Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Шомирзоев Умед суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, дар самти таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимии ноҳия дар 9 моҳи соли 2024 як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Инчунин, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок арзёбӣ карда шуда, барои беҳтар гардидани шароити меҳнату фароғати омӯзгорон ҳамчун масъалаи меҳвари ҳукумати кишвар арзёбӣ карда шудааст.

Қобил ба ёдоварист, ки аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз маблағгузории соҳа давра ба давра зиёд гардида, ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа хуб гардид ва кормандони соҳаи маориф бо маоши саривақтӣ таъмин карда мешаванд.

Таҳсилоти томактабӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат тазаккур дод, ки таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда мешавад.

Вобаста ба ин, шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолияти худро дар самти кор бо муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ тибқи нақша ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда истодааст.

Айни замон дар ноҳия 15 – муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ва ду муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 1486 нафар кӯдакон дар 76 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 гурӯҳ ва 35 нафар кӯдак зиёд мебошанд.

Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия таъмини муассисаҳои таълимии томактабӣ бо кадрҳои соҳибтахассуси педагогӣ ба шумор меравад. Айни замон, дар муассисаҳои томактабии ноҳия 76 нафар мураббиён аз ин шумора 40 нафар (52,6 %) бо маълумоти олӣ, 3 нафар бо маълумоти олии нопурра (3,9 %), 30 нафар (39,5 %) бо маълумоти миёнаи махсус ва 3 нафар (3,9 %) бо маълумоти миёнаи умумӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.

Шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз тамоми имкониятхо истифода намуда истодааст, ки муассисаҳои томактабиро бо кадрҳои соҳибкасби баландихтисос таъмин намоянд.

Аз 12 то 13-уми июни соли равон дар ноҳияи Ёвон даври сеюми озмуни “Мураббияи соли Тоҷикистон” гузаронида шуд, ки дар он мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №12 Дӯстова Сабрина иштирок намуда, дар байни мурабияҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ аз тарафи раёсати маорифи вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.

Инчунин, аз ҳисоби буҷҷаи маҳаллӣ ва бо дасгирии падару модарон ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз таъмири хушсифат бароварда шудааст.

Соҳаи маориф дар сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок арзёбӣ карда шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани шароити меҳнату фароғати омӯзгорон тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.

Таълимгирандагон ва пояи кадрӣ

Номбурда изҳор дошт, ки айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи 51273 нафар хонанда, аз ҷумла 24848 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2861 нафар хонандагон зиёд мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2368 нафар омӯзгор, аз ҷумла 1546 нафар зан ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд, ки аз ин шумора бо таҳсилоти олӣ 1620 нафар (68,4 %), бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 558 (23,5 %) бо таҳсилоти умумӣ 190 нафар (8,0 %), ки дар бахшҳои 3 ва 4-уми донишгоҳу донишкадаҳои дохили кишвар таҳсил карда истодаанд.

Ҳамзамон, бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, № 281 «Дар бораи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илми муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли таҳсили 2023-2024 бо дараҷаи тахассуси олӣ 329 нафар (14 %), бо дараҷаи тахассуси якум 619 нафар ( 26.1 %), бо дараҷаи тахассуси дуюм 401 нафар (17.0 %) ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон дар соли таҳсили 2023-2024 ба Донишкадаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаҳри Бохтар, тибқи нақша 253 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия аз курси такмили ихтисос гузаронида мешуданд. То ба имрӯз 245 нафар гузаронида шуданд, ки иҷроиши нақша ба 97 % баробар аст.

Айни замон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷуёни курсҳои 4 ва 5-ум аз донишгоҳу донишкадаҳои дохили кишвар дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб карда шуданд.

Рӯзҳои 29-30-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Темурмалик озмуни даври вилоятӣ “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024” баргузор гардид, ки дар он директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 Қосимова Зебонисо бо нишон додани маҳорату малакаи баланди касбӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ аз тарафи раёсати маорифи вилояти Хатлон қадрдонӣ шуда, дар даври ҷумҳурӣявӣ фаъолона иштирок намуда, бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Кадрҳои фардои кишвар

Дар идомаи суҳбат мавсуф афзуд, ки соли таҳсили 2023-2024 муассисаҳои таълимии ноҳияро 2075 нафар, аз ин шумора 869 нафар духтарон синфи 11-умро хатм карда, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дохили кишвар, тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1781 нафар хуҷҷатҳои худро ба донишгоҳу донишкадаҳои дохили кишвар супоридаанд, ки иҷроиши нақша ба 85,8 % баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 % зиёд мебошад.

Баъд аз супоридани имтиҳонҳои марказонидашуда муайян гашт, ки аз 2075 нафар хатмкунандагон 1299 нафар дар имтиҳонҳо комёб гардида, ба муассисаҳои касбӣ ва олии кишвар дохил шуданд, ки иҷроиши нақша ба 62,6 % баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,1 % зиёд мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзалиятнокии соҳаи маориф дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯи он ҳамасола дастгириҳои зиёде мекунад, ки амсоли ин таъсиси квотаи Президентӣ ва ҷалби духтарону писарон аз деҳот ба таълим мебошад. Моҳи апрели соли равон дар толори шуъбаи маориф суҳбат ҷиҳати қабули довталабон барои дарёфти квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуд, ки дар он 103 нафар довталабон иштирок намуда, ба даври ниҳоӣ 72 нафар роҳ ёфта, аз ин шумора 24 нафар сазовори номи донишҷӯ гашта, ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд.

Айни замон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 103 нафар аз ин шумора 50 нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурии таҳсил намуда истодаанд.

Таҳсилоти рақамӣ

Дар ҷараёни суҳбат номбурда тазаккур дод, ки шуъбаи маориф бо мақсади амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, № 439 “Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” ва истифодабарии маводҳои электронӣ дар ҷараёни таълим як қатор корҳои мақсаднокро ба сомон расонид.

Бо мақсади иҷрои қарори мазкурсоли равон аз ҳисоби буҷҷаи маҳаллӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба миқдори 70 адад компютер ва 40 адад принтер харидорӣ карда шуда, дастраси муассисаҳои таълимии ноҳия гардонида шуд.

Инчунин, дар ин давра аз тарафи кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф 205 адад компютерҳои таъмирталаб аз таъмир баровара шудааст.

Айни замон муассисаҳои таълимии ноҳия ба 1795 адад компютер, 143 адад ноутбук, 252 адад принтер, 42 адад тахтаи электронӣ ва 47 адад проектор таъмин карда шуданд. Ба ҳамин давраи соли гузашта 125 адад компютер, 50 адад ноотбук, 40 адад принтер, 10 адад тахтаи электронӣ ва 12 адад принтер зиёд мебошад.

Кабинетҳои фаннӣ

Чи тавре, ки мудир итилло дод, ки шуъбаи маориф вобаста ба амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” як қатор корҳои муайян ва мақсаднокро ба иҷро расонид. Аз соли 2021 то ин давра тибқи нақша ба муассисаҳои таълимии ноҳия 3 озмоишгоҳои таълимӣ нақшабандӣ карда шудааст. Айни замон дар муассисаҳои таълимӣ 2 синфхонаи биология, 1 синфхонаи химия ва 1 синфхонаи физика ба озмоишгоҳи таълимӣ таъмин карда шудааст, ки иҷрои нақша ба ҳамин давраи соли сипаригашта 100 % баробар мебошад.

Бояд қайд намуд, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии ноҳия тақсимоти озмоишгоҳҳои фанни химия ва кабинетҳои фанҳои физика, химия, биология, география, математика, геометрия, суруд ва мусиқӣ, инчунин, таҷҳизотҳо барои кабинетҳои физика, химия, биология ва физика, ки маблағи умумии онҳо 414794 (чорсаду чордаҳ ҳазору ҳафтсаду наваду чор) сомониро ташкил дода, ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида шуд.

Созандагӣ

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмир, азнавсозии муассисаҳои таълимӣ бо дасгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, саҳми бевоситаи падару модарон, соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз тарафи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ва раиси ноҳия муҳтарам Холиқзода Рустам Ҳикматулло 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №24 барои 200 ҷойи нишаст, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №23 барои 200 ҷойи нишаст, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №11 барои 200 ҷойи нишаст ва 4 синфхонаи иловагӣ ва дар назди муассисаи таълимии №28 барои 200 ҷойи нишаст ҳамчун туҳфаи наврӯзӣ ба хонандагон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Соли ҷорӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз тарафи Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар арафи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 се синфхонаи иловагӣ барои 150 ҷойи нишаст ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 даҳ синфхонаи иловагӣ барои 250 ҷойи нишаст дар як баст мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки бо дасгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва бо ташаббуси падару модарон, соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дар назди муассисаҳои таълимӣ 148 синфхонаҳои иловагӣ сохтмонашон идома дошта, дар соли равон аз ин шумора 36 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, 112 синфхонаҳои иловагӣ сохтмоноашон дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.

Инчунин, аз ҳисоби Кумитаи падару модар ва шахсони саховатпеша ба маблағ 832797 сомонӣ барои таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ саҳми худро гузоштаанд.

Ба ҳамаи ин ғамхориҳо кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҳамчун амалисозандаи сиёсати давлат дар соҳаи маориф фаъолияти худро дар асоси нишондод ва таъкидҳои Сарвари давлат ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда, дар рушди нерӯи инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон саҳми бевоситаи худро мегузоранд.

Сафои Пешво

Ҳамсуҳбати мо иттило дод, ки 8 -уми ноябри соли ҷорӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №6-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таҳсилоти томактабӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои навсохти соҳаи маориф ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, парасторонро барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуданд.

Дар ин муассисаи томактабӣ 6 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шафати кӯдакистон бинои нави иловагӣ барои 180 кӯдак бунёд карда мешавад.

Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и Ҷамоати шаҳраки Балх бинои нави иловагии таълимӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои синфхонаҳои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст ва кумитаи падару модарон сохта шуда аз 2-ошёна иборат мебошад.

Бинои иловагӣ дорои 20 синфхонаи барҳавои таълимӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ буда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Иншооти навбунёд ба низоми гармидиҳии мустақил пайваст буда, ҳамаи синфхонаҳо дар мавсими сармо бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Дар иншооти навбунёди таълимӣ, ки дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудааст, заминаи хуби донишандӯзӣ фароҳам оварда шуд.

Давлату миллат аз мо омӯзгорону устодон умеду итминон калон доранд, ки ин рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, хушахлоқ, соҳиби касбу ҳунар, ватандӯсту ватанпараст ва ба миллату Ватани хеш содиқ саҳми муносиб мегузорем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь