Ба озмуни «Сеҳри сухан»

«Ҳар яки мо-аз Роҳбари давлат, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент сар карда, то роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хизматчиёни давлатӣ вазифадорем, ки… ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо»,- бисёр саривақтӣ таъкид намуданд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Албатта, ин суханон ҳамин тавр, дар омади гап ва дар ҷойи холӣ гуфта нашудаанд, онҳо асосҳои комил доранд ва ба нишонии роҳбарони барои худашон аниқу муайян баён гаштаанд. Гарчи дар нусхаи нашршудаи матни Паём наомадааст, аммо Президент вақти аз минбар гуфтани ин сухан ибораи «ду даст болои сина гузошта»-ро низ гуфта буданд. Яъне, шакли пурраи гуфтаи Президент таври зайл буд: «…вазифадорем, ки… ду даст болои сина гузошта, ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо».Пешвои миллат ин ибораро бо оҳанги махсус, бо қиёфаи хеле ҷиддӣ, дар айни вақт бо таъкид ва самимият иброз дошта буданд, ки ин тарзи баён ниҳоят зарур будани чунин амалу рафтору кирдорро ифода мекунад.

Камина аз афроде ҳастам, ки корам, вазифаам ва шуғлам ҳамеша бо ҷомеа буду ҳаст. Биноан, метавонам, ки дар тақвияти гуфтаҳои Президент мисолҳои зиёд оварам, махсусан дар нисбати асосҳои комил доштани онҳо. Аммо айни ҳол мақсад ин нест. Мақсад баён доштани фаъолияти як раиси нисбатан ҷавонест, ки дар муддати кӯтоҳ хизматгори воқеии халқ будани хешро нишон дода тавонист.

АГАР РОҲБАР КАМҒАЙРАТУ КАМТАШАББУС АСТ…

Чанд сол пеш, ҳар бори сайру саёҳати кӯчаҳои шаҳри Ҳисор дилтанг шуда, афсус мехӯрдам, ки роҳбарияти вақти ин шаҳр ҷиҳати камташаббусӣ ва камғайратии худ натавонистаанд, аз чорабиниҳои пеш аз ҷашни 3000-солагии Ҳисор истифода бурда, шаҳрашонро тавре, ки бояд бисозанду обод гардонанд. Эшон ҳатто қудрате накардаанд, ки ақаллан тарҳи бинои идораи худашонро андаке беҳтар намоянд, нагуфта аз кӯчаи марказӣ, ки макони ҷойгиршавии идораашон аст. Муҳтарам роҳбарони собиқи ин шаҳр метавонанд, иддао кунанд, ки биноҳои қасри фарҳанг, осорхона, китобхонаи марказӣ, «харбуза», варзишгоҳ, литсейи президентӣ, биноҳои истиқоматии барои ин литсей таъинотдошта, маркази савдо, меҳмонхонаи зебои воқеъ дар шафати истгоҳи марказии мошинҳо, чанд бинои таълимию истиқоматии дигар ва ҷо-ҷо навсозии қалъаи Ҳисору бозори марказӣ маҳсули замони роҳбарии онҳост. Агар ҳамин хел иддаоро пеш оранд, ин амалашон як навъ худсафедкунӣ, зиёда аз ин хокпошие мешавад, ба чашми сокинони шаҳрашон ва хонандагони ин ҷарида. Зеро, бино ба гуфтаи бисёр ҳолдонҳо аксари иншооти номбурда бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағҳои марказонидашуда бунёд гаштаанд. Чанди дигарашон – биноҳои хусусианд.

Ба гузашта саловот. Агар роҳбар камғайрату камташаббус аст, чизи зиёдро чашмдор шудан баробар ба хоббиниҳои ширину гуворо мебошад.

ҚАБОИ ТОЗАЮ ДИЛПАЗИРИ ҲИСОР

Камина сокини шаҳри дигарам. Ба роҳбарияти шаҳри Ҳисор ҳеҷ гуна муносибат надорам. Чуноне, ки ишора шуд, ҳар бори ба ин шаҳр омадан, ҳатман сайри кӯчаю хиёбонҳояшро мекунам. Табиист, ки сайру саёҳат бе таассурот намешавад. Таассуроти навбатиам бисёр хуш буд. Аз ин хотир табъам болидаю дилам шод гашт. Зеро кӯчаю хиёбонҳо, гулгаштҳо ва аксар биноҳои ин шаҳри куҳан, айни вақт бас ҷавонро дар қабои тамоман нав дидам, қабое, ки хеле зебою дилкаш аст. Ба фасли хазон нигоҳ накарда, ҳамаҷо тозаю озода мебошад. Дар кӯчаҳои марказию асосӣ биноҳои бисёрқабата қомат афрохтаанд. Бунёди боз чанд бинои хуштарҳ ташаббускорона давом доранд. Бинои Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бисёр назаррас ва ҷолиб шудааст. Устоҳои чирадаст қолаби онро тағйир надода, бо усулҳои хеле зебои миллӣ ва шарқӣ симои беруниашро дигар кардаанд. Чанд корманди мақомот гуфтанд, ки шароиту имконоти ҷойҳои корашон низ беҳтар шудааст ва аз ин боис нисбати иҷрои вазифаҳояшон бисёр дилгарманд.

Чанд моҳ пештар дар назари ман чун як шахси омад, чизи аз ҳама дилгиркунандаи шаҳр бетартибу низом фаъолият кардани ҳамагуна нақлиёти мусофирбар буд. Ронандаҳо мошини худро дар ҳар куҷое, ки мехостанд, мегузоштанду мусофир ҷамъ мекарданд. Зеро нуқтаи аниқ муайяншудаи мусофиргирию мусофирфарорӣ танҳо якто буд-истгоҳии марказии аз солҳои Шӯравӣ мерос монда. Боқӣ ба ном истгоҳҳо ё худсарона буданд ё муваққатӣ. Имрӯзҳо ин мушкилот, пурра ҳам набошад, ба дараҷаи қаноатбахш ҳал гаштааст. Аксари истгоҳҳо дар атрофи бозори марказӣ ҷойгир карда шудаанд. Ронандаҳо ва мусофирон барои ба мошинҳо нишастан, дигар аз даруни обу лой намегузаранд. То андозае, ки мушоҳида шуд, ҳамаи истгоҳҳо сангфарш ва ё қирпӯш шудаанд. Маданияти хизматрасонии ронандагони мошинҳои мусофирбар ва одоби муошираташон низ хеле беҳ гаштааст.

Пештар аз дидани биноҳои хурд-хурди пастак ва куҳнасохти кӯчаи ҳамшафати истгоҳи марказии нақлиёти мусофирбар завқи кас коҳиш меёфт. Нозебиҳои назди пули қатора бошад, табъро хира мекард. Мардуми худи шаҳр ба дидани ин манзараҳои нозеб шояд одат карда буданд ва онҳоро чандон ҳис намекарданд. Аммо он нозебиҳо барои сайёҳону меҳмонон ҳаргиз хушоянд набуданд. Номақбулии асосиашон он буд, ки дар ду даромадгоҳи шаҳр аз ҷониби пойтахти кишвар воқеъият доштанд ва табъи ҳар одами навомадаро хира карда, аз қадамҳои аввал барояш таассуроти нохуш мегузоштанд. Ҳоло аз он манзараҳои нозеб нишоне намондааст.

Дигар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, алалхусус кӯчаи марказӣ, майдони ба номи Ҳабибулло Назаров, гирду атрофи маркази тиҷоратии «Ҳисор», бозори нав, ки дар шафати роҳи калони Ҳисор-Айнӣ (самти Душанбе) воқеъ аст, хеле назаргиру дилчасп шудаанд. Дар хусуси чойхонаи соҳили дарёчаи маркази шаҳр бошад, ба қавле «гап нест». Шахсан ман наметавонам, ки ҳар бори ба Ҳисор омадан ба он ҷо надарояму аз чойи хуштаъм ва хӯрокиҳои лазизаш баҳра набарам. Ин чойхона як навъ осорхона низ ҳаст. Дар деворҳои он сурату мусаввараҳои бас баландмазмуни таърихӣ овехта шудаанд, ки аз дидану омӯхтанашон донишу фаҳми кас мукаммалтар мегардад. Шояд аз ҳамин ҷиҳатҳо бошад, ки он ҳамеша серодам аст. Алалхусус, дар ин макони маърифату истироҳат дидани аҳли илму адаб ва бо эшон  ҳамсуҳбат шуданам гуворо мебошад. Атрофи чойхона низ хеле бо ҳавсала обод карда шудааст: Сабзу хуррам аст, дарахту буттаҳои зебо дорад. Пайкараҳояш бас ҷолибанд. Дар катҳои бо усули шарқиёна сохташудаи ин чойхона нишастану бо як пиёла ҷой куфтро баровардан, кайфияти тамоман дигар мебахшад.

