Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар сар то сари кишвар таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат ҷиҳати саводнок кардани насли наврас ва ҷавонони кишвар чораҳои назариву амалӣ андешида шуда истодааст.

Бо мақсади назорати пайгирона ва мунтазами донишомӯзии наврасону ҷавонон борҳо таъкид гардидааст, ки падару модарон на дар давраи омодагӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ, балки аз овони хурдсолии фарзандонашон ба таълиму тарбияи онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд, барои дуруст ба камол расонидани онҳо шароит фароҳам оваранд, асбобу ашёи таълимиашонро таъмин намоянд ва завқи онҳоро барои интихоби огоҳонаву дурусти касб бедор кунанд.

Мувофиқи гуфтаҳои Абӯалӣ ибни Сино омӯзиш дар се марҳила сурат мегирад, ки яке аз марҳилаҳои ҳассос ва муҳими он омӯзиши насли наврас мебошад, ки он аз 2 то 7- соларо фаро мегирад (якум- аз синни 2 то 7 сола, дуввум- аз синни 7 то 14 сола ва саввум- аз 14 то 18 сола). Бо такя ба ин гуфтаҳо мо метавонем оиларо сарчашмаи асоси ва муътамади тарбия ҳисобем, зеро насли наврас дар муҳити оила тарбия меёбад ва ба камол мерасад. Албатта, кӯдакистон ва мактаб низ дар ин ҷода саҳми назаррас доранд, вале сарчашмаи асосии тарбия маҳз оила мебошад. Омӯзиш дар ин марҳилаҳо ба мисли дар санг нақш гузоштан аст, чунки дар ин давра инсон фориғ аз ғаму дард аст ва ҳофизаи қавӣ дорад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо андешаи Ибни Синоро мисол меорем, ки фармудааст: «Ман он чи ки омӯхтаму ҳифз кардам то 18- солагӣ буд, баъди он ҳарчи ки омӯхтам на кам шуду на зиёд».

Яке аз амалҳое, ки барои инсони баркамол шудани кӯдакон нақши муҳим мебозад, ин бедор намудани завқи китобхонии онҳо ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф, яъне барои бедор намудани шавқу завқи китобхонӣ ба мо зарур аст, ки пеш аз ҳама худ китобхон бошем ва барои кӯдак  намуна буда тавонем. Чунки кӯдак як хислати хуби азхудкунӣ дорад ва ӯ бештар тақлидкорӣ мекунад, яъне ҳар коре, ки мо дар муҳити хона ва ё берун аз он анҷом медиҳем ба кӯдак таъсири худро мерасонад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки сиёсати дурбинонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, дар ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм фурӯғи маърифат” ва «Тоҷикистон ватани азизи ман», ки бевосита дар самти тарбия роҳандозӣ шудааст, бетараф набошем. Зеро озмунҳои мазкур дар пиёдасозии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар, ки баланд бардоштани савияи дониши хонандагон аст, заминаи боэътимод хоҳад гузошт. Ҳар як оила бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дар рушду равнақи шахсияти кӯдак ва баланд бардоштани савияи дониши ӯ саҳмгузор бошад. Барои таълими дурусти насли наврас, оиларо зарур аст, ки бо кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ ҳамкориро зич ва мустаҳкам намояд. Чунки таълими насли наврас на танҳо вазифаи мураббӣ ва омӯзгор, балки вазифаи аввалиндараҷаи падару модар мебошад. Ҳукумати мамлакат инро ба инобат гирифта, қонуни наве зери унвони “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро ба тасвиб расонид, ки ин қонун масъулиятшиносии падару модарро ба танзим медарорад ва онҳоро водор месозад, ки дар таълими фарзанди худ талош намоянд. Оянда фарзанди худро чӣ гунае, ки дидан мехоҳанд, аз хурди ҳамон хел тарбия намоянд. Зеро бузургон беҳуда нагуфтаанд:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Яъне барои сохтани ояндаи некӣ фарзанд, мо бояд ба таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем. Вазифаи ҳар яки мо дар он аст, ки барои кӯдак фазои мусоидро фароҳам созем, то ӯ ояндаи худро интихоб карда тавонад.

Вақте кӯдак дастовардеро дар миёни хонавода ва атрофиён ба намоиш гузошт, бояд аз ҷониби падару модар ба эътибор гирифта шавад. Шояд имкон даст надиҳад, ки барояш ҳадя бигиранд, ҳадди ақал бо чанд сухани тавсифкунанда бачаро таъриф кунанд ва ӯро руҳбаланд созанд, кӯдак хеле хурсанд мешавад ва тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад то боз ҳам беҳтару хубтар омӯзад.

Ҳамагон медонем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия, мавқеи падару модарон дар ин раванд аҳамияти махсус медиҳанд.

Ин сиёсат ва талошу кӯшишҳо он гоҳ бори мақсуд меоваранд, ки дар амалӣ сохтани он волидайн саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳама фарзандро бо ниятҳои нек ва орзуҳои ширин тарбия мекунанд. Ҳар падару модар мехоҳад, ки фарзандаш солим ба воя расад, илм омӯзад, донишманд шавад, соҳибкасбу боҳунар шуда, давомдиҳандаи ному насаби ӯ бошад.

Аммо мутаассифона, оилаҳое низ кам нестанд, ки баъди таваллуди фарзанд:

-Калон шавад як кас мешудагист, ризқашро Худо медиҳад – гӯён беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Фаромӯш мекунанд ва ё дарк намесозанд, ки ҳар шахс барои таълиму тарбияи фарзанд дар назди Худо ва бандагонаш, дар назди ҷамъият, дар назди давлату миллат дар асоси қонун ва виҷдон вазифадоранд.

Баъди ба мактаб рафтани фарзанд баъзе волидайн тамоми масъулиятро ба дӯши мактабу муаллим мепартоянд, ки ин нодуруст аст. Ин зумра шахсон сахт хато мекунанд. Фарзанд пеш аз ҳама ҷигарбанди падару модар аст. Рост, ки давлат дар симои мактабу муаллим вазифадор аст, ки ба насли наврас илм омӯзонанд, тарбият кунанд. Аҳли ҷомеа ӯҳдадор аст, ки дар тарбияи ӯ саҳм гузорад, бетараф набошад. Аммо вазифаи асосӣ бар зиммаи падару модарони азиз гузошта шудааст!

Ҳар падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд вазифадор аст, ки манфиати фарзанди худро ҳимоя кунад ва шаклу намуд ва усули таълим, муассисаи таълимиро ба манфиати саломатӣ ва рушди маънавии фарзанд интихоб намояд. Иштироки падару модарро дар раванди таълиму тарбия, сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои таълимӣ қонун ҳатмӣ донистааст. Дар ин раванд на танҳо мушоҳидакор ва кумакрасон, балки барои беҳдошти кор ба мақомоти дахлдор барои беҳбудии кор таклифу пешниҳодҳо намояд. То ба балоғат расидани фарзанд намояндаи ҳуқуқии ӯ бошад, барои беҳдошти кори муассисаи таълимии фарзандаш мусоидат намояд. Хулоса, аз давомот, раванди таҳсил, сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд бохабар бошад.

Падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ – тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сӯи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносию ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад.

Тарбияи хуб ва таъмини шароити мусоид ба фарзандон дар айни замон вазифа ва рисолати азалии падару модарон мебошад. Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон якҷоя пеш бурда шавад, яъне робитаи хубу доимии мактаб ва падару модарон ба роҳ монда шавад, фарзандон, албатта, ба роҳи рост мераванд ва таълиму тарбияи дуруст мегиранд. Пас, биёед дар таълими ин қишри ояндасози ҷомеа бетараф набошем ва даст ба дасти ҳам дода, дар рушди маънавии онҳо саҳми худро гузорем.

Зиёвиддин БӮРИЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь