Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Салимзода Нурулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда аз Пешвои миллат сипосгузорӣ намуд, ки ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон омӯзгоронро таърифу тавсиф менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо зикр дошт, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолияти кории худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомнома, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда, фаъолият менамояд.

Донишандӯзон ва дабистонҳо

Ҳамчунин, мавсуф итило дод, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба саҳми шумо мерасонад, ки дар тобеияти худ 78 муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла: 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, 1 Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат,2 интернат, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ,1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, 1 фароғатгоҳи «Шарора», 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти хусусии томактабии «Меҳрона», «Миҷгона», «Сабрина» ва «Ягона») дорад, ки дар соли хониши 2023-2024 дар 2238 синфхона 56480 нафар хонандагон (аз ҷумла, 27140 нафар духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба синфи якум дар соли хониши 2023-2024, 6178 нафар (аз ҷумла, 2958 нафар духтар) қабул карда шуд. Аз шумораи 3446 нафар (аз ҷумла, 1895 духтар) дар соли хониши 2023-2024 ба синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2951 (аз ҷумла, 1396 духтар), ба колеҷҳо 329-нафар (аз ҷумла, 200 духтар), ба омӯзишгоҳи касби техникӣ 354-нафар (аз ҷумла, 142 духтар), ба курсҳои кутоҳмуддат 39-нафар (аз ҷумла, 21 духтар), ба маризи 2 нафар духтар, ба дигар шаҳру ноҳияҳо кӯчида 271- нафар. Дар маҷмӯъ аз синфи 9-ум ба синфи 10-ум 93% хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бошад ба таълиму тарбияи 1654 нафар кӯдакони синни томактабӣ (аз ҷумла, 836 духтар) 68 нафар мураббиён машғуланд. Дар баробари ин, дар назди 52 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 100 адад гуруҳи Марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 2510 нафар фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ 4164 нафар ба тарбия ва таълим фаро гирифта шудааст.

Заминаҳои кадрӣ

Номбурда қайд кард, ки таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки дар маркази диққати мақомоти иҷроия ва шуъбаи маориф қарор дорад. Дар соли хониши равон шумораи умумии омӯзгорон 3774 нафар ташкил дода, аз ин миқдор 2609 нафарро занон ташкил мекунад.

Қайд кардан зарур аст, ки айни замон дар муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб 2 нафар Кормандони шоистаи Тоҷикистон, зиёда аз 182 нафар Аълочиёни маорифи Тоҷикистон ва 6 нафар Аълочии фарҳанги Тоҷикистон кор карда истодаанд.

Маълумотнокӣ бошад:- олии омӯзгорӣ- 3285 нафар, аз ҷумла 2251 нафар зан; – олии нопурра- 28 аз ҷумла, 15 нафар зан; – миёнаи махсус- 461 нафар аз ҷумла, 351 нафар зан.

Тахассус: -тахассуси олӣ- 440 нафар, аз ҷумла 275 нафар зан; – якум 597 нафар, аз ҷумла 387 нафар зан; -дуюм 461 нафар, аз ҷумла, 351 нафар зан; -бедараҷа 2297 нафар, аз ҷумла, 1637 нафар зан фаъолият намуда истодааст.

Ҳоло дар муассисаҳои тобеи шуъбаи маориф 283 нафар мутахассисони ҷавон кору фаъолият карда истодаанд, ки 71 нафарашон имсол ба кор омаданд. Фаъолияти онҳо доимо зери таваҷҷуҳи шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ қарор дошта, барои расонидани кӯмаки амалию методӣ онҳо бо омӯзгорони пуртаҷриба вобаста карда шудаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷамъбасти озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” омӯзгори фанни физика Сулаймони Абдуқаҳор аз Мактаби Президентӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон

Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ин такмили ихтисос, шинос намудани омӯзгорон бо нақшаву барномаҳои таълимӣ ва расонидани ёрии амалию методӣ ба онҳо ба ҳисоб меравад. Вобаста ба бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ, сайқал додани маҳорати касбии онҳо тибқи нақша ҳамасола зиёда аз 20%-и омӯзгорон аз курси такмили ихтисос ва семинарҳои дастурдиҳи гузаронида мешаванд. Дар асоси нақшаи такмили ихтисос дар соли 2023 тибқи нақша 507 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида мешаванд. Дар даҳмоҳи соли 2023, 484 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос гузаронида шуданд, ки 95,4% -и иҷроиши нақшаро таъмин намудааст. Дар баробари ин дар асоси нақшаи кории кабинети методӣ ҳар моҳ бо масъулини муассисаҳои таълимӣ оид ба ҳуҷҷатнигорӣ, таълими салоҳиятнокӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон семинар ташкил карда гузаронида шуд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақшаи кори кабинети методии шуъбаи маориф бо роҳбарони таълимгоҳҳо, муовинони директорон оид ба қисми илмӣ, тарбиявӣ ва Созмонҳои хонандагон бо муаллимони забон ва адабиёти рус, таърих ва ҳуқуқ, технологияи иттилоотӣ, ОДҲ, тарбияи ҷисмонӣ, география, забони англисӣ, химия ва биология, физика ва математика, синфҳои ибтидоӣ, технологияи меҳнат семинарҳо ташкил карда гузаронида шуданд.

Назорати ҷараёни таълиму тарбия

– Бояд қайд намуд, ки Шӯрои шуъбаи маориф тибқи нақша ҳамеша бо иштироки бевоситаи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб баргузор гашта, масъалаҳои мубрами таълиму тарбия дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода мешавад. То ин давра 8 ҷаласаҳои назоратӣ ва 10 Шӯрои шуъбаи маориф бо 39 масъала мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор дода шуд,-изҳор дошт номбурда.

Кабинетҳои фаннӣ ва компютеркунонӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат тазаккур дод, ки татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №144 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» қарори шуъбаи маориф ба тавсиб расида, дастраси роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи талаботи нақшаи таъмини кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб дар соли 2021, 33 (сиву се) кабинетҳои фаннӣ (физика-4 кабинет, химия-4 кабинет, биология-3 кабинет, география-9 кабинет, математика-9 кабинет, технологияи иттилоотӣ-2 кабинет, суруд ва мусиқӣ-2 кабинет) ва 1(як) озмоишгоҳи фанни физика дар муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад.

Ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур дар соли таҳсили 2021 аз ҳисоби соҳибкор ватанӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 як кабинети технологияи иттилоотӣ ва як кабинети физика бо ҳамаи шароитҳои замони муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд. Инчунин моҳи сентябри соли ҷорӣ, марҳилаи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 бо истифодаи ду кабинети технологияи иттилоотӣ, ду кабинети технология (таълими меҳнат) – як кабинет барои духтарон, як кабинет барои писарон ва моҳи декабри ҳамин сол як кабинети технологияи иттилоотӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, ки бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Тибқи талаботи нақшаи таъмини кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб дар соли 2022, бояд 34 (сиву чор) кабинетҳои фаннӣ аз ҷумла озмоишгоҳи химия-1 кабинет, физика-4 кабинет, химия 4-кабинет, биология 3-кабинет, география-9 кабинет, математика-9 кабинет, технологияи иттилоотӣ 2-кабинет, суруд ва мусиқӣ 2-кабинет ба истифода дода мешуд. Дар ёздаҳмои соли равон 1 кабинети физика, 1 кабинети математика, 12 кабинети технологияи иттилоотӣ ба истифода дода шуд.

Тибқи талаботи нақшаи таъмини озмоишгоҳҳои таълимӣ ва кабинетҳои фаннӣ муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб дар соли 2023, бояд 31 кабинети фаннӣ ва 3-озмоишгоҳи таълимӣ ба истифода дода шавад. Дар даҳмоҳаи соли равон 6 озмоишгоҳ ва 9 кабинети фаннӣ ба истифода дода шуд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, таҳти №439 “Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб то имрӯз бо 2833 адад компютер, 382 принтер, 151 адад доскаи электронӣ ва 181 проектор таъмин карда шуданд.

Иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Дар рафти суҳбат номбурда қайд кард, ки бо мақсади иҷроиши самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-331 дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» рӯзҳои 23-27 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд. Аз шумораи 28 нафар довталабон, 6 нафарашон ғолиб омада, соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардиданд. 4- нафар аз мактаби Президентӣ барои хонадагони болаёқат, 2- нафар аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.

Бояд тазаккур дод, ки дар воқеъ ин озмун тавонист аҳли ҷомеаро ба омӯзиши васею ҳамаҷонибаи асарҳои бадеӣ зиёд гардонад. Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур ин боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.

Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2023, № АП – 330 , «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, фармоиши мудири шуъбаи маориф таҳти № 45 аз 09.03.2023, нақша-чорабиниҳо ва ҷадвали гузаронидани даври якуми озмун ба тасвиб расида, дастраси муассисаҳои таълимӣ гашт, ки тибқи он муассисаҳои таълими даври мактабии Озмунро гузаронида дархостҳои худро, барои иштирок намудан дар даври дуюм пешниҳод намуданд.

Дар даври якуми Озмун 1720–нафар хонандагон ширкат намуда ба даври дуюм (шаҳри) 496–нафар; аз ҷумла 343 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 30-нафар омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ; 99- нафар донишҷӯй, 12- нафар магистрантони муассисаҳои олии касбӣ, 12-нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намудаанд.

Ба даври сеюми Озмун 72-нафар роҳхат гирифт. Аз ҷумла, 39-нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7-нафар омӯзгорон(3-нафар аз муассисаҳои таълимӣ, 4- нафар аз донишгоҳ ва колеҷ), 21-нафар донишҷӯ, 4-нафар касбу кори гуногун, 1- нафар нафақахӯр.

Бояд тазаккур дод, ки ба даври ҷамъбасти ҷумҳуриявӣ 19 нафар, аз ҷумла 8 мактаббача, 8-донишҷӯй ва 3 нафар касбу кори гуногун роҳхат гирифтанд.

Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 июли соли 2022, №232 “Дар бораи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022, №АП-227, қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 15 ноябри соли 2022, №609 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» миёни сокинони шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои гуногун гузаронида шуд.

Дар озмун 193-нафар довталаб, аз ҷумла 160-нафар хонанадгони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ва ибтидоии касбӣ, 23-нафар донишҷӯён, 6-нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, 4-нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот ширкат варзида, 20-нафарашон соҳиби роҳхат ба даври вилоятӣ гардиданд.

Дастовардҳои хонандагон

Номбурда зикр кард, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо мутобиқи нақшаи солонаи шуъбаи маорифи шаҳр, нақша ва Ойинномаи МДРИ фаъолият намуда истодааст. Ҳадафи асоси ташаккули малакаҳои зеҳниву ақлонии хонандагон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ аст. Дар асоси барномаи махсуси таҳсилоти иловагии мактаббачагони лаёқатманд таҳсили босамар ва бомақсад мекунанд.

Дар даври Олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ дар соли таҳсил хонадагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида соҳиби 132 ҷойи гаштанд.

Иштирокчиёни Олимпиада соҳиби 3-медали тилло, 14-нуқра, 97-биринҷӣ ва 18-ҷойи Ифтихорӣ гардиданд.

Нисбати соли гузашта 23% зиёд.

Қайд кардан бомаврид аст, ки хонандаи Литсейи №2, Абубакри Ҳофиз дар Олимпиадаи байналмиллалии “Тингил” дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир миёни 55 давлат ва 750 иштирокчиён ширкат варзид, сазовори ҷойи 3-юм гашт.

Паём

Дар ҷараёни суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки шуъбаи маориф оид ба амалӣ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23.12.2022) як қатор корҳоро ба сомон расонид. Дар Шӯрои шуъбаи маориф рӯзи 30 декабри соли 2022, №12/5 Паём мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Роҳбарони муассисаҳои таълими муваззаф карда шуданд, ки дар муассисаҳо бо падару модарон, хонандагон ва ҷомеаи омӯзгорон оид ба Паёми Президенти кишвар омӯзишу вохӯриҳо ташкил карда, гузаронанд. Дар вохӯриҳо намояндагони шуъбаи маориф, муаллимони беҳтарин, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти иҷроия даъват намуда, мароми Паём, роҳҳои амалӣ намудани онро гуфта гузашта истодаанд. Аз тарафи мутахассисони шуъбаи маориф рафти иҷрои Паём дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат гирифта шудааст.

Масъулияти падару модар

-Кор бо аҳли ҷомеа ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ омили асосии пешравии соҳа ба ҳисоб меравад.

Боиси хурсандист, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сол аз сол таваҷҷуҳи падару модар, аҳли ҷомеа ба мактаб зиёд шуда истодааст. Ҳоло дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ Ассотсиатсия волидайн ва омӯзгорон амали хуб дошта, дар таълиму тарбия, гузаронидани чорабиниҳо, дастгирии муассиса, фаъолона иштирок намуда истодаанд,-қайд кард мавсуф.

Либосҳои тавсиявӣ

Дар фарҷоми суҳбат номбурда изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба низом даровардани раванди тарбияи эстетикии хонандагон «Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ»-ро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2017, №06/1-1480 тасдиқ кардааст. Имсол шуъбаи маориф тибқи нақша бо корхонаи дӯзандагии ҶДММ «СИНО-2013» ба миқдори 15188(понздаҳ ҳазору як саду ҳаштоду ҳашт) ҳазор ҷуфт либоси мактабӣ Шартнома баст.

Бояд тазаккур дод, ки муассисаҳои таълимӣ пурра нақшаро таъмин намуданд.

Боиси сарфарозӣ аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маори таваҷҷуҳи махсус мекунанд ва дар ҳар баромади худ Пешвои миллат нисбати маориф ва илм нуктаҳои созандаву супоришҳои махсус медиҳанд, ки албатта, барои пешрафти соҳаи маориф нақши муассир гузоштаасту мегузорад.

Мо- омӯзгорон низ дар навбати худ мекӯшем вазифаи муқаддаси худро бекаму костагӣ анҷом диҳем ва барои пешрафти маориф талош мекунем саҳми назарраси хешро гузорем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь