(Ба муносибати 80-солагии доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов)

Миёни рушанфикрони арсаи илми имрӯзи тоҷик, ки бояд арзишҳои милливу шахсиятҳои миллиро ҳимоят кунанду осори онҳоро эҳё кунанд, устод Аскаралӣ Раҷабов дар сафи аввал қарор мегирад. Кору пайкори ин шахсияти миллиандеш сутуданист, зеро аз мусиқӣ то афкору осори фарҳангиву фалсафии миллиро аз қаъри таърих ковишу пажуҳиш карда, ба имрӯзиён ошно мекунад. Аз гузаштагони ҳунарофари худ мавсуф зиёд ифтихор мекунад ва мо ифтихори пурмағзро аз ин шахсият дарк кардем, чун аз фаъолияти пурбораш ҳувойдост, ки дар баробари нозишаш ба гузашта, эҷодиёти онҳоро хуб азхуд кардаву онро пажуҳиш кардаасту мекунад.

Махсусан устод Раҷабов хидмати бузурге дар пажуҳиши таърихи мусиқии миллӣ кардааст…

Дар шахси устод дарёфтем, ки шахс замоне худшиносу худогоҳ мешавад, ки дирӯзу имрӯзи миллати худро ба таври комил азхуд карда бошад. Профессор Раҷабов дар ҳар баромаду суҳбатҳои хеш бегонапарастӣ ва тақлиди фарҳанги ғайрро маҳкум мекунад ва далел ҳам меоварад, ки фарҳангу маънавиёти миллати мо он қадар ғанӣ аст, ки тамоми паҳлуҳои иҷтимоиву инсониро фарогир аст, айб аст, ки чунин фарҳангро пушти сар гузорему аз паси кӯчиёну биёбонгардҳо биравем.

Дар мавриди сахтгириҳояш ҳам тамоми шогирдону ҳамкоронаш “шикоят” мекунанд, ки серталаб ҳастанду кореро супориш доданд, пайваста пурсон шуда меистанд, ки кор дар чи ҳол ҳасту кай ба анҷом мерасад… Ин ҳам аз вижагиҳои устод ҳаст, ки вақте сари коре нишастӣ, боястӣ онро ҳар чӣ зудтар анҷом диҳӣ, на моҳу сол кашонӣ… Дар баробари серталабӣ устод Раҷабов корҳои сусту бемояро намепазиранд, такрор ба такрор таъкид месозанд, ки коратон бояд “фундаменталӣ” бошад, ғайри он қабул нест. Ҳамин тавр ҳам гаҳ-гоҳе рӯ ба рӯ шудем, пурсон мешавад устод, ки ба чӣ корҳо машғул ҳастӣ, агар ягон кори ба назари устод бебунёд гуфтӣ, тамом, бо як эҳсосе, ки дилаш ба илму ҳунар месӯзад, ба гуфтан шуруъ мекунад, ин корҳои беҳударо як сӯ гузор, корҳои бунёдӣ дар илми миллӣ зиёд дорем, сари он машғул шав, илми мо ниёз ба корҳои бунёдӣ дорад, на ба он корҳои беҳуда…

Воқеан, профессор Раҷабов ба танҳо корҳое анҷом медиҳад, ки шояд як иниститут анҷом дода натавонад.

Аксарияти ошнову ноошнои устод Раҷабов, дар ҳузуру ғоиб корномаҳои эшонро ситоишу васф мекунад.

Чунончи зимни суханронии худ дар конференсияи байналмилалии “Ташаккул ва пешрафти санъатшиносӣ дар Тоҷикистон”, ки моҳи майи соли равон ба муносибати 70-солагии таъсиси шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ баргузор шуд, Ҳунарманди Халқии ИҶШС устод Ҷӯрабек Муродов талошу хидматҳои мудири шуъбаи болозикр, профессор Аскаралӣ Раҷабовро тавсиф карда, чунин изҳор дошт: “Устод Аскаралӣ “Фидоӣ” ҳастанд, “Фидоии миллат”. Кафкӯбии пурмавҷи аҳли толор гувоҳӣ аз воқеӣ будани ин суханҳо медод…

Роҳи тайкарда ва кору пайкори доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов, ки инак дар остони 80-солагӣ қарор дорад, далели он аст, ки ӯ, воқеан ҳам, фидокорона умри пурбаракати худро сарфи хидмат ба илм, пажуҳиши осор ва рӯзгори чеҳраҳои фарҳангӣ ва ҳунарии миллати тоҷик кардааст.

Ӯ аз соли 1972 то имрӯз дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Аз соли 1999 мудири шуъбаи таърихи санъати институти мазкур мебошад. Ӯ аз муҳаққиқони сермаҳсули таъриху назарияи мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, инчунин мардуми Шарқ ба шумор меравад. Хидматаш дар таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти поягузори мусиқии форс-тоҷик Борбад хеле бузург буда, ташкилкунанда ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар мебошад.

Устод Раҷабов зимни маърузаҳо ва суҳбатҳо пайваста ин ҷумларо ёдовар мешавад: “Фарҳанг инсониятро наҷот медиҳад, агар инсоният фарҳангро ҳифзу ҳимоя кунад”. Ошноӣ бо китобу рисола ва мақолаҳои таълифкардаи устод ин нуктаро бозгӯ мекунанд, ки кулли осору пайкори мавсуф ба татбиқи ин андешаи созанда, бахусус, ба ҳифзу ҳимоя ва таҳқиқу муаррифии фарҳанги миллӣ равона гардидаанд.

Ба қалами устод Аскаралӣ Раҷабов зиёда аз 15 китобу рисола ва 550 мақолаи илмию оммавӣ, тақризу китобиёт мутааллиқанд, ки овардани номи якояки онҳо аз доираи имкони як мақола берун аст. Устод мураттиб ва муҳаррири чандин китобу рисола ва маҷмуаи илмӣ, аз ҷумла «Донишномаи Шашмақом», «Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик» (ба забони русӣ, дар чор ҷилд) ва ғайра аст. Тақиқоти илмии ин донишманди пуркори тоҷик дар кишварҳои зиёди хориҷӣ ба табъ расида, мавсуф дар чандин симпозиму конфронси минтақавию байналмилалии мусиқишиносон бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад карда, мусиқии миллатро муаррифӣ кардааст. Ӯ аз соли 1991 раиси Маркази илмии фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ (Борбад) буда, ташаббускор ва созмондиҳандаи чандин форум, симпозиум ва конференсияҳои байналмилалӣ оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад.

Бо талошу заҳамоти устод Аскаралӣ Раҷабов  Борбади Марвазӣ ба сифати асосгузори системаи мусиқии классикии   тоҷику форс шинохта шуда, доир ба зиндагӣ ва мероси ӯ зиёда 10 таҳқиқоти академӣ анҷом додаёфт. Инчунин Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар (Бунёди байналмилалии Борбад) таъсис дода шуд. Профессор Аскаралӣ Раҷабов барномарезу баргузоркунандаи даҳҳо конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ба ифтихори 1400-умин солрӯзи Борбад, 1000-умин соли сароиши «Шоҳнома», Соли  фарҳанги ориёӣ, 2700-умин соли сароиши  «Авесто», Соли  фарҳанги зардуштия, 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ, 545-солагии Камолиддин Беҳзод, 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ, 400-солагии Сайидои Насафӣ, 100-солагии оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ, ҳунарманд Туҳфа Фозилова, устоди ракс ва театр Ғаффор Валаматзода, академик Муҳаммад Осимӣ, 120-солагии асосгузори театри касбии миллии тоҷик Ҳомид Маҳмудов  ва ғайра  буда, таҳияи даҳҳо асари таҳқиқотии дастаҷамъии академӣ низ бо кӯшиши ӯ  таҳия ва нашр шудаанд. Профессор Аскаралӣ Раҷабов муаллифи барномаҳои таҷлили ҷашнҳои Ҳаким Тирмизӣ Авесто, Зиёдулло Шаҳидӣ,  Ғаффор Валаматзода, Сайидо, Муҳаммад Осимӣ ва ғайра барои ЮНЕСКО  низ мебошад.

Самти муҳимми фаъолияти илмии устод Раҷабов таҳқиқи эҷодиёти композиторони тоҷик дар самти проблемаҳои омӯзиши мероси мусиқӣ ва ирсияти суннатҳои иҷрокунандагӣ дар замони муосир мебошад. Дар мақолаҳои гуногуни устод эҷодиёти композитории Ш. Соҳибов, А. Солиев, Д. Дӯстмуҳаммадов, А. Ҳамдамов, З. Шаҳидӣ инъикос гардидааст. Аскаралӣ Раҷабов дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ дар Порис, Брюссел, Амстердам, Стокголм, Гамбург, Теҳрон, инчунин дар марказҳои фарҳанг ва санъати собиқ ИҶШС ва кишварҳои узви ИДМ (Москва, Санкт-Петербург, Самарқанд, Ереван, Боку, Тошканд, Бишкек ва ғайра) бо маърузаҳо баромад намудааст.

Устод Раҷабов таъкид мекунад, ки: “Бадбахтарин мардум он мардумест, ки арзишҳои таърихии фарҳангии хешро нодида гирифта,  диду маниши бегонаро ба сари халқи худ чун суннат ва арзишҳои дерин  таҳвил мекунад. Мо – тоҷикон аз қадимулайём табиатан мардуми шаҳрнишину зебоипарастем. Бояд бо тамаддуни шаҳрнишинӣ,  диди баланди зебоипарастӣ дар замони ҷаҳонишавӣ арзишҳои фарҳанги миллии худро аз таҳоҷуми фарҳангҳои ғайр ҳифз намоем”…

Воқеан ҳам, вақте устод Ҷӯрабек Муродов устод Аскаралӣ Раҷабовро “Фидоии миллат” хитоб намуд, ин байти Саъдии Шерозӣ ба ёд омад, ки гӯӣ дархӯри ҳоли устод аст:

Фидоӣ надорад зи мақсуд чанг

В-агар бар сараш тир боранду санг.

Устод Раҷабовро дар роҳи шинохт, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии миллати тоҷик ва корномаю осори чеҳраҳои бузурги илм ва фарҳангу ҳунар, ки мақсуди асосии эшон аст, воқеан ҳам,  касеву чизе то имрӯз натавонистааст садду монеъ шавад ва аз ба чанг овардани гавҳари мақсуд маҳрум созад.

Таманно мекунем, ки устодро умр тӯлониву саломатӣ бардавом ва гавҳари мақсуд ҳамеша дар чангу рӯзгор ба ком бод!

Р. Умар,

З. Сайфулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь