Солҳои охир дар рӯзномаҳову оинаи ҷаҳоннамо дар хусуси номи кӯли дар байни қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон буда, яъне Искандаркӯл такя ба ривоятҳои аз ҳақиқат дур буда, фикру ақидаҳои гуногун пайдо шудаанд. Ривояте ҳаст, ки Искандар пас аз ғасб кардани Самарқанд як дастаи лашкарашро монда ба тарафи Фарғона равон мешавад. Самарқандиҳо ошӯб бардошта, дастаи юнониёнро маҳв карда, шаҳрро озод менамоянд. Искандар ин воқеаро фаҳмида амр медиҳад, ки ба саргаҳи дарёи Зарафшон рафта, маҷрои оби кӯлро вайрон кунанд, то обхезӣ шуда, Самарқандиёнро ба ташвиш орад ва ишғол кардани шаҳр осон гардад. Пас аз гирифтани шаҳр гӯё амр медиҳад, ки рафта, ба пеши маҷрои кӯл қир (битон) резанд. Бофтаю хаёлот будани ин ривоят аввалан дар он аст, ки Искандар аз тарафи Бухоро ба Самарқанд дохил шуд, аз куҷо медонад, ки дар болооби Самарқанд кӯле мавҷуд аст? Дувум оё бе техникаи пуриқтидор бо қувваи бозувон ба дохили дарёи пурталотум даромадану кор кардан мумкин аст? Сеюм дар маҷрои оби равон чӣ тавр қир (яъне битон) рехтан мункин аст? Ин ба ҷуз афсонаи кӯдакона чизи дигаре нест. Пас номи кӯл аслан чӣ будааст?
Мувофики нақли пири куҳансоли деҳаи Диҷик Бобои Ашур (ин деҳа дар наздикии кӯл аст) солҳои 50-уми асри ХХ, ки 10-11 сола будам, номи ин кӯл “Кӯли Исканда” будааст. Аз сабаби он, ки се ҳамсадои забонӣ паси ҳам омадаанд ва талаффузаш мушкил мешавад овози “т” афтидааст. Истканда аз ду хисса иборат аст: Ист-Суғдӣ буда ҷой, мавзеъ, канда, кандашудан мебошад, яъне кӯли аз ҷояш кандашуда. Дар тарафи ғарбии кӯл мавзеъе ҳаст “Истареқ” – ист-мавзеъ, тареқ-шакли вайронашудаи тариқида, яъне кафидагӣ аст. Номи деҳае ҳаст Испағн-пағ ё пақ суғдӣ буда бутта мебошад, яъне ҷойи буттазор. Исфара-ҷойи фараӯбахш хушбоду ҳаво, Испечак-мавзеи алафи печак ва дар деҳаи Диҷик мавзеъ “Исфорда” ном дорад:
Ист-ҷой, форда-шакли вайроншудаи фуромада аст. Номи деҳае Искодар, ки аслан Искудар ҷойи аз кӯҳ дарида мебошад. Дар асри Ⅱ мелоди сайёҳи араб дараи Фонро Бутамон ва кӯлро “дарёҷой” зикр намудааст. Шоҳи гуреза Бобурмирзо (асри ⅩⅥ), ки аз ағбаи Қаратоқ ба Саратоқ гузаштааст, дар асари ёддоштиаш “Бобурнома” (саҳифаи 93 Тошкент-1958) навиштааст, кӣ “дар байни кӯҳҳои Фон кӯли зебову калоне мавҷуд буд”. Чи тавре, ки мебинем ҳарду муаллиф ба кӯл ном нагузоштаанд. Мардуми маҳаллӣ то охири солҳои 60-уми асри ⅩⅩ кӯл ё ин ки “Сарема” мегуфтанд. Аввалин бор калимаи Искандарро Абдураҳмони Мустаҷир дар китоби ёддоштиаш “Сафарнамои Искандаркӯл” (1870) зикр кардааст. Абдураҳмони Мустаҷир аслан тотор буда, бо армияи Русияи подшоҳӣ ба Самарқанд омада, бинобар донистани забони форсӣ ба сифати тарҷумон хизмат мекардааст. Ӯ аз ривоятҳои бофтаи дур аз ҳақиқат будаи дар байни мардум истифода намуда, Искандаркӯл номидааст ва ин ном минбаъд вирди забони мардуми дохиливу хориҷиён гардидааст.
Агар дар хусуси пайдоиши ин кӯл ва канда шудани кӯлҳо зикр намоем аз руйи нақлӣ кӯҳансолони деҳаи Диҷик дар солҳои 50 -уми асри ХХ ва изи боқимондаи ҷои кӯлҳо ин кӯл се маротиба канда шудааст. Дар ҷои имрӯзаи деҳаи Саратоқ кӯли калоне будааст, ки нишонааш бо хоки майдаи шибахӯрда дар атрофи теппаи мавзеи Марах (рӯ ба рӯи Саратоқ) то имрӯз боқист. Ба ин кӯл оби рӯдхои Хӯҷаҳофиз, Қаракӯл ва Арх дохил мешудаанд. Дар пахлӯи рости ин кӯл паси теппа поёни шаҳраки имрӯзаи Канчоч (аслан Конҷо) кӯли хурдтаре будааст ва ба ин кӯл оби рӯдҳои Сомин (шакли вайроншудаи “Сойимент” вожаи суғдӣ, сои деҳа) ва рӯди Оби парешон ворид мешуданд. Маҷрои ин кӯлҳо бо ҳам хеле наздик будааст. Нишонаи ин кӯл ҳам бо хоки майдаи такшиншуда дар дили теппаҳо то имрӯз боқӣ мондааст. Тахминан охири асрҳои Ⅱ пеш аз мелод хоку сангҳои азими кӯҳи деҳаи Саратоқи имрӯза лағжида, фаромада мавқеи кӯлро танг мекунанд. Ин мавзеъро имрӯз “Теғи барраҳо” меноманд, ки қаду бараш 600-700 метр мебошад. Оби батуғёномада боло хеста маҷрои ҳарду кӯлро вайрон карда, ба кӯли дар поён буда, ки имрӯз Искандаркӯл мегӯянд ворид мешавад. Оби кӯли поён, ки аз мавқеи имрӯзаш хеле баланд будааст ба тӯғён омада, маҷрояшро вайрон карда, ба поён ҷорӣ мешавад. Азбаски захираи об хеле зиёд буд, маҷрои кӯлро, ки аз мавқеи имрӯзааш болотар, яъне дар қисми шимолу шарқии соҳили чапи кӯл буд, кофта то ба қаъри имрӯзаи кӯл, ки 72-метр аст мефарорад ва дараҳоро то ба Панҷакент кофта ниҳоят паст мекунад. Аз ин ҳодиса шаҳри Саразм зери лою гил монда, регу сангмайдаҳоро то ба Самарқанду Бухоро мебарад, ки ҳоло Регистони Самарқанду Регистони Бухоро мегӯянд.
Аз баски хоку сангҳои поёни кӯҳҳоро оби батуғёномада шуста бурда буд, хоку сангҳои анбӯҳи болои кӯҳҳо муаллақ, яъне бетакягоҳ монда буданд. Аз ин сабаб пас аз гузаштани як чанд сол бо сабаби ягон ҳодисаи табиат-заминҷунбӣ ё серборишӣ аз мавзеи “Кӯли морон”-и имрӯза то наздикии шаршараи имрӯза сангу хокҳои анбӯҳи муаллақмондаи қисми болои кӯҳ лағжида маҷрои дарёро банд мекунад. Боз об ҷамъ шуда, аз мавқеи имрӯзааш хеле боло мебарояд, ки изаш бо қатори буттаҳо ва рахи сиёҳ дар бадани кӯҳ боқӣ мондааст. Азбаски тарафи чапи дарё ниҳоят баландшудааст, об тарафи ростро, ки пасттар будааст шуста, ҷорӣ мегардад. Пас аз чанде шуста фаромадан, об ба шахи азиме бармехӯрад ва сатҳи дарё паст намешавад. Боз кӯл дар мавқеи имрӯзааш пайдо мешавад. Пас аз чанд соли охир аз назди ин шах (шаршараи имрӯза) то деҳаи Нарвад анбӯҳи сангу хоки дар болои кӯҳ муаллақ монда, лағжида маҷрои дарёро боз банд мекунад. Қисме аз ин сангу хоки лағжида дар соҳили рости дарё дар мавзеи Ғаза то имрӯз боқӣ мондааст. Ин кӯҳи лағжида аз пештара баландтар будааст, чун ки изи он бо қатори буттаҳо аз изи аввал хеле боло мебошад. Аз қатори буттахо маълум мегардад, ки кӯл дар ин мавқеъ якчанд сол қарор гирифтааст. Бинобар баланд будани соҳили чапи дарё, об аз тарафи соҳили рост ҷорӣ мешавад, лекин заминро шуста поён намефарояд, ва кӯл дар баландӣ мемонад. Пас аз чанд соле бо сабаби кадом офати табии об ба туғён омада, маҷрояшро шуста, боз ба ҳамон шах яъне шаршараи имрӯза, ки 42-метр баландӣ дорад қарор мегирад ва кӯл ҳам дар шакли имрӯза боқӣ мемонад.
Хонандагони азиз! Гузаштагонамон беҳуда “ба кӯр асо”-нагуфтаанд. Баъзе муаллифон нишонаҳои боқимондаи кӯли поён, яъне Искандаркӯли ҳозира ва кӯлҳои барҳамхӯрдаи болооби инро мушоҳида накарда, пайдоиши ин кӯлро амали вулқон донистаанд. Сабаби набудани моҳӣ, дар қаъри кӯл набудани обсабзҳо ва дигар маводҳои хӯрока мебошад на дар хунук будани обаш. Қаъри кӯл мувофиқи гуфтаи оббозҳо ниҳоят танг буда, аз кӯҳ ва шахпораҳо иборат аст. Дар анҷом гуфтанием, ки номи ин кӯл “Кӯли Исканда” аст, на Искандаркӯл.
Сабуров НАҚИБ, ноҳияи Айнӣ, деҳаи Диҷиқ