард ояд, аз тарафи ҷамъиятҳо ва дигар ташкилотҳо ба мо кӯмак мекунанд. Ҳамчунин номбурда илова кард, ки бинои Муассиса чанд сол пеш сохта шуда, имрӯз ниёз ба таъмир дорад.

Масъулони Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, Вазорати нақлиёт ва Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиёнро зарур аст, ки барои таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳама фаслҳои сол роҳҳои мошингарди ноҳияро таъмир намуда, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиёнро бо техникаҳои зарурӣ таъмин сохта, бинои идораи мазкурро таъмир карда, барои кормандон шароити кории созгор муҳайё созанд.

 Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

«ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь