Гӯё дирӯзакак буд, ки бо ҳам дар ҳуҷраи кории онҷониб – муовини директори идораи манзилии ноҳияи Фрунзе (ҳозира Сино)-и шаҳри Душанбе бархӯрда будем. Инак аз он дидор 33 сол сипарӣ гашт. Он марди фарҳангӣ, собиқадори соҳаи полиграфияи тоҷик, номзади илми таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон Манзурхон Додохонов аст.

Мавсуф пас аз хатми Университети давлатии ба номи Лобачевскийи шаҳри Горкийи Федератсияи Россия чанде дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ омӯзгор буд. Манзурхон Додохонов маъмури давлатӣ дар идораи манзилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуруъ аз соли 1991 нахуст ба симати муовин ва пас ҳамчун директори нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сол адои вазифа намуд…

 «Шарқи озод»

4-уми марти соли 1996 Манзурхон Додохоновро директори нашриёт ва моҳи майи соли 1997 ин ҷонибро муовини директор таъин намуданд. Бо ҳам 14 сол дар ҳалли масоили зиёде якҷо заҳмат ба бор доштем.

Манзурхон Додохонов дар вақту шароите роҳбарии нашриётро бар дӯш гирифт, ки кормандону мутахассисони коргоҳ зиёда аз 6 моҳ маош нагирифта буданд. Нашриёт қариб ба пуррагӣ аз фаъолият бозмонда буд. Дар коргоҳ танҳо як рӯзномаи «Садои мардум» (ҳафтае як маротиб) чоп мешуду халос…

Беш аз 30 шумораи «Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тахмин 3-4 солааш) ба таъхир афтода, рӯи чопро надида буд. Манзур Додохонов тамоми нерӯ, истеъдод ва малакаашро ба кор бурда, дар зарфи ду моҳ маоши кормандонро пурра пардохт. Барои нашри «Ахбор…» аз Федератсияи Россия бо чаҳор мошини боркаш шахсан коғази заруриро пайдо намуда, чопи мунтазами маҷалларо ба роҳ монд. Зиндагии кормандону корхона оҳиста – оҳиста рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Шоёни зикр аст, ки директори нашриёт Манзур Додохонов маҳз барои чопи маҷаллаи мазкур аз хориҷи кишвар дастгоҳи чопӣ харидорӣ намуд…

 Чоркӯҳ

Чӣ гуна касест ӯ? Зиндагиномаи Манзурхон Додохонов низ мисли аксар фарзандони тоҷик муқаррарист. 4-уми январи соли 1949 дар деҳаи зебоманзари Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, дар оилаи омӯзгор ва ходими ҷамъиятӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна се сол дар флоти ҳарбӣ-баҳрии Баҳри Сиёҳ адои хизмати ҳарбӣ намуд. Баъд Донишгоҳи давлатии шаҳри Горкий (Россия)-ро ба итмом расонд.

Фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун муаллими кафедраи таърихи СССР-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оғоз шуда, баъдан ба сифати муовини сардори идораи манзилии комиҷроияи ноҳияи Фрунзе (ҳоло ноҳияи Сино)-и шаҳри Душанбе ба кор гузашт.

Аз соли 1991 муовин ва аз соли 1996 то 7-уми октябри соли 2010 директори КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин миён Манзур Додохонов ҳамзамон ба корҳои илмӣ шуғл варзида, сазовори унвони номзади илми таърих гашт.

 Олим

Дар мавзуи аҳамияти баъзе тадқиқотҳои олимони руси асри ХIХ ва аввали асри ХХ дар омӯзиши таърихи Тоҷикистон, аз ҷумла Бухорои Шарқӣ тадқиқот анҷом дод. Яке аз рукнҳои фаъолияти М. Додохонов кори илмӣ ба ҳисоб рафта мақолаҳояш мунтазам ба табъ мерасиданд. Соли 1998 дар маҷмӯаи илмии «Россия дар қисмати таърихии халқи тоҷик» (Душанбе, 1998) оид ба хизмати тадқиқотчиёни рус Е. К. Мейендорф ва Н. В. Хаников дар омӯзиши ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании Бухорои нимаи якуми асри ХIХ як силсила мақолаҳои илмӣ интишор намуд, ки аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифтанд.

Тӯли фаъолияти хеш ҳамчун раҳбари нашриёт М. Додохонов дар чопу истеҳсоли маводи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва давлатӣ ширкати фаъолона дошт. Саҳми мавсуф дар баргузории чорабиниҳои Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 феврали 2000), Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (феврали 2005), Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри 2006), Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (феврали 2010), Барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сентябри 2010) шоистаи таҳсин аст.

 Қадр

Хизматҳои шоёни Манзур Додохонов бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр гаштааст. Ҳамсараш зиндаёд Бибиқанд омӯзгор буд, фарзандонаш Парвина, Бахтиёр (равонаш шод бод), Гулнора ва Зарина соҳиби маълумоти олӣ гаштанд. Ӯ мудом дар такопӯ буд. Заҳматкашии вай касро дар ҳайрат мегузошт. Фарди қобилиятнок буда, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар фаъолона ширкат меварзид. Узви раёсати ҲХДТ, вакили маҷлиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати таҳририяи як қатор маҷаллаю рӯзномаҳои марказии кишвар буд.

Акои Манзурхонро пирони соҳибтадбир, наздикон, хешу ақрабо, ашхоси масъул аз шумули ҳамватанон иззату эҳтиром мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Манзурхони мо марди некандеш аст. Вай бо хулқу одоби накӯ, хислатҳои ҳамида ва фурӯтанӣ байни собиқадорон – ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ ном баровардааст. Аз ин рӯ, ба унвони фахрии «домоди хизматнишондода» сазовор гаштааст. Ин қадрдонии пирони рӯзгордидаи аҳли авлод эътирофи хидмати шоистаи фарзандию бародарӣ назди онон аст.

 Соҳибэҳтиром

Тавозуъ, фурӯтанӣ ва дилёбӣ аз зумраи хислатҳои ҳамидаи ӯст. Аз ин ваҷҳ пирони кор ба ӯ маслиҳату фотеҳа арзонӣ дошта, дӯсташ медоранд. Бахусус, пири авлод Ашӯр Наимович Акобиров (равонашон шод бод) шахсияти шинохтаи кишвар, собиқадори ҷангу меҳнат ӯро бештару беҳтар эҳтиром мекард ва дар сифаташ ба таъкид мегуфт, ки домоди мо марди некандеш аст.

Ӯ ҳамоно меҳрубон асту ғамхор, худситоиро намеписандад. Ба ниёзмандон ёрии хешро дареғ намедорад. Дар давраи роҳбариаш дар табъу нашри осори адибону донишмандони ниёзманд саҳм гирифта буд. Ба қисме аз хоманигорон ёрии моддӣ мерасонд. Аз ҳолу аҳволи қисмате аз собиқадорон хабар мегирифт.

Муносибати Манзур Додохоновро бо ҳамкорони собиқ, бахусус, аҳли илму адаби донишгоҳи омӯзгорӣ, дӯстони дерин ва устодонаш дида, шодмон мешудем. Ин ҷониб борҳо шоҳиди муносибати хосаи эшон бо нафарони калонсол, устод Мусоят Шерғозиев, Султон Мирзошоев, Раҳим Масов, Ибод Файзулло, Домулло Муртазоев (равонашон шод бод), Ҳайдаршо Пирумшоев ва дигарон гардида, ба он ҷониб қоил мондаам.

Роҳбари вақти нашриёти «Шарқи озод» Манзур Додохонов дар солу замони давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар мекӯшид кормандону мутахассисони корхона саривақт маошу мукофотпулӣ гиранду нашриёт мунтазам дар фаъолият бошад. Баҳри дастрасӣ ва таъмини коргоҳ бо ранг, плёнка, коғаз, пластина ва дигар маводи ниёзи полиграфӣ худ ба хориҷи кишвар ба сафари хидматӣ мебаромад.

 Меҳрпарвар

Ҳунари ба осонӣ барҷастан аз кулли мушкилот волотарин санъати роҳбарии Манзур Додохонов буд. Вай масоили мубрами истеҳсолиро туфайли истеъдоди фитрӣ ба зудӣ ва осон матраҳ месохт. Тадбиркор буду туфайли ин хислат нашриёт мунтазам дар фаъолият буд…

Имрӯзҳо собиқадори меҳнат, марди даврон, ношир, олим, Корманди шоистаи Тоҷикистон Манзур Додохонов дар ҳалқаи набераҳои дӯстрӯяки хеш давлати пирӣ меронад. Бо итминон метавон гуфт, ки ӯ дар замин нақши арзандаи хешро гузошта, бо фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ, соҳиби маълумот ва хонаву дари обод гардондани фарзандон аз худ нишона гузоштааст. Ин марди заҳматкаш ҳамчунон дар мазраи синаҳои дӯстону рафиқон тухми меҳр пошидааст, ки хушбахтона, самарборанд.

Умари ШЕРХОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь