Сокинон мегӯянд, ки бархе аз нозирони барқ бо мизоҷон муомилаи дуруст надоранд, бо баҳонаи санҷишу ҷарима аз мардум пул меситонанд ва ё пешпардохти ҳаққи истифодаи барқро талаб мекунанд. То куҷо иддаои мардум ҳақиқат дорад ва оё аз нигоҳи қонун талаби пешпардохти маблағи барқи истифоданашуда дуруст аст? Чаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мушкилоти мардум расидагӣ намекунад?

Хабари шадидан латукӯб шудани нозири барқ дар ноҳияи Панҷ Қосим Сатторов, ки панҷ моҳи пеш корро дар Идораи барқи ноҳияи мазкур оғоз кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Чаро кор то ба ҷангу ҷанҷол ва ҳатто латукӯбу занозании назоратчию мизоҷ расид? Бархе ба он назаранд, ки “баъзе назоратчиёни барқ дар Тоҷикистон одитарин одоби муносибату муомиларо бо сокинон надоранд. Тавре рафтор мекунанд, ки гӯё худашон шоҳанду табъашон вазир. Эшон вазъи молию иқтисодии оилаҳоро фаҳмидан намехоҳанд. Омаданд, тамом, бояд ҳатман пули барқро бароварда диҳӣ! Аз рӯи қонуну қоида маблағи истифодаи қувваи барқро бояд дар бонкҳо супурд, на ин ки ба дасти нозирони барқ дода шавад”.

Сокини кӯчаи Фарғонаи ҷамоати шаҳраки ҳамноми ноҳияи Панҷ Саидумрон Ғиёсови 64-сола дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, нофаҳмӣ ва ҷанҷоли лафзӣ миёни назоратчии ҷавони барқ Қосим Сатторов баъд аз он сар зад, ки бо вуҷуди пешпардохти маблағи барқ нозир боз ба манзилаш омадааст ва пул талаб кардааст.

– Нисфирӯзии 6-уми январ нозири барқ Ёсин (дар маҳалла Қосим Сатторовро бо ин ном мешиносанд) барои гирифтани пули барқ омад. Қаблтар аз ин як расид ё чек бо ному насаби нафари дигар ба ман дода будааст. Азбаски он рӯз айнакам ҳамроҳам набуд, баъдтар чекро дида, инро фаҳмидам. Вақте ман рӯзи омаданаш ин хатояшро гуфтам, ӯ ба ғазаб омада, гуфт, ки чунин расид чи қадаре хоҳӣ, навишта медиҳам. Пурсидам, ки боз чаро омадӣ, охир маблағи барқро пешпардохт гирифта будӣ-ку? Гуфтамаш, ки дар як моҳ як маротиба биё, барои чӣ зуд-зуд меоӣ, дар ин замона пул ёфтан осон нест, илова бар ин дар хона бемори рӯҳӣ дорам, барои вай дору гирифтан лозим. Вақте баҳсамон зиёд шуд, бародарам, ки меҳмонам буд ва наздик ба 70 сол дорад, ба берун баромад. Баъд аз фаҳмидани қазия, ӯ ҳам ба нозир гуфт, ки “маблағро пешпардохт гирифтаӣ, чаро боз омадӣ?” Ғазаби назоратчӣ бештар шуду сими барқро аз ҳисобкунак ҷудо карда, гуфт, ки “акнун 2000 сомонӣ ҷарима месупорӣ!”.

Ӯ сертификат надоштани ҳисобкунакро баҳона кард, дар ҳоле, ки ҳама ҳуҷҷатро дорем. Пас аз ин, бародарам ҳуҷҷате, ки корманди барқ буданашро тасдиқ мекунад, пурсид, аммо вай ягон ҳуҷҷат нишон надод. Бародарам ба ӯ гуфт, ки “Агар ҳуҷҷат надошта бошӣ, баромада рав!”. Аммо нозири барқ якравӣ карда, бо мақсади задан чанд маротиба ба тарафи мӯйсафеди бародарам ҳамла кард. Ман ӯро дошта, нагузоштам, ки кор ба занозанӣ расад. Ёсин бародарамро дашному ҳақоратҳои қабеҳ кард ва баъди ин ба касе занг заду суроғаи хонаи моро дод. Гуфт, “биёед, ҷарима мекунем”. Баъд бародарам рафту нозир ба ивази ҷарима накардан аз ман 800 сомонӣ талаб кард. Гуфт: “агар 800 сомонӣ надиҳӣ, омада 2000 сомонӣ ҷаримаат мекунем”. Ман розӣ нашудам, ӯ баромада рафт,- лаҳзаи ҷанҷолу дағалрафтории нозири барқ Қосим Сатторовро ба ёд оварда гуфт Саидумрон Ғиёсов.

Ғиёсов С. мегӯяд, рӯзи дигар, замоне, ки муфаттиши Шуъбаи милисаи ноҳия ӯ ва бародарашро барои додани баёнот даъват кард, он гоҳ фаҳмидааст, ки писари бародараш нозири барқро задааст. Дар баробари Ғиёсов С., истиқоматкунандагони дигари кӯчаи Фарғонаи ҷамоати шаҳраки Панҷ ҳам аз муносибати нораво ва дағалрафтории нозири барқ Қосим Сатторов шикоят доранд.

Ҷонишини раиси маҳалла Балаҷон Норов мегӯяд, ки нозири барқ моҳе то се маротиба барои маблағи барқ меомад, ки кори нодуруст аст. -Мо нафақахӯр ҳастем ва нафақаро дар як моҳ як маротиба мегирем. Нозири барқ Сатторов бошад, моҳе се-чор маротиба меомад. Ман мегуфтам, ки дар як моҳ як бор биё, ҳисобкунаки барқӣ чанд киловатте, ки кор карда бошад, гирифта рав, аммо гӯш намекард. Кадом вақте хоҳад, омадан мегирад. Як маротиба аз ӯ ҳуҷҷати корманди барқ буданашро талаб кардам, аммо маро чап гирифта, сертификат ва боз дигар ҳуҷҷатҳои ҳисобкунаки барқиро талаб кард. Ман ҳам нишон додам ва гуфтам, ки “бори дигар, ки омадӣ, ҳатман ҳуҷҷататро ҳамроҳат гир, то мо фаҳмем, ки дар ҳақиқат корманди Барқи тоҷик ҳастӣ”. Ман доим маблағи барқро худам бурда, дар бонк пардохт мекунаму дар дасти нозири барқ намедиҳам,-гуфт Б. Норов.

Маҳмадҷон Бурҳонов ҳам сокини ҳамин кӯча аст. Ӯ ҳам мегӯяд, ки нозири барқ Қосим Сатторов бо вай ва чандин занҳои кӯча низ дағалӣ кардааст. – Бори аввал, ки ба ҳайси нозир ба ҳавлиам даромад, беҳад дағалона рафтор кард. Ин кораш то ҳадде аз одобу муошират дур буд, ки ҳатто бо писари хурдиам қариб буд, қад ба қад шаванд. Таъриф кард, ки гӯштингир асту дигару дигар. Ман маблағи қувваи барқро барои моҳи январ пешакӣ супоридам. Ман мехоҳам, пеш аз он ки ҷавононро ба чунин кори масъул мегиранд, бояд аввал суҳбату санҷиш гузаронанд, ки то куҷо аз уҳдаи кору муносибат бо мардум мебароянд ё не? – суол мегузорад М. Бурҳонов.

Як гуруҳ занҳои кӯчаи Имоми Аъзами ҷамоати шаҳраки Панҷ низ зимни суҳбат гуфтанд, ки аз муносибату рафтори дағалонаи нозири барқи ба маҳаллаи онҳо вобастабуда ба дод омада, ба прокурори ноҳия Холиқзода Абдулфайз муроҷиат кардаанд, аммо бо гузашти беш аз як моҳ муроҷиати онҳо баррасӣ намешавад. Ин дар ҳолест, ки Холиқзода А. ҳам аз мансаб канор рафтаасту прокурори нав ҳам ба кор шуруъ кардааст.

Назарова Иронбӣ мегӯяд, дар ҳоле ки аз маблағи барқ қарздор несту онро доим пешпардохт мекардааст, нозири барқ Қосим Сатторов ва Сафар ном нозири барқи ба маҳаллаи онҳо вобастабуда омаданд ва бо баҳонаи вайрон шудани ҳисобкунаки барқӣ, аз вай 950 сомонӣ ба сифати ҷарима талаб кардаанд. – Ман ки ин маблағро дода натавонистам, дағалона сими барқамро бурида рафтанд,- гуфт И. Назарова. Ҳамчунин, зани дигаре, ки нахост худро муаррифӣ кунад, гуфт, назоратчиён бо баҳонаи надоштани сертификати ҳисобкунаки барқӣ, ӯро таҳдид ба ҷарима карданд ва 450 сомониашро гирифта рафтанд.

Ин дар ҳолест, Қосим Сатторов ҳама иттиҳомоти сокинонро нисбаташ рад карда гуфт, ки ин суханҳои бофтаи “абонентҳо” ҳастанд. Номбурда, ки айни замон дар беморхонаи “Қарияи боло”-и шаҳри Бохтар бистарӣ аст, дар як тамоси телефонӣ ҳодисаи рухдодаро нақл кард. -Соҳиби хона Саидумрон Ғиёсов барқи дуздӣ дошт. Вай сими сефазаи барқи устохонаашро ба барқе, ки ба аҳолӣ пешбинӣ мешавад, пайваст карда буд. Илова бар ин, муҳлати истифодабарии ҳисобкунаки барқиашон гузашта буд. Огоҳинома ҳам гирифта буданд. Ман рӯзи 6-уми январ ҳолати ғайриқонунии истифодаи барқро ошкор карда, ба сардорамон Абдураҳимов Рустам занг задам. Дастур шуд, ки барқашро қатъ кунам. Аз “автомат”-и барқтақсимкунӣ қувваи барқро қатъ кардам, вале пурра симаашро набуридам. Бо соҳибхона каме баҳс кардем. Баъд бародараш усто Ҷамолиддин, ки муйсафед аст, баромада, нисбатам суханҳои қабеҳ гуфт. Пас аз 2 соат як нафар ба ман занг заду дашному ҳақорат кард. Гуфт, ки пагоҳ вомехӯрем. Ҳамин тавр, рӯзи дигар дар назди бинои “Амонатбонк”-и ноҳия вохӯрдем. Як мошини “Мерседес”-и сабз омад ва 5 нафар фаромада, ҳама маро заданд. Дар дасташон “Бита”, “Каскет” ва оҳан доштанд. Ман бо ин гуруҳ ҳудуди 8 дақиқа занозанӣ кардам, – ба ёд овард Қосим Сатторов. Ӯ ҳамчунин, тариқи пешпардохт гирифтани ҳаққи қувваи барқро рад кард, вале иддаои сокинонро, ки дар як моҳ се маротиба барои гирифтани пули барқ мерафтааст, тасдиқ кард. -Ман супориши роҳбарамро иҷро мекунам. Ҳақ дорам, ки дар як моҳ даҳ маротиба ҳам рафта, пули барқи истифодашударо ҷамъоварӣ кунам. Ман аз пеши худам нарафтаам. Онҳо агар буққа кушта, хонаашон даъватам кунанд, намеравам. Лекин ман танҳо пули барқи истифодашударо аз сокинон гирифта, расид додаам,-гуфт нозири барқ.

Назоратчии латукӯбшуда аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки ӯро 5 нафар задаанд, вале 2 нафар дар боздоштгоҳанд. Сардори шуъбаи фурӯши барқи ноҳияи Панҷ Рустам Абдураҳимов бо баҳонаи ҷаласа суҳбат накард ва то нашри матлаб низ дигар ба зангҳои мо ҷавоб надод. Аммо сардори шабакаи барқи ноҳияи Панҷ Мирзоалӣ Ашӯров дар як тамоси телефонӣ ба “Фараж” гуфт, “аз истифодабарандагони барқ шахсан шикоят нагирифтааст, вале агар кадом шаҳрванде муроҷиат карда бошад, гуруҳи корӣ равон мекунем ва ё роҳбари фурӯши барқро вабаста карда, рафта дар ҷояш ҳал мекунанд”.

Қосим Сатторов мегӯяд, пас аз латукӯб аз сар, сутунмуҳра, бинӣ ва чанд узви ҳаётан муҳими дигараш осеб дидаасту ба ҷарроҳӣ ниёз дорад, аммо аз сабаби бепулӣ чӣ кор карданашро намедонад. Мақомоти тафтишотӣ нисбат ба ду нафар гумонбар дар латукӯби нозири барқ-сокини ноҳияи Панҷ Ғиёсов Илҳомиддин Ҷамолиддинович ва Назармадов Наврӯз Иззатуллоевич, тибқи моддаи 111 қисми 2 (Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, ки аз 2 то 5 сол маҳрумият аз озодиро талаб мекунад.

Тибқи хулосаи тафтишоти пешакӣ, ки дастраси “Фараж” гардид, нозири барқ Қосим Сатторов бе ҳуҷҷати расмии корманди шабакаи барқ фаъолият доштааст, вале номбурда мегӯяд, 6 сол боз ҳамчун нозири барқ фаъолият кардааст ва то 5 моҳи кор дар ноҳияи Панҷ, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кор кардааст. Қосимов гуфт, сардори шуъбаи фурӯши барқ Рустам Абдураҳимов ӯро ба ноҳияи Панҷ барои кор даъват карда, пуштибонаш будааст.

Коршинос Хилватшоҳ Хоҷаев мегӯяд, ки тибқи қонун ҳама гуна латукӯби шахс, новобаста аз кӣ буданаш, мухолифи қонун аст ва бояд тибқи қонун ҷавобгарӣ дошта бошад. – Агар нозири барқ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш латукӯб шуда бошад, табиист, ҷавобгарӣ ба зиммаи ҳамон ашхосе, ки латукӯбаш кардаанд, мегузарад. Аммо ин ки шеваи бархӯрд, муносибат, рафтори бархе аз кормандони барқ ва ё назоратчиён дар Тоҷикистон хеле хашин аст, ҷои баҳс надорад, зеро баъзе аз онҳо гумон мекунанд, ки барқ истеҳсоли падари онҳо ва моли шахсии эшон аст. Новобаста аз он ки истеъмолкунанда қарздор аст ё не, ба сарватҳои зеризаминӣ ва моддии кишвар тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳаққу ҳуқуқи якхела доранд. Ҳеҷ касро бидуни қонуни махсус аз ҳаққи истифодаи барқ, газ, об маҳрум кардан мумкин нест. Аммо чи кунем, ки дар Тоҷикистон аз сӯи бархе аз ниҳодҳо, мисли барқ ин амал анҷом мешавад. Баъзан вақт онҳо ҳам аз доираи рафторҳои хидматии худ берун мебароянд ва табиист, ки ба ин гуна хушунат дучор мешаванд. Аммо дар маҷмуъ муносибат бо кормандон, новобаста ба он ки дар кадом ниҳод фаъолият мекунанд, бояд ингуна набошад.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь