Зери супориш ва дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри инкишофи илму фарҳанги мардуми кишвар дар Пайёми се соли қаблашон гузаронидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардида буд. Хушбахтона, шахсони бо ақлу хирад, бо илму маърифат, китобдӯстон, мактабиёну илмдустони кишвар ба ин озмун шавқманд шуда, иштирок доштанд. Ҳангоми ҷамъбасти озмун чеҳраҳои фурӯзон, китобдӯстони бохирад чун чароғ намудор гашта, сафи илмдӯстонро пурра мегардониданд ва соҳиби таҳсину офарин ва мукофотҳо мегарданд. Дар озмуни имсола дар номинатсияи эҷоди наср Муртазоалӣ Муродов омӯзгори МТМУ №57-и шаҳраки Ваҳдати (Вашан) ноҳияи Истаравшан сазовори ҷои аввал гардид. Барои ба чунин комёбӣ соҳиб гаштан омӯзгор аз рузҳои аввали эълони озмун барои санҷидани дониши худ пайваста аз паи омӯзиш гардида, мудом аз паи ҷустуҷӯй ва хондани адабиёт буд. Китобдӯстии омӯзгор ҳануз аз солҳои мактабхониаш дар мактаби зодгоҳаш аён гардида буд ва пайваста падари бузургвораш Ҳайдарбобо Муродов ва устоди дар дилу дидааш ҷойгашта, шодравон Қулмаҳмад Гулов ба ин ҷавони китобдӯст панду насиҳатҳо, андарзҳо, таъкидҳо менамуданд. Самараи заҳмат ва меҳнати ҳамешагии волидону устодон ба устод Муртазоалӣ имконият дод, ки дар ҷодаи илмомӯзӣ бо комёбию муваффақиятҳо бузург ноил гардад. Инак, дар озмуни соли 2021 “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар номинатсияи эҷоди наср Муртазоалӣ Муродов сазовори ҷойи аввал гардид. Ғолибиятро кулли мардуми бо фарҳанги деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ, ки зодгоҳаш аст, табрику муборакбод гуфтанду мегӯянд. Омӯзгорони МТМУ №27 низ ин пирӯзиро шодбош мегӯянд. Руҳу авроҳи собиқ устодони аз дида ба дил рафта: Дӯстов Бобо, Бобоев Мурод, Шодмонов Аҳмад, Гулов Қулмаҳмад, Турсунов Худоймурод, Шукруллоев Лутфулло, Соатов Неъмат, Раҳимов Расул, Катабеков Баҳовиддин, ки ба ғолиби озмун ҳамкор, устод ва дӯст буданд, аз ин пешсафӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ шод гашта, баҳри аз ин ҳам ба қуллаҳои баландтар сарфароз гардидан мададгорӣ менамоянд. Мактабиёну шогирдони илмдӯст, хешу таборон аз ин ғолибияти омӯзгори худ шоду хурсандӣ доранд. Аҳли мактабиёни шаҳраки Ваҳдат аз ин фахр доранд ва умеди онро доранд, ки дар озмунҳои оянда, бо роҳи тайкардаи устоди худ М. Муродов қадам ниҳода, чун устодашон номбардори мактабу диёр гарданд. Пешсафӣ дар озмун муборак омӯзгори арҷуманд Муртазоалӣ Муродов.

Ҷамолиддин Ҷалолиён,

Меҳвар Ҳамроқулов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь