Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар семоҳаи аввали соли 2022 хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Ғаффорзода Нигора Маъруф суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон, рушди соҳаи маорифи кишварро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат хонда, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣсарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорадПешвои миллат супориш доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардониданаврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣдақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Шуъбаи маорифи  ноҳия фаъолияти худро  дар асоси нақшаи кории  дар  Шӯрои шуъбаи  маориф  аз 20.06.2022, № 8/7 тасдиқ гардида,  бо назардошти  дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки  дар Паёми  навбатиашон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  21 декабри соли 2021 баён доштанд  ва дар доираи чорабиниҳои  сазовор  пешвоз  гирифтани  ҷашни   30- солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ мондааст.

Фаъолияти шӯъбаи маориф

Мавсуф иброз дошт, ки дар ин муддат бо иштироки ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия 11 маротиба  машваратҳои назди мудири шӯъба гузаронида шуда,  дар онҳо 21 масъалаҳо вобаста ба рафти корҳои омодагии муассисаҳои таълимӣ ба истиқболи сазовори ҷашни  30  – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  рафти зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия, рафти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии томактабиии хусусӣ ва тобеъи ташкилотҳои дигар, натиҷаи ташхиси ҳуҷҷатҳои довталабони медалҳои тилло ва нуқра ва  амру пешниҳодҳои  прокуратураи вилояту ноҳия мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Ифтихори соҳаи  маориф

Санаи 15.04.2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои таълимии иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15- и ҷамоати деҳоти  унҷӣ  барои 840  нафар хонанда дар як баст  ба истифода дода шуд.

Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ муассисаи таълимии томактабии хусусии “Моҳтобак”  ба фаъолият оғоз намуд.

Моҳи январ омӯзгори фанни  математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Зоидова Наима дар озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими  соли Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2021 ” ба гирифтани  ҷойи ифтихории дуюм сазовор гардид. Дар даври ҷумҳуриявии  олимпиадаҳои фаннӣ 136 нафар хонандагони синфҳои 5-11 – и муассисаҳои таълимии ноҳия  ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Аз шумораи умумии ғолибон  24 нафар ба гирифтани ҷойҳои якум, 35 нафар ҷойҳои дуюм ва 77 нафар ҷойҳои сеюм сазовор  гаштанд.

Дастаи олимпии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия   вобаста ба натиҷаи иштироки хонандагон дар олипиадаҳои фаннӣ  дар вилоят ҷойи якумро ишғол намуда,  дар қатори   сегонаи беҳтарин шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ҷой гирифт.

Бо мақсади таъмини иҷрои банди  4-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2022,  № АП-155 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 11.03.2022, №93 байни хонандагон, донишҷуён ва дигар қишрҳои ҷомеъа   даври  ноҳиявии  озмуни  ҷумҳуриявии   «Илм – фурӯғи  маърифат»  баргузор карда шуд. Дар натиҷаи  озмун  35  нафар ғолибон  муайян карда шуда, бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулии  мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи умумии 43 800  сомонӣ   қадршиносӣ карда шуданд.

Бо мақсади таъмини иҷрои 4 – уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали 2022, № АП-156   ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 11.03.2022, №94 байни хонандагон, донишҷуён ва дигар қишрҳои ҷомеъа   даври  ноҳиявии  озмуни  ҷумҳуриявии   «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»   баргузор карда шуд. Дар натиҷаи  озмун  48  нафар ғолибон  муайян карда шуда, бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулии  мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи умумии 44 280 сомонӣ   қадршиносӣ карда шуданд.

Дар сессияи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон 37 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ  иштирок намуда, ҳамаи онҳо ғолибиятро ба даст дароварданд.

Муасисаҳои хусусӣ

Дар қаламрави ноҳия  2 адад  гимназияҳои хусусӣ ва 4 адад мактабҳои хусусӣ амал менамоянд:  гимназияи хусусии «Нур», (муассис директори  куллӣ ҶДММ  БИТ “Нур” Усмонов Нурулло), муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Амид» (муассис соҳибкор Исомаддинов Саидамин),  гимназияи хусусии «Сафина» (муассис  Раҳимова Мунусой), муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии “Дурахшандагон” (муассис Очилов Хуршед), “Мактаби хусусии Хистеварз” (муассис Боиров Ҳомидҷон), мактаби ибтидоии тобеъи  ташкилоти дигари “Табассум”( муассис АХД А. Ҷумъаев).

Айни замон дар  қаламрави ноҳия 140  адад муассисаҳои таълимии  шакли моликияташон гуногун фаъолият доранд :  Аз  ҷумла:

муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ – 83 адад гимназияҳои хусусии «Нур», «Сафина» -2 адад, мактабҳои хусусии «Амид » , «Дурахшандагон», “Мактаби хусусии Хистеварз”  –  3 адад, гимназияҳои давлатӣ- 2 адад, мактаб –  интернати  махсу  – 1 адад,  мактаб- кӯдакистони хусусӣ- 1 адад, марказҳои таҳсилоти иловагӣ – 7 адад,  муассисаҳои томактабии тобеъи шӯъбаи маориф –  22 адад,  муассисахои томактабии хусусӣ – 13 адад, муассисахои томактабии тобеъи ташкилотхои дигар-   4 адад

Дар каламрави ноҳия, айни замон 92 адад муассисаҳои таҳсилоти миёна, асосӣ ва ибтидоии шакли моликияташон  гуногун  фаъолият дошта, 77 571 нафар хонандагон,  аз  ҷумла  38 662   нафар духтарон таҳсил доранд.  Ба ин шумора хонандагон  4767  нафар омӯзгорон, аз ҷумла  4028  нафар занҳо дарс мегӯянд.

Кадрҳо

Дар назди шӯъбаи маорифи ноҳия  тибқи нишондоди шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  захираи  кадрҳои роҳбарикунанда ташкил карда шудааст.

Муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои педагогӣ асосан  таъмин буда,

Дар ноҳия ба кор бо мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ дода шуда, аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ ҳуҷҷатҳои  3 нафар мутахассисони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳия барои бархурдорӣ аз имтиёзҳои бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2007, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” муқарраргардида, омода карда шуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорату малакаи касбии омӯзгорони ҷавон дар ин муддат барои онҳо аз ҳамаи фанҳои таълимӣ  61  маротиба  машваратҳои омӯзишӣ  доир карда шуданд.

Бо мақсади таъмини пурраи макотиби ноҳия бо кадрҳои педагогӣ ва  бо назардошти синну соли омӯзгорону зиёдшавии теъдоди хонандагон  моҳи феврали соли ҷорӣ мониторинги таъминоти  кадрҳои педагогӣ гузаронида шуда, ба  Раёсати маорифи вилоят барои 72 нафар мутахассисони ҷавон  дархости муфассал  пешниҳод карда шуд.  Моҳҳои август – сентябр  барои кор ба муассисаҳои таълимӣ 209 нафар мутахассисони ҷавон  ба кор қабул карда шуданд.

Муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои педагогӣ пурра таъмин мебошанд. Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 4767  нафар омӯзгорон, аз ҷумла 4028  нафар занҳо бо кори таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, аз шумораи умумии омӯзгорон 4467 нафар дорои маълумоти олӣ, 119 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 181 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.  Шумораи таҳсилоти олӣ доштаи омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия  93,7 %-ро ташкил медиҳад, ки ин баробари  соли таҳсили 2020-2021 аст.   Дар муассисаҳои таълимии ноҳия омӯзгороне, ки бо маълумоти миёна кору фаъолият дошта бошанд,  мавҷуд намебошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа аз музди маош қарз надорад.

Мактабҳои олӣ

Давоми амали барномаи қабули хонандагон ба мактабҳои олии кишвар тариқи квотаи Президентӣ (солҳои 1997-2021)  тибқи квотаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  278  нафар (155 нафар  духтар  ва 123 нафар   писар) хатмкардагони  муассисаҳои  таълимии  ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров  ба  ихтисосу равияҳои  омӯзгорӣ,  тиббӣ, фарҳанг, техникию  технологӣ  ва кишоварзии муассисаҳои  таҳсилоти  олии  касбии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бе  имтиҳон (аз  рӯи  суҳбат)  қабул  карда  шуданд. То ин дам аз ин шумора 182 нафар хатм намуда, ҳамаи онҳо аз руи ихтисос кору фаъолият намуда истодаанд.

Бо мақсади таъмини шаффофияти қабули довталабон ба мактабҳои олии кишвар тариқи квотаи Президентӣ фармоиши мудири шуъбаи маориф  аз  аз 28.02.2022, № 18 “Дар бораи баргузории даври аввали  озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ тибқи  квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонида шуда, тибқи он санаи 18.03.2022  дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия даври якуми қабул баргузор карда шуда, ҳуҷҷатҳои ғолибон ба унвони шуъбаи маориф пешниҳод карда шуданд. Даври ноҳиявии озмун санаи 31.03.2022  гузаронида шуда, дар он 58 нафар барои иштирок ба даври вилоятии  озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятии озмун, ки моҳи июни  соли равон  баргузор гардид, 13 нафар довталабон, аз ҷумла 7 нафар духтарон   ба унвони баланди донишҷӯи  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  гаштанд. Дар давраи қабули ҳуҷҷатҳои соли равон аз 4670 нафар хатмкунандагон  2840 нафар ва бо назардошти хонандагони солҳои қаблӣ  муассисаро хатм намуда 3079  нафар  ва ё 63,8 % ҳуҷчатҳои худро ба марказҳои ҳуҷчатқабулкунии  ММТ супориданд.  Аз шумораи умумии ҳуҷчатсупоридагон 2175 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии  кишвар  дохил шуда, 362 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии  хориҷи кишвар дохил шуданд.

Таълими забонҳои хориҷӣ

Рафти иҷроиши «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то  соли 2030» таҳти назорати доимии шуъбаи маориф қарор дорад.  Муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои баландихтисоси забонҳои русӣ ва англисӣ пурра таъмин буда, айни замон   дар муассисаҳои таълимии ноҳия 380 нафар омӯзгорони забони русӣ ва 446 нафар омӯзгорони забони англисӣ  фаъолият бурда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ  48 нафар омӯзгорони фанҳои  номбурда аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд. Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ   ва дар алоҳидагӣ барои мутахассисони ҷавони ин фанҳо ҳар моҳ машваратҳои доимоамал   гузаронида  шуда, дар равиши он  бештар ба масоили самаранокии  машғулияти дарсӣ ва истифодаи услубҳои муосир   рӯ оварда мешаванд.   Хамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ беш аз 16  маротиба ин қабил машваратҳои дастурдиҳӣ доир  карда шуданд.

Маориф ва фарҳанг

Моҳи сентябр дар куллӣ  муассисаҳои таълимӣ  бахшида ба Рӯзи китоб, Рӯзи Рӯдакӣ  ва  Рӯзи Мавлавӣ  чорабиниҳои фарҳангӣ – адабӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуданд.  Инчунин, бахшида ба ин ҷашнҳо байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, озмуни ноҳиявии    “Ровиёни ҷавон” ташкил карда шуда, дар он хонандаи синфи 11 – уми муассисаи таълимии №80  Анварова Г. ғолиб дониста шуд.

Варзиш ва маориф

Алҳол дар 92 адад муассисаҳои таълимии ноҳия, майдончаҳои варзишӣ, дар назди 47 адад  муассисаҳои таълимӣ 51 адад  толорҳои варзишӣ мавҷуданд. Таи  чор соли охир  дар назди зиёда аз  30 адад муассисаҳои таълимии ноҳия майдончаҳои варзишии  муосир сохта ба истифода дода шуданд.  Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии  соҳибкорони маҳаллӣ  майдончаи варзишии муосири муассисаи таълимии №24 ба истифода дода шуда, бо дастгирии соҳибкорон сохтмони майдончаи варзишии муосири муассисаи таълимии № 57 идома дошт. Ҳамаи иншоотҳои варзишӣ мувофиқи мақсад истифода бурда мешаванд. Тамоми муассисаҳои таълимии  ноҳия бо лавозимоти асосии варзишӣ: аз қабили тӯбҳои футбол, волейбол, баскетбол ва дигарҳо  таъмин  мебошанд. Таълими фанни омодагии ибтидои ҳарбӣ  дар асоси барномаи таълимии аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқгардида ва китоби дарсии  “Омодагии дифои ҳарбӣ ” амалӣ  карда  мешавад. Дастаи мунтахаби варзишгарони ҷавони ноҳия дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҳарбӣ – варзишии “Ватанпарвар” ба гирифтани ҷойи якум  мушарраф гардиданд.

Маркази таҳсилоти иловагӣ

Дар қаламрави ноҳия  7  адад  муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ  фаъолият менамоянд.  То ҳол  5  маротиба машваратҳои дастурдиҳии директорони Маркази таҳсилоти иловагӣ баргузор гардида, дар онҳо бобати ҳуҷчатгузорӣ , ташкили кор дар маҳфилҳо  дастурҳои мушаххас дода шуданд.  Аъзоён ва роҳбарони маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ  дар чорабинихои ҷашнии ноҳиявӣ ва вилоятӣ бахшида  ба 33 – умин солгарди баровардани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз  хоки Афғонистон, 29 – солагии Артиши миллӣ,  Наврӯзи байналмиллал,77- солагии Ғалаба, 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ   фаъолона  иштирок  доштанд.

Ҳамаи  маҳфилҳои  муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия бо утоқҳои кории махсус ва асбобу анҷомҳои лозимӣ таъмин мебошанд. Айни замон ба  75 адад маҳфилҳои  он   3567   нафар хонандагон ҷалб карда шуда, ба онҳо  126  нафар  роҳбарони маҳфил, аз ҷумла 94 нафар  занҳо асосҳои 21 номгӯ касбҳоро омӯзонида истодаанд. Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ  бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин буда, дар онҳо маҳфилҳои омӯзиши компютерӣ амал менамоянд.

Тарбиятгирандагони Марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳия   дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва тарбиявии ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ  фаъолона иштирок доранд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ  бахшида ба Иди сада, Рӯзи Артиши миллӣ,  Иди Наврӯз, 25- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ  ташкили намоишҳои ҳунарҳои мардумии маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ  баргузор карда шуданд.

Муассисаҳои томактабӣ

Дар қаламрави ноҳия 39 адад кӯдакистон, аз ҷумла 22 адад кӯдакистонҳои тобеъи шӯъбаи маориф,  13 адад кӯдакистонҳои хусусӣ ва  4  адад кӯдакистонҳои тобеъи ташкилотҳои дигар фаъолият дошта, дар маҷмуъ 5948 нафар  кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта  шудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия, алҳол дар назди 62 адад муассисаҳои таълимии ноҳия 110 адад гуруҳҳои Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар онҳо дар маҷмуъ 2300 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамин тариқ, айни замон 8248 нафар  кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки он 22,3 фоизи  кӯдакони синни томактабии ноҳияро ташкил медиҳад. Дар кӯдакистонҳои ноҳия 278  нафар мураббиён, аз ҷумла 181 нафар бо маълумоти олӣ, 6 нафар бо маълумоти олии нопурра ва  91 нафар бо маълумоти миёнаи махсус кору фаъолият доранд.  Дар давраи ҳисоботӣ  тибқи нақшаи кории кабинети методии шуъбаи маориф 21  нафар мураббиён аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд.  Кӯдакистонҳо   ҳуҷҷатгузории   худро   мувофиқи  талаботи  асноди  меъёрии  ҳуқуқӣ  ба  роҳ    мондаанд.

Дар асоси Низомномаи озмуни «Мураббияи сол»  байни мураббиёни кӯдакистонҳои  ноҳия  озмуни  ноҳиявии  «Мураббияи сол – 2022»  гузаронида шуда, дар он мураббияи  муассисаи таълимӣ томактабии №4 – и ҷамоати деҳоти Ёва  Бобоҷонова Марҳабо  ҷойи якумро сазовор гардида, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт.

Зимистонгузаронӣ

Бо мақсади иҷроиши қарори Раиси ноҳия  аз 04.05. 2022 №291 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти  мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 -2023» фармоиши мудири шӯъбаи маориф аз 05.05. 2022, № 39  ба имзо расонида шуда, ҳайъати  ситоди шӯъбаи маориф иборат аз 17 нафар тасдиқ гардид. То ҳол бо иштироки аъзои ситод ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия 3  маротиба ҷаласаҳои ситод гузаронида шуда, дар он 5 масъалаҳои вобаста ба  зимистонгузаронӣ  баррасӣ  карда шуданд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ низ фармоишҳои дахлдори роҳбарони муассиса  ба имзо расида, нақшаи чорабиниҳо ва ҳайъати ситоди муассисавӣ   ташкил карда  шудаанд.   Бо фармоиши  номбурдаи мудири  шуъбаи маориф “Нақшаи чорабиниҳои шӯъбаи маорифи ноҳия роҷеъ ба омодагӣ ва гузаронидани  давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022- 2023” иборат аз 12 банд тасдиқ  гардида, он низ ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас шудааст.  Бо назардошти эьтиёҷи воқеъии  муассисаҳои таълимӣ ва дар асоси талаботҳои «Тартиб ва меъёри истифодаи ангишту ҳезум дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27. 02. 2016, №3/3 тасдиқ карда шудааст ва қарори Раиси ноҳия аз 05.05. 2021, №248 нақшаи захираи ангишт дар муассисаҳои таълимии ноҳия  2223,360 тонна ва захираи ҳезум 986 метри кубӣ муайян карда шуда, бо ин мақсад муассисаҳои таълимӣ бо ҶДММ “Ғузн” шартномаҳоро ба имзо расониданд. То ҳол дар муассисаҳои таълимӣ захираи ангишт ва ҳезум   100 % ба иҷро расонида шуд.

Компютеркунонӣ

Дар давраи ҳисоботӣ  дар муассисаҳои таълимии ноҳия  аз ҳамаи сарчашмаҳо 136  адад компютер,  53 адад проектор  ва 25  адад тахтаҳои электронӣ харидорӣ карда шуда, айни замон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 2695 адад  компютер, 188 адад  проектор  ва  115  адад тахтаҳои электронӣ таъмин  мебошанд.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати тақвият бахшидан ва рушди соҳа, ҳамчунин, иҷрои он ҷанбаъҳое, ки ба соҳаи маориф тааллуқ дорад, аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад, – афзуд дар анҷоми суҳбат Ғаффорзода Нигора Маъруф.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь