Ҳар гоҳ ки муаллиме варзида ва номвар аз олам чашм мепӯшад, ояндаи норавшани низоми маорифи ватанӣ ва вазъи ногувору буҳронии ҳайати муаллимон, ки новобаста ба мушкилоту уқдаҳои давру замон ҳамоно дар сафи мубориза алайҳи нодониву ҷаҳолат қарор доранд, пеши назар меояд. Воқеан, дар ҳоле ки хурофоту таассуби мазҳабӣ дар ҷомеа ташаннуҷ пайдо карда, насли наврасу ҷавон ба таври худогоҳу нохудогоҳ ба гирдоби худбохтагию беҳувиятӣ кашида мешавад, вазъи фикрию маърифатиро хуб қаламдод кардан дуруст нест. Махсусан, вазъи буҳронии омӯзишу парвариш, заъфи донишу маърифати муҳассилини муассисоти  таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ва ба муқтазиёти замонӣ ва шароити нави соҳибистиқлолӣ ҷавобгӯ набудани барномарезиҳои соҳавӣ боиси ҳузуру нуфузи чашмгири мафкураи бегона ва хурофадовариҳои  хушкандешони мазҳабӣ дар ҷомеа гардидааст.

Аз тарафи дигар, ташаннуҷи буҳронҳои фикрию маърифатӣ, ки то дараҷае ба сабаби заъфу нокоромадии низоми омӯзишу парвариш буруз кардаанд, тадриҷан бофтҳои иҷтимоиро сусту заиф сохта, сатҳи ҷаҳолату беҳувиятиро дар ҷомеа боло мебаранд, боиси нигаронист (барои иттилои бештар дар ин замина ба ду матлаби муфассали таҳлилӣ-интиқодии ҷомеашинос ва мактабшиноси муосири миллӣ, Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми фалсафа Абдураҳмон Шерович Қурбонов таваҷҷуҳ фармоед: Курбонов Абдурахмон. Конструктивная критика – путь к разумному решению проблем. //Народная газета, №34 (20419), 16 августи соли 2023; Курбонов Абдурахмон. Наука и образование – опора развития и безопасности страны. //Народная газета, №36 (20421), 30 августи соли 2023. Ҳар ду матлаб дар сомонаи рӯзномаи “Народная газета” – www.narodnaya.tj  низ пахшу нашр шудаанд).

Дар ин вазъияти ҳассос, ки буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ тадриҷан баданаҳои иҷтимоиро осебпазир сохта, пояҳои давлатдории миллиро сусту заиф мекунанд, камбуду набуди муаллимони масъулиятшинос ва рӯшангар сахт эҳсос мешавад. Таърих гувоҳ аст, ки муаллимони ҷасуру фидокор дар ҳама давру замон рисолати иҷтимоию ихтисосии худро ба таври боиставу шоиста анҷом дода, алайҳи нодонию бесаводӣ қиём намуда, мардумро аз ҷаҳолату нодонӣ раҳонида, дар ҷодаи бедории фикрию маърифатӣ фидокорию  ҷонбозиҳо карда, қаҳрамонию корномаҳои ақлонию эҷодии худро аз насле ба насли дигар интиқол додаанд.

Мусаллам аст, ки як қисми калони артиши муаллимони ватанӣ дар деҳоту музофоти ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд ва бо кору пайкори созанда умри саводу маърифатро дар деҳоту музофот дароз менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муаллимони деҳотӣ, қатъи назар аз мушкилоти рӯзгор ва камбуду навоқиси ихтисосӣ ба касби муаллимӣ бетафовут нестанд ва бо истифода аз тавоноиҳои ҳирфаию эҷодӣ дар самти саводнок кардани насли мактабхон ва дар руҳияи инсонӣ тарбия намудани муҳассилон саъю талош меварзанд. Бо мақому ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва имконияти илмию эҷодие, ки муаллими деҳотӣ дорад, вазифа-функсия ва рисолат-миссияи худро дар назди халқу Ватан адо менамояд: ба насли наврасу ҷавон донишу савод меомӯзад; ба қадри имкон хонандагонро дар руҳияи миллатдӯстию меҳанпарастӣ тарбия мекунад; дар рушди маънавии ҷомеа саҳм мегузорад; дар умури фарҳангию иҷтимоии минтақа фаъол аст; дар чорабиниҳои сиёсию мафкуравии минтақавӣ иштирок менамояд; китоб мехонад ва дигаронро ба китобхонӣ ташвиқ менамояд; хулоса, бидуни подош ба хотири фардои дурахшони миллат заҳмат мекашад. Албатта, на ҳамаи муаллимони деҳотӣ вазифа ва рисолат-миссияи худро ҳадафмандона иҷро мекунанд, вале иқдомоти муаллимони саршиноси минтақавӣ обрӯ ва нуфузи қишри муаллимии музофотиро миёни аҳолии маҳаллӣ нигоҳ доштааст. Мутаассифона, бар асари бемориҳои гуногун ва марги бармаҳал риштаи умри нафарони саршиноси қишри муаллимӣ канда мешавад ва бо даргузашти чеҳраҳои таъсиргузори ҳирфаи омӯзгорӣ тадриҷан фазои маънавӣ-маърифатӣ ҳам камрангу беранг мегардад. Чӣ илоҷ,  зиндагӣ фарозу фурӯд, афту хез, омаду рафт дорад ва табиист, ки дар ҷараёни тағйиру таҳаввул азизонро аз даст дода, бо мусибату фоҷеаҳои рӯзгор ҳам мувоҷеҳ мегардем. Дар натиҷаи тағйиру таҳаввулҳо ва ба истилоҳ, бозии рӯзгор яке аз чеҳраҳои номдори табақаи муаллимии музофотӣ акаи Одинабеки Қаландар шоми 4 ноябри соли 2023 бар асари бемории сактаи мағзӣ (инсулт) аз олам даргузашт. Таҳаммули марги чунин азизе сахт гарон аст.

Акаи Одинабеки Қаландар аз ҷумлаи муаллимони саршиносу ботаҷрибаи музофотӣ маҳсуб ёфта, солҳои тулонӣ бидуни вақфаву танаффус дар вазифаи пурифтихори муаллимӣ дар ноҳияҳои Панҷу Қумсангир (ҳозира ноҳияи Ҷайҳун) фаъолият карда, бо обилаи дасту меҳнати ҳаллоли муаллимӣ нон хӯрда, миёни табақаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои маърифатию мадании минтақа соҳибэҳтиром гардидааст. Одинабеки Қаландар, ки доираҳои таборӣ ва хешовандӣ бар мабнои отифати маҳаллӣ иловатан бо исми “Хурсандшоҳ” садояш мекарданд, барои роқими ин сатрҳо ҳукми акагиро дошт. Мавсуф писараммаи банда буда, то соли 1995 дар деҳаи Турдишайхи Ҷамоати деҳоти Сармантой (ҳозира Ҷамоати деҳоти Озодагон) сукунат карда, баъдан ба деҳаи Айнии Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) куч баста, то вопасин нафас онҷо умрфарсоӣ кард.

Акаи Одинабеки Қаландар якшанбеи 4 ноябр, соати 12:10 дақиқаи рӯз бар асари сактаи мағзӣ беҳуш мешавад ва соати 17:10 дақиқаи ҳамон рӯз аз дунё мегузарад. Бо хабар ёфтан аз ҳодиса ҳамдеҳагон, ки акаи Одинабек солҳои сол фарзандони онҳоро тарбият кардааст, фавран ҳозир шуда, то вопасин нафасҳо беморро ҳамроҳӣ намуданд. Ба ин тартиб, хешу ақрабо, ҳамдеҳагону ҳамдиёрон аз лаҳзаи хуруҷи беморӣ (соати 12:10) то фарорасии марг (соати 17:10) сари болини бемор қарор доштанд.

Ончунон ба касбу ҳирфа моилу содиқ буд, ки ба вазъи сиҳҳатӣ нигоҳ накарда (ду соли қабл ба бемории сактаи қалбӣ гирифтор шуда, чанд муддат дар шаҳри Душанбе ташхис шуда, табобат гирифта буд), пайи омӯзишу тамрин буд. Бо азму ирода ба таълиму тадрис машғул буд ва барои дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани тадрис талош мекард. Ба насли ҷавони омӯзгорони мактаб пайваста ёрии методӣ мерасонд, ҳар чӣ аз дасташ бармеомад, кумак мекард ва ба истилоҳ, дасти насли нави муаллимони маҳаллиро дар умури тадрисӣ-педагогӣ рост менамуд. Ин буд, ки на танҳо муаллимони мактаб ва умуман, ниҳоди муаллимии ноҳия, балки мардуми маҳаллӣ ҳам ба акаи Одинабек ихлосу эҳтиром доштанд. Дарвоқеъ, садоқат ба касбу ҳирфа ва хидлмат ба мардумро аз акаи Одинабек ва ӯ барин муаллимон бояд омӯхт. Муҳимтар аз ҳама, ӯ умури рӯзмарраро бо кору фаъолияти касбӣ-ҳирфаӣ пайванд медод. Сахт заҳматкаш буд, зиёд кор мекард, мисли ин ки хастагиро эҳсос наменамуд ва доимо дар ҳаракату такопӯ буд. Ба синни ҳафтод расида буд (мутаваллиди соли 1952), вале зоҳиран тандурусту бардаму солим ба назар мерасид. Ҷисман лоғар буд, аммо сурату сирати зебое дошт.

Акаи Одинабек барои хонадони мо – Нурзодаҳо шахси хеле наздику азиз ба шумор мерафт. Писарбузурги аммаам Иқболбӣ (1926-2005) буд. Аз аммаам Иқболбӣ, ки зани бофарҳангу баномуси диёр буд, се писар – акаи Одинабек, акаи Давлатшоҳ, акаи Аъзамшоҳ ва як духтар – аммаи Савлатбӣ ба ёдгор монда: фарзанди калонӣ акаи Одинабек, аммаи Савлатбӣ (мутаваллиди соли 1956), акаи Давлатшоҳ (1957-2011) ва писари хурдӣ акаи Аъзамшоҳ (мутаваллиди соли 1961). Акаи Давлатшоҳ Мақсудзода – фарзанди севуми аммаи Иқболбӣ пас аз хатми шуъбаи банақшагирии иқтисодии хоҷагии халқи факултаи иқтисод ва идораи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ) тибқи роҳхат ба ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) ба кор ҷалб шуда, то охири умр дар вазифаҳои гуногун: муҳосиб, сариқтисодчӣ, сармуҳосиби ПМК, Сардори ПМК, муовини раиси ноҳияи Қумсангир ва раиси Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ фаъолият карда, бо масъулияти баланди корию идорӣ, менеҷмент-мудирияти муваффақи ҳирфаӣ, меҳнатписандӣ ва вежагиҳои мунҳасир ба фарди худ миёни элитаи сиёсии маҳаллӣ, ҷомеаи маданӣ ва аҳолии деҳотӣ соҳибобрӯ гардида, аз ҷумлаи шахсиятҳои шинохтаи музофотӣ маҳсуб меёфт. Акаи Давлатшоҳ Мақсудзода бар асари бемории сактаи қалбӣ дар авҷи камолоти синнӣ 20 октябри соли 2011 аз дунё даргузашт (равонаш шод бод!). Ягона духтари аммаам Иқболбӣ – Савлатбӣ дар деҳот ба тарбияи наберагон машғул аст ва бо мақолзанию масалгӯйӣ, ки аз бибии падариам Иронбӣ (1903-1992) ва аммаам Иқболбӣ (1926-2005) ба мерос гирифтааст, аз соири фарзандони хонавода фарқ мекунад. Фарзанди кучаки аммаи Иқболбӣ акаи Аъзамшоҳ Мақсудзода ҳанӯз замони шуравӣ ба сифати механизатор ва тракторрони пешқадами Хоҷагии ба номи Дзержинскийи ноҳияи Панҷ ном бароварда буд. Баъди барҳам хурдани низоми коллективӣ-колхозӣ хоҷагии фермерии хусусӣ ташкил дода, то имрӯз дар самти кишоварзӣ муваффақона заҳмат мекашад.

Дар муддати фаъолияти педагогӣ минҳайси муаллим-методисти номдори ноҳия шуҳрат дошт. Ногуфта намонад, ки дар муддати фаъолияти методистӣ дар Шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ дар саводнок кардани насли наврасу ҷавони деҳотӣ, тарбияи кадрҳои ҷавони омӯзгорӣ, пахшу нашри таҷрибаи пешқадами педагогӣ, омӯзишу тарғиби адабиёти илмӣ-методӣ, татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавӣ ва сиёсати маорифи ватанӣ саҳми муносиб гузоштааст.

Сукунат дар деҳаи Айнии Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Қумсангир (ноҳияи Ҷайҳуни кунунӣ) ва гирифториҳои молиявию хонаводагӣ акаи Одинабекро аз кори муаллимӣ мунсариф накард. Баръакс, расидан замон ба макони сукунат (деҳаи Айнии ноҳияи Ҷайҳун), новобаста ба шароити вазнини солҳои навадуми садаи бист (дақиқтараш соли 1995) ба кори омӯзгорӣ дар мактаби миёнаи умумии №28-и деҳаи Айнӣ мепардозад ва то дами марг вазифаи пурмасъулияти муаллимиро бошарафона ва ҳадафмандона иҷро менамояд. Вақте ки гоҳ-гоҳе барои дидорбинӣ ба деҳаи мо меомад, муққаддамтар аз ҳама, ба аёдати беморону барҷомондагон мерафт, аз ҳоли пирону солмандон хабар мегирифт, ҷиҳати арзи таслияту ҳамдардӣ ба манзили азодорон сар мезад, дӯстону ҳампешагон ва ҳамдиёронро зиёрат мекард ва бад-ин минвол вазифаи инсонии худро адо менамуд. Ин аст, ки ҳамкорону шогирдон, ҳамдеҳагону алоқамандон то имрӯз вежагиҳои ҳувиятӣ, мушаххасоти касбӣ-ҳирфаӣ, хислатҳои неки инсонӣ ва муносибати самимии акаи Одинабекро ба ёд меоваранд ва ба некӣ ёдаш мекунанд.

Мутмаинем, ки сокинони маҳаллӣ, ҷомеаи мактабӣ ва ниҳодҳои мадании ноҳияҳои Панҷу Ҷайҳуни вилояти Хатлон номи ин муаллиму фарҳангии фидокори музофотиро дар хотир ҳифз мекунанд ва кори неки насли муаллимони маҳаллӣ ҳадафмандона идома ёфта, саводу маърифати ҷамъӣ ба унвони ҳадафи стратегӣ ва барномаи зиндагӣ  авлавияти миллӣ касб менамояд.

Дар ҳақиқат, акаи Одинабеки мо аз ибтидои фаъолияти педагогию маданӣ моҳияти гузашти умри инсонӣ ва муваффақона анҷом додани рисолати муаллимиро хуб дарку фаҳм карда, ба қадри вақту фурсати умр дуруст расида буд. Ба ин маъно, вазифа ва рисолати иҷтимоӣ-муаллимии худро ба таври боиставу шоиста анҷом дод ва сарбаландона рафт.

Ёдаш ба хайр ва хотираи некаш гиромӣ бод!

Нозим Нурзода,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь