ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН КИ СЕРАҲОЛИТАРИН МИНТАҚАИ КИШВАР АСТ ҚАРИБ КИ РАВОНШИНОС НЕСТ. ИН ҲАМ ДАР ҲОЛЕСТ, КИ СОЛОНА ДАР ИН МИНТАҚА ДАҲҲО НАФАР ДАСТ БА ХУДКУШӢ МЕЗАНАНД ВА САДҲО НАФАРИ ДИГАР АЗ МАСЛИҲАТИ ИН МУТАХАСИСОН МАҲРУМАНД, КИ ИН ҲОЛ СОКИНОНРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ.

СОКИНОН: РАВОНШИНОС НЕСТ, БА КУҶО МУРОҶИАТ КУНЕМ?

Манижа Қаландарова, модаре аз шаҳри Бохтар, се фарзанд дорад. Фарзанди хурдиаш маъюб аст.

Ӯ мегӯяд, “ҳангоми  хурд будани писарам баъди таб пайдо карданаш, пойҳояш иллат пайдо карда, беқувват шуданд. Баъди ин мо пайваста уро табобат мекунем. Азбаски  доруву дармонаш гаронарзишанд,  хариданаш барои ман машкил аст. Худам дар як идора фаррош шуда, кор мекунаму маошам хеле кам аст на ба таъмини рӯзгор мерасад ва на ба табобати писарам. Аз мушкилоти пай дар пайи зиндагӣ ва маъюбии фарзандам зиёд ғусса мехӯрам ва азоби руҳӣ дорам, мушкилиҳо рӯҳан хаставу беҳолам кардааст”.

Манижа  пайваста хаставу беҳол ва зуд хашмгин мешаваду худро ором карда наметавонад ва ташвиш аз он дорад, ки бо ин ҳол ба худу наздиконаш зарар нарасонад.

Ӯ мегӯяд, “ба табибони асаб муроҷиат кардам ва аз истеъмоли доруҳои зиёд  меъдаам бемор шуд. Наздиконам тавсия доданд, ки ба равоншинос муроҷиат кунам. Чандин беморхонаҳоро гаштаму равоншиносе пайдо накардам, ҳоло намедонам ба куҷо муроҷиат кунам”.

Боз бо чандин нафарони дигаре сӯҳбат кардем, ки ба кумаки равоншинос эҳтиёҷ доштанд. Кам нестанд онҳое ки пушти дари утоқи духтурони бемориҳои асаб менишастанд. Аксарият аз хастагии руҳӣ шикоят карданд. Мутаассифона, ҳолати афсурдагии асаб миёни сокинон бештар шудааст. Онҳо сабабро зиёд будани мушкилоти иқтисодӣ, тангдастӣ ва мушкилоти оилавӣ мегӯянд.

ВОҲИДИ КОРӢ ҲАСТ, АММО РАВОНШИНОС НЕСТ

Феълан дар вилояти Хатлон шумораи нафароне, ки мушкили иқтисодӣ доранд, зиёд аст. Дар ин баробар кам нестанд нафароне, ки аз хастагӣ, афсурдаҳолӣ хашмгину асабӣ будан ва дигар мушкилиҳои равонӣ шикоят мекунанд.

Мо барои гирифтани маълумот дар бораи омори мутахасисони равоншинос дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон ба Раёсати тандурустии вилоят муроҷиат кардем. Ҷӯрабой Саидов, муовини сардори Раёсати зикршуда гуфт “чунин воҳиди корӣ дорем, аммо мутахассис надорем”.

– Сабаби норасоии мутахасисони равоншинос дар набудани ҳамин ихтисос дар муасиссаҳои олии вилояти Хатлон аст.

Норасоии кадрӣ ё худ мавҷуд набудани равоншиносон дар муассисаҳои тиббӣ мушкилест, ки ҳалли худро мехоҳад, зеро дар ҳолатҳои зарурӣ сокинон намедонанд ба кӣ муроҷиат кунанд.

НАБУДАНИ РАВОНШИНОС ХУДКУШӢ ВА ТАЛОҚРО МЕАФЗОЯД

Сафаралӣ Раҳимов, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи психологияи донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  мегӯяд:

“Психология дар ҳаёти инсон мавқеи хосеро ишғол мекунад, зеро камбуду беҳбуди рӯзгор ҳолати равонии инсонро тағир медиҳад. Бинобар ин будани мутахасисони соҳаи психология дар муасисаҳои тиббӣ ва таълимӣ ҳатмӣ дониста шавад, зеро норасоии чунин мутахасисон дар сатҳи вилояти Хатлон мушкилии асосӣ аст. Яке аз сабабҳои афзоиши худкушӣ ва ҷудошавии оилаҳо маҳз набудани равоншиносон аст. Набудани мутахасисони соҳаи психология оқибатҳои хатарзову даҳшатбор дошта метавонад. Зеро агар инсон ғаму хашмро дар худ нигоҳ дораду ҳолати равониаш афсурда гардад ва кумаки равонӣ набинад, ӯ метавонад қарорҳои нодуруст бароварда, дар ҳолати дилмондагиву хастагӣ ба худкушӣ ё дигар амал даст занад. Дар  Донишгоҳи мо низ ихтисоси алоҳидаи равоншиносӣ нест, танҳо чанд ихтисосе ҳаст, ки бо психология омехта карда шудаасту халос”.

ЧУНИН ВОҲИДИ КОРӢ НАДОРЕМ

Коршиносон   будани равоншиносон дар муасисаҳои таълимиро муҳим меҳисобаднд, вале на дар муасисаҳои томактабӣ ва на дар муассисаҳои таҳсилоти миёна чунин мутахассисон нестанд.  Аз Раёсати маориф дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки сабаби набудани мутахасисони равоншинос дар муасисаҳои таълимӣ, ин набудани чунин воҳиди корӣ аст, вале дар ҳолатҳои зарурӣ мурабияи кудакистонҳо ба наврасон кумаки психологӣ мерасонанд.

АҲОЛӢ БАРОИ РОБИТА ОМОДА НЕСТАНД

Мадина Асрорзода, равоншиноси ташкилоти ҷамъиятии “Дилафрӯз” сабаби робита надоштани сокинонро бо равоншиносон аз дуруст дарк накардани мафҳумҳои “равоншинос” ва “равонпизишк” медонад. Номбурда мегӯяд ҳоло барои робита бо равоншинос мардум омода нестанд  аксарият муроҷиат ба равоншиносро чун муроҷиат ба равонпизишк ё худ мутахасиси бемориҳои руҳӣ медонанд. Вале бояд гуфт, ки равоншинос аз равонпизишк фарқ дорад:

-Омили асосии кам будани равоншиносон дар вилоят ин беэътибории хонандагону донишҷуён нисбат ба ин ихтисос ва ин соҳа мебошад. Ҷавонони мо ба ихтисоси психология камэътиборанд, зеро дар ин бора маълумоти кам доранд. Агар омӯзгорону мутахасисони ин самт барои ташкили чунин ихтисос дар донишгоҳҳо ва ҷалби донишҷуён корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд, бовар дорам, ки мушкилоти норасоии мутахасисони равоншинос аз байн меравад” – таъкид кард ӯ.

Дар ташкилоти ҷамъиятии мазкур занону бонувони хушунатдида гирд омада, аз кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ баҳравар мегарданд. –“Мо омодаем, ки бо аҳолӣ кор карда, ба онҳо кумаки психологӣ расонем” – баён доштанд масъулини ин ташкилоти ҷамъиятӣ.

БА ҲАР КОРЕ КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД

Табиист, ки бо вуҷуди кам будани мутахассисони равоншинос, ташкил кардани омӯзиш дар муассисаҳои олии вилояти Хатлон кори осон нест. Вале ба андешаи инҷониб агар масъулон масъулият дошта бошанд, дар ояндаи наздик ин мушкилии мавриди назар пурра бартараф мешавад. Интизор мешавем.

Мавлуда Гулова, “Фараж”, Хатлон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь