Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар соли гузашта хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Зокир Амиров суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки  рушди соҳаи маориф ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ замина фароҳам меорад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо ва суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки рушди соҳаи маориф ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат мо – кормандони соҳаи маориф низ беш аз пеш талош ва ҷаҳд мекунем, то саҳми худро дар пешрафти соҳаи маориф бигузорем.

Дар соли сипаришуда, Шуъбаи маориф фаъолияти кории худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус, амалигардонии «Барномаи давлатии такмил ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», барномаҳои соҳавӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монд.

Дар рафти суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар ноҳия ҳамагӣ 61 муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла 54 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 2 гимназияи давлатӣ, 1 муассисаи хусусии таълимии ба номи “Барфигул”, 1 мактаб-интернат амал мекунад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 42884 нафар хонанда, аз он ҷумла 20650 нафар духтарон таълиму тарбия гирифта истодаанд. Ба ғайр аз ин 4 боғчаи бачагона ,1 боғчаи хусусӣ бо фарогирии 498 нафар тарбиятгиранда, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва комуникатсия, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият карда истодааст.

Дараҷаи касбияти омӯзгорон

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2160-нафар омӯзгорон фаъолият карда истодаанд, ки 1481 нафарашонро занҳо ташкил мекунанд. Дараҷаи таҳсилоти омӯзгорон ба таври зайл аст.

Таҳсилоти олӣ 1599 нафар, аз ин шумора занҳо 1012 нафар мебошад, олии нопурра 98 нафар, аз ин шумора занҳо 86 нафар буда, миёнаи махсус 402 нафар, 328 нафарашон занҳоро ташкил медиҳад, ки ҳамаи онҳо ҳоло дар муассисаҳои гуногуни олии ҷумҳурӣ ғоибона таҳсил карда истодаанд.

Дар соли таҳсили 2021-2022, 165 нафар мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Дар соли сипаришуда ба мутахассисони ҷавон, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон”, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудаанд, ба 6 нафар омӯзгорони ҷавон барои сохтмони ҷойи зист қарзҳои пулии имтиёзнок ба маблағи 6000 ҳазор сомонӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.07.2015, №433 ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2016, №17/4 дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ дар се соли охир ба маоши 160-нафар омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, ба миқдори 10% ба маоши моҳонаи онҳо иловапулӣ ҳамроҳ  карда шуд.

Умеди парвоз

Мавсуф дар рафти суҳбат зикр намуд, ки соли равон 2186 нафар хонандагон синфи 11-ро ва 3070 нафар синфи 9-умро хатм намуда аз инҳо 1794 нафар ё ин ки 82,1% аз синфи 11 ва 296 нафар ё ин ки 9,6% аз синфи 9-ум ва тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кластерҳои мухталиф 1092 нафар ё ин ки 50% ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо дохил шуда, таҳсилро давом дода истодаанд. Ба ғайр аз ин, бидуни Маркази миллии тестӣ 8 нафар дар донишгоҳҳо, 26 нафар тибқи Квотаи Президентӣ, 18 нафар хориҷи кишвар, 106 нафар дар коллеҷҳои тиббӣ, 102 нафар дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва дигар коллеҷҳо 56 нафар ва литсейҳои касбии техникӣ 54 нафар, ба курсҳои кӯтоҳмудат 36 нафар таҳсил карда истодаанд, ки 82,1%-ро ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия соли равон 5480 нафар хонандагон ба синфи якум фаро гирифта шуда, аз инҳо 2672 нафарашонро духтарон ташкил менамояд, ки нисбат ба соли гузашта 384 нафар хонанда зиёд аст.

Раванди бунёдкориҳо дар соҳаи маориф

Дар  муассисаҳои таълимии ноҳия барои сохтан ва ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ диққати махсус дода мешавад. Дар соли равон сохтмони 74-синфхонаҳои иловагӣ дар 15 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шуда, аз инҳо 2 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №53, 3 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ№11, 4 синфхонаҳои иловагӣ дар МТМУ №38 ва 4-синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ№20 дар маҷмуъ 13 синфхонаҳои иловагӣ барои 312 ҷойи нишаст дар як баст, ба маблағи 473 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин маблағ аз ҳисоби падару модарон сарф гардидааст. Инчунин  4 синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ№57 дар арафаи супориш қарор дошта, 1 боғчаи бачагонаи хусусӣ дар деҳаи Авестои  ҷамоати деҳоти Тахти Сангин барои 50 нафар кӯдакон кушода шуда, 1 боғчаи бачагонаи давлатӣ дар деҳаи ба номи Чкалов барои 36 нафар кӯдак дар арафаи кушоиш қарор дорад.

Дар соли сипаришуда ба ғайр аз ин бо дастгирии мардуми саховатпешаи деҳаи “Камароб” ва “Чапарӣ-1”-и  ҷамоати деҳоти ба номи У. Назаров дар назди МТМУ№11 иборат аз 12 синфхонаи иловагӣ барои 288 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 2 млн сомонӣ ва дар назди МТМУ№49 иборат аз 8 синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ бо 192 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуда  истодааст, ки дар давоми соли 2022 ба истифода дода мешавад.

Ин иқдом аз тарафи мардуми обрӯманди деҳаи  “Палвонтуғай”-и ҷамоати деҳоти ба номи Н. Хусрав  сохтмони 6-синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ№44 оғоз гардидааст, ки айни ҳол дар ҳолати болопуш қарор дорад. Ба ғайр аз ин, дар назди МТМУ №45-и деҳаи “Чапарӣ -2”-и ҷамоати деҳоти ба номи У. Назаров сохтмони синфхонаҳои иловагӣ иборат аз 8 синфхонаҳо дар як баст дар назди МТМУ №35 иборат аз 2 синфхона, оғоз гардида, айни ҳол таҳкурсии он гузошта шуд.

Дар шуъбаи маориф 26 номгӯйи Барномаҳои давлатӣ ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф дар зери назорат гирифта шуда, дар асоси нақша-чорабиниҳо зина ба зина  амалӣ шуда истодаанд.

Дар соли равон муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи ройгон ба миқдори 500 ҷойи нишасти хонандагон мизу курсӣ, 20 адад тахтаи синфӣ, 20 адад мизи кории омӯзгорӣ, 20 адад курсии омӯзгорӣ ва 20 адад ҷевон таъмин карда шудаанд.

Таъмини хонандагон бо сару либоси ягонаи мактабӣ яке аз масъалаҳои асосии рӯз ба шумор рафта,  айни ҳол дар ноҳия 4 корхонаҳои дӯзандагӣ: ҶДММ-Мавлуда, ҶДММ-Мастура Авезова, Сехи дӯзандагии Дилангез, ТҶ-Занони Қубодиён амал карда истодааст, ки дар соли таҳсили равон хонандагонро бо 61185 адад сару либос таъмин намуд ва кор дар ин самт идома дорад.

Базаи техникӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки соли ҷорӣ 63 адад компютерҳои корношоями муассисаҳои таълимӣ дар Маркази технологияи информатсионӣ ва комуникатсияи вилоят таъмир карда шуд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 9 адад тахтаи электронӣ, 6 адад проекторҳо, 54 адад сканер, 250 адад камераҳои мушоҳидавӣ мавҷуд мебошанд, ки дар фаъолияти корӣ қарор доранд.

Дарёфт ва рушди истиеъдодҳо

Мавсуф ҳамчунин, изҳор дошт, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия фаъолияти худро тибқи нақша ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия аз фанҳои гуногун олимпиадаҳои мактаббачагон гузаронида шуд. Айни ҳол ғолибони даври дуюми олимпиадаи мактаббачагон ба давраи сеюми олимпиадаи вилоятӣ, аз фанҳои гуногун иштирок намуда истодаанд. Дар соли хониши 2020-2021 як нафар хонандаи синфи 10-уми МТМУ №2-и ноҳия Норматова Мафтуна аз забони русӣ дар олимпиадаи даври чоруми ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар назди 33 муассисаҳои таълимӣ 51 маркази инкишофи кӯдак амал карда истодааст, ки дар он 1060-нафар кӯдакон ҷалб карда шуда, аз инҳо 447-нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Соҳаи маориф аз ҳар вақта бештар зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор мегирад ва ин албатта, барои пешрафти соҳа заминаҳои устуворе хоҳад гузошт ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки ба соҳаи маориф диққати махсус зоҳир менамоянд. Кормандони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама ба сатҳу сифати таълими хонандагон ва иштироки онҳо дар озмунҳо, олимпиадаҳо ва инчунин, азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ диққати махсус диҳанд. Ба ғайр аз ин, таъкид намуданд, ки омӯзгорон дониши худро такмил дода, истифодаи технологияи навинро азхуд намоянд. Инчунин, ҳар як омӯзгор бо компютер кор карда тавонад ва ақаллан бо ду забони хориҷӣ озодона муошират намоянд.

Аз ин лиҳоз, кормандони соҳаи маориф вазифадор ҳастанд, ки оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша – чорабиниҳо тартиб дода, аз болои иҷроиши он назорат баранд, зикр кард дар анҷоми суҳбат Зокир Амиров.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь