Таълиму тарбия ду паҳлуи асосии раванди фарогиририи фард ба маориф ва иҷтимоишавӣ ба ҳисоб мераванд. Қобил қайд аст, ки инсон ба ҳайси мавҷуди биологию иҷтимоӣ ҳангоми зода шудан маҷмуи хусусиятҳои бииологиро дошта, ба тамоми қонунҳои табииву биологӣ мутобиқат менамояд. Аммо раванди иҷтимоишавӣ аз лаҳзаи таваллуд шурӯъ гардида, бо таъсири омилҳои иҷтимоӣ, яъне таъсири афрод, гуруҳи иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ ҷомеа сурат мегирад. Тавре ишора гардид, раванди таълиму тарбия хусусияти иҷтимоӣ дошта, он аз лаҳзаи таваллуд оғоз мегардад. Аммо баъзе аз муҳаққиқон бар онанд, ки он ҳатто то замони тавллид ва зода шудан ҳам сурат мегирад. Таълиму тарбия ҳамеша дар робитаи мутақобила қарор гирифта, ду тараф ва ё ду шохаи ба ҳам пайваста буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Онҳо ҳамеша якдигарро пурра ва комил менамоянд.

Имрӯз раванди таълиму тарбия дар ҷомеа ба тарзи ниҳодина ба роҳ монда шудааст, ки он аз кӯдакистонҳо оғоз гардида, баъдан дар мактабҳои ибтидоию миёна ва олӣ идома меёбад. Қобили қайд аст, ки мактаб ё муассисаи таҳсилотӣ дар баланд бардоштани дониши талабагон нақши муҳим мебозад, аммо омилҳо дигаре мавҷуданд, ки таъсирашон дар ин ҷода хеле баланд аст. Бояд тазаккур дод, ки раванди  донишандузӣ дар ҳамбастагии се унсури иҷтимоӣ, ки мисоли як секунҷаи ба ҳам пайваста аст, сурат мегирад: а) оила; б) мактаб; в) ҷомеа.

Оила аввалин ячейкаи иҷтимоист ва марҳилаи оғози иҷтимоишавии фард аз он оғоз гардида, дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки аввалин қадамҳои раванди таълиму тарбия  аз оила шурӯъ мешаванд. Ба зеҳнияти кӯдак аввалин нафари таъсиргузор модар ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки чӣ қадар сатҳи дониши падару модар баланд бошад, ҳамон андоза таваҷҷӯҳи онҳо ба мактаб ва таълими фарзандонашон зиёд аст. Волидони дониши баланддошта кӯшиш менамоянд, ки фарзандони худро хаматарафа ба мактаб омода созанд ва барои мутобиқ шудани фарзандонашон ба ҳаёт ва талаботи ҷомеаи имрӯза шароити мусоид фароҳам оранд. Маҳз раванди омӯзиш бо таъсири модар дараҷаи донишҳо, арзишҳои ахлоқӣ, тарзи тарбият ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии ӯ маншаъ мегирад. Албатта, таъсири афроди дигари ин гуруҳи хурди иҷтимоӣ аз ҷумлаи падар, бародарону хоҳарон ва бобову бибиву дигар пайвандон низ қобили аҳамият аст. Ҳамчунин, вазъи иҷтимоии оила, дараҷаи дастрасӣ ба васоити таълим ва тарзҳои ҳосил намудани маълумоти касбиву ҷаҳоншиносӣ, аз ҷумла, дараҷаи маълумотнокии оилавӣ тарзи ҷаҳонбинӣ, китобхонаи оилавӣ, компютери шахсӣ, пайваст будан ба шабакаи ҷаҳонии интернет, тамошои шабакаҳои телевизионӣ, навъҳои филмҳо ва амсоли ин низ таъсиргузор мебошад.

Омили дуввуми таъсиргузор ва муҳим, ки дар раванди иҷтимоишавӣ ва ташаккули шахсияти фард ба тарзи ниҳодина таъсиргузор аст, ин мактаб ва ё муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз асоситарин ниҳоди иҷтимоие, омӯзишу парваришро ба ҳайси вазифаи асосии хеш қарор медиҳад, муасиссаи таҳсилоти ҳамагонӣ аз қабили мактабу донишкадаву донишгоҳ маҳсуб аст. Дар ин маврид шахсият, дараҷаи дониши фанниву ихтисосӣ, ахлоқ, зебоишиносӣ ва арзишҳои милливу башарӣ, навъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ва дараҷаи худшиносии миллии омӯзгор, дараҷаи зебоиву муосирият ва муҷаҳҳазии муассисаи таълимӣ, шоиста будани кадрҳо, шаффофияти муносибати байни омӯзгор ва хонанда ё донишҷӯ низ таъсиргузор мебошанд. Дар самарабахшии фаъолияти мактаб ё муассисаи таҳсилотӣ саҳми омӯзгорони алоҳида ва натиҷаҳои таълими хонандагон, таҳсили муваффақона, дарки донишҳое, ки аз муаллимон шогирдон дастрас кардаанд ва татбиқ намуда, тавонистани он корҳои амалие, ки ҳангоми дарсҳо гузаронида мешуданд, ифода меёбад. Дар ин раванд агар саҳми асосӣ мактаб ё муассисаро танҳо аз таълим бидонем, иштибоҳ менамоем. Зеро дар муасиссаи таҳсилотӣ дар баробари раванди таълим раванди тарбият низ сурат мегирад. Омӯзгор дар рафти фаъолияташ на танҳо ба як масъалаи ҷузъии алоҳида, балки ба маҷмӯи масъалаҳои таълиму тарбия сарукор мегирад. Мактаб низ на як мақсади алоҳидаро, балки маҷмӯи ҳадафҳои гуногунро амалӣ месозад. Ин ҳадафҳо аз рӯи тартиби муайян сурат мегиранд. Дар баробари ин, интихоби ҳадафҳои асосӣ, тарзу усулҳои фаъолияти омӯзгорон ва тамоми мактаб дар маҷмӯъ воситаҳои ба он ноил шуданро муайян мекунанд.

Омили сеюми таъсиргузор дар раванди таълиму тарбия муҳити атроф, муносибати рафиқон, талаботи ҷомеа ва таъсири шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ба шуури фардӣ ба ҳисоб мераванд. Мусаллам аст, ки шуури фард ҳангоми тавллид ба мисли тахтаи покизаест, ки ҳанӯз дар он чизе сабт нашудааст. Пас аз тавлид дар раванди иҷтимоишавӣ дар фард бо таъсири шуури иҷтимоӣ шуури фарди ба вуҷуд омада ташаккуд меёбад. Аз ҷумла, тавассути шуури ахлоқии ҷомеа, шуури ахлоқии фард, тавассути шуури зебоишиносии ҷомеа, шуури зебоишиносии фард, тавассути шуури сиёсии ҷомеа, шуури сиёсии фард, тавассути шуури ҳуқуқии ҷомеа, шуури ҳуқуқии фард, тавассути шуури динии ҷомеа, шуури динии фард, тавассути шуури фалсафии ҷомеа, шуури фалсафии фард, тавассути шуури илмии ҷомеа, шуури илмии фард, тавассути шуури экологии ҷомеа, шуури экологии фард ташаккул меёбанд. Маҳз дар раванди иҷтимоишавӣ фард тадриҷан ба шахсият табдил меёбад.

Қобили қайд аст, ки таълиму тарбия – ҳар ду унсурро бояд баробар ва комилкунандаи як раванд шинохт. Баъзе аз нафарон ки ба таълим афзалият медиҳанд ва тарбиятро нодида мегиранд, сахт иштибоҳ мекунанд. Махсусан, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва боло бурдани худшиносиву ҳувияти миллӣ нақши тарбия хеле муассир аст. Агар як мутахассис бо ин ки дар ин ё он самти ҳирфаӣ бошад, вале аз худшиносиву ҳувияти миллӣ бебаҳра бошад, метавонад танҳо ба манфиати пуливу молиявии худ хидмате анҷом диҳад, вале дар маҷмуъ барои ин нафар арзишҳои милливу башарӣ метавонанд бефарқ бошанд. Ҳамчунин, мисолҳои зиёде аз ҷалб шудани мутахассисон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба сафи гуруҳҳои терористии ДИИШ ба назар расида буд, ки ин бозгӯкунандаи нодида гирифтани раванди тарбия дар мактабу маориф ва маҳдуд намудани ҷойгоҳи фанҳои гуманитарӣ дар таҳсилот аст.

Хушбахтона, дар солҳои 2015-16 бо таъсири ниҳодҳои амниятии кишвар ҷиҳати кам кардани шиддати воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва мушкилоти ҳувиятӣ дар бахши аввали барномаҳои таълимӣ тағйирот ворид карда шуда, таълими фанҳои гуманитарӣ, ки хусусияти шахсиятсозӣ ва мафкурасозиву тарбиятӣ доранд, тақвият дода шуд.

Таълиму тарбия раванди ягонаест, ки фосиларо намепазирад. Он раванди ҳамешагиву доманадор аст. Бартарӣ додан ба яке ва нодида гирифтани дигаре дар маҷмуъ самараи хуб ба бор намеорад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад, ки инро ҳаводиси Шарқи Наздику Миёна собит намудаанд. Дар ин ҷангҳо на танҳо мардумони оддӣ балки мутахассисони ҳирфаӣ низ ҷалб гардиданд, ки агарчӣ аз лиҳози дониши касбӣ ҳирфаӣ буданд, вале аз лиҳози ҷаҳонбинӣ ва тарбиятӣ пуч ва холӣ будаанд. Аз ин рӯ, таълим бидуни тарбия раванди комил нест. Мутахасиси ҳирфаие, ки тарбияти дурусти иҷтимоӣ надорад шахсияти он комил буда наметавонад. Он  ба ҷуз аз манофеъи фардии хеш манофеъи дигареро аз қабили манфиати милливу башарӣ шинохтаву дарк карда наметавонад. Вақте дар раванди таҳсилот ба тарбия аҳамияти вижа қоил намегарданд. Ҳамаи сифатҳои дигари фардии хонандагон (сатҳи маърифат, фарҳанг, маънавиёт, иқдомоти эҷодӣ) дар ин ҳолат ба эътибор гирифта намешаванд ва ба баҳои ниҳоии хонанда таъсир намерасонанд. Бар замми ин, амалияи педагогӣ ҳадафҳои мактабро бо роҳҳои муттаҳид кардани онҳо ҳаллу фасл намуда, мақсади тарбияи шахсияти хонандагонро дуюмдараҷа ва ёридиҳанда меҳисобад. Чунин рафтор боиси ба вуҷуд омадани кадрҳо ва мутахассисини дур аз ҳувияти миллӣ ва ватанпарастӣ гардида, ба аз худ бегонашавии фард оварда мерасонад.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь