Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Тағоймурод Ғуломов суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат сипосгузорӣ намуд ва тазаккур дод, ки Пешвои миллат ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон омӯзгоронро таърифу тавсиф менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳаи маориф амал намуда, дар ин замина ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Муассисаҳои томактабӣ

Номбурда афзуд, ки дар ноҳияи Файзобод 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 481 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Дар муассисаҳои мазкур 24 нафар мураббӣ, аз ҷумла 11 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 1 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 12 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таълиму тарбия машғул аст.

Дар назди 13 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия 13 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 179 нафар кӯдак таъсис дода шудааст. Дар маҷмӯъ, фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ 3,51%-ро ташкил медиҳад.

Зикраш ба маврид аст, ки тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф дар назди 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ маркази инкишофи кӯдак ба нақша гирифта шудааст. Марказҳои ба нақша гирифташуда баъд аз таъмир ва барқарорсозӣ, ки аз тарафи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Гранти Ассотсиатсияи байнал-милалии рушд D607-TJ, Бонки Умумиҷаҳонӣ) гузаронида мешавад, ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишандӯзон

Мавсуф тазаккур дод, ки дар ноҳия 66 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, аз он 46 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 адад гимназияи хусусӣ, 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият менамояд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 27685 нафар хонанда (аз ҷумла, 13537 нафар духтар) ба таълим фаро гирифта шудааст, ки он нисбат ба соли таҳсили 2022-2023, 693 нафар зиёд мебошад.

Соли таҳсили 2022-2023 синфи 11-ро 1181 нафар хонанда (555 духтар) хатм намуд, ки аз онҳо 617 нафар (354 духтар) тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар, 23 нафар (12 духтар) тибқи квотаи Президентӣ дохил шуданд.

Соли таҳсили 2022-2023 синфи 9-ро 1851 нафар хонанда (806 духтар) хатм  намуда, дар соли таҳсили 2023-2024 аз ин шумора 1251 нафар,  аз ҷумла 534 нафар духтар таҳсилро дар синфи 10 идома доданд.

Олимпиадаҳои фаннӣ

-Соли 2023 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври ҷумҳуриявии олимпиада 27 нафар иштирок намуда, 6 нафар сазовори ҷойи  сеюм гардиданд,-афзуд мавсуф.

Таъминоти кадрӣ

Мудири маориф дар хусуси таъминоти кадрӣ сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Файзобод айни замон 1455 нафар (аз ҷумла, 723 нафар зан) омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, бо таҳсилоти олӣ 1076 нафар (73,95%), олии нопурра 57 нафар (3,92%) ва бо таҳсилоти миёнаи махсус 322 нафар (22,3%) мебошанд.

Дар ноҳия иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» таъмин гардидааст. Махсусан, дар  нимсолаи аввали соли 2023 бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳия ба 2 нафар омӯзгори ҷавони ноҳия ба маблағи 12 000 сомонӣ (ба ҳар 1 нафар ба маблағи 6000 сомонӣ) қарзҳои имтиёзноки бонкӣ дода шудааст ва ин раванд идома дорад.

Илова бар ин, шуъбаи маориф рӯйхати 219 нафар омӯзгорро барои ҷудо кардани қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод намуд, ки ба 33 нафари онҳо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид.

Ҳамзамон, аз ҷониби шуъбаи маориф мусоидат кардан дар татбиқи тадриҷии муқаррароти моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”  “барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад…”, омӯзгорони ҷавон аз ин иловапулӣ бархурдор мебошад.

Китобҳои дарсӣ

Дар рафти суҳбат номбурда қайд кард, ки соли 2023 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод 59 733 нусха китоби дарсӣ ворид гардид, ки маблағи 1 244 331 сомониро ташкил медиҳад.

Аз тарафи шуъбаи маориф ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 барои  31 264 нусха китоби дарсӣ дархост пешниҳод гардидааст.

Иҷрои барномаҳои давлатӣ

Ҳамзамон мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017 №443) бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои таълимӣ ноҳия соли 2022 аз 91 компютери банақшагирифташуда 22 адад харидорӣ шудааст. Инчунин, 3 тахтаи электронии харидорӣ гардид.

Тибқи талаботи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114) дар муассисаҳои таълимии ноҳия бояд 5 адад озмоишгоҳ ва 136 адад кабинетҳои фаннӣ дар муддати 5 сол харидорӣ ва таҷҳизонида шавад. Дар давоми солҳои 2022-2023, 32 адад кабинети фаннӣ харидорӣ ва таҷҳизонида шуда, иҷрои нақша 58,2%-ро ташкил медиҳад.

Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ бароисолҳои 2022-2027 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.22 №484) то имрӯз нақша-чорабиниҳо ба тасвиб расидааст.

Фаъолияти марказҳо

Номбурда изҳор дошт, ки бо мақсади рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо, такмил ва татбиқи донишҳои назариявӣ ва заминагузорӣ барои интихоби касб дар ноҳия муассисаи таҳсилоти иловагӣ Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон фаъолият менамояд.

Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон корбарии худро дар асоси Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва Оинномаи Марказ ба роҳ мондааст. Дар муассисаи мазкур 31 маҳфил фаъолият менамояд, ки 100 гурӯҳро дар бар гирифта, 1073 нафар хонанда, аз ҷумла 681 нафар духтарон, ки хоҳиши аз худ намудани касбу ҳунарро доранд, бо розигии волидайн қабул карда шуда, ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон 10 маҳфил, дар назди МТМУ №1 -2 маҳфил, дар назди МТМУ №2 -1 маҳфил, дар назди МТМУ №7 -2 маҳфил, дар назди МТМУ №9 -1 маҳфил, дар назди МТМУ №16 -1 маҳфил, дар назди МТМУ №19 -1 маҳфил, дар назди МТМУ №20 -4 маҳфил, дар назди МТМУ №21 -3 маҳфил, дар назди МТМУ №24 -1 маҳфил, дар  назди  МТМУ №35 -3 маҳфил, дар назди МТМУ №53 -1 маҳфил ва дар назди МТМУ №64 -1 маҳфил амал менамоянд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо бинои алоҳида (тариқи иҷора) иборат аз се кабинети корӣ, шаш кабинети фаннӣ бо 150 ҷойи нишаст дар назди Марказ ва 3 кабинети дигар дар назди муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шудааст. Инчунин, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия дар раванди фаъолияти таълимӣ ва амалиаш ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, теъдоди гурӯҳҳои таълимиро ба 17 адад зиёд карда шуда, дар онҳо 180 нафар хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия, аз ҷумла 108 нафар духтарон  барои боз ҳам бештар равнақ ёфтани истеъдодҳояшон ба ин гурӯҳҳо шомил карда шуданд.

Дар марҳилаи сеюми таъмини иҷрои Барнома таълимии фанни технологияи иттилоотӣ дар 65 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия роҳандози гардида, дар ин давра 17 кабинетҳои технологияи иттилоотии дорои таҷҳизоти зарурии таълим таъсис дода шуда, ба таълими ин фан 56 нафар омӯзгорон ҷалб карда шуда буданд, ки аз ин шумора 49 нафарро омӯзгорони дорои таҳсилоти олӣ ва 7 нафар олии нопурраи педагогӣ ташкил медиҳанд. Бо максади самаранокии таълими фанни мазкур дар ин давра 250 адад компютер, 18 адад тахтаи электронӣ, 22 адад проектор, 75 дона принтер ва дигар таҷҳизотхои зарури дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуда, 65 муассисаи таълимӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст тариқи модем ва дар 3 муассисаҳо шабакаи локалӣ, ҳамаи муассисаҳои ноҳия камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Дар давоми таътили тиромоҳӣ, зимистона ва таътили баҳорӣ, омӯзгорони дигар фанҳо аз курси баланд бардори савияи дониши техникӣ, компютер, принтер ва тахтаи элнекторнӣ гуаронида шудаанд.

Мафтуна ВАҲҲОБОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь