Шикотятҳо дар мавриди хомӯш кардани барқ дар ин фасли гармо қариб, ки аз аксар гушаву канори кишвар садо медиҳад. Мардум аз лимит мегӯянду масъулин ба ин ҳодисаҳо ҳеҷ вокунише нишон намедиҳанд. Моҳе қабл раиси яке аз деҳаҳои ноҳияи Деваштич дар бораи аз сабаби бе огоҳӣ хомӯш шудани барқ, сӯхтани якчанд насосҳои обкашӣ шикоят карда буд.

Ӯ дар шикояти худ гуфт, ки аз сабаби он, ки бидуни ягон огоҳие барқро ҳар замон хомӯш мекунанд, насосҳо аз ин ҳисоб корношоям мегардад.
Ин аввалин ё охирин шикояте нест, ки мардум аз набудани барқ шикоят бурда бошанд.
Сокинони деҳаи Каҷровути ноҳияи мазкур низ аз сабаби набудани оби полезӣ бо пули худ дуто чоҳи амудӣ кофтанд то заминҳояшонро аз беобӣ наҷот диҳанд. Вале ин амал низ натавонист ба онҳо кӯмак кунад. Чун дар ин деҳа низ ҳарзамон барқ хомӯш мешаваду чоҳи амудӣ бидуни барқ наметавонад обро ба берун кашида барорад. Ҳар замон хомӯш намудани барқ сокинонро нигарон намудааст ва онҳо намедонанд чи гуна пеши роҳи ин амалро гиранд. Чун аз Шабакаҳои тақсимоти барқи маҳаллӣ наметавонанд ҳолати мазкурро шарҳ диҳанд. Яке аз сабабҳои бисёр хомӯш шудани барқро дар ноҳияи мазкур масъулин ба вайрон шудани трансформатори воқеъ дар манотиқи Чорбоғ рабт медиҳанд. Ба гуфтаи масъулин аз сабабе, ки трансформатор сӯхтааст дигар трансформаторон наметавонанд мардумро пурра бо барқ таъмин намоянд. Аз ҳамин сабаб онҳо маҷбур мешаванд, ки деҳаҳои гирду атрофро бо навбат бо барқ таъмин намоянд. Як сол мешавад, ки масъулин ваъдаи таъмири трансформаторро медиҳанд.

Аз шикоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон пай бурд, ки мушкили набудани барқ натанҳо дар ноҳияи Деваштич, балки дар дигар ноҳияҳо низ ба чашм мерасад. Сокинон ҳамарӯза аз хомӯш шудани барқ дар маҳалли зисташон хабар медиҳанд.

Дар ниҳоят Аъзам Ализода раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни нишасти матбуотии хеш, ки пайи ҷамъбасти нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид аз бе огоҳӣ хомӯш намудани барқ дар ноҳия изҳори нигаронӣ намуд. Ализода дар нишасти хабариаш вобаста ба хушк шудани ҳосил ибрози назар намуда гуфтааст, ки ғайр аз нокифоя будани об инчунин бидуни огоҳии пешакӣ хомӯш намудани барқ низ яке аз мушкилот  ва сабаби хушк гардидани ҳосил дар ноҳия гардидааст. Аъзам Ализода таъкид кард, ки то ҳол маълум нест, ки кадом навъи ҳосил талаф шудааст ва беобӣ то куҷо боис шудааст. Гурӯҳи корӣ дар тирамоҳ хисороти расидаро ҳисоб мекунад. Ӯ гуфт дар натиҷаи хомӯш намудани барқ насосҳои обкашӣ аз кор баромадаанд, ки ин сабаби ба беобӣ оварда расонидани кишт гардидааст.

«Кормандон мушкили насосҳоро ҳал карданд, вале пас аз ду соат бар асари қатъи такрории барқ ​​насосҳои дигар сӯхтанд. Мо ҳатман зиёнро ҳисоб мекунем ва бигзор энергетикҳо ба деҳқонон зарари расидаро ҷуброн кунанд”, – гуфт Аъзам Ализода.

Дар “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки корхонаи мазкурро ба се корхонаи мустақил – ҶСК, ҷудо кардаанд. Барқи тоҷик бо неругоҳҳо сару кор дорад. Таъмини барқ, куштану додани барқ кори ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”. Ин идораи мустақил аст. Шабакаҳои барқи ноҳияҳо тобеи он аст.

“Раиси муҳтарами ноҳия низ бояд зарарашонро аз онҳо талаб кунанд” – гуфтанд дар “Барқи тоҷик”.

Ин нахустин ҳодисаест, ки раиси ноҳияе барои куштани барқ ва расидани зарар ҷуброн талаб кардан мехоҳад.

Бахтиёр Раҳматуллоев, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь