Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба зан – модар ва бузургдошти ӯ дар ҳама давру замон аз суннатҳои неки мардуми мо ба шумор меравад. Пӯшида нест, ки дар сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми зан аз масъалаҳои меҳварӣ ва муҳим маҳсуб шуда, бонувони сарбаланди мамлакат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона иштирок менамоянд. Хусусан талошҳои бонувони фаъоли шаҳри Левакант баҳри муҳайё сохтани зиндагии арзанда барои худашон ва мардуми сарбаланди тоҷик лоиқи ситоиш аст.
Ба гуфтаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Нуқра Халилова, “саҳми занони фаъоли шаҳри Левакант дар соҳаҳои мухталифи шаҳр назаррас буда, бонувони шаҳри Левакант имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр кору фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии занон 14079 нафар занони қобили меҳнат, 78 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 15 нафар хизматчиёни давлатӣ, 491 нафар дар соҳаи маориф, 510 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 1828 нафар дар соҳаи кишоварзӣ, 6 нафар дар фаъолияти бонкӣ, дар соҳаҳои фарҳанг, коммуналӣ ва почта 73 нафар кору фаъолият менамоянд. Инчунин, 12 нафар зан раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, дар давраи ҳисоботӣ 10 нафар занон узви ҲХДТ гардидаанд”.
– Ҷиҳати андешидани тадбирҳои амалӣ баҳри ҷалби бештари занон ба хизмати давлатӣ имрӯзҳо дар шаҳр 42% занон дар хизмати давлатӣ кору фаъолият доранд. Шумораи занони намояндагони Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ 1 нафар, вакилони шаҳрӣ 15 нафар ва вакилони ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат»-у «Гулистон» 17 нафарро ташкил медиҳанд. Дар шаҳр 15 муассисаи таълимӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 12787 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз ин 6178 нафарашонро духтарон дар бар гирифта, дар соли хониши 2020-2021 фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот 95%-ро ташкил медиҳад. Тибқи квотаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 38 нафар ҷавондухтарон дар муасссисаҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар таҳсил доранд. Дар соли хониши 2019-2020-ум 7 нафар донишҷӯдухтарон тибқи квотаи Президентӣ донишгоҳҳоро хатм намуда, дар соҳаҳои мухталифи шаҳр кору фаъолият карда истодаанд,- афзуд ӯ.
Муовини раиси корхонаи фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Левакант Хайринисо Сармисоқова мегӯяд, ки дар корхонаи мазкур 80 фоизи кормандонро занон ташкил медиҳанд: “Суҳбатҳои ман бо занон хеле ошкоро аст. Мавзуҳои суҳбатҳо масъалаи оила, кор, фарзандон ва ғайраро дар бар мегиранд. Зан муқаддас аст. Зан чароғи хонадон аст. Роҳбар пеш аз ҳама бояд аввал худаш барои ҳамагон намуна бошад. Дуввум, роҳбар бояд дарди дили ҳар як нафареро, ки ба наздаш меояд, чӣ зан бошаду чӣ мард, дарк карда тавонад ва бо шаҳрвандон муносибати хуб дошта бошад. Роҳбар набояд дағал бошад. Аз ҷониби роҳбарият корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд гузаронида шавад. Маслиҳатҳои хубу муфид додан даркор, то мушкили шаҳрвандон роҳи ҳалли худро пайдо кунад”.
– Дар маҷмуъ, мо 113 нафар коргар дорем. Аз онҳо 80 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Дар муҳосибот ва бахши кадрҳо кормандон аз ҳисоби занон мебошанд. Инчунин, занон дар корҳои хоҷагидорӣ низ саҳм доранд. Дар баробари корҳои тозагиву ободонӣ ҳамарӯза мо корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти тарбияи фарзандон, масъулияти падару модар пеш мебарем. Аз соли 1998 дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант ҳамчун коргузор фаъолият кардам, 21 сол таҷрибаи хизматчии давлатӣ дорам. Дар соҳаҳои гуногун кор ва фаъолият кардаам. Аз ҷумла, дар ҳамин ҷамоат аз коргузор сар карда то мутахассиси пешбар, сармутахассис дар самти омор, сармуҳосиб кору фаъолият кардам. Соли 2011 раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» таъин шудам ва 8 сол кор кардам. Аз соли 2019 дар корхонаи фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба ҳайси муовини раис кор карда истодаам. Ман ки худам зан – модар, вакили халқ аз ҳавзаи рақами 1 мебошам, чунин ақида дорам, ки модар ба фарзандаш бояд тарбияи хуб диҳад. Аввал худаш бояд намуна бошад барои фарзандонаш. Бояд фарзандонашро соҳибмаълумот кунад ё ин ки ягон ҳунарро омӯзонад. Фарзандони ман низ соҳиби маълумот мебошанд. Аз зани бомаърифат фарзандони соҳибмаълумот ба воя мерасанд. Ба ҳамаи бонувони тоҷик пеш аз ҳама соломатӣ, хушбахтӣ, хонаободӣ, сарбаландӣ, ба ҷавонон оилаи солим барпо карданро таманно дорам ва тинҷиву оромиро мехоҳам,- афзуд ӯ.
Зимнан, мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Фирӯза Набиева зикр намуд, ки “имрӯзҳо дар қаламрави шаҳри Левакант сафи занони соҳибкор зиёд шуда истодааст. Аз рӯйи маълумотҳои мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ айни замон дар шаҳр 304 нафар занони соҳибкор ба воситаи патенту шаҳодатнома фаъолият карда истодаанд, ки аксарияти онҳо ба хариду фурӯши чакана ва хизматрасонӣ машғул мебошанд”.
– Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар занони соҳибкор барои сайқал додани самти соҳибкорӣ барои ноил шудан ба Гранти раиси вилояти Хатлон лоиҳаҳои худро барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пешниҳод намудаанд ва айни замон як нафар зани ҳунарманд, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», деҳаи Зағертут Саидова Гулчиной барои гирифтани гранти Президентӣ бо пешниҳоди лоиҳаи «Сабадбофӣ» дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ноил гардидааст,- афзуд ӯ.
Муовини директори силсиланерӯгоҳҳои барқӣ-обии Вахш дар шаҳри Левакант Умеда Хайруллоева зикр намуд, ки “тӯли 4 сол боз ман дар ҳамин самт фаъолият карда истодаам. Дар аввал ба ҳайси муҳандис дар хадамоти истеҳсолоти техникӣ, баъдан аз соли 2016 ҳамчун муовини директори нерӯгоҳ фаъолият карда истодаам. Нерӯгоҳи мо зиёда аз 50 сол мешавад, ки фаъолият мекунад. Он бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18-уми ноябри соли 2016 ташкил шудааст. Корҳои азнавбарқарорсозии нерӯгоҳ оғоз гардида, то ҳол идома доранд. Мо бо ширкатҳои хориҷии бонуфуз, масалан бо Чин ҳамкорӣ дорем. Ҳамзамон, бо ширкатҳо аз Туркия низ ҳамкорӣ менамоем. Зиёда аз 3 сол мешавад, ки бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ карда истодаем. Мо ду неругоҳи барқӣ дар Вахш низ дорем, ки онҷо ҳамагӣ 220 нафар фаъолият мекунаду 31 нафарашон бонувон мебошанд. Бонувон ҳам дар корҳои техникӣ ва ҳам дар корҳои ғайритехникӣ фаъолият мекунанд”.
– Роҳбар бояд пурмасъулият бошад. Нафаре, ки масъулиятро дарк мекунад, метавонад роҳбар бошад. Ман ки худ як зани ҷавон ҳастам, баъди хатми донишкада омада дар худи ҳамин нерӯгоҳи барқӣ-обии Вахш кору фаъолият намудам. Дар корхонаи саноатӣ фаъолият кардан барои ҷавондухтарон боиси ифтихор аст, зеро дар баробари мардон фаъолият мекунанд. Дар тӯли ин чандин сол ман худро як зани қавиирода ҳис мекунам. Ба ҳама сахтиҳои корхона нигоҳ накарда, мо – занон кори худро идома дода истодаем,- афзуд ӯ.
Ба қавли мавсуф, “зан пеш аз ҳама модар аст. Зан офаридгори ҳаёт аст. Модар – ин фаришта аст. Аз ҳамаи ҷавондухтарон хоҳиш менамоям, ки пеш аз ҳама таҳсил кунанд. Соҳиби маълумоти олӣ бошанд. Баъдан, дар кору фаъолияте, ки оғоз менамоянд, қавииродаву устувор бошанд. Имрӯзҳо модарони мо дар баробари мардон фаъолият карда истодаанд. Шахсан модари ман зиёда аз 48 сол мешавад, ки кор карда истодаанд. Гарчанде дар нафақа ҳам бошанд, то ҳол кор мекунанд”.
Гулчиной Саидова ҳунарманди сабадбофест, ки тӯли 3 сол боз ба ҳамин ҳунар машғул мебошад. “Ман худ дар оилаи ҳунарманд ба воя расидаам. Вақте ки келин шуда омадам, хусурам барои кабк ва моҳигирӣ сабадҳо мебофт”,- гуфт ӯ.
– Мо ҳунармандонро бисёртар раиси шаҳр дастгирӣ мекунад. Мо ҳунармандон дар навбати худ дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дасти худро ба маърази тамошо мегузорем. Ман лоиҳаи худамро барои гирифтани гранти Президентӣ пешниҳод намудам. Хушбахтона, соҳиби грант шудам. Маблағҳоро барои дастрас намудани химча сарф кардам. Химчаҳоро асосан барои сабадбофӣ истифода мебарам. Онҳо асосан аз адир, аз дарахтони шулаш, бодом, анор гирифта мешаванд. Беҳтарин химчаҳо барои сабадбофӣ – ин химчаҳои шулаш ва бодоми адир аст. Аз тарафи маркази калонсолони шуғли аҳолӣ 15 нафар духтаронро тайёр кардам. Ҳунари сабадбофӣ хеле душвор аст. Ин кори химча аст, ришта нест. Лекин шогирдонам ҳунари сабадбофиро аз худ карданд. Асосан мушкили ман – ин пайдо кардани химча аст. Дигар ягон мушкилӣ надорам. Ман бештар сабадҳои калони нонгирӣ барои кулчагирӣ, мевагирӣ, кузаҳои калони 1-метра, сабадҳоеро, ки бештар барои арӯсон мегиранду дохилаш атриёт мегузоранд, омода мекунам. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки ҳунарҳои аҷдодони мо аз нав эҳё шуд. Ман миннатдории худамро ба раисҷумҳур ва раиси шаҳри Левакант мерасонам,- афзуд мавсуф.
Дар ҳамин ҳол, мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Фирӯза Набиева зикр намуд, ки “дар арафаи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз дар даромадгоҳи шаҳр «Бозори ҳунарҳои мардумӣ» бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, алалхусус чакандӯзӣ ва гулдӯзӣ, пешниҳоди тамоми намудҳои таомҳои миллӣ ва нонӣ аз тарафи сокинони ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат», «Гулистон» ва шаҳрак доир карда шуд, ки дар он ҳунармандон ва кадбонувони шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан, арҷгузорӣ ба расму оинҳои миллӣ, мероси ниёгон, дарёфти чеҳраҳои нави зебо ва бо мақсади аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ ҳунармандони шаҳри Левакант дар «Иди Садда» ва фестивали вилоятӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар шаҳри Бохтар ва дар Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ – рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ», ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд”.
– Тибқи ҳисоботҳои мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар давраи ҳисоботӣ ба воситаи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» 105 нафар занони хонашин ва ҷавондухтарон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, аз қабили «Дӯзандагӣ» (45 нафар), «Зардӯзӣ» (15 нафар), «Бофандагӣ» (15 нафар), «Қолинбофӣ» (15 нафар), «Ҷуроббофӣ» (15 нафар) ҷалб гардида, 322 нафар занони хонашин бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, азхудкунии ҳунарҳои дӯзандагӣ, тарроҳӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ маҳфилҳо доир шудаанд, ки дар маҳфилҳои «Бофандагӣ» 30 нафар, «Чакандӯзӣ» 30 нафар, «Гулдӯзӣ» 30 нафар ҷавондухтарон ҳунаромӯзӣ кардаанд,- афзуд ӯ.
Яке аз бонувони ботаҷрибаи соҳаи маориф Степанова Жанна мебошад, ки аз соли 1963 то инҷониб омӯзгори фанни биология ва география дар МТМУ №2-и шаҳри Левакант аст. Мавсуф ягона омӯзгори русзабон дар шаҳри Левакант мебошад. Ин бонуи русзабон касби интихобкардаашро хеле дӯст медорад. Ҳамеша дар тарбия ва таълими фарзандони халқи тоҷик саҳмгузор аст. Омӯзгорро ҳама волидон ҳурмату эҳтиром менамоянд. Муаллима дорои унвони илмӣ буда, бо мукофотҳои давлатӣ низ қадрдонӣ гаштааст.
Ба гуфтаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Нуқра Халилова, “бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант фаъолияти худро тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, амру фармонҳо, қарорҳои раиси шаҳр, Низомнома ва нақшаи кории бахш роҳандозӣ намуда, минбаъд низ ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад”.
Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