Субҳиддин Раҳматов дар деҳаи Очилдии ҷамоати деҳоти “Қалъаи дашт”- и ноҳияи Файзобод Раиси маҳалла интихоб шуд.

Ду сол пеш собиқ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, барои гирду атрофи оромгоҳҳоро маҳкам кардан, 1 тонна семент ва сангу шағал  аз мардуми деҳа ки 130 хоҷагиро дар бар мегирад ва аз муҳоҷирон 40 ҳазор сомонӣ барои  таъмири оромгоҳ  дар дасти раиси маҳалла доданд, ки ба воситаи ҳашар гирду атрофи оромгоҳро мақкам кунад. Аммо намедонем, раиси маҳалла пулҳои ҷамъшударо дар куҷо сарф кардааст, номаълум монд. Ҳамчунин ҳар сол 5, 6 ҳазор сомонӣ барои чарогоҳи тобистонаи мардуми деҳа ҷамъ мешавад, вале Раиси маҳалла пулҳои тобистону тирамоҳ ҷамъшударо дар куҷо сарф мекунад? Касе намедонад.

Тибқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон чарогоҳ аз андоз озод мебошад, модоме ки ин тавр бошад, пас чаро Раиси маҳалла аз мардум бо баҳонаи андоз ҳар сол 5 – 6 ҳазор сомонӣ талаб мекунад? Ҳол он ки чарогоҳ аз андоз озод аст.

Аз байн 3 сол сипарӣ шуда бошад ҳам то кунун гирду атрофи оромгоҳ маҳкам карда нашудааст. Дар атрофи оромгоҳ 8 сутуни бетонӣ ва дар даромадгоҳи оромгоҳ, дар ду ҷой барои намоиш сементблок афрохтанд, ки ба мақсад мувофиқ нест. Оромгоҳро алафҳои бегона, ифлосиҳо печонда гирифтаст. Гарчанде ин ҳолати ҳузнангезро Кумитаи муҳофизати муҳити зист, Кумитаи дини ноҳия медонанду аммо худро ба нодонӣ мезананд!

Ҳокими Сафар,

Ноҳияи Файзобод, барои рӯзномаи “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь