Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таваҷҷуҳ ба ин соҳа сол то сол бештар мегардад. Ҳукумати мамлакат оммавияти варзишро таъмин намуда, тарзи ҳаёти солимро ташвиқ менамояд.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” дар заминаи собиқ Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, №97, таъсис дода шудааст. Коллеҷи мазкур муассисаи системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар МДТ “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ва фаъолияти варзишӣ омода менамояд. Айни ҳол дар Коллеҷи мазкур 350 нафар донишҷӯ (рӯзона 160 ва ғоибона 190 нафар) таҳсил менамоянд.
Хабарнигори МТЖТ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тадриси донишҷӯён ва дастоварду мувафаққиятҳои онҳо дар соли равон бо директори МДТ “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” номзади илмҳои педагогӣ, корманди шоистаи варзиши ҶТ, дорандаи Медали хизмати шоистаи варзиши ҶТ Бахтиёр Камолов суҳбат анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат донишҷӯён ва кулли шаҳрвандони кишварро бо 3 ҷашни муҳими давлатӣ: Рӯзи Конститутсия ҶТ, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моҳи ноябр ҷашн гирифта мешаванд, табрик гуфт ва сулҳу амнияти комилро дар фазои кишвар таманно намуд.
-Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” баҳри тайёр намудани мутахассисони зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ шароитҳоро барои рушду такомули касбӣ фароҳам оварда, зиёда аз 16 кабинети ҷиҳозонидашудаи фанниро, бо ҷалби 32 омӯзгори соҳибкасб, барои расидан ба ин мақсад сарҷамъ намудааст.
Дар Коллеҷ 3 омӯзгори дорои унвони номзади илм, 7 нафар дорои унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», 4 нафар дорои унвони «Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият доранд,-иброз дошт директори МДТ “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” Бахтиёр Камолов.
Кафедраҳо ва хобгоҳи донишҷӯён
Тибқи маълумот, қаблан дар Муассисаи мазкур се кафедра-фанҳои гуманитарӣ, фанҳои табиӣ-риёзӣ ва фанҳои тахассусӣ амал мекард, вале бо кам гардидани теъдоди донишҷӯён ва омӯзгорон бо қарори Шӯрои омӯзгорон ва фармоиши директори муассиса ду кафедра якҷоя карда шуда, кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ ташкил карда шуд. Кафедраҳо тибқи нақшаҳои корӣ фаъолияташонро идома дода, дар гузаронидани чорабиниҳои дохилитаълимгоҳӣ ва шаҳрӣ саҳми босазо мегузоранд.
– Шароити маишию манзилӣ барои донишҷӯён пурра муҳайёст. Муассиса дорои хобгоҳ барои донишҷӯён аст, ки аз 64 ҳуҷра иборат мебошад. Донишҷӯён аз толори хониш, ошхона ва ҳаммом истифода мебаранд,- гуфт Б. Камолов.
Мушоҳидаҳо низ нишон доданд, ки гирду атрофи бинои хобгоҳ гулкорӣ шуда, барои пурсамар гузаронидани вақти холигии донишҷӯёни дар хобгоҳ иқоматдошта, шароитҳои зарурӣ муҳайё аст. Утоқҳои хоби донишҷӯён, роҳравҳо ва намои берунаи хобгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, саҳни бинои хобгоҳ сафолакпӯш аст. Ҳамчунин, барои риояи гигиенаи шахсии донишҷӯён, баъди машғулиятҳои варзишӣ, утоқи дастурӯшӯӣ амал мекунад.
Китобхона
Бино ба гуфтаи директори Коллеҷ Б. Камолов, дар китобхонаи муассиса 12 ҳазору 428 китоб мавҷуд аст, ки китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ, дарсӣ, фанҳои тахассусӣ, фанҳои умумӣ-таълимӣ ва бадеиро ташкил медиҳанд. Инчунин, дар китобхона гӯшаи рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ ва оммавӣ, ки ба онҳо обуна шудаанд, амал менамояд ва устодону донишомӯзон аз ин гӯша истифода мебаранд.
-Дар муассиса Бахши идоракунии сатҳи сифати таҳсилот амал менамояд. Бо фармоиши директор Комиссияи идоракунии сатҳи сифати таҳсилот дар ҳайати 5 нафар таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Тамоми ҳуҷҷатҳои омӯзгорон аз қабили барномаҳои таълимӣ, лексияҳо ва истифодаи китобҳои дарсӣ зери назорати доимии комиссия қарор доранд. Дар муассиса бахши таҷрибаомӯзӣ амал менамояд, ки мувофиқи нақшаи таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ дар муассиса дар шаклҳои таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ дар ҳамаи бахшҳо ва ихтисосҳо гузаронида мешавад. Барои пурсамар гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён Коллеҷ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 12, 44, 34, 10, 62, 33, 81 ва литсейи №1-и шаҳри Душанбе шартнома ба имзо расонидааст. Инчунин, донишҷӯён дар асоси пешниҳоди дархост ба ҷойи зисташон низ сафарбар карда мешаванд,-гуфт Б. Камолов.
“Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст”
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муассиса ва дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодон ва донишҷуёни муассиса рӯзҳои шанбе дар Боғи ҷавонон машқҳои пагоҳирузӣ ва солимгардонӣ зери унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст” гузаронида мешаванд, ки барои таъмини оммавияти варзиш нақши муҳим мебозад.
-Умуман, дар ду моҳи гузашта бо теъдоди 500 нафар дар “Боғи ҷавонон” машқҳои пагоҳирӯзӣ ва тренкур-роҳгардӣ барои саломатӣ баргузор шуданд. Гузаронидани машқҳои пагоҳирузӣ, тибқи ҷадвали тасдиқгардида, зери назорати доимии роҳбарияти муассиса қарор дорад. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои кафедраи фанҳои тахассусӣ дар моҳҳои сентябр ва ноябр мусобиқа аз рӯи намуди волейбол, футбол ва гуштини миллӣ байни донишҷӯён гузаронида шуда, бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд,-гуфт директор.
Дастовардҳои варзишии коллеҷ
-Соли равон дар мусобиқаи кушод аз рӯи гуштини миллӣ миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ, бахшида ба 30- солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, донишҷӯи Коллеҷи мо Шопиров Сураҷ дар вазни 86 кг соҳиби ҷойи 3-юм гардид. Донишҷӯи бахши 2, гуруҳи 1 баъди таҳсилоти асосӣ, устоди варзиши байналмиллалӣ, иштирокчии Чемпионати Ҷаҳон дар шаҳри Бишкек Ҳасанов Абдураҳмон дар Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба гуштини дзю-до дар шаҳри Душанбе дар вазни 60 кг сазовори ҷойи дуюм гардид. Донишҷӯи бахши 2-юм, устоди варзиши байналмилалӣ, иштирокчии Чемпионати Ҷаҳон дар шаҳри Будапешт Гадоев Ардашер дар машқҳои дастҷамъона аз рӯи намуди шиноварӣ ҳамчун аъзои дастаи яккачини ҷумҳурӣ иштирок варзид. Инчунин, ӯ аз мусобиқаҳои байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон 3 медал ба даст оварда, дар Турнири байналмилалии Душанбе соҳиби 2 медал ва ҷойи 3-юм гардид. Гадоев Ардашер ҳамчунин, дар ҳайати якачини кишвар ба Бозиҳои 19-уми Осиёӣ дар шаҳри Хуанджои Ҷумҳурии Халқии Хитой сафарбар гардида, дар намуди варзиши шиноварӣ соҳиби ҷои 5-ум гардид. Қарчиева Шукрона дар мусобиқаи «Гран-слами Тошкент» дар ҳайати дастаи яккачини ҷумҳурӣ аз рӯи намуди гуштин иштирок варзид. Муҳаммади Асламхон, донишҷӯи бахши 3, гуруҳи 2, номзад ба Устоди варзиш, дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди «Футзал» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори ҷойи 3-юм гардид. Ӯ инчунин, дар мусобиқаи «Гран-Прии Душанбе» дар ҳайати дастаи яккачини ҷумҳурӣ аз рӯи намуди гуштини дзюдо, рӯзҳои 2 то 5-уми июни соли равон ширкат варзид. Дастаи мунтахаби муассиса дар мусобиқаи «Маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонон байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Донишҷӯи мо Ғафурзода Шуҳрат, ки аъзои дастаи яккачини ҷумҳурӣ низ ҳаст, барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба машқҳои дастаҷамъона сафар гардид. Омӯзгори фанни гуштин дар муассиса Гулбоева Фазилат, аъзои дастаи яккачини кишвар дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ дар шаҳри Хуанджои Ҷумҳурии Халқии Чин иштирок намуд,- дар фарҷоми суҳбат бо ифтихор аз мувафаққиятҳои донишҷӯёни “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” гуфт Б. Камолов.
PS: Ҳамчунин, МДТ “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи худро дорад, ки теъдоди обуначинаш 1450 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷониби масъул тариқи саҳифаи мазкур ҳамарӯза тамоми корҳои ба сомон расонидашуда ва чорабиниҳои гузаронидашуда инъикос карда мешаванд.
МТЖТ