«Ҳисор нав роҳбари воқеии худро ёфт», – аз тавсифҳои такрор ба такрори ман рамуз гирифта, гуфт бародарам ҳоҷӣ Ҳамзахон Юсуфов, ки худ мутахассиси соҳаи сохтмон аст. – Аз моҳҳои аввали ба вазифаи раиси шаҳр омадани Шарифҷон Ҷумазода мо тағйиротҳои дилпазирро эҳсос кардем. Бо усулҳои хеле зебои миллӣ ва шарқӣ дигаргун кардани симои берунии биное, ки дар он роҳбарияти шаҳр фаъолият мебарад, нишони аввалини умедбахш буд аз ободкориҳои оянда. Воқеан ҳамин тавр шуд ва худатон бештари он ободкорию дигаргуниҳоро дидед.

БА КОРДОН КОР ОСОН

Роҳбаре, ки ба халқ такя мекунад, эҳсоси ташаббускории мардумро бедор карда метавонад, зиёда аз ин он ташаббусҳоро ба даст мегираду танзим менамояд, роҳбари кордон ва дурандеш аст. Барои ҳамин ҳам мегӯянд, ки «Ба кордон кор осон». Дар радифи ҳамин мақол боз сухани дигаре ҳаст: «Корро корфармо мекунад, на иҷрокунанда». Яъне, корфармо будан, роҳбар будан аст. Маълум мешавад, ки Шарифҷон Ҷумазода корфармою роҳбари хуб ва уҳдабаро аст. Дили мардумро ёфтаю ташаббусашонро ба даст гирифта метавонад. Ин аст, ки фаъолияташ дар муддати начандон тӯлонии раисиаш аллакай писанди сокинони шаҳр гаштааст. Яъне, агар ҳамрадиф ба таъкидҳои Президент гӯем, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода хуб дарк кардааст, ки «роҳбар барои халқ аст, на халқ барои роҳбар». Маҳз тавассути ҳамин фаҳмиш ӯ тавонистааст, ки то имкон дорад, хизмати халқро ба ҷо орад. 

Ман асосе дорам, бигӯям, ки ободиҳои шаҳри Ҳисор дар ояндаи наздик боз ҳам беҳтар ва назаррастар мешавад. Зеро ҳис мегардад, ки раиси он фаъолияти худро дар пайравии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, пешниҳоду дастурҳои эшонро сармашқи кори худ қарор додааст. Ин аст, ки бо қарори худ аз моҳи ноябри соли 2018 дар шаҳри Ҳисор маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст. Ин маърака то охири моҳи майи соли 2019 идома меёбад. Ба ҷуз ин дар ҳама кӯчаю хиёбонҳои хурду калон, майдонҳои назди таълимгоҳу корхонаҳо, бозору муассисаҳои савдо, гулгашту фавораҳо, соҳилҳои ҷӯю кӯлу дарёҳо ва дигар макону мавзеҳои шаҳр зуд-зуд ҳашарҳои оммавӣ баргузор карда мешаванд. Дар ин кор бештари корхонаю ташкилотҳои шаҳр, сохторҳои тиҷоратӣ, ҷамоатҳо ва ғайра ташкилоту созмонҳои давлатию ҷомеавӣ вобаста шудаанд. Аз ҳама асосиаш, мардум, бахусус соҳибкорони ба нангу номуси шаҳр дар атрофи сарвари шаҳри худ ҷамъ шуда, барои обод ва сабзу хуррамгардонии мулки таърихию зебои хеш камари ҳиммат бастаанд.

Ободонии шаҳр танҳо як бахши фаъолияти ин раиси пурғайрату ташаббуспеша мебошад. Ғайратмандӣ, саъю кӯшиш ва ташаббусҳои Шарифҷон Ҷумазода дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеавии шаҳр низ назаррасанд. Ман аз ҷаридаҳо хонда будам, ки ӯ дар рӯзҳои аввали раиси шаҳри Ҳисор таъин шуданаш бо аҳли адаб вохӯрӣ доир намуда, аз дастоварду комёбиҳояшон ва розу ниёзашон огоҳ гардида буд. Ба ҷуз ин бисёр ҳамсуҳбатон гуфтанд, ки раисашон имконият ёфта, қариб дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифатии шаҳр шахсан иштирок мекунад. Агар худаш натавонад, ҳатман яке аз муовинҳояшро мефиристонад.

РОҲБАРИ ТИПИ НАВ

Моҳи июли соли 2017 буд. Бори аввал (ва охир) ба ҳузураш даромадам. Баробари аз дар ворид шуданам мисли баъзе раисони дигар чун «Ленин ба буржуазия» нанигарист, сӯям бо чеҳраи гирифтаю бо қираи чашм нописандона нигоҳ накард. Баръакс, аз паси миз берун омад, ба пешвозам қадам зад, дастӣ салом намуду ба нишастан ба паси мизи иловагӣ таклиф кард ва ба ҷойи худ не, дар паси ҳамин миз рӯ ба рӯям нишаст. Баъди «Хуш омадед!» гуфтану ҳолпурсӣ намудан, «Ако, ман шуморо бо диққат гӯш мекунам» гуфту воқеан гӯшу ҳуш ба ман шуд. 

Масъалаи ман вобаста буд ба як асари пажуҳишиам, ки ба ҷашни 110-солагии шоир ва нависандаи тоҷик Ҳабибулло Назаров бахшида будам. Раис маро шунидан пас қариб, ки гап назад, чун баъзе раисони дигар «назди муовини соҳавӣ равед», «як фикр карда бинем», «пагоҳ ё баъди пагоҳ хабар гиред» нагуфт. Балки кӯтоҳакак «Ин ҳалшаванда аст. Ҳал мекунем» гуфту тамом. Дигар вақти ӯро гирифтани ман суиистифода аз хоксорию хушмуомилагиаш мешуд. Бинобар ин бо арзи сипос аз ҷой хестам. Ӯ маро то дари қабулгоҳаш гусел карда хуйрухуш намуд.

Раҳораҳ фикрам банди фарҳангу маърифати Шарифҷон Ҷумазода гардид. Дар қиёс бо он ҳамтоёнаш, ки медонистам, аз дилам гузашт: «Роҳбари типи нав».

«АНГУШТИ 6-УМ»-И ШАҲРИ ҲИСОР

Масъулини вақти шаҳр соли 2012 кори бас носавоб кардаанд. Эшон ҷиҳати бехабарӣ аз маънию мантиқи азалии вожаи «Қаҳрамон» онро «туркӣ» гуфта ба «Баракат» иваз намудаанд. Ҳол он ки ин вожа тоҷикист ва маънии луғавиаш диловарӣ, мардонагӣ, паҳлавонӣ, фидокорӣ ва корнамоӣ мебошад. Вожаи «баракат» бошад, ангушти 6-ум (шаша)-ро ифода мекунад. Маънии дигараш сабзавот ва меваи дуқӯша аст. Дардовар он аст, ки ин кор бе гузаронидани ягон хел омӯзиш ва пурсидани фикри сокинони деҳа амалӣ гаштааст. 

Бовар дорам, роҳбаре чун Шарифҷон Ҷумазода қодир аст, дар пайи дигар ташаббусҳои хеш боз як иқдоме кунаду номи воқеии (ҳақиқии) зебо ва пурмаънии ин деҳаро баргардонад. Бахусус, ки дар ин бора мактуби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти №1-3/424 аз 27-сентябри с. 2017 фиристода шудааст. Кумита ин мактубро бо назардошти супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 17-апрели с. 2017, №сод.263м ирсол намудааст.

Муҳтарам Шарифҷон Ҷумазода дар ҳоли ислоҳи ин ғалат метавонанд, ки якбора чанд кори савобро амалӣ намоянд:

1. Ҳақиқати таърихӣ ва корнамоии қаҳрамонҳои деҳаи Қаҳрамонро, ки солҳои 30-40-и асри ХХ кардаанд, аз нав зинда гардонанд ва бо ҳамин руҳи эшонро шоду дили имрӯзиёнашонро мамнун намоянд.

2. Дар роҳи амалисозии сиёсати роҳбари муаззами кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон нисбати барқароркунии номҳои зебою таърихии маҳалҳои аҳолинишин боз як иқдоми шоистае кунанд.

Боқӣ тавфиқ мехоҳам ба кору рӯзгори ҳамаи роҳбарони боғайрату ташаббуспеша!

Худо кунад, ки сафи раисону роҳбарони хизматгори воқеии халқ зиёд шаванд.

 ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь