Дар деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич беш аз 100 нафар аз дасти як нафар ба “дод” омадаанд. Зеро се сол инҷониб баҳси замини онҳо одилона ҳал намешавад, дарахтони ҷавону мевадеҳ ва ғарқи гули онҳо беиҷоза ва бе розигии онҳо бурида шуда, замини кишташон аз кишт берун мондааст.

Нӯҳ хоҷагии деҳқонӣ: «Хайруллобобо», «А. Навоӣ», «Ботурбобо», «Мирзоназарбобо», “Раҳимов”, “Аҳмадбек-Ӯртақурғон”, “Аминов”, “Сомониён” ва “Ӯртақурғони Ғончӣ”, ки саҳмдорони кооперативи истеҳсолии ба номи “А.Навоӣ” ҳастанд, намехоҳанд саҳмдорони хоҷагии “Басида” шаванд. Аъзоёни ин хоҷагӣ, ки ҳамагӣ 7-8 сотих замини саҳм доранд, се сол боз дарбадари мақомоти дахлдор, аз ҷумла МИҲД-и ноҳияи Деваштич, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд (экология), Суди иқтисодии вилояти Суғд, прокуратураи ноҳиявӣ ва вилоятӣ саргардонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2022 заминҳои баҳсӣ кишт нашуданд ва ҳамаи ин одамон аз манбаи даромади худ, ки деҳқонӣ аст, маҳрум монданд.

Чаро мушкил дар ноҳия ҳал намешавад?

Аз сӯҳбат бо ҳарду ҷониб ва посухи масъулини мақомот (ҷавобҳои шифоҳию хаттӣ дар дасти мо мебошанд) муайян гардид, ки саҳмдорони кооперативи истеҳсолии ба номи “А.Навоӣ”-ро маҷбур намуда истодаанд, ки саҳмдори хоҷагии “Басида” шаванд. Гӯё пардохти андоз ва дигар хизматрасониҳо дар ҳарду кооператив як хел аст, аммо ин ҷо гап сари ҳуқуқи аъзоёни хоҷагӣ меравад, ки намехоҳанд аъзои дигар кооператив шаванд. Ба гуфти муроҷиаткунандагон Пиримқулов Сатторқул (ҳоло номашро Сатторқулов Орзуқул кардааст), раиси хоҷагии деҳқонии “Басида” бо истифода аз одамони дар МИҲД ва прокуратураи ноҳия вазифадор, саҳмдорони кооперативи истеҳсолии ба номи “А.Навоӣ”-ро маҷбур карда истодааст, ки аъзои х/д “Басида” шаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 9 адад х/д бо кооперативи истеҳсолии ба номи “А.Навоӣ” шартномаи иҷораи заминро ба муддати 10 сол бастаанд, ки соли 2031 шартномаи онҳо ба охир мерасад. Аммо дар соли 2022 сардори хоҷагии “Басида” ба заминҳои кишт ва дарахтони мевадеҳу сояафкани онҳо чашм ало карда, боиси сарсонии беш аз 450 нафар саҳмдорон шуд.

Соли дуюм аст, ки заминҳои кишт бекор хобидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Президенти мамлакат дар ҳар баромади худ таъкид мекунанд, ки “ҳар як ваҷаб замин бояд самаранок истифода шавад”. Гап сари заминҳое меравад, ки хоҷагидорон то соли 2031 шартнома доранд, аммо соли 2022, яъне нӯҳ сол пеш аз ба охир расидани шартнома наметавонанд аз он истифода кунанд.

Худи Мустафоқулов чӣ гуфт?

27-уми феврал зимни сӯҳбат бо мо Мустафоқулов Темур, ки ҳоло номашро Сатторқулов Орзуқул кардааст, чунин гуфт: “Мо аз рӯйи қонун амал кардем, заминро сертификат карда гирифтем. Аслан фарқ миёни КИ “А.Навоӣ ” ва КИ “Басида” дар масъалаи пардохти андоз ва дигар хизматрасониҳо нест. Ин ҷо мушкили асосӣ мухолифати як гурӯҳ аъзоёни КИ “А.Навоӣ” аст…”

Вақте аз Мустафоқулов сабаби дунома буданашро пурсон шудем, ҷавоб дод, ки гӯё барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан номашро дигар кардааст. Аммо аз рӯйи баъзе далелҳо ва гуфтаи ҳамдеҳагонаш, замони дар идораи замини ноҳия кор кардану даст заданаш ба ҷинояти коррупсионӣ зарурати дигар кардани ному насабаш ба миён омадааст.

Далелҳое, ки Мустафоқулов ва сокинони деҳаи Ҳазорчашма ба мо дастрас карданд, одамро ба гумроҳӣ мебаранд. Зеро ҳарду ҷониб дар даст ҳуҷҷат доранд. Яке шартнома ба мӯҳлати 10 сол дорад, ки он то соли 2031 давом мекунад, дуюмӣ сертификати замин… Ин духӯрагӣ боис шудааст, ки аҳли як деҳа имрӯз аз муҳити орому дӯстона ба бадбинию душманӣ гузаранд.

Ҳамроқулов: Ягона умедамон ВАО аст. Агар нашуд, ба қабули Пешвои миллат меравем!

Саодат Гулмуродова, собиқ омӯзгор бо чашмони ашкбор гуфт:

– Мо ба қонун ва адолати судӣ бовар доштем, аммо афсӯс боварии моро дар ноҳия куштанд. Магар зӯри қонун ба як нафар намерасад? Мустафоқулов Темур, ки аз ҷониби мақомоти коррупсия баъди ошкор шудани ҷиноятҳои коррупсиониаш аз вазифаи муовини раиси кумитаи замини ноҳия сабукдӯш шуд, ҳоло номашро Сатторқулов Орзуқул карда, боз даст ба тасарруфи моликияти давлат, аз ҷумла замин, чоҳҳои амудӣ, ки бо пули халқ кофта шудаанд ва анбору дигар моликият мезанад.

Маҳмуд Ҳамроқулов низ хоҷагидори коооперативи истеҳсолии ба номи “А.Навоӣ” буда, дилаш ба дарахтони ғарқи гулаш, ки аз ҷониби масъулини экологияи ноҳияи Деваштич иҷозаи буридан дода шудааст, месӯзад. Ҳамроқулов гуфт:

– Мо дар даст шартнома дорем, ки мӯҳлати он 10 сол, яъне то соли 2031 аст. Мо бо умед ба ин заминҳои иҷора бо нархи гарон ниҳол харида шинонида будем, ки мевадеҳ шаванду ҳосилашро фурӯхта, зиндагиамонро пеш барем. Аммо дарахтони нав ба ҳосил даромадаи моро бо баҳонаи ба ким-кадом қисми низомӣ лозим шудани сӯзишворӣ бурида рафтанд. Ҳатто пеш аз буридан моро огоҳ накарданд. Зиёда аз 70 адад дарахтони мевадеҳу сояафканро аввали баҳори соли 2022, замоне, ки сабз буданд, буриданд. Ин ба кадом қонун мувофиқ аст?

Соли 2022-2023 даҳҳо гектар аз дасти баҳсҳои судӣ ва нофаҳмӣ аз кишт берун монданд. Ду рӯз пас мавсими кишт оғоз мешавад, мо чӣ кор кунем? Доди моро кӣ мешунавад? Кӣ аз рӯйи адолатии воқеии судӣ масъалаи моро баррасӣ мекунад? Наход 40-50 нафар шуда даҳҳо бор ба ҳукумати ноҳия, прокуратураи ноҳия ва вилоят, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Суди иқтисодии вилоятӣ равему як додрасе ба доди мо набошад? Наход имрӯз “беодам” ва бепул бошӣ, баробар ба мурдаи қабристон ҳисоб кунанд? Ягона умедамон ВАО аст, ки тариқи он мушкили мо ба гӯши мақомоти болоӣ мерасад. Агар ВАО ҳам таъсиргузор нест, ягона роҳи мо ба қабули Пешвои миллат рафтану арзамонро гуфтан аст. Зеро ба Пешвои одилу оқили миллатамон боварӣ дорем.

Қарорҳои аҷаб, якум сол содир мешаванд, дуюм сол аз ҷониби худи раис бекор…

Як гурӯҳ хоҷагидорони деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич соли дуюм аст, наметавонанд дар заминҳои кишоварзии худ кишт кунанд. Зеро заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Хайруллобобо», «А.Навоӣ», «Ботурбобо», «Мирзоназарбобо», “Раҳимов”, “Аҳмадбек-Ӯртақурғон”, “Аминов”, “Сомониён” ва ғайра бо қарорҳои раиси ноҳияи Деваштич, таҳти №146 аз санаи 26-уми феврали соли 2018 «Дар бораи вобаста намудани “Қиъаи замин” бо масоҳати 8,32 га.” ғайриқонунӣ ба хоҷагии деҳқонии «Басида» вобаста карда шудаанд. Инчунин, аз санаи 28-уми декабри соли 2022 қарори раиси ноҳияи Деваштич «Дар бораи додани қитъаи замин» бо масоҳати 51,34 га ба хоҷагии деҳқонии «Басида» имзо шудааст. Аммо пас аз муддате боз бо қарори раиси ноҳияи Деваштич, таҳти №62 аз санаи 24-уми январи соли 2022 «Дар бораи ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замини худсарона ишғолгардида» баромад ва боиси сарсонии беш аз 450 нафар саҳмдорон шуд. Хоҷагидорони зикршуда, комилан ин қарорро ғайриқонунӣ медонанд ва барои ин асосҳои хаттӣ дар даст доранд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори раиси Ғончӣ (он замон Ғончӣ буд ҳоло Деваштич) аз 24-уми июни соли 1997 таҳти №132 дар заминаи хоҷагии ҷамоавии истеҳсолии “А.Навоӣ” Кооперативи истеҳсолии «А.Навоӣ» ташкил шудааст.

Бо қарори раиси ноҳияи Ғончӣ аз санаи 25-уми августи соли 2005 таҳти №318 “Оиди таҳти таҷдид додани Кооперативи истеҳсолии “А.Навоӣ” дар заминаи он ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ”, 9 (нӯҳ) хоҷагии деҳқонӣ: «Хайруллобобо», «А. Навоӣ», «Ботурбобо», «Мирзоназарбобо», “Раҳимов”, “Аҳмадбек-Ӯртақурғон”, “Аминов”, “Сомониён” ва “Ӯртақурғони Ғончӣ” масоҳати 157,34 га. қитъаи замини дар мувозинати хоҷагии деҳқонии «А. Навоӣ» шинонида шуда буд.

Кадом мақомдор чӣ гуфт?

Баъди арзу шикояти даҳҳо нафар хоҷагидорони КИ “А.Навоӣ” санаи 5-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ мо ин муамморо ба раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода баён кардем. Номбурда дар посух гуфт, ки то имзои раис дар зери он қарорҳо аз нуқтаи назари 8 комиссия ва ҳуқуқшиносон мегузаранд. Илова бар ин, дар посухи хаттие, ки пас аз нишаст дастраси мо шуд, гуфта шудааст, ки масъалаи мазкур дар баррасии Суди иқтисодӣ қарор дорад. Дар ин нишаст масъулини экологияи ноҳия ва муовини раиси ноҳия гуфтанд, ки дарахтон ҷавон бошанд ҳам, ҳосилхез набуданд, барои ҳамин буридаанд.

Рӯзи 9-уми феврал дар нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд низ бурида шудани дарахтони ҷавон ва сабз дар деҳаи Ҳазорчашма мавриди саволу ҷавоб қарор гирифт. Муовини сардори Сарраёсат Ҷаъфар Ғафуров гуфт, ки аз қазия огоҳ аст, аммо иҷозаро экологияи ноҳия додааст ва салоҳият ба зиммаи ӯст.

Рӯзи 15-уми феврал раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд, гуфт ки дар ҳақиқат як гурӯҳ сокинони деҳаи Ҳазорчашма шикоят кардаанд, ба шикояткунандаҳо масъулини суд тартиби дурусти шикоятро фаҳмонидаанд, аммо бенатиҷа.

16-уми феврал дар нишасти матбуотии Прокуратураи вилояти Суғд аз натиҷаи шикояти саҳмдорони КИ “А.Навоӣ” пурсон шудем. Прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода гуфт, аз шикояти онҳо огоҳ аст ва масъулини ниҳодашро ӯҳдадор кард, ки масъаларо дида бароянд ва натиҷаи онро ба таври хаттӣ ба мо дастрас кунанд. (натиҷаи санҷишро баробари дастрас кардан огоҳ хоҳем кард)

Хулоса, соли сеюм аст, ки саҳмдорони КИ “А.Навоӣ” сарсон буда, бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Борҳо ба раиси ноҳияи Деваштич, прокуратураи ноҳия ва вилоят, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҷиҳати нобудкунии дарахтони ҷавон ва сарсабз, Суди иқтисодии вилоят ва дастгоҳи Президенти кишвар аризаҳо кардаанд. Вале бо сабабҳои номаълум ду сол аст, ки ҳак ба ҳакдор намерасад ва дар натиҷа даҳҳо гектар замин аз кишт берун монда истодаанд.

Фарзона МУРОДОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь