Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Шарифзода Бахтиёр суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ тамоми паҳлуҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди арзёбӣ қарор дода шуда, мактабу маорифро ба ҳайси боргоҳи илму дониш ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин баҳогузорӣ намуда, таъкид намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара фаъолияти кории худро ҷиҳати иҷрои муҳтавои Паём ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Данғара ба роҳ мондааст.

Пешниҳоду бартарафсозӣ

Чӣ тавре ҳамсуҳбати мо иттилоъ дод, мудири шуъбаи маориф дар Шӯрои шуъбаи маориф, ҷаласаҳои назди мудир ва Ситоди доимоамалкунандаи бартарафсозии мушкилоти соҳаи маорифи назди шуъбаи маорифи ноҳия ба директорони муассисаҳои таълимӣ, мушовирони шуъбаи маориф дар самтҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, бо аттестати аъло ва медали тилло хатм намудани хонандагон муассисаи таълимиро, зимистонгузаронӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ, давомоти омӯзгорону хонандагон, пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна равияҳои тундрав, ҳуҷҷатгузории фаъолияти муассиса, Стандарти ягонаи таҳсилот, ҷобаҷогӯзории соатҳои дарсӣ ба омӯзгорон тибқи ихтисос, ҷоннок намудани фаъолияти кори созмонҳои талабагӣ, Шӯрои дӯхтарон, гузаронидани соатҳои хонишҳои сиёсӣ, пешгирии ноболиғон аз таълимоти ғайрирасмии динӣ, худкӯшӣ, харидории таҷҳизот, дар сатҳи балан гузаронидани ҷашнҳои миллӣ, ташкил намудани аксияҳои тозагии маҳал фориғ аз дарс, риояи мақсадноки нақшаи хароҷотҳо, омода намудани довталабон ба Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт ҷавоб гардонидани мактубҳо, Барномаҳои соҳавӣ, назорати ҷиддӣ оиди рафти сохтмони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 16, 21 ба шахсони вобастакардашуда дастуру супоришҳо дода истодааст.

Тарбияи кӯдакону наврасон

Ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки тибқи ҳисоботи ТМ-1 дар соли таҳсили 2022-2023 фарогирии хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба 46086 (22118 духтар) нафар расид, ки нисбати соли таҳсили 2021-2022  2529 нафар зиёд мебошад. Хонандагони синфи якум 5876 нафар (2887 нафар духтар)-ро ташкил дода, ҷалби хонандагони синфи 10 ба мактаб 2235 нафар (1036 нафар духтар) мебошад.

Дар рафти суҳбат номбурда изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон дар ин муассисаҳо тадриҷан афзуда истода, дар ин 4 муассисаҳои томактабии ноҳия шумораи кӯдакон ба 810 (370 духтар) нафар расида, ба тарбияи онҳо 41 мураббӣ машғул буда, инчунин дар назди 81 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 95 гуруҳ бо ҷалби 2220 (1068 духтар) нафар тарбиягирандагон ба Маркази инкишофи кӯдак фаъолият карда истодааст, ки бо онҳо 83 нафар омӯзгорон машғулият мегузаронанд.

Иштирок дар озмуну олимпиада

Дар ҷараёни суҳбат мавсуф зикр дошт, ки дар ин давра тибқи банди 18-и нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ба истифода додани Маҷмааи “Истиқлол” 8-уми сентябри соли 2022 баён доштаанд, 10 нафар ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо роҳбаладии намояндаи шуъбаи маориф аз Маҷмааи “Истиқлол” дидан намуда, бо таъриху фарҳанги гузаштаи ниёгонамон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Дар ин муддат даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз ҳамаи фанҳои таълимӣ дар байни хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 ҷамъбаст гардид, ки дар он хонандагони ноҳия дар вилоят сазовори ҷойи аввал гардида, 75 нафар хонандагон сазовори роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд.

Инчунин, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои байналмилалии Imas-58 нафар, Архимед-3 нафар, Penji-3 нафар, Stemp-3 нафар, Hippo-23 нафар иштирок намуда, пас аз ҷамъбасти озмуни Imas- 15 нафар хонандагон ғолиб дониста шуда, озмунҳои дигар дар ҳоли ҳозир ҷамъбаст нагардидаанд.

Назорати ҳуҷҷатнигорӣ

Номбурда ҳамзамон, тазаккур дод, ки дар ин муддат мушовирони кабинети методии шуъбаи маориф тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи шуъбаи маорифи ноҳия ҳолати ҳуҷҷатдориро дар муассисаи таълимии №2, 3, 8, 19, 31, 32, 47  дида баромада, оид ба камбудиҳои ошкоргардида ёрии методӣ расонида шуд.

Дар ин давра бо мақсади амалӣ намудани мактуби сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 29.12.2022, №986 дар бораи “Ҳафтаи омӯзиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ” фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия интишор ва нақша-чорабинӣ тасдиқ гардида, аз тарафи масъулини шуъба ҳолати ҳуҷҷатдорӣ дар самтҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаҳои таълимӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.06.2017, №281 “Дар бораи тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2015, №494 оид ба “Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2020, №647 “Дар бораи барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 дар муассисаҳои таълимии № 2, 3, 4, 5, 6, 8,9, 10, 12, 17, 18, 20, 21, 22,  23, 24, 25, 27, 30, 31, 33, 39, 42, 51,52,53,54, 55, 56, 60, 67, 68, 72, 73, 76, 79 ва ЛТТ “Афлотун” санҷида шуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Натиҷагирӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда бахусус изҳор дошт, ки дар ин муддат кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ба директорони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ гузаронида, оиди аз санҷиши аттестатсионӣ гузаштан ва додани ҳуқуқи пешбурди таълим супоришҳо дода, муассисаҳои таълимии №2, 8, 19, 31, 47, кӯдакистони №2-ро аз аттестатсия гузарониданд.

Дар ин давра 3-маротиба Шӯрои шуъбаи маориф гузаронида шуд, ки дар он 24 масъала баррасӣ гардида, аз тарафи аъзоёни Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар таърихи рӯзи 31.01.2023 бо иштироки сафири давлати Ҷопон, муовини соҳавии раиси ноҳияи Данғара, мудири шуъбаи маорифи ноҳия дар деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Сафобахш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро, ки аз тарафи Лоиҳаи маблағгузории сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъмиру таҷдид карда шуда буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Таҷлили ҷашн ва ҳамоишҳои худшиносӣ

Инчунин, мавсуф қайд кард, ки бо дастуру супоришҳои раиси ноҳия вохӯрии хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таълимӣ бо сарбозони қисми низомии дар ноҳиябуда баргузор карда шуда, хонандагон бо шароити хизматии сарбозон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд, дар ин вохӯрӣ хонандагонро муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардори комиссариати ҳарбии ноҳия ва намояндагони шуъбаи маорифу омӯзгорони ОДҲ-и муассисаҳои таълимӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар ин муддат ба шуъбаи маорифи ноҳия аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 12000 адад китобҳои дарсӣ ворид гардида, дастраси муассисаҳои таълимии ноҳия гардонида шуданд.

Дар ин давра ҷиҳати иҷрои мактуби раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 30.01.2023, №86 дар бораи дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” фармоиши мудири шуъбаи маориф ба табъ расида, рӯзҳои 16-ум ва 17-уми феврал даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” гузаронида шуд, ки омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии №2 Муқаддасов Умед ва мураббии кӯдакистони №6 Шамсова Фирӯза соҳиби роҳхат ба даври вилоятии ин озмунҳои пурнуфуз гардиданд.

Дар асоси Низомномаи тасдиқкардашудаи раёсат оид ба гузаронидани озмуни ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Низомномаи шуъбаи маорифи ноҳия тартиб ва тасдиқ гардида, рӯзи 20-уми феврал дар МТМУ №70 даври ноҳиявии озмун баргузор карда шуд, ки дар он ғолибони даври дохилимуассисавӣ иштироки фаъол намуда, хонандагони МТМУ №14 бо қарори ҳакамон сазовори ҷойи аввал дониста шуданд ва дар сатҳи вилоят низ бо нишондиҳандаҳои хуби худ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин муддат, инчунин бахшида ба ин чорабинии муҳим дар МТМУ №59 мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба шоҳмоту шашка ва тениси рӯйи миз байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардид, ки дар он хонандагон аз муассисаҳои №19, 17, 79 дар намуди шоҳмот, аз муассисаҳои №66, 59, 25 дар намуди шашка ва аз муассисаҳои №19, 42, 56 дар намуди тениси рӯйи миз ҷойҳои ифтихориро сазовор гардида, бо Ифтихорномаҳои шуъбаи маориф қадрдонӣ карда шуданд.

Ҷиҳати амалӣ намудани мактуби раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 13.02.2023, №135 ва иҷрои фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2022, №1294 дар бораи гузаронидани мусобиқа ҷумҳуриявии “Футбол” дар байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (дар байни 3-гуруҳи сину солӣ) рӯзи 21-уми феврал дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид, ки ҳар се дастаҳои сину солии ноҳия ҷойи 1-умро ишғол намуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар ин муддат дар ҳама муассисаҳои таълимӣ бахшида ба “Рӯзи модарон” суҳбату соатҳои тарбиявӣ гузаронида шуд. Инчунин, бахшида ба “Рӯзи модарон” дар толори муассисаи таълимии №59 чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид, ки аз тарафи шуъбаи маориф ва кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи ноҳия ба 100 нафар омӯзгорони собиқадор ва волейболбозбонувони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки дар вилоят соҳиби кубоки раёсати маориф гардида буданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои идона баргузор гардида, хонандагон озмунҳои “Маликаи Наврӯз”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Расми беҳтарин” ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, соатҳои тарбиявӣ дар мавзуи “Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо”, “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд”, “Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон”, конференсияҳои илмӣ ва маҳфилҳои адабӣ гузаронида шуд. Инчунин, мусобиқаҳои миллии гуштингирӣ, бандкашӣ, давидан, вазнбардорӣ, шоҳмот ва тениси рӯйи миз ташкил ва гузаронида шуда, ғолибон бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷашн гирифтани “Наврӯз-2023” дар боғи марказии ноҳия дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ, корҳои эҷодии хонандагон, намоиши либосҳо ва хӯрокҳои миллиро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни базми наврӯзӣ гардонид. Дар барномаи театрии ноҳия дар ин ҷашни пуршукуҳ хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ саҳми худро гузоштанд.

Дар арафаи ин ҷашни аҷдодӣ аз тарафи кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ба 48 нафар беморон ва собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия кумаки яквақтина расонида шуд.

Дар ин давра дар асоси фармоиши сардори раёсати вилояти Хатлон аз 17.11.1022, №246 ва фармоиши мудири маорифи ноҳияи Данғара аз 14.01.2023, №6 дар толори МТМУ №70 даври ноҳиявии озмуни “Оилаи масъулиятшинос” баргузор гардид, дар он аз 48 муассисаҳои таълимӣ оилаҳои бомасъулият, ки ба шартҳои Низомномаи озмуни мазкур ҷавобгӯ буданд, иштирок намуданд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шоистаи ниёгони миллат дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” доир мегардад, қарори раиси ноҳия ба тавсиб расид ва Низомномаи он дастраси директорони тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия гардонида шуд. Мувофиқи Протоколи ҷамъбастии ҷаласаи комиссияи баргузории даври якуми озмун аз 1654 нафар довталабон (1639 нафар хонанда ва 15 нафар омӯзгор) 348 нафар хонанда ва 7 нафар омӯзгорон ба даври ноҳиявӣ рохҳат гирифтанд.

Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки аз 13.03.2023 то 20.02.2023 давом кард, 1600 нафар довталабон иштирок доштанд, ки 305 нафар, аз ҷумла, 280 нафар хонандагон, 20 нафар омӯзгорон ва 5 нафар китобдорони муассисаҳои таълимӣ ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Бояд ёдовар шавем, ки соли гузашта дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева сазовори Шоҳҷоиза гардида буд, ки албатта, барои шуъбаи маорифи ноҳия ин яке аз дастовардҳои бузург маҳсуб меёбад. Дар таърихи рӯзи 30.03.2023 дар муассисаи таълимии №4-и ноҳия даври дуюм ҷиҳати дарёфти квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор гардид, ки рафти онро намояндагони Раёсати маорифи вилоят Навкарова М., агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Абдураҳмонзода Н. ва муовини соҳавии раиси ноҳия Абдуллозода Ф. назорат намуданд. Озмун аз рӯйи 18 ихтисос, бо иштироки 385 нафар довталабон ҷараён гирифта, 93 нафар довталабон соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ гардиданд.

Ҳамкории шуъбаи маориф бо муассисаҳои таълимии ноҳия дар самти бақайдгирии довталабон ба ИМД тибқи ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хуб қарор дошта, то рӯзи 31.03.2023   1310 нафар ҳуҷҷат супориданд.

Дар ин давра аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба шуъбаи маорифи ноҳия 60 адад компютер ба таври ройгон тақдим карда шуда, тибқи нақшаи тартибдодашудаи шуъбаи маориф ба муассисаҳои таълимии эҳтиёҷдошта тақсим карда шуд.

Тибқи маълумотномаи сармутахассиси шуъбаи кадрҳо дар давоми  се моҳи соли 2023 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 101 нафар омӯзгорон ба кор қабул карда шуд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия шумораи омӯзгорон 2146 (1138 нафар зан) нафарро ташкил дода истодааст. Дар ин муддат, инчунин 12 нафар омӯзгорони фаъол ва собиқадори муассисаҳои таълимии ноҳия бо нишонҳои “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати маорифи вилояти Хатлон ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар ин муддат намояндагони Бонки Осиёгии Рушд барои таъмири капиталӣ аз муассисаҳои таълимии №6, 56 дидан намуданд. Инчунин, намояндагони фонди хайриявии Аморати Мутаҳидаи Араб барои сохтмони 10 синфхонаи муассисаи навтаъсис дар деҳаи Меҳтар ва 8 синфхона дар деҳаи Шибансой санги асос гузоштанд.

Дар фароварди суҳбат Шарифзода тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ дар самти ободонӣ низ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуд, гирду атрофи муассисаҳо аз партовҳои пластикӣ ва хору хасҳо тоза карда шуда, заминҳои наздиҳавлигии муассисаҳои таълимӣ нарм ва зиёда аз 3130 бех ниҳолҳои ороишӣ, ҳамешасабз, сояафкан, 89600 адад гулу гулбутаҳо шинонида шуд, ки аз аввали мавсими имсола ин шумора 3510 бех ниҳол (100,3%) ва 92000 адад гулу гулбуттаҳо (102,2%)-ро ташкил дода, нақшаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ барои тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 ба пуррагӣ иҷро гардид.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь