Кормандони барқи шаҳри Панҷакент ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ва Рӯзи ҷаҳонии исттеъмолкунандагонкашфиёт”-и нодиру нестам дар ҷаҳонеро ихтироъ ва миёни истифодабарандагони барқ дар шаҳру деҳот ҷорӣ намудаанд, ки ба гуфтаи бобои Мундонӣ сазовори мукофоти Нобелӣ будааст.

Инҷо Мундонӣ чӣ дахл дорад, мегӯед?! Ҳамаи гап ҳам дар ҳаминдия. Зеро бобои Мундонӣ ба ин шаҳри қадимаи ба қавли мардумаш Панҷекати бостон ба меҳмонӣ омадаву аз ин “кашфиёти” роҳбарони шабакаҳои барқ огаҳӣ ёфтааст.

Чи хел огаҳӣ ёфтааст, мегӯед?! Ҳе, ин сир хеле дурмадарозу аммо ба қавли бобо, ки шабҳо бехобӣ мекашидааст, ана ҳамин бемории бехобиаш ба ӯ кумак кардааст то аз сир огаҳ шавад. Ба гуфтаи ӯ нимашаби дар хонае, ки меҳмон буд, ба ногоҳ садое чун тақ-тақи дар баланд шудааст. Ӯ аз ин тақ-тақ дар ҳайрат шуда, гумон кардааст, ки дар назараш чунин метобад. Аммо боз ин садо баландтар шудаву бобо аз ҷояш ба шаст хеста, ҷониби дар меравад ва гӯш меандозад, ки онҷо ҳеҷ садое несту вале тақ-тақ ҳамоно шунида мешавад. Дар ин нимашаб ин кӣ бошад гуфта садоро бе шарфаи пой думболгирӣ мекунад, то ки соҳибони хона бедор нашаванд.

Бобои Мундонӣ гуфт, ки баъди синчакорона гушкардани садо он маро рост ба ошхона ба назди яхдон бурду ҳолати онро дида, шах шудам.

Зеро аз яхдон садои аҷибе мебаромад. Садо гоҳе фашшш – фис гоҳе данг – данг кардаву боз мисли тақ -тақи дар мешудааст. Хулоса ин амал давом карда аз дохили яхдон об мерезад.

Бобо мегӯяд ин ҳолатро дидаму яхдонро хомушу анҷомашро ба берун бароварда мондам. Баъд номаълум ба ҷои хобам рафта худро ба хоб задам.

Вақте ки саҳар соҳибони хона ба ошхона даромадаву ҳолати хяхдону анҷомҳои онро дида дар ҳайрат мондаанду гумон кардаанд, ки дар хонаашон кадом қувваи ноайёне, яъне ҷин пайдо шудаасту ин амалро анҷом додааст.

“Аз ин гуна ҳолат гирифтани воқеа бачаҳо тарсиданду занҳои хона ба миш-миш даромаданд,”- мегӯяд бобо.

Бобои Мундонӣ дидаст, ки ҳодисаро нагӯяд намешавад. Асли воқеаро ба соҳибони хона мегӯяд ва баъд онҳо хотирҷамъ шудаву барои таъмири яхдон усто ҷеғ мезананд.

Усто омада ҳолати кори яхдонро санҷида, гуфтааст, ки ин айби яхдон нест айби шиддати пасти барқ аст, ки ба ҷои 220 волти меъёрӣ 110-120 волт меомадааст. Ана баъд мошини ҷомашуияшонро низ якбора дида, гуфтааст, ки он ҳам аз ҳисоби пасту баланд шудани барқ кадом дастгоҳаш сӯхтаасту то замоне, ки барқи мёъёрӣ наояд ин дастгоҳҳо муътадилу бардавом кор нахоҳанд кард.

Чун бобои Мундонӣ ин гапҳои усторо шунидааст ба соҳибони хона гуфтааст, ки барқчиёни шабакаҳои барқи Панҷакент медонед “кашфиёт”-и нав кардаанду “дар таърих номи худашонро гузоштанианд”. Яъне онҳо “экспримент” карда барқи шиддаташ аз рӯи меъёр муқаррашуда яъне 220 волтро ба 100-110 ё каму зиёд карда ба мардум додаанду дидаанд, ки истеъмолкунандагон хомӯшанд, онро таври доимӣ ҷорӣ намудаанд.

Аз рӯи мушоҳидаҳо бо сад баҳона трансформаторҳои камқувватро бе пул ба пуриқтидор иваз намекардаанду “ба ҳаминаш ҳам шукр кунед”- мегуфтаанд. Боз ба болои сӯхта намакоб гуфтаги барин, аз ҳамин тарансфарматорҳои кӯҳнаву камқувват ба соҳибкорони хонасоз ҳам иҷозат медодаанд, ки истифода баранд.

О, баъд ба гуфти бобои Мундони бо ин гуна барқи нимҷон ҳатман асбобҳо месӯзанду оби тефалҳо намеҷӯшанд ё дастгоҳҳои гармидиҳи ниммурда шуда кор мекунанд.

Бобои Мундонӣ ҳангоми меҳмониаш боз дарёфтааст, ки як идораи калону пешқадами шабакаҳои барқ барои водии Зарафшонро бо амри ба қавли барқчиён “калонҳо” чаппа намуда, ҷилави роҳбариашро ба барқчиёни идораи барқи шаҳри Истаравшан додаанд. Ана баъд кори идораву барқчиени шаҳри бостонии Панҷакентро бало задааст.

Бобои Мундонӣ баъди ин дидаву шунидаҳояш мегӯяд, ки мақсад дорад, ки ҳоло мақсад дорад бо як мактуби чор кас мидидагӣ ин “кашфиет”-и барқчиёни Панҷекентро бо дигар усулҳои навашон барои гирифтани “МУКОФОТИ НОБЕЛӢ” ба ниҳоде, ки ин мукофотро медиҳад, пешиҳод хоҳад кард.

Сайёҳи РАҲГУЗАР,

махсус бароиФАРАЖ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь