Дар вилояти Хатлон беш аз 2500 нафарони солхӯрда дар хонаи пиронсолон иқомат намуда, қисми дигари онҳо дар кӯчаҳои сард шабро рӯз мекунанд ва ин рақам дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Ҳамсарам фавтиду фарзандон аз ман руй тофтанд.

Баробари расидани фасли сармо дар кӯчаву истгоҳҳо нафарони солхӯрдае ба чашм мерасанд, ки бо сабаби парастор ё хонаи истиқоматӣ надоштан шабро дар кӯчаҳо рӯз мекунанд. Юлдош Девонаев низ дар пиронсолӣ бе ҷои истиқомат ва бепарастор мондааст. Мо ӯро шомгоҳон дар яке аз истгоҳҳои шаҳри Бохтар дидем ва сабаби инҷо монданашро пурсидем. Ба гуфтаи худи ӯ ҳамсараш вафот кардаву фарзандонаш аз ӯ даст кашидаанд ва ҷое барои рафтан надорад. Барои дар кӯча намонданаш ӯро ба хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар бурдем.

Масъули хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар: Мо онҳоро қабул карда наметавонем Камолиддин Маҳмадалиев, роҳбари хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар баён дошт, ки Юлдош Девонаевро қабул карда наметавонад. Чун ӯ барои будубоши дигар истоқаматкунандагони ин макон хатар эҷод мекунад:

-“Бобои Юлдош тайи шаш моҳ дар ин хонаи пиронсолон мезист ва аз чизе камӣ надошт, вале се моҳ пеш мо ин касро бо сабаби майнушӣ  ва дар ҳолати мастӣ дигар иқоматкунандагони ин маконро зери таҳқир ва латукӯб қарор додан аз ин макон пеш кардем. Давоми сол бо ин сабаб мо се нафарро аз инҷо рондем. Зеро онҳо ба сину соли хеш нигоҳ накарда, вобастаи машруботҳои спритӣ мегарданд ва ин ба дигар пиронсолон хатар эҷод мекунад. Ҳамасола дар фасли сармо нафарони зиёде, ки бесарпаноҳу бе парастор мондаанд ба инҷо меоянд ва мо баъди санҷиш онҳоро қабул ё рад мекунем, изҳор дошт Камолиддин Маҳмадалиев.

Юлдош Девонаев баён дошт, ки ғами бекасӣ ва саргардонӣ дар даврони пирӣ ва бо нияти фаромӯш сохтани ин ҳама ғам шаробнӯшаш кардаву имрӯзҳо вобастаи машруботҳои спиртӣ гардидааст ва мехоҳад, ки барои шифо ёфтанаш ба ӯ кумак кунанд:

– “Медонам, ки ин амали ман ҳеҷ хубие надорад, вале агар аввалҳо барои рафъи ғамҳо ва фаромушии он менӯшидам, алҳол вобаста шудам ва худро дошта наметавонам. Мехоҳам аз ин ҳолат халосӣ ёбам”, – гуфт бобои Юлдош.

 Дар вилоят 2531 нафар пиронсолон дар хонаи бепарасторон мезиянд

Барои пайдо кардани иттиллоъ дар хусуси мавҷудияти дигар хонаи пиронсолон ва вазъи иқомткунандагони он мо ба масъулини шуъбаи ҳифзи иҷтимоии вилоят муроҷиат намудем. Тибқи иттиллои масъулини Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар вилоят 3 хонаи пиронсолони давлатӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Восеъ ва Кушониён мавҷуд буда, дар ин баробар ду хонаи пиронсолони дигар шахсӣ бунёд ёфтааст, ки 2531 нафар бепарасторон дар ин маконҳо зиндагӣ мекунанд ва аксарияти онҳо пирони барҷомонда буда, қисме аз ҷониби фарзандону наздикон оварда шудаанд. Ҳамчунин 16 шӯъбаҳои хизматрасонӣ мавҷуд буда, ин шуъбаҳо ба пиронсолони танҳо монда дар хона хизматҳои иҷтимоӣ мерасонанд. Зарина Тӯрахонова, директори Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Бохтар иттило дод, ки кормандони онҳо ба 293 нафар маъюбони барҷомонда хизматҳои иҷтимоӣ ва тибию ҳуқуқӣ мерасонанд:

– “Кормандони мо барои поккорӣ ва нигоҳубини чунин нафарон ҳамеша омода буда, як нафар корманд то панҷ нафар маъюбону пирони барҷомондаро нигоҳубин мекунанд. Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорон ба онҳо кумакҳои пулию молӣ расонида мешавад. Онҳо аз ғизову либос танқисӣ надоранд, танҳо самимияту муҳаббати наздиконашон намерасад ба ин гурӯҳи одамон”, – зикр кард Зарина Тӯрахонова.

 13081 парванда алайҳи волидон боз шудааст, нисбати фарзандон чӣ?

Салимзода Ҷурабек Салимбек, мутахасиси пешбари Раёсати суди вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки давоми соли ҷорӣ тибқи моддаи 90 “аз тарафи падару модар ё дигар намояндаи қонунии ноболиғон иҷро накардани парасторӣ дар таълиму тарбияи ноболиғон кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13081 парванда нисбати волидон ба мо расид, ки аз ин шумора 3653 парванда барасӣ шуда, 211 нафар яке аз волидон огоҳӣ гирифта 1642 нафар ҷарима карда шуданд. Дар баробар ҳолатҳое мешавад, ки волидон падар ё модар барои лату куб шудан, аз хона рондан ё таҳқиру таҳдид кардан аз ҷониби фарзандони худ шикоят мекунанд, вале баъди чанде омада шикояти худро бекор мекунанд, чун онҳо бештар аз ҳама ғами фарзандонро мехӯрад ва намехоҳанд, ки фарзандонашон ҷазо бубинанд”, гуфт Салимзода Ҷурабек Салимбек.

Дар моддаи 90 кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон волидон ва парасторони фарзандон дар таълиму тарбия ва нигоҳубини фарзандони ноболиғ масъул дониста шуда, чунин оварда шудааст:

“Барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, инчунин шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015, №1179)”.

Вале дар ин баробар фарзанд низ дар нигоҳубини волидон масъул гардонида шудааст. Конститутсия фарзандонро масъул дар нигоҳубини волидон кардааст Дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки “Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд”. Ин меъёри конститутсионӣ дар Кодекси оилаи Ҷумхурии Тоҷикистон низ саҳеҳтар дарҷ ёфтааст, ки тибқи он фарзандон на танҳо ба нигоҳубин, инчунин ба зоҳир намудани ғамхори нисбати волидон масъул мебошанд. Нигоҳубин ва ғамхорӣ ба волидон қарзи инсонии ҳар як фарзанд мебошад. Дар сурати ба таври ихтиёрӣ зоҳир нагардидани ғамхори нисбат ба падару модар аз ҷониби фарзанд мақомоти салоҳиятдори давлатӣ метавонанд дахолат намоянд. Яъне дар ин ҳолат мақомоти дахлдори давлатӣ метавонад ба таври маҷбурӣ бо тартиби судӣ аз фарзанд барои падару модар алимент руёнад.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки қонунгузорӣ ҷиҳатҳои дигареро низ ҳангоми ситонидани алимент аз фарзанд пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, то чӣ андоза аз тарафи падару модар иҷро гардидани вазифа ва ӯҳдадорихои онҳо оид ба таълим, тарбия, таъминоти моддӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак. Ҳолати аз тарафи падару модар пурра иҷро нагардидани уҳдадориҳои зикршуда яке аз омилҳои озод шудани фарзандони болиғ аз уҳдадориҳои алиментӣ (нисбат ба падару модар) шуда метавонад, ки ин, пеш аз ҳама, ба принсипи адолати иҷтимоӣ асос ёфтааст. Ин банди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то кадом андоза иҷро мегардад аён нест.

Зеро тибқи иттилои масъулини суди вилояти Хатлон волидон баъди шикоят аризаи шикоятии худро пас мегиранд ва кор то мақомоти судӣ нарасида ҳал мешавад.

 Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь