Солҳои 70-уми асри 20 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити минтақаи Мискинободи ноҳияи Файзободро аз ҷиҳати сераҳолӣ буданаш ба назар гирифта, дар маркази деҳаи Мискинобод филиали корхонаи зарфбарории шаҳри Ваҳдатро ба маблағи зиёда аз садҳо ҳазор рубли даврони шӯравӣ сохта ба истифода доданд.

Рӯзи ба истифода додани филиали корхонаи зарфбарорӣ роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва ҷумҳурӣ ташриф оварда, лентаи ба истифода додани филиалро бурида, ҷамъомадагонро ба хотири ба истифода додани филиал табрик карданд. Пас аз анҷоми тантанаи идона филиал ба фаъолият шуруъ кард, ки бист нафар ҷавон, бонувону духтарон бо ҷои кор таъмин шуданд. Рӯзҳои аввал филиал даҳҳо номгӯй маҳсулот истеҳсол карда, ба марказҳои савдо баровард. Ҳамин ки дар мамлакат воқеаҳои нохуш сар заданд, ба қавле, пулдорону мансабдорон орзу доштанд филиалро харидориву аз худ кунанд.

Мирзоалӣ Болтуев ҳар гоҳе аз назди филиал мегузашт, оби даҳонаш шартӣ карда мерехту ба андеша фурӯ мерафт, ки “чӣ бояд кард, то корхонаи зарфистеҳсолкуниро аз худ кунад?”. Азбаски Мирзоалӣ Болтуев мансаб дошт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хоҳиши ӯро қонеъ карда, филиалро ба ӯ фурӯхтанд. Ҳамчунин, дар паҳлуи корхонаи зарфбарорӣ идораи ДЭУ ҷойгир шуда буд, ки онро ҳам аз худ карда, корхонаи геологҳоро ба даст даровард. Филиалро ба ҷои обод кардану мардумро ба кори доимӣ ҷалб намудан, валангор кардаву ба сари садҳо ҳазор рубли даврони шӯравӣ оби хунук рехт. Агар Мирзоалӣ Болтуев корхонаро обод мекарду даҳҳо нафар бо ҷои кор таъмин мегардиданд, кори хайру савобе мешуд.

Дар Мискинобод КВДТ-и ба номи А. Назиров ҷойгир аст, ки садҳо гектар боғи мевадиҳанда дораду ҳар сол зиёда аз садҳо тонна мева ҷамъоварӣ мешавад ва бештари он мепӯсад. Агар Мирзоалӣ Болтуев корхонаи зарфбарориро ба корхонаи коркарду меваю сабзавот табдил медод, даҳҳо нафар бо ҷои нави корӣ таъмин мешуданду ҳам ӯ фоида мегирифт ва ҳам коргарони истеҳсолгар.

Ҳокими САФАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь