Солҳо мегузаранд ва аз пайи ин солҳо умри мо сипарӣ мешавад. Ба андеша фурӯ меравам ва гӯё чанд моҳеву чанд ҳафта қабл буд, ки бо устод шинос гашта будам. Соли 2004 бо роҳнамоии устод Асадулло Саъдуллоев рисолаи номзадӣ ҳимоя мекардам. Ҳимоя душвориҳову монеаҳои чандон кам надорад ва аз он танҳо корафтодаҳо огаҳанд. Агар дар паҳлӯи унвонҷӯ нафаре набошад, таҳияи ҳуҷҷатҳову даву тозаш ба дили кас мезанад. Барои ин иродаи устувор низ нақш дорад. Баъзе омилҳоро ба назар гирифта ба устоди роҳнамоям марҳум Асадулло Саъдуллоев муроҷиат карда гуфтам, ки рисоларо ягон сол баъд ҳимоя мекунам. Он давраҳо устод Имомзода декани факултети филология ва ҳамзамон котиби Шурои диссертатсионӣ буданд. Ба наздашон даъват карда маро хеле насиҳат карданд ва гуфтанд, ки кӯмак мекунему ҳимояро ба таъхир нагузор.
– Кор, ки як монад, баъд мондан мегирад, – гуфтанд устод. Шиносоии мо аз ҳамин дастгири оғоз гардида буд.
Устод Муҳаммадюсуф Имомзода аз насли солҳои шӯравӣ, бо намояндагӣ аз мактаби адабиётшиносии Соҳиб Табаров ба шумор мераванд. Дар тарбияи шогирдон масъулияти устодро ҳамеша шоҳид будам. Чун аз шогирдони фаъоли Соҳиб Табаров буданд, ҳамеша масъулияташонро эҳсос кардаам. Тавре зикр гардид, дар ҳимояи рисолаи номзадии банда мусоидату дастгириҳо кардаанд. Ин шояд ба он ваҷҳ буд, ки он кас яке аз дӯстону ҳаммаслакони наздики Асадулло Саъдуллоев буданд. Тақдир ҳамин будааст, ки устоди роҳнамоям Асадулло Саъдуллоев дунёро барвақттар падруд гуфта рафтанд. Устод М. Имомзода мушовиру роҳнамои рисолаи докториям гардиданд. Маърифати баланд, роҳнамоиҳо, машваратҳо ва ғамхориву кӯмакҳои устод буданд, ки ба ҳимояи рисолаи докторӣ муваффақ гардидам. Агар баъзе устодони роҳнамо аз шогирд худро дар фосила гиранд, устод баръакс унвонҷӯёну шогирдонро суроғ менамоянд. Ногуфта намонад, ки ҳама шогирдони тарбияткардаи профессор Имомзода Муҳаммадюсуф соҳибқаламу соҳибкитобанд.
Устоди мо китобхон аст ва имрӯз он чизеро ки аз шогирдон нисбат ба мутолиаи адабиёт ба роҳ мегузорем, бо таъсири ҳамин руҳия мебошад. Аз аспирантону унвонҷӯён ҳамеша талаб мекунанд, ки мутолиаи васеъ дошта бошанд. Доим таъкид мекарданд ва менамоянд, ки муҳаққиқи соҳаи филология танҳо дар асоси мутолиаи пайваста ба қуллаи камолот расида метавонад. Ҳамчун устоди факултети филология ба мо кам дарс гуфтаанд. Аммо медонам, ки ҳар як шогирдашон вазифадор буданд, ки даҳҳо адабиётро аз насри муосир хонда ба устод супоранд. Чун устод худ сермутолиа ҳастанд ва ин сифат ҳама маърифату маънавиёти устодро боло бурдаанд. Ин ҳама мутолиаҳост, ки устоди фозилу зарифтабъ мебошанд, сӯҳбатҳои гуворо доранд ва бо ҳазлу шӯхиҳо мақсаду ҳадафашонро хеле осон баён мекунанд.
Яксон будани устод Имомзодаро дар ҳама давраҳо шоҳид будаам. Хоксорӣ, фурутанӣ ва инсонияти баланди сутуданӣ доранд. Хоксориву фурӯтании устод Имомзода Муҳаммадюсуф боис аст, ки бидуни ҳаросу фосилагирӣ бо он кас ҳамсӯҳбат шавед. Котиби шуроҳо, декани факултет, ректори донишгоҳҳо, вазир буданд, аммо хоксориву фурӯтанияшонро иваз намекарданд. Нимаи аввали солҳои 2000 ректори ДСРТ буданд. Барои имзои ҳуҷҷате бо ҳарос наздашон рафтам. Охир профессору ректори донишгоҳ куҷову як ассистенти одӣ куҷо? Аммо баръакс бо одоби баланд ба утоқи корияшон даъват карданд. Дар бораи кори илмӣ ва баъзе масъалаҳои журналистика хеле самимӣ сӯҳбат карданд. Як газетаи донишгоҳашонро ба ман доданду маро хуш гусел карданд. Ректори донишгоҳи миллӣ буданду ҳангоми аз роҳ гузаштан чашмашон ба ягон устод мерасид, мошинро маън мекарданду то ҷойи даркорӣ ҳамроҳаш мебурданд. Хислати хуби неки устод он аст, ки дар баробари таҳриру ислоҳи навиштаҳои шогирдон бидуни кибру даъвое навиштаи худро ба шогирдон медиҳанд, ки бинанду фикрҳояшонро гӯянд.
Устод яке аз онҳоест, ки ҳамеша пуштибониву дастгирӣ аз омӯзгорон кардааст ва менамояд. Дастгириҳои молиявию маънавияшонро нисбат ба аксар устодони камбизоату мушкилдошта ҳангоми ректори ду донишгоҳ буданашон аксаран медонанд, ки дареғ намедоштанд. Дар суру сӯги устодону ҳамкасбон ҳеҷ гоҳ бетафовут набуданд. Ёдам ҳаст, ки чандин сол қабл яке аз устодони донишгоҳ фарзандашро аз даст дода буд. Майитро ба як деҳаи дурдасти водии кӯҳистони Зарафшон бурдан лозим буд. Он шабе, ки бояд марҳумро мебурданд, устод ҳамчун ректор чанд маротиба ба хонаи он омӯзгор рафтанд. Бехабар аз он падари мотамдор ҳама чизро ташкил карданд ва чанд нафарро муваззаф карда гуфтанд: “Дар чунин ҳолати вазнин дар паҳлӯи муаллим бошед. Одамгарӣ ҳамин аст…” Чун мешуниданд устоде мушкилоти ҷиддие дорад, ҳатман аз ҳолаш хабардор мешуданду кӯмак мерасониданд. Яке аз онҳоест, ки мегуфтанду мегӯянд: “Муаллими асилеро, ки қисмати беҳтарини умрашро сарфи касб намудааст, агар нахоҳад, ҳеҷ гоҳ ба нафақа гусел накунед. Омӯзгорӣ пешаи нозук ва ҳассос аст ва ин омил барояшон навмедии бузург мегардад. Медонам, ки аксари онҳо ниёзманди пулу маблағе нестанд. Нафақа мегиранду фарзандони бонангашон онҳоро таъмин мекунанд. Аммо меҳри онҳоро нисбат ба касб чизе иваз карда наметавонад”.
Устод Имомзода Муҳаммадюсуф ба журналистика хеле наздиканд. Бо ВАО робитаи пайваста доранд. Насли нисбатан калонсоли рӯзноманигорону публитсистонро хеле хуб мешиносад ва аксаран шарикдарсону ҳамкасбонаш мебошанд. Яке аз он роҳбарону масъулоне буданд, ки замони ректориву вазири маориф буданашон дар нишастҳои матбуотӣ анъанаи нав – бидуни маърӯзаву ҳисобот ҷараён бахшидани нишастҳои матбуотиро ба роҳ гузошта буданд. Аз рӯи барномаҳову матлабҳо журналистони телевизиону матбуотро хуб мешиносанд, матлаби онҳоро баҳогузорӣ менамоянд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки зиёда аз даҳ нафар журналистон таҳти роҳбарияшон рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя кардаанд. Яъне устод Имомзода Муҳаммадюсуф устоди соҳибмактаби ду ҷода – адабиёт ва журналистикаву публитсистика мебошанд.
Устод М. Имомзода олими варзидае ҳастанд, ки дар таҳқиқи осору аҳволи устод Айнӣ нақши устувору мондагор доранд. Асарҳои “Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ” (Душанбе: Матбуот, 2001), “Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ” (Душанбе: Адиб, 2007), “Маънавият ва нақши зоҳир” (Душанбе, 2000), “Хирмани андеша” (Душанбе, 2009) ва амсоли ин дар қолаби таҳқиқ аз нозукиҳову нафосати осори устод Айнӣ ҳикоят менамоянд. Мақолаҳои “С. Айнӣ ва табдили хат”, “Садриддин Айнӣ ва баъзе масъалаҳои табдили хат”, “Садриддин Айнӣ ва худшиносии миллӣ”, “Идейно-политические особенности публицистики издания «Пламя революций»”, “Особенности Выражения идей национальной идентичности в таджикской публицистике революционного периода (1917-1923 г. г.)”, “К вопросу формирования мировозрения С. Айни на рубеже XІX-XX вв.” ва монанди ин устод эҷодиёти Садриддин Айниро аз зовияҳои гуногун мавриди шинохту баррасӣ қарор медиҳанд.
Устод Имомзода Муҳаммадюсуф ҳам дар публитсистика ва ҳам дар илм сабку услуби хоси худро доранд. Дар ҳама самтҳо устод аз пайи “ботину зоҳири сода” рафтаанд ва андешаҳои возеҳу таъсирбахш доранд. Дар таҳқиқи образ ва симо маҳорати комил доранд ва ин шева дар таълими амалияву назарияи эҷод барои шогирдон хеле созгор меояд. Ба андешаи адабиётшинос М. Имомзода дар масъалаи офариниши симо «маҳорати диди санъаткор ба сурату сирати инсон» дар мадди аввал қарор мегирад. Яъне танҳо ангезаи дурусти ҷузъиёти сурату ботин симои ҳақиқии намунаро шакл бахшида метавонад. Ба таври мисол бо ҳунари аккосӣ (маълумотномасозӣ) наметавон дар офариниши комили симои намунаи ибрат муваффақ гардид. Аз ҷониби дигар ташхиси олами ботинии қаҳрамон кори саҳл нест ва роҳи ҳалли ин масъала ба таҷзияи дарку ҷаҳонбинии муаллиф вобастагӣ дорад.
Имомзода Муҳаммадюсуф публисисти муваффақ низ ҳастанд. Қатъи назар аз масруфиятҳову масъулиятҳо чун як фарди ватандӯст давоми солҳо садҳо очерку эссеву мақолаҳои зиёде таълифу нашр кардаанд, ки гулчини онҳо дар китоби “Тараннуми садоқат ва муҳаббат” фароҳам омадаанд. Мақолаҳои публисистии муаллиф дар ин китоб ҷанбаи амиқи ватандӯстӣ дошта, дар онҳо ба масъалаҳои муҳимме чун ташаккули худшиносии миллӣ, нақши шахсиятҳои таърихӣ дар бедории миллӣ, бозтоби рӯзгори пурсамари халқи тоҷик дар даврони истиқлол, волоияти қонун дар таъмини рӯзгори мардум ва фаъолияту зиндагиномаи чеҳраҳои мондагор дахл карда мешаванд. Агар дар мақолаҳои “Рӯзи президент – рамзи эҳтиром ва садоқат”, “Ҳамнавои дили халқ”, “Асли пирӯзии Пешвои миллат”, “Давлатдорие, ки принсипҳои асосиаш илм, хирадсолор ва такя бар таҷриба аст” масъалаи ҷонибдорӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ шавад, пас дар мақолаҳои “Истиқлолияти ватан неъмати бебаҳост”, “Ҳикмат ва мантиқи ваҳдат”, “Дар маърифати ваҳдатофарӣ” ва амсоли ин масъалаҳои муҳимтарини дигар – Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ тараннум гардидаанд. Дар мақолаҳои дигари ин китоб масъалаҳои илм, маориф, бунёдкориҳо ва садоқату самимият ба ватан матраҳ гардидаанд.
Хуллас, Муҳаммадюсуф Имомзода устодест заҳматқарин, соҳибандеша ва хайрхоҳу некандеш, ки то ба имрӯз дар пешрафти илму таҳқиқ ва таълиму тарбия нақши назаррас доранд. Имшабу рӯз, ки устод зодрӯз доранд, ба он кас саломативу умри бардавом ва хушиҳову саодати рӯзгорро таманно дорем.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
Устоди ДМТ