Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” яке аз муосиртарин коллеҷҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, якуми сентябри соли 2014 таъсис ёфтааст.
Боздиди мо аз муассисаи мазкур, ки дар як гӯшаи зебоманзари ноҳияи Вахш воқеъ аст, 4-уми май сурат гирифт ва тамошои он воқеан моро ба ваҷд овард. Зеро то имрӯз мо аз коллеҷҳои зиёде дидан кардем, вале чунин биноҳои муосир бо ҳама инфрасохторҳои дохилӣ, хобгоҳи ҳозиразамони бо тарҳи олмонӣ сохташуда ва бо ҳама шароитҳо муҷаҳҳаз, толори шиноварӣ (басейн), бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатиро дучор наомада будем. Аз тамошои муассисаи мазкур илҳом гирифта, бовар намекардем, ки ҳатто дар берун аз пойтахт ва дур аз маркази вилоятҳову шаҳрҳо ҳам, чунин таълимгоҳи бо ҳама шароитҳои зарура муҷаҳҳазгардонидашударо дучор омадан мумкин аст. Муассиси коллеҷи мазкур соҳибкори ватанӣ Юсупов Қурбоналӣ Қувватович буда, маълум аст, ки барои бунёди чунин як таълимгоҳи бузурги муосир ва нотакрор хеле кӯшиш ба харҷ додааст. Агарчӣ аз таъсиси муассисаи мазкур ҳамагӣ 5 сол гузаштааст, коллеҷ дар тӯли фаъолияти кутоҳи худ тавонистааст, ки дар тарбияи кадрҳои миёнаи тиббии кишвар нақши сазовореро гузорад.
Роҳбарии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” – ро устоди соҳибтаҷриба Ҷалолов Ҷамил Камолович ба зимма дошта, маъмурияти коллеҷ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи давлатии рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ, Қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаро сармашқи кори худ қарор дода, ба назорати доимии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи сифати дониши муҳассилин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Пояи моддӣ техникӣ ва таълимӣ лабараторӣ
Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” дар 1 бинои таълимии дуошёна ҷойгир буда, дорои 2 лабораторияи таълимӣ: – дандонсозӣ ва кимиё, 18 кабинетҳои таълимӣ, 2 толори лексионӣ, 6 кабинетҳои корӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, толори варзишӣ барои обутоби бадан, толори шиноварӣ (бассейн), варзишгоҳ бо 2000 ҷойи нишаст барои гузаронидани футбол, теннис, волейбол, баскетбол ва майдончаи варзишӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш мебошад. Тамоми кабинетҳои таълимӣ бо компютерҳо ҷиҳозонида шудаанд ва дар якҷоягӣ бо синфхонаҳои компютерӣ 64 ададро ташкил менамоянд. Мо аз ҳамаи лабараторияҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, толорҳои лексионӣ, синфхонаҳои компютерӣ дидан намуда, бо донишҷӯён ва устодон суҳбат кардем. Ҳамагон аз шароити таҳсил на танҳо розӣ буданд, балки аз кору таҳсил дар чунин таълимгоҳи муосир ифтихор мекарданд. Омӯзгорон аз тамоми намудҳои технологияи муосир ба монанди компютер, видеопроектор, муляжҳо, асбобҳои айёнӣ, мулуҳҳо, фишорсанҷҳо, расмҳо, китобҳои фаннии тахассусӣ пуррра истифода мебаранд. Ҳуҷраҳои қабликлиникӣ бо лавозимотҳо баҳри гузаронидани малакаҳои амалӣ муҷаҳҳазонида шудаанд.
Кафедраҳо ва ихтисосҳо
Омӯзиши мо нишон дод, ки дар “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” 5 кафедра – Кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Кафедраи тиббӣ – биологӣ, Кафедраи табиӣ – риёзӣ, Кафедраи фанҳои тахассусӣ ва Кафедраи забонҳо амал мекунад. Дар коллеҷ аз рӯи 5 ихтисоси зерин хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд:
1. Кори ҳамширагӣ (баъди синфи 9)
2. Кори ҳамширагӣ (баъди синфи 11)
3. Кори фарматсевтӣ
4. Кори момодоягӣ
5. Кори дандонсозӣ
Дар муассиса шакли таълим рӯзона буда, дар доираи ихтисосҳои номбурда 983 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 612 нафарро духтарон ва 371 нафарро писарон ташкил медиҳанд. Дар соли 2018 315 нафар бо ихтисосҳои мазкур муассисаро хатм намуданд ва дар соли таҳсили 2019 – 2020 қабули 285 нафар ба нақша гирифта шудааст.
Сатҳи баланди кадрӣ
Дар МҒТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” ба сатҳу сифати таълим таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуда, 60 нафар кормандон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб карда шудаанд. Аз ин шумора 23 нафарро омӯзгорони асосӣ ва 28 нафарро омӯзгорони соатбайъ ташкил медиҳанд, ки бо таҳсилоти олии тиббӣ – 15 нафар, олии педагогӣ – 18 нафар, олии нопурра – 3 нафар, бо таҳсилоти миёнаи тиббӣ – 18 нафар фаъолият менамоянд. Миёни устодон чандин нафар аълочиёни соҳаи маориф ва тандурустӣ низ мебошанд. Аз суҳбат бо муовини дирекор оид ба таълим Одинаев Рӯзмаҳмад Султонович маълум шуд, ки роҳбарияти коллеҷ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар оянда низ барои мустаҳкам намудани пояи кадрии муассиса чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Шароити манзилию маишии донишҷӯён
Муассиса дорои хобгоҳи ба таври замонавӣ сохта шуда буда, дар хобгоҳ ҳама шароитҳо барои зисти донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо кондитсионерҳо ҷиҳозонидашуда, дар фасли зимистон ҳуҷраҳо аз ҳисоби низоми гармидиҳии худи коллеҷ гарм карда мешаванд. Ҳуҷраҳои ҷомашӯӣ пурра бо мошинаҳои ҷомашӯӣ таъмин буда, дар хобгоҳ 191 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд. Дар оянда барои таъмини эҳтиёҷоти писарон ба хобгоҳ бунёди хобгоҳи дигар низ ба нақша гирифта шудааст. Дар коллеҷ ошхонаи муосир бо 160 ҷойи нишаст 24 соат дар хизмати донишҷӯён ва омӯзгорон қарор дорад. Ятимони кулл ва донишҷӯёни камбизоат аз пардохти маблағи хобгоҳ ва маблағи шартномаи таҳсил озоданд.
Китобхона
Дар коллеҷ китобхона амал мекунад, ки фонди умумии он 7965 адад китобҳоро фаро гирифтааст. Аз ин шумора 4307 ададро адабиётҳои умумитаълимӣ, 3242 ададро адабиётҳои тахассусӣ, 416 ададро адабиётҳои бадеӣ ташкил медиҳанд. Қироатхонаи китобхона дорои 30 ҷои нишаст буда, бо 10 адад компютер таъмин карда шудааст, ки донишҷӯёну устодон метавонанд аз он бо таври электронӣ китобҳоро дастрас намуда, истифода баранд. Зиёда аз 100 адад адабиётҳои таълимӣ ба шакли электронӣ сабт шудаанд.
Дар китобхона қариб аз ҳамаи фанҳои тиббие, ки донишҷӯён меомӯзанд, адабиётҳои дарсӣ ба забони давлатӣ ва русӣ муҳайё карда шудаанд. Шумораи умумии аъзоёни китобхона зиёда аз 800 нафар донишҷӯён ва 48 нафар омӯзгорон мебошанд.
Таҷрибаомӯзӣ
Машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар пойгоҳҳои таълимии коллеҷ, дар назди беморхонаҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш, Маркази саломатии ноҳиявии кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва Беморхонаи №1- и ҷамоати “ 20- солагии Истиқлолият”- и хоҷагии “Кӯлоб” гузаронида мешаванд. Донишҷӯён дар муассисаҳои номбурда чун пойгоҳҳои таълимӣ истифода мебаранд ва дар рафти машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ аз наздик бо корҳои амалӣ шинос мешаванд. Корҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар асоси шартномаи дутарафа, ки аз тарафи маъмурияти коллеҷ ва маъмуриятҳои беморхонаҳои мазкур баста шудаанд, гузаронида шуда, дар қароргоҳҳои беморон, бевосита дар назди бистари бемор, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонхонаҳо ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббии ноҳияи Вахш ва муассисаҳои фарматсевтӣ сурат мегирад.
Пойгоҳҳои таълимии коллеҷ
Ба ғайр аз он, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар зиёда аз 30 муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад, худи коллеҷ низ дорои пойгоҳҳои муосири таълимӣ аст ва таълими амалии донишҷӯён инчунин дар кабинетҳои қабликлиникии колеҷ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии пойгоҳҳои таълими амалӣ сурат мегирад.
Таълими амалӣ аз ҷониби кафедраҳои мувофиқ, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбӣ дошта, амалӣ гардонида мешаванд. Шумораи кабинетҳои таълимии амалӣ зиёда аз 6 ададро ташкил медиҳанд, ки бо аёниятҳо, асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотҳои гуногун муҷаҳҳаз мебошанд. Машғулиятҳои қабликлиникӣ инчунин дар 3 синфхона гузаронида мешаванд ва қисме аз лексияҳо дар толори лексионӣ, ки дорои 160 ҷойи нишаст аст, бо усули электронӣ (бо нишондоди проектор) гузаронида мешаванд.
Ҳамкориҳои коллеҷ
МҒТ Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш баҳри беҳтар намудани раванди сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба роҳ мондааст.
Аз он ҷумла, коллеҷ бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди ВМ ва илми ҶТ, Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ВМ ва илми ҶТ, Раёсати таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми ВТ ва ҲИА ҶТ, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш ҳамкории пурсамар дорад.
Дурнамо
Айни ҳол бо ташаббуси муассиси коллеҷ Юсупов Қурбоналӣ Қувватович дар назди коллеҷ сохтмони бинои чорошёнаи Маркази саломатӣ барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба анҷом расида истодааст. Дар бинои мазкур барои гузаронидани машғулиятҳои амалии донишҷӯён 12 синфхонаи таълимӣ мавҷуд мебошад. Аз тарафи роҳбарияти коллеҷ то оғози соли таҳсили нав харидорӣ намудани техникаву таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва ҷалб намудани мутахассисони варзидаи ихтисосҳои гуногуни соҳаи тиб ба нақша гирифта шудааст. Ба истифода додани Маркази саломатӣ имконият медиҳад, ки пояи кадрии коллеҷ мустаҳкам карда шавад ва машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар сатҳи баланд ва бо сифати аъло гузаронида шаванд.
Дар таҳхонаи бинои Маркази саломатӣ, аллакай кабинети стоматологӣ ва лабораторияи таълимии “Дандонсозӣ” ба истифода дода шуда, ба пуррагӣ бо тамоми асбобу анҷом ва таҷҳизотҳои дандонсозӣ ҷиҳозонида шуда, таълими амалии фанҳои тахассусии донишҷӯёни факултаи “Кори дандонсозӣ” дар лабораторияи (устохонаи) мазкур гузаронида мешаванд. Муассиси коллеҷ нақша дорад, ки то оғози соли нави таҳсили 2019-2020 Маркази саломатиро пурра ба истифода дода, пояи моддӣ-техникиро мустаҳкамтар намояд.
Корҳои тарбиявӣ
Дар коллеҷ барои тарбияи ҳаматарафи донишҷӯён таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуда, аз ҷониби маъмурияти коллеҷ ва роҳбарони гурӯҳҳо вобаста ба нақша – чорабиниҳо соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд. Тибқи нақша чорабиниҳо барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна хизбу ҳаркатҳои мамнӯъ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо пайваста вохӯриҳои гуногун гузаронида шуда, соатҳои алоҳидаи дарсҳои тарбиявӣ низ ҷудо карда шудаанд.
Иштироки фаъолонаи донишҷӯёни коллеҷ дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модарон, иди “Наврӯз”, ҳафтаи ҷавонон, Ваҳдати миллӣ ва ғайра худ аз он гувоҳи медиҳад, ки донишҷӯёни коллеҷ ватани худро дӯст медоранд ва дар оянда барои рушду нумӯи он содиқона хизмат хоҳанд кард.
Варзиш
Дар МҒТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар муассиса якчанд сексияҳои варзишӣ, аз ҷумла, сексияҳои футбол, футболи хурд, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, шашка, шоҳмот, варзиши амал мекунанд. Дар давоми соли таҳсил дар байни гурӯҳҳо, курсҳо ва шӯъбаҳо бахшида ба ҷашнҳои миллӣ якчанд маротиба мусобиқаҳои варзишии гуногун, аз ҷумла, аз рӯйи намуди футбол байни писарон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон , ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ва Рӯзи ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуданд ва донишҷӯёне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд, аз тарафи роҳбарияти коллеҷ бо ифтихорномаҳо ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин бахшида ба ҷашнҳои мазкур байни донишҷӯён мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои волейбол, баскетбол, шашка, шоҳмот ва тенниси рӯйи миз гузаронида шуда, беҳтаринҳо бо ифтихорномаҳои маъмурияти коллеҷ сарфароз гардонида шудаанд. Донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии байнихонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Вахш низ фаъолона иштирок карданд.
Ғолибият дар озмунҳо
Аз сӯҳбат бо устод Одинаев Рӯзмаҳмад маълум шуд, ки донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш ба ғайр аз озмунҳои дохилӣ инчунин дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ иштирок карда, борҳо ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд. Аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии фаннии миёни коллеҷҳои ҷумҳурӣ баргузоршударо номбар кардан имукин аст, ки чанде пеш дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гирдид ва донишҷӯи кори ҳамширагӣ Музаффаров Ҷаҳонгир дар он ширкат варзида аз фанни забони тоҷикӣ сазовори ҷои сеюм гардид.
Ба ҷои хулоса
Аз сӯҳбат бо раёсати МҒТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” маълум шуд, ки назорати дохилитаълимгоҳӣ ва кори гурӯҳи назоратии коллеҷ яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти таълимгоҳ баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ба шумор меравад. Раёсати таълимгоҳ ба онҳое, ки нияти таҳсил дар коллеҷи мазкурро доранд, кафолат медиҳад, ки дар оянда чун мутахассисони варзидаи тиббӣ ба воя мерасанд ва ба халқу ватани худ хизмати содиқона хоҳанд кард. Зеро коллеҷ барои ин ҳама шароитро дорад ва пойгоҳи бузурги моддию техникии коллеҷ чунин кафолатро медиҳад. Коллеҷ ҳатто барои бо нақлиёт таъмин намудани донишҷӯён ва дар вақташ ба дарс ҳозир шудани онҳо ҳама шароитро фароҳам оварда, 11 адад микроавтобусҳои тамғаи “Мерседес” –ро дар хизмати донишҷӯёну устодон қарор додааст, ки онҳо хонадагонро то ба шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои гирду атроф мерасонанд.
Ҳар нафаре, ки мехоҳад соҳиби маълумоти миёнаи касбии тиббӣ гардад, МҒТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” беҳтарин интихоб хоҳад буд. Қабул ба муассисаи мазкур тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Холиқи МУҲАММАДНАЗАР, МТЖТ