Омори расмӣ ҳокист, солҳои охир шумори оилаҳои ҷавон дар кишвар, ки бар асари ноҷуриву нофаҳмиҳои хонаводагӣ ақдашон аз ҳам пош хӯрдааст, рӯ ба афзоиш дорад. Ин ҳолат хеле нигаронкунанда аст, зеро пас аз барҳам хӯрдани оилаҳо дар аксар маврид тақдири зану фарзандон норӯшан боқӣ мемонад. Ҳарчанд суд расман кӯдаконро дар хонаи падарӣ маскуну «алимент» муқаррар кунад ҳам, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки зан аксаран мавриди хушунату зӯроварии шавҳару наздикон қарор мегирад ва ҳатман рӯ ҷониби хонаи падар меорад.
Ҳолатҳои латукӯбу зӯроварии мардони хонавода нисбат ба ҳамсар низ, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ, бахусус рашк ба вуқуъ мепайвандад, зиёд ба мушоҳида мерасад. Аксар маворид бар асари он занон ҷароҳатҳои миёнаву вазнин мебардоранд ва ҳатто то ба худкушӣ даст задани занон оварда мерасонад.
Ҳолате, ки меҳоҳем дар борааш нависем, оташсӯзии шаби 2-юм ба 3-юми январи соли равон дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мебошад, ки бар асари рашк сар задааст.
Тавре манбаи «Фараж» субҳи 3-юми январ хабар дод, Азим ном сокини ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи мазкур, ки дар Русия қарор доштааст, аз занаш дар хиёнат гумонбар шуда, пас аз баргаштан, баъди як муноқишаи оилавӣ аз ғояти рашк бозорро оташ задааст ва аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудааст. Ҳамсари ин мард дар бозор дӯкони фурӯши либосҳои бачагона дошта, чанд сол боз ба тиҷорат машғул будааст. Тавре иттилоъ дода шуд, дар натиҷаи сӯхтор дар маҷмуъ 10 мағозаи пластикӣ, ки соҳибкорон ба фурӯши либосу хӯрокворӣ сарукор доштаанд, ба коми оташ рафтааст.
ВКД: 3 дӯкон пурра ва 2-то қисман сӯхта, 50 000 сомонӣ зарар расидааст
Вазорати корҳои дохилии кишвар рӯзи 9-уми январ, пас аз як ҳафтаи сӯхтор дар бозории марказии ноҳияи Панҷ, дар барномаи телевизионии «Сипар» гузориш пахш кард. Дар гузориши ВКД сокини маҳаллӣ Азимҷон Раҷабови 40-сола бо нишондоди худиқрорӣ мегӯяд, ки бозорро бар асари як муноқишаи оилавӣ бо завҷааш оташ задааст ва аз ин амалаш «сахт пушаймон» аст. Ҳамчунин гуфта шуд, сӯхтор дар масоҳати 180 метри квадратӣ доман паҳн карда, 3 мағоза пурра ва 2-то қисман сӯхта, зарари расонидашуда ба соҳибкорон 50 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудааст.
Дар ШВКД-и ноҳияи Панҷ бо сабаби тафтишот дар мавриди ҷузъиёти ҳодисаи сӯхтор иттилои бештар надоданд, аммо тавре дар гузориши телевизионии ВКД гуфта шуд, аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 255 Кодекси ҷиноятӣ (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) парванда боз шуда, мавриди таҳқиқ қарор дорад. Тибқи ин моддаи КҶ ҶТ ба шахси гунаҳкор ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол таҳдид мекунад.
Ҷабрдидаҳо: 50 ҳазор сомонӣ зарари як нафар аст
Ин гузориши ВКД дар ҳолест, ки савдогарони ҷабрдида зарарашонро дар оташсӯзӣ даҳҳо маротиба бештар рақам мезананд. Сухангӯи РВКД дар вилояти Хатлон Офоқ Қодириён, ки гузориши телевизионӣ аз ҷои ҳодиса ба ӯ тааллуқ дорад, дар суҳбат гуфт: «Мо он маълумотеро дар гузориш истифода кардем, ки аз ҷониби муфаттишони ШВКД-и ноҳияи Панҷ пешкаш карда шуд. Аз худамон чизе илова карда наметавонем».
Ҷабрдидаҳо мегӯянд, 50 ҳазор сомонӣ зараре, ки дар гузориши ВКД гуфта шуд, зарари танҳо як нафар аст: «Ин маълумот хато аст, он чи хел муайян карда шудааст, барои мо маълум нест».
Азиза Авазова, соҳибкори бозори марказии ноҳияи Панҷ, ки қабл аз оташсӯзӣ ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул будааст, мегӯяд, дар сӯхтор ҳудуди 60 ҳазор сомонӣ зарари молӣ дидааст. Ӯ дар ҳоле, ки пас аз сӯхтор ба бунёду азнавсозии дӯконаш камар баста буд, дар суҳбат гуфт: «Худи мағозаам дар алоҳидагӣ 30 ҳазор сомонӣ арзиш дошт ва тақрибан 30 ҳазор сомонии дигар мол доштам. Борҳоям қиммат, ҳамааш туркӣ буд. Қаблан дӯконам пластикӣ буд, ки нархаш гаронтар буд. Ҳоло бо сабаби камии маблағ дар азнавсозиаш аз тунукаву фанери арзон истифода карда истодаем. Феълан 6 ҳазор сомонӣ хароҷот шуд. Алҳол аз масъулин касе ба додамон нарасидааст, худамон қарз карда, аз нав сохта истодаем. Ба касе ваъдаи кӯмак нашудааст».
Хонум Авазова мегӯяд, наздикони нафари дар сӯхтор дастдошта ба ҷабрдидаҳо гуфтаанд, ки танҳо ба шарти дар озодӣ мондани ҷавон ба онҳо маблағ ёрдам хоҳанд кард: «Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ба тиҷоратамон идома диҳем».
Дилором Имомназарова, соҳибкори дигари бозор, ки 3 сол боз тиҷорат мекунад, мегӯяд се моҳ қабл мағозаашро, ки масоҳати 3 метри квадратиро дар бар мегирифт, аз як савдогари ҳамшафаташ харидорӣ карда буд ва ба фурӯши либосҳои кӯдакона сарукор дошт.
– Се моҳ қабл мағозаро бо арзиши 30 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда будам, вале бо сабаби камбуди маблағ ҳудуди 25 ҳазор сомонӣ дар гардиш доштам. Мо он қадар беинсоф нестем, ки миқдори пули дар гардиш доштаамонро зиёд нишон диҳем. Ин одам ҳам наметавонад зарари ба мо расонидаро пурра ҷуброн кунад. Аз ин рӯ, аз роҳбарияти ноҳия, масъулини бозор ва ё ҷои дигар камтар ёрдам диҳанд, то ба по рост шавем. Барои азнавсозии дӯконам аз мағозаҳои сохтмонӣ масолеҳ қарз гирифтам,- гуфт Имомназарова.
Бино ба гуфтаи тоҷирон, 10 мағоза пурра ба коми оташ рафтааст, ки соҳибмулкон чизеро аз онҳо бароварда натавонистаанд. Илова бар ин, 4 дӯкони дигар қисман зарар дидааст.
Азим пас аз оташ задани дӯконҳо ба соҳибонашон хабар додааст
Хайриддин Шарипов яке аз тоҷиронест, ки дӯконаш пурра сӯхта хокистар шудааст. Номбурда мегӯяд, тақрибан баъди соати 8-и бегоҳ Азим ба ӯ телефон карда, гуфтааст, ки бозор сӯхта истодааст.
– Азим ба ман гуфт, ки «оташ аз дӯкони ту сар задааст. Ту барқро хомӯш накарда будаӣ!». Ман зуд ба ҷои ҳодиса ҳозир шудам, вале Азимро надидам. Мехостам дар бораи чи хел сар задани сӯхтор пурсон шавам. Баъдан фаҳмидам, ки дар оташсӯзӣ худи Азим даст доштааст ва ҳамон замон ӯро милисаҳо боздошт карда бурдаанд,- гуфт тоҷир.
Хайриддин Шарипов мегӯяд, ки дӯкони матоъфурӯшӣ дошт: «Аз бонки «Имон интернейшнл» барои тиҷоратам 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта будам ва илова бар молҳои дӯконам, рӯзи сӯхтор ба малбағи 20 ҳазор сомонӣ материал оварда будам, ки ҳамааш ба хокистар табдил ёфт».
Санавбар Ҷабборова: Сабаби ҷудошавӣ – рашки беасос ва қасами «се талоқ»
Соҳибкорон мегӯянд, ки борҳо дар бозор шоҳиди ҷангу ҷанҷолҳои Азим бо ҳамсараш Санавбар Ҷабборова шудаанд ва нозири минтақавӣ ҳам аз ин ҳолат бохабар аст, вале чорае надидааст. Хонум Ҷабборова чанд сол боз дар бозор ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул аст. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди доштани никоҳи расмӣ аз моҳи августи соли гузашта аз шавҳараш Азим Раҷабов бо ду кӯдакаш ҷудо зиндагӣ мекунанд ва барои ҷудошавӣ санаи 25-уми август ба суди ноҳия ариза пешниҳод кардааст. Дар Суди ноҳияи Панҷ низ ворид гардидани аризаро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ба ин оила барои оштишавӣ муҳлат дода шудааст. Қарор аст моҳи январи соли равон парванда баррасӣ карда шавад. Санавбар Ҷабборова бошад, сабаби ҷудошавиашро рашки беасоси шавҳар ва гуфтани ибораи «се талоқ» арзёбӣ мекунад.
– Ман ки дар бозор савдо мекардам, шавҳарам ба харидорон маро рашк мекард. Доимо маро таъна мезад, ки чаро бо фалонӣ гап мезанӣ, барои чӣ фалонӣ пешат омад? Рашки беасосаш сабаб мешуду доимо дар бозор, миёни шиносу бегона ҷангу хархаша мебардошт. Вақте ба ӯ гуфтам, ки «шарм намедорӣ, ки чунин гумони бад мекунию рӯирост туҳматам мезанӣ?», ӯ «се талоқ» қасам хӯрд, ки дигар намегӯям, вале боз ҳам таънаам зад. Марде, ки ба номи занаш «се талоқ» қасам мехӯраду боз корашро давом медиҳад, талоқдода ҳисоб мешавад. Баъд аз он хеста ба хонаи падарам омадам. Ҳама ҳолатро фаҳмонидам ва рӯзи 25-уми август ба суд аризаи ҷудошавӣ пешниҳод кардам. Дар ин муддат шавҳарам, ба он нигоҳ накарда, ки то ҳанӯз зану шавҳари қонунием, боз зани дигар гирифт. Илова бар ин, боз ба бозор омада, миёни омма ҷанҷол мебардошт,- гуфт дар суҳбати телефонӣ Санавбар Ҷабборова.
Умарова Зарина низ ҷабрдидаи дигарест, ки мегӯяд тӯли як соли охир ба тиҷорат оғоз карда буд ва ҳудуди 10 ҳазор сомониашро дар сӯхтор аз даст додааст.
Падари Санавбар Ҷабборова – Назрӣ Ҷабборов, ки сӯхтор аз мағозаи онҳо сар задааст, барои аз нав бунёд кардани дӯкони духтараш заҳмат мекашид. Номбурда аз кормандони милисаи ноҳия гиламанд аст. Ӯ мегӯяд, ки агар нозири минтақавӣ ба мушкилоти онҳо сари вақт расидагӣ мекарду домодашро барои авбошиҳои қаблияш дар ҷои ҷамъиятӣ ақаллан ду рӯз бурда маҳкам мекарданд, шояд кор то ин дараҷа намерасид.
– Ман як бор сактаи қалб гирифтам. Аз ин рӯ, духтарам нахостааст, ки аз ҳолати кор огоҳ шавам. Барои ҳамин ба ман дар ин бора чизе намегуфт. Ба дугонааш гуфтааст, ки аз зиндагӣ безор шудааст ва дору хӯрда, даст ба худкушӣ мезанад. Дугонааш ҳам зуд ба завҷаи ман ва ӯ ба ман хабар дод. Пас аз суҳбат бо духтарам фаҳмидам, ки домодам бо ӯ дар бозор, дар пеши чашми ҳама бадрашкию бадрафторӣ мекардааст. Аз ин кораш духтарони дар бараш ба савдо машғулбуда низ шоҳид будаанду чанд бор ҳам нозири милисаро хабар кардаанд, вале бенатиҷа,- гуфт Назрӣ Ҷабборов.
Хоҳари боздоштшуда: Дӯкони баҳсӣ бояд маҳкам бошад
Ҳалима Раҷабова – хоҳари Азим Раҷабови боздоштшуда дар ин кор масъулини суд, прокуратура, милиса ва роҳбарияти бозорро муттаҳам мекунад. Бино ба гуфтаи ӯ, масъулин хабар доштанд, ки онҳо баҳси оилавӣ доранд ва бояд то ҳал шудани кор намегузоштанд, ки келинашон дӯконро кушода, ба савдо машғул шавад.
– Додари ман як одаме буд, ки ҳатто пашшаро озор намедод, ба ҳама хизмат мекард. Як маротибае, ки дар боздоштгоҳи ШВКД-и Панҷ ба наздаш даромадам, ягон гап назад, дар наздамон чанд милисаи дигар меистод. Танҳоямон намонданд, ки бо ҳам гап занем. Худои таъоло медонад, ки ӯ ин корро кардааст ё не. Ба ҳар ҳол, мо ҳамаашро ба гардан гирифтем. Як рӯз пеш аз ҳодиса додарам бо занаш ҷанҷол карда будааст. Аз рӯи маълумоте, ки ман дорам, занаш гуфтааст, ки ин кори Азим аст. Ман намефаҳмам, барои чӣ келинамон гапи шавҳарашро гӯш намекард… Аз ягон чиз кам набуд. Вақте ки мардак ба занаш гӯяд, ки бозор набаро, бояд набароӣ! Агар рашкат кард, бояд бозор набароӣ! Бечора додарам дар Русия 3 моҳ – 6 моҳ кор карда, пули калон равонаш мекард, занаш ягон камбудӣ надошт,- гуфт Ҳалима Раҷабова.
Аз роҳбарияти Бозори марказии ноҳияи Панҷ касе ҳозир нашуд, то дар мавриди имтиёзҳо барои ҷабрдидагон суҳбат намояд, вале Умед, як нафар чекчини бозор гуфт, ки то ҳол дар ин масъала ягон гап нест: «Бовар дорам, ки масъулин ба ягон хулоса меоянд ва ба зарардидагон имтиёз медиҳанд».
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ низ дар суҳбат гуфтанд, ки ба ҷабрдидагон ягон имтиёз дода наметавонанд: «Маблағе надорем, ки зарари ҷабрдидагонро ҷуброн кунем. Агар мағозаҳояшонро суғурта карда бошанд, зарарашон пардохт карда мешавад».
То рӯзи нашри матлаб соҳибкорони ҷабрдида аллакай дӯконҳояшонро аз нав бунёд карданд, вале мушкили асосиашон дарёфти маблағ аст, то ба тиҷораташон идома диҳанд.
Шамсулло ФОЗИЛОВ,
Душанбе-Панҷ-Душанбе