Пешвои миллат дар Паёми худ қайд намуда буданд, ки “Бунёди миллат аз маорф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба соҳаи моарфсармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад”.

Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолият ва дастовардҳои Шуъбаи моарифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ хабарнигори МТЖТ бо мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Шаҳноза Маҳмадсаидзода, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат мавсуф гуфт, ки маориф соҳаи калидии ҷомеа буда, рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои умумимиллӣ ва зиндагии шоистаи мардум бевосита ба он вобастагӣ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистонро аз нав барои солҳои 2021-2025 қабул намуд.

Бо назардошти иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи кишвар тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодаанд. Ин аст, ки сол ба сол вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф боло меравад.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифи кишварро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат хонда, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорад. Пешвои миллат супориш доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Маорифчиёни ноҳияи Дӯстӣ ҳама дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҳукумати кишвар, Вазорати моариф, ҳукумати вилояти Хатлон, ноҳия ва Раёсати моарифро сармашқи кори худ намуда, барои рушди ин соҳаи афзалиятноки кишвар, ки онро Роҳбари давлат дар зинаи аввали сиёсати худ қарор додаст,  равона кардаанд.

Дастовардҳои маориф натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумат аст

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар тобеи худ 54 муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва томактабӣ дорад, ки аз ин шумора: 2 адад муассисаи томактабӣ, 6 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 42 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷумла 1 адад хусусӣ, 1 адад гимназия ва 3 адад маркази назди шуъбаи маориф мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 28 885 нафар хонандагон, аз ҷумла, 13 846 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ба таълиму тарбияи хонандагон 1517 /918 нафар омӯзгорон, (бо таҳсилоти олӣ – 959, олии нопурра – 42, миёнаи махсус – 361, миёнаи умумӣ – 135 нафар) вобаста карда шудаанд.

Соли ҷорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия 27 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шудааст, ки аз онҳо 26 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Аз аввали моҳи сентябр то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 60 нафар омӯзгор ба кор қабул шудааст.

Дар ноҳия ду адад муассисаҳои томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 340 нафар кӯдакони то 6 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд ва ба онҳо 15 нафар муррабияҳо, 15 нафар ёрдамчиёни мураббияҳо вобаста карда шуданд.

Инчунин соли ҷорӣ дар назди 42 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 74 гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдак бо ҷалбӣ 1720 нафар аз ҷумла 914 нафар духтарони синни 6 сола ташкил гардиданд, ки нисбати соли гузашта шумораи кӯдакон 805 нафар зиёд шудааст. Ҷалби кӯдакон ба таҳсили томактабӣ дар сатҳи ноҳия 10%-ро ташкил намуд.

Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 269 маҳфилҳои фаннӣ бо ҷалби беш аз 3 000 нафар хонандагони синфҳои 4-11 ташкил гардида, ба онҳо 163 нафар омӯзгорони таҷрибадор вобаста шуданд.

Таваҷҷуҳ ба барномаҳо зиёдаст

То 25-уми декабри соли 2022 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 – юми апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 2 адад кабинети химия, 4 адад кабинети география, 4 адад кабинети математика, 4 адад кабинети технологияи иттилоотӣ ва 4 адад кабинети суруд ва мусиқӣ ташкил гардид. Дар маҷмӯъ соли 2022  33 адад кабинети фаннӣ, 3 адад озмоишгоҳҳои таълимӣ ба истифода дода шуда, иҷроиши Барнома барои соли ҷорӣ 94.7%-ро ташкил менамояд.

Имрӯз дар 48 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 15 201 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ фаро гирифта шудааст. Дар ҳисоби шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия 894 адад компютер, 167 адад принтер, 25 адад проектор, 30 адад тахтаи электронӣ ва 38 адад генератор мавҷуд аст, ки иҷрои барномаи компютеркунонӣ дар ноҳия 88%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия имтиҳонҳои озмоиши байни хонандагони синфҳои 11 бо истифодаи маводҳои таблиғотӣ, омӯзишӣ ва технологияҳои ҳозиразамон баргузор гардид.  Дар семинари омӯзиши вобаста ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии Маркази миллии тестӣ, супоридани имтиҳонҳо, эълони натиҷаи имтиҳонҳо бо тариқи электронӣ ва тақсимоти довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо ба хонандагон маълумотҳои муфассал дода шуд.

Довталабон зиёд шуданд

Аввали моҳи март дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз гардид. Бо мақсади ба роҳ мондани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар муассисаи таълимии рақами 1 ноҳия нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда шуд. То санаи 20.04.2023 аз 1261 нафар хатмкунандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1087 нафарашон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ММТ (ИМД-2023) ҳуҷҷат супоридааст, ки ин нишондиҳандаи 86%-и хатмкунандагони синфҳои 11-ро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, ба муассисаҳои таълимии ноҳия Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид. Мавриди қайд аст, ки даври ноҳиявии озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1- уми апрели соли 2023 баргузор мегардад.

Дастовардҳо назаррасанд

Дар даври ноҳиявии олимпидаҳои фаннии хонандагони синфҳои 7 – 11    982 нафар иштирок намуда, 243 нафар роҳхат ба даври вилоятӣ гирифтанд. Даври вилоятии олимпидаҳои фаннии хоннадагони синфҳои 9 – 11 ҷамъбаст гардид, ки дар онҳо 15 нафар, аз ҷумла ду нафар ҷойи якум, се нафар ҷойи дуюм ва 10 нафар ҷойи семюро ишғол намуда роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гирифтанд.

Дар даври аввали олимпиадаи байналмилалии “ИМАС” аз фанни математика 200 нафар хонандагони синфҳои 4-9 иштирок намуда, 6 нафар аз муассисаҳои таълимии № 21, №13, №25, №34 ва №27 соҳиби сертификат гашта ба тури дуюм рохат гирифтанд. Ҳамзамон дар давраи ҳисобати олимпиадаи байналмилалии “АРХИМЕД” аз фанни Математика дар байни хонандагони синфҳои 4-11 баргузор гардид, ки дар он 56 нафар хонандагони ноҳия  иштирок намуданд.

Санаи 27-уми феврали соли 2023 тибқи нақшаи тасдиқшуда ва  Низомномаи “Стипендияи раиси вилояти Хатлон ба хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят” қарори раиси вилояти Хатлон аз 22.02.2019, №62  дар иштироки ҳайати комиссия ва намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон Султонзода Субҳия даври ноҳиявии озмуни Стипендияи раиси вилояти Хатлон ба хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят байни хонандагони ноҳия доир гардид, ки озмун 73 нафар довталабон иштирок доштанд. Номзадии ду нафар ғолиби озмун барои сазовор шудан ба Стипендияи раиси вилояти Хатлон  ба комиссияи вилоятӣ пешниҳод гардид.

Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун  аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор гардид.

Санаи 27-уми феврали соли 2023 дар китобхонаи марказии ноҳия байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров тибқи Низомнома ва Саволнома тасдиқ шуда баргузор гардид ва ба ғолибони даври ноҳиявӣ роҳхат ба даври вилоятӣ дода шуд. Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бунёдсозӣ

Айни замон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, №20, №33 ва бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории бонки Исломии рушд идома дорад. Инчунин, сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳия воқеъ дар деҳаи А. Ҷомӣ, ҷ/д Гарди Гулмуродов бевосита бо дастгирии кормандони соҳаи маорифи ноҳия сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ оғоз гардид. Санаи 20 марти соли 2023 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳия воқеъ дар деҳаи Ваҳдат, ҷ/д Ҷиликӯл бо иштироки раиси ноҳия 4 синфхонаи иловагӣ 100 ҷойи нишаст дар як баст ба ифтитоҳ супорида шуд. Сохтмони синфхонаи иловагӣ ва роҳрави муассиса бо дастгирии кумитаи падару модарон ба анҷом расонида шудааст.

Инчунин, дар деҳаи Нури Вахш ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳия бо дастгирии кумитаи падару модарон бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона ба маблағи зиёда аз 800 000 сомонӣ сохта шуд. Маросими ифтитоҳи бинои мазкур дар моҳи апрели соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, сохтмони 18 синфхона, 2 китобхона, 1 толори маҷлисгоҳ ва  ошхона барои хонандагон яъне 450 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад.

Дар ноҳия 5 муассисаи таълимӣ (МТМУ №7, №8, №9, №10, №12) бо забони тоҷикӣ туркманӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 3106 нафар аз ҷумла 1466 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Шумораи умумии омӯзгорони туркмензабон 323 нафар, аз ҷумла 251 нафар занон мебошанд.

Тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон аз 2 ноябри соли 2017  “Дар бораи сохтмони бинои (маҷмааи биноҳо) мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии ба номи Эргаш Султанови ноҳияи Ҷиликӯл” дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл ноҳияи Дӯстӣ вилояти Хатлон корҳои омадагӣ ба сохтмони муассисаи таълимии нав рафта истодааст. Барои сохтмони муассисаи таълимии мазкур дар суроғаи болозикр аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замин иборат аз 3 га ҷудо шуда, тамоми ҳуҷҷатгузорӣ ба расмият дароварда шудааст.

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов аз 9.12.2022 бо қабул намудани қарор ба сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ки бо ширкати ХО «Döwlet gurluşyk» барои сохтмони мактаби таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар Тоҷикистон қарордод банданд.

Бино иборат аз 2 ошёна барои 540 ҷойи нишаст дар як баст сохта мешавад. Барои сохтмони бино (маҷмааи биноҳо) 8 350 000 (Ҳашт миллион се саду панҷоҳ ҳазор) доллари амрикоӣ пешбини шудааст. Корҳои сохтмони аз тарафи ширкати ХО «Döwlet gurluşyk» пеш бурда хоҳад шуд.

Ифтитоҳи муассисаи таълимӣ дар моҳи декабри соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Рушди соҳаи моариф

Дар давраи ҳисоботӣ рафти амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии тарбия ва таҳсилот, Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қонуну Барномаҳои давлатии амаликунандаи соҳаи маориф, вазъи ташкили назорати дохилимактабӣ, сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон дар  муассисаҳои таьлимии ноҳия аз тарафаи муатахассисони шуъбаи маорифи ноҳия санҷиш шуда, дар Шӯроҳои шуъбаи маориф мавриди муҳокима, омӯзиш, баррасӣ қарор гирифтанд ва ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Реҷаи баргузории вохӯрии раиси ноҳияи Дӯстӣ бо омӯзгорон, падару модарон ва фаъолони деҳаҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳаи маориф дар мувофиқа бо шуъбаи маорифи ноҳия аз тарафи раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Д.Н. тасдиқ карда шудааст, ки доираи он раиси ноҳияи Дӯстӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо омӯзгорон, падару модарон ва фаъолони деҳаҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба соҳаи маориф, иҷрои саривақтии даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии вайроншавии оилаҳо, баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбияи хонандагон, ташкили корҳои ободониву созандагӣ дар доираи рушди 5 – сола, инчунин тозаву озода намудани ҳудуди деҳоҳо вохӯри доир намуда, дастуру супоришҳои судманд доданд.

Омӯзгорон донишу маҳорати худро такмил медиҳанд

Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда 101 нафар аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шуданд: аз ҷумла, мураббияҳои МТТ ва МРК 4 нафар, омӯзгорони химия ва биология 2 нафар, омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ 2 нафар, омӯзгорони т.меҳнат 2 нафар, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ 29 нафар, омӯзгорони таърих ва таърихи дин 6 нафар, омӯзгорони фанни математика 3 нафар, омӯзгорони фанни физика 3 нафар, омӯзгорони забони русӣ 7 нафар, омӯзгорони забони англсӣ 2 нафар, омӯзгорони забони давлатӣ 2 нафар, омӯзгорони география 6 нафар, директорони МТМУ 1 нафар, муовинони директор оид ба таълим 1 нафар, омӯзгорони суруд мусиқӣ 2 нафар, омӯзгорони маърифати оиладорӣ 4 нафар, омӯзгорони технологияи иттилоотӣ 2 нафар, роҳбарони созмони талабагӣ 3 нафар, омӯзгорони фанни забони ӯзбекӣ 5 нафар донишу малакаи худро такмил доданд.

Масъалаҳои зина ба зина беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф таҳти ғамхории доимии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои пешрафти онҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида мешаванд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда мешаванд. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад”.

Дар ноҳия дар соҳаи маориф зиёда аз 47 Барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки яке аз инҳо Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 8 июли соли 2021, №834  тасдиқ карда шудааст.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар хусуси беҳтар кардани шароити мактабҳо бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ноҳия ва амалӣ гардидани Барномаи мазкур як қатор корҳо ба анҷом расонида истодааст.

Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №113 тасдиқ карда шуда, дар ноҳия бо қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 8 июли соли 2021, таҳти №834 амалӣ гардида истодааст, барои мо кормадони соҳаи маорифи ноҳия ҳуҷҷати муҳим ва стратегӣ ба шумор меравад. Ҷиҳати амалӣ намудани ин барнома шуъбаи маориф, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодхои ноҳия силсилаи чорабиниҳоро амалӣ  намудаанд.

Мувофиқи Барномаи мазкур дар ноҳия Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо 8 воҳиди корӣ фаъолият дошта, дар бинои собиқ шуъбаи маориф бо 2 утоқи корӣ таъмин мебошад. Марказ бо таҷҳизотҳо, аз ҷумла, бо 2 компютер ва 2 принтер таъмин мебошад. Дар Марказ 4 нафар омӯзгорони пуртаҷриба аз фанҳои биология, химия, физика ва забони англисӣ ба 200 нафар хонанда машғулияти дарсӣ мегузаронанд.

Соли гузашта барои фаъолият Марказ 25 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда буд, аз он 100%  азхуд карда шуд. Соли ҷорӣ бошад 16,5 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, то имрӯз як ҳазору 600 сомонӣ  аз худ карда шудааст. Соли гузашта дар байни синфҳои аз 5 то 11 олимпиадаи ноҳиявӣ гузаронида шуда, дар он 945 нафар иштирок намудаанд ва 450 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, фаъолона иштирок намуданд.

Дар олимпиадаи вилоятии соли 2022-юм хонандагони мо 52 медал ба даст овардаанд, ки аз ин: Ҷои  якум  7 нафар, ҷои  дуюм  19 нафар, ҷои  сеюм 26 нафар.

Дар олимпиадаи фаннӣ дар ҷумҳурӣ хонандагон 5 медал – як ҷойи 2 ва 4 ҷойи 3-юм ба даст овардаанд.

Раҷабова Фарзона хонандаи МТМУ №18 аз фанни физика – сазовори ҷои дуюм, Пулодзода Бобур хонандаи МТМУ №24 ва Юсупов Тойли хонандаи МТМУ №7 аз фанни биология, Мирзоева Меҳрона, хонандаи МТМУ №1 аз фанни забони тоҷикӣ ва  Саломатшоев Фарух, хонандаи Гимназияи давлатии №1 аз фанни забони русӣ сазовори – ҷой сеюм гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ бо “Диплом” ва туҳфаҳо-  китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардидаанд.

Дар олимпиадаҳои байналмилалии фосилавии “КЕНГРУ” ва “ИМАС”аз фани матиматика синфхои 1-11,ки бо  тариқи Онлайн баргузор гардид, 100 нафар хонанда иштирок намуда, як нафар сазовори ҷойи 2 гардида,  бо “Сертификат” қадрдонӣ карда шудаанд.

Дар олимпиадаи Академияи илмҳои назди Призиденти Ҷумҳури Тоҷикистон 4 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимӣ иштирок намудаанд. Аз инҳо як нафар Мамедова Ҷерен, хонандаи синфи 11 МТМУ №7 аз фанни химия дар мавзуи “Гидрогенҳо” баромад намуда, сазовори “Диплом”-и дараҷаи сеюм гардид.

Дар озмуни ҷумҳурявии “Точикистон – Ватани азизи ман” 3 нафар иштирок намуда, як нафар – хонандаи синфи 6-и МТМУ №1 Лочинова Нафиса дар номинатсияи сарояндагӣ сазовори ҷои сеюм гардида, бо “Диплом” ва мукофотпулӣ ба маблағи 15000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” давлати Туркия 8 нафар хонандагон, аз он ҷумла: 4 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №23, 3 нафар аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва 1 нафар хонанда аз гимназияи давлатии №1-и ноҳия иштирок намуда, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №23 Зулфиқоров Озодбек, аз фанни биология ва Турдиев Ҷасур, аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи сеюм ва “Диплом” гардиданд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ин давра боз як қаттор озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ: аз ҷумла:

– озмуни «Луғатдони беҳтарин»;

– озмуни «Физикон»;

– озмуни «Химикон»;

– озмуни «Дунёи беруна»;

– озмуни «Хатти беҳтарин»;

– озмуни «Донояк»;

– озмуни «Хонандаи сол»;

– озмуни «Шоҳмот»;

– озмуни «Шоҳнома»;

– озмуни «Сиёсатшинос»;

– озмуни «Рассоми беҳтарин»;

– озмуни «Табиатдустон»;

– озмуни «Экологияи Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор солҳои 2018-2028»;

– озмуни «Синфхонаи беҳтарин»;

– озмуни «Барномасози беҳтарин»;

– озмуни «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ»;

– озмуни «Спилингби» ташкил ва гузаронид.

Дар ин озмунҳо муассисаҳои таълимии рақамҳои №1, 2, 4, 7, 8, 13, 15, 16, 21, 24, 27, 34, 32, 43 ва гимназияи давлатии №1 фаъолона иштирок намудаанд.

Дар давоми соли таҳсили 2022-2023-юм хонандагон ва омӯзгорон аз тарафи раиси ноҳия бо маблағҳои пулию молӣ ҳавасманд гардонида шуда, 20 нафар омӯзгорон бо ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, 40 нафар омӯзгорон бо қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин давра 3 нафар омузгор аз муассисаҳои таълимии 3 ва 15 бо медали “Аълочии маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2 нафар бо ифтихорномаи Вазири маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 нафар омузгорон бо ифтихорномаи сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон сарфароз гардидаанд.

Дар давоми 3 моҳи аввали соли 2023 дар олимпиадаҳои даври ноҳиявӣ барои хонандагони синфҳои 9-10-11 ҳамагӣ 400 нафар иштирок намуда, ба даври дуюми вилоятӣ 163 нафар иштирок намуда, 20 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла: Ҷойи якум – 2 нафар, ҷойи дуюм – 5 нафар ва ҷойи сеюм – 15 нафар гардида, ба даври ниҳоии ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Ҳама талошҳо баҳри баланд бардоштани мақоми омузгорон дар ҷоме аст

Шаҳноза Маҳмадсаидзода, мудири Шуъбаи марифи ноҳияи Дӯстӣ афзуд, ки ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи аҳли маорифи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоям, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маорифчиён бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳанд гашт.

Бо дарки ин масъулият дар оянда низ рисолати мо – кормандони соҳаи маориф тарбия намудани наврасону ҷавонони болаёқату ватандӯст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Дӯстӣ сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳа ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь