Таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз зинаҳои асосии омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат маҳсуб меёбад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду вохӯриҳо бо ҷавонони кишвар ва таҳлили тамоми паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти онҳо ба масъалаи илмазхудкунӣ ва касбу ҳунаромӯзии ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар робита ба ин масъалаи муҳими замон бо директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” Асрорзода Абдулло Саттор сӯҳбат анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02. 11. 2012 таҳти №630, дар заминаи литсейи технологии шаҳри Душанбе табдили ном шуда, фаъолияти худро дар асоси Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ, ки фаъолияти муассисаи таълимиро ба танзим медароранд, амалӣ карда истодааст.

Оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ бо фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18. 12. 2020, №132 Иҷозатнома таҳти №0000103 ва замима ба иҷозатномаи мазкур ба имзо расид. Дар “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” довталабон дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои дарёфти маълумоти миёнаи касбӣ дар шуъбаи рӯзона аз рӯйи 15 ихтисос: Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ; Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилоотӣ корӣ; Тарроҳӣ ва поракунии либоси нассоҷӣ; Технология (меҳнати хизматрасонӣ); Технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ; Технологияи масолеҳи дӯзандагӣ; Молия; Кори бонкӣ; Ҳисоби муҳосибӣ, Таҳлил ва назорат; Андоз ва андозбандӣ; Автоматикунонии кори бонкӣ; Тарроҳӣ, поракунӣ ва технологияи либос; Буҷет ва баҳисобгирии бӯҷетӣ; Тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши занона; Тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши мардона ба мӯҳлати 3 сол ва дар шуъбаи ғоибона аз рӯйи 8 ихтисос: Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ; Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилоотӣ корӣ; Молия; Кори бонкӣ; Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат; Андоз ва андозбандӣ; Автоматикунонии кори бонкӣ; Буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ, ба мӯҳлати 4 сол қабул карда мешаванд,-гуфт директори муассисаи мазкур Асрорзода Абдулло Саттор.

Ба қавли мавсуф, “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” қабули довталабонро дар зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ, барои дарёфти маълумоти миёнаи касбӣ дар шуъбаи рӯзона аз рӯйи 12 ихтисос: Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ; Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилоотӣ корӣ; Тарроҳӣ ва поракунии либоси нассоҷӣ; Молия; Кори бонкӣ; Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат; Андоз ва андозбандӣ; Автоматикунонии кори бонкӣ; Тарроҳӣ, поракунӣ ва технологияи либос; Буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ; Тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши занона; Тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши мардонаро низ ба мӯҳлати 4 сол ба роҳ мондааст.

Ҳайати омӯзгорону кормандон

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” дар умум 113 нафар кормандону омӯзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 69 нафар омӯзгорон (44 нафар асосӣ, 17 нафар ҳамкори дохила ва 8 нафар ҳамкори беруна), 18 нафар кормандони хоҷагӣ ва 23 нафар ҳайати кормандони маъмурию ёрирасонро ташкил менамоянд.

Шурои илмӣ-методӣ

Шурои илмӣ-методӣ фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Шуро ба роҳ монда, дар он масъалаҳои рӯзмарра ҷиҳати батанзимдарории раванди таълим ва корҳои методии омӯзгорон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шудаааст. Ҳайати аъзоёни “ШИМ”-ро 21 нафар омӯзгорони ботаҷриба ташкил медиҳанд. Дар семоҳаи аввали соли 2023 дар 3 ҷаласаҳои Шурои илмӣ-методӣ  гузаронида шуда, дар он  14 масъалаҳои асосӣ ва 5 масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои мушахас қабул карда шудааст.

Корҳои таълимӣ

Корҳои таълимӣ дар “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи коллеҷ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ пеш бурда мешаванд. Раванди таълим дар асоси нақшаҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Барои ба тартиби муайян даровардан ва низоми самарабахши идоракунӣ, тибқи сохтори наве, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ду факултет: Факултети технологияҳои иттилоотӣ, нассоҷӣ ва дӯзандагӣ; Факултети молиявию иқтисодӣ; 9 кафедра: Кафедраи ҳисобдорӣ ва андоз; Кафедраи молия ва қарз; Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ; Кафедраи забонҳо; Кафедраи технологияи нассоҷӣ ва дизайни либос;  Кафедраи технологияи дӯзандагӣ ва хизматрасонӣ; Кафедраи фанҳои гуманитарӣ; Кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ тасдиқ гардидааст. Кафедраи фанҳои табиию риёзӣ низ ташкил карда шудааст, ки дар асоси дастуру супоришҳо, таъкиду пешниҳодҳо ва ташаббусҳои беназир аз баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, низомнома, дастурамал ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таълиму тарбия ба роҳ мондашудааст,-гуфт Асрорзода А. С.

Китобхона

Директори муассисаи мазкур китобдориро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии давлату ҳукумат дониста, қайд кард, ки  фаъолияти китобхонаи “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” тибқи нақша ба роҳ монда шудааст.

“Муасисаи таълимӣ дорои китобхонаи илмӣ ва электронӣ буда, шумораи умумии китобҳои китобхона 7843 нусхаро ташкил медиҳад. Китобҳои дарсӣ дар оғози соли таҳсил ба донишҷӯён дода мешавад. Ҳамаи китобҳо дар дафтари махсус сабт шуда, бо муҳр ва сиккаи коллеҷ тасдиқ гардида, бо ҳисоб гирифтани шумораи рақамӣ (инвентаризатсия) ворид шудааст”, – гуфтАсрорзода А.

Фаъолияти тарбивӣ

“МДТ “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” фаъолияташро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатии марбут ба соҳа, хусусан, тибқи талаботҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2020-2025, дастуру супориш ва мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи солонаи корҳои тарбиявӣ ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, адабию фарҳангӣ ва варзиширо роҳандозӣ намуд. Вобаста ба санаҳои муҳими таърихӣ, чун Ҷашни Садда, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар ва Наврӯзи оламафрӯз дарсҳои кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд. Барои босамар гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ аз тарафи омӯзгори муассиса дастури тарбиявии “Дебочаи девони маориф адаб аст”, ки мувофиқи Консепсияи миллии тарбия таҳия шудааст, гузаронида мешавад. Тамоми чорабиниҳо дар руҳияи ватану ватандорӣ, ваҳдати миллӣ, хештаншиносӣ, волоияти қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуданд”, – иброз дошт дар фарҷоми сӯҳбат директори МДТ “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” Асрорзода Абдулло Саттор.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь