“Ё кӣ бояд Корхонаи коммуналиро бо техника таъмин кунад?”

Аксари техникаҳои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз солҳои 70-80-уми асри гузашта боқӣ мондаанд. Аз техникаҳои мавҷуда бошад, 5 ададаш дар ҳолати вайронӣ қарор дорад.

Давлатов Боймурод, сармуҳандиси Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфт, ки дар корхона 8 техника мавҷуд буда, аз ин қабил 3 трактор, 1 мошини ахлоттозакунӣ, 2 моторол мебошад. Ӯ бо нигаронӣ гуфт, ки 5 техникаи дигари идора дар ҳолати корношоям қарор доранд, ки онҳо дигар таъмир намешаванд.

Номбурда илова кард, ки бо ин техникаҳое, ки беш аз 40 сол инҷониб хидмат мекунанд, имкони саривақт кашонидани партовҳоро надоранд. Бар замми ин шаш кӯчаи дигар ба маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамроҳ шудааст. Корхонаи коммуналии ноҳия ба техникаҳои махсуси замонавӣ ниёз дорад.

Ҳангоме ки мо бо масъулони ин корхона суҳбат мекардем, ду техникаи корхона дар таъмир буду як техникаи дигарро кашолакунон ба корхона дароварданд.

Ин шахси масъул дар идома қайд кард, ки барои рафъи ин мушкил ба Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд. Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки кай муроҷиат карданду чӣ посух гирифтанд. Номбурда илова кард, ки раиси ҳозираи ноҳияи Ҷалолидинии Балхӣ ба Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия як мошини форлант ва ду моторол тӯҳфа кард. Аммо боз  камаш ба се техникаи замонавӣ ва борбардор эҳтиёҷ доранд.

Давлатов Боймурод иттилоъ дод, ки аз 8 техникае, ки имрӯз дар корхонаи коммуналии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавҷуд аст, 5 ададаш 30-40 сол боз кор мекунанд, ки кайҳо мӯҳлати истифодаи онҳо гузаштааст.

Корхонаи коммуналии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ айни замон бо 3 ҳазору 300 нафар шаҳрвандон ва 100 корхона шартнома дорад, ки бояд пайваста партовҳои онҳоро кашонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз оғози соли 2024 барои як нафар муштарӣ нархи хизматрасонӣ ба 14 сомонӣ расонида шуд.

Мутаассифона, ҳарчанд дар асри 21 қарор дорему дар тамоми дунё аз технологияи навини замонавӣ барои кашондану коркарди партов истифода мебаранд, корхонаҳои коммуналии мо ҳанӯз аз аробаю моторолҳои Шӯравӣ истифода мекунанд. Чӣ расад ба техникаи махсуси партовбарорию қуттиҳои махсус. Дар бораи коркарду гирифтани даромад аз партовҳо бошад чизе намегӯем.

Аз мушоҳидаҳои мо имрӯз на танҳо ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, балки аксар Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию каммуналӣ”-и шаҳру ноҳияҳои вилоят дар чунин вазъ қарор доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо ҳар моҳ 8 фоиз аз маблағҳои даромадашонро ба Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ҷумҳурӣ пардохт мекунанд. Умед дорем, ки масъулони болоии ин ниҳод ба доди зерсохторҳои худ расида, онҳоро бо техникаҳои замонавӣ таъмин сохта, биноҳои вайронаашонро обод мекунанд.

Дар ин сурат, пешниҳоди раиси вақти вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода дар бораи ба мувозинати мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ гузаронидани корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳо саривақтист.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь