НИЗОЪҲОИ МАРЗӢ БО ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ЧӢ КАРДАНД?

Рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон гардиши мол сурат гирифтааст, аммо миллионҳо доллар камтар аз солҳои гузашта.

Муомилаи тиҷорӣ миёни ду кишвар асосан тавассути гузаргоҳҳои марзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон сурат мегирад.

Дар ин ду гузаргоҳи гумрукӣ то се соли пеш пайваста тиҷорат дар авҷ буд ва ҳамарӯза рафтуомади мошинҳои борбар аз ду ҷониб мушоҳида мешуд.

Ба иттилои Сарраёсати агентии омори вилояти Суғд, меваи хушк ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили профилҳои алюминӣ, семент, масолеҳи плостикӣ аз Суғд ба Ботканд мерасид ва аз он тараф молҳои саноатии ниёзи бозорҳо, аз қабили бомпӯши биноҳо (шифер), мошинаҳои ҷомашӯӣ ва меваи хушк, чун пиставу бодом ворид мешуд.

Пас аз низоъи сарҳадӣ дар моҳи майи соли 2021 гузаргоҳҳои гумрукӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баста шуданд.

Дар 9 моҳ Суғду Ботканд чӣ муомилот доштанд?

Сардори Сарраёсати агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода мегӯяд, ки ҳаҷми гардиши савдо миёни вилоятҳои Суғду Ботканд дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳамагӣ 229,2 ҳазор долларро ташкил додааст. Аз ин нишондод ҳиссаи содирот 105,2 ҳазор доллар буда, ҳамагӣ ба 11,5%-и нишондоди ҳамин давраи соли пеш баробар аст. Саҳми воридот 124 ҳазор доллар сабт шудааст, ки ин нишондод танҳо ба 5,2% ҳиссаи умумии молҳои воридшудаи соли гузашта баробар будааст.

“Дар ин давра аз вилояти Суғд ба Қирғизистон нерӯи барқ содир шуда ва аз он кишвар ба ҳисоби нерӯи барқ обгармкунакҳои барқӣ (электрокипитилник) ворид шудааст” – шарҳ дод Накҳатзода.

Аз $60 млн ба $229 ҳазор: чӣ гуна тиҷорати шаклгирифта рукуд кард?

Бино ба маълумоти Сарраёсати омор солҳои охир ҳаҷми муомилот миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд дар такя ба маълумоти Хадамоти гумрук тавзеҳ дод, ки ҳаҷми савдо миёни вилоятҳои Суғду Ботканд дар се соли охир чӣ тавр поён рафтааст.

Накҳатзода гуфт, ки пеш аз даргириҳои сарҳадӣ гардиши савдо миёни ду кишвар, ки умдатан интиқоли мол тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоятҳои Суғду Ботканд сурат мегирад, ба 60 миллион доллари ИМА расида буд ва ин рақам дар се соли охир беш аз 16 баробар кам шудааст.

Тибқи иттилои ӯ, соли 2020 дар ин масир ҳаҷми муомилот 46 миллион доллар ҳисоб шудааст. Соли 2021 ин рақам 38 миллион доллар ва дар соли 2022 ба 3,6 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Дар нӯҳ моҳи соли 2023 ба маблағи ҳамагӣ 229,2 ҳазор доллар миёни ду кишвар савдо сурат гирифта, ин муомиларо асосан хариду фурӯши барқ ташкил додааст.

Дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ на танҳо савдои дуҷониба зиён дид, балки ба фаъолияти бозорҳои наздимарзии шаҳру ноҳияҳои Суғду Ботканд низ таъсири амиқи иқтисодӣ расидааст.

Дар ин бозорҳо ҳазорон сокини деҳоти наздисарҳадӣ аз ду тараф ба тиҷорат машғул буданд.

Бозорҳои наздимарзӣ дар ҷамоатҳои Овчӣ-Қалъача, Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон, бозорҳои Арқа ва Қулундӣ дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, инчунин бозорҳои Сурх, Чоркӯҳ, Ворух, Чилгазии Исфараи Тоҷикистон, бозори яклухтфурӯшии молҳои кишоварзӣ дар деҳаҳои Қаробоғ, Самарқандак ва Равоти ноҳияи Ботканди Қирғизистон ҳамарӯза фаъолият мекарданд ва сокинони наздимарзии ду кишварро ба ҳам меоварданд.

Чаро набзи бозорҳои наздимарзӣ суст шудааст?

Сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муродҷон Розиқов мегӯяд, беш аз даҳ сол мешавад, ки дар бозор савдо мекунад.

Розиқов гуфт, садҳо сокини деҳоти ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳам дар баробари сокинони Тоҷикистон ҳар ҳафта ба бозори наздимарзии Овчӣ-Қалъача омада, хариду фурӯш мекарданд.

Аммо пас аз марзбандиҳо се сол мешавад, ки қирғизистониҳо ба ин бозор омада наметавонанд ва Розиқов низ наметавонад ба он тарафи марз гузарад.

“Марз баста аст, савдо дар бозорҳо суст шудааст. Пештар қирғизистониҳо меомаданд, мо ҳам ба бозори Қулундӣ мерафтем. Аз ду тараф марзҳо боз буд ва суръати савдо ҳам хуб буд” – гуфт вай.

Турсуной Очилова дар бозори Овчӣ-Қалъача матоъ ва либос мефурӯшад. Очилова гуфт, ки замони боз будани марзҳо даҳҳо зани қирғизистонӣ шанбеи ҳар ҳафта ба ин бозор омада, барои худ матоъ ва дигар молҳоро харид мекарданд.

“Омада аз мо асосан матоъ харида, худашон қурут ва тармева оварда савдо мекарданд” – гуфт Очилова.

Коршиносони умури марзӣ мегӯянд, ки вақте сухан дар бораи муноқишаи марзӣ равад, қабл аз ҳама манзараи талафоти ҷонӣ ва асароти иқтисодии расида ба рӯзгори сокинони наздисарҳадӣ пеши назар меояд.

Коршинос: марзҳои баста решаи тиҷоратро хушк мекунанд.

Таҳлилгари масоили марзӣ Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, ки воқеаҳое, ки ду сол қабл дар сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон рух доданд, “боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардида, ба решаи рушди тиҷорат миёни кишварҳо теша заданд ва он замон шояд аз ҳар ду ҷониб касе то ба ин дараҷа зиёнбор будани вуқӯъи ҳодисаҳоро дуруст дарк карда наметавонист”.

Мирсаидов мегӯяд, ҳоло фурсате фароҳам шудааст, ки ҷонибҳо метавонанд дар бораи боз намудани марзҳо ташаббус нишон диҳанд ва ба ин васила роҳи рушди тиҷорат байни кишварҳо дубора ҳамвор гардад.

“Байни Тоҷикистону Қирғизистон зуҳуроти хуб, савдои байнимарзӣ буд, ки чунин падидаи нек қариб, ки миёни дигар кишварҳо эҳсос намешавад. Қад-қади марзи Тоҷикистону Қирғизистон бозорҳои марзӣ вуҷуд доштанд, мардум дар канори роҳҳо озодона савдо мекарданд. Ва ҳамаи ин даромад на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ҳар ду кишвар буд, балки ин як василаи ғанӣ кардани буҷаи ҳарду давлат ба ҳисоб мерафт” – афзуд Мирсаидов.

Умед ба тағйирот

Сокинони навоҳии наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон бо умед мунтазири ба анҷом расидани раванди аломатгузории сарҳадӣ миёни ду кишвар ҳастанд. Хушбинӣ аз маълумоте сарчашма мегиранд, ки дар матбуот дар бораи суръат бахшидани аломатгузории сарҳад, вохӯриҳои ҳайатҳои ваколатдор дар фазои дӯстона, хотима бахшидан ба фазои равонӣ, иттиҳомоти мутақобила ва изҳороти мақомоти баландпоя, ки баҳси марзӣ бешубҳа дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ҳал карда мешавад, хабару гузоришҳо нашр шуданд.

Дар баробари ин, муҳим аст дар тӯли зиёда аз як сол, ба истиснои як ё ду ҳодисаи хурд, дар марзи ду давлат ягон низоъ ба қайд гирифта нашудааст. Фазое, ки дар манотиқи наздимарзӣ ҳукмфармост, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум сулҳу оромиро мехоҳанд.

Шарафи ҚИЁМПУР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь