Мутобиқи нишондиҳандаҳо давоми ҳар сол дар МТОК – и Тоҷикистон ҳазорҳо нафар соҳиби номи донишҷӯ мешаванд. Давоми 2 соли охир баъди ворид шудани тағйирот ба қонуни ҶТ дар бораи “Ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ”, ки минбаъд хатмкардагони МТОК низ ба мӯҳлати 1 сол ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд, шумораи довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо кам шуд. Як бор фикр кардаед, ки кадом донишҷӯи мо дар оянда аз руйи ихтисосаш кор мекунад?! Агар бо фоиз ҳисоб кунем, шояд 5 ё 10 фисадашон бошанд. Боқимондаҳо ҳама рӯ ба сӯйи на маърифат, балки муҳоҷират. Бо ин раванд ояндаи Тоҷикистонро чӣ интизор аст? То кадом дараҷа ба ҷавононамон умед бандем? Донишҷӯҳои мо аслан барои чӣ лозим мешаванд, ё дар маҷмӯъ як саволи кӯтоҳро ҷавоб гуфтан лозим меояд :Ояндаи миилати мо чӣ мешуда бошад?

Ба ин суол аслан ҳама якранг шояд посух бидиҳанд, ки ояндаи миллатамон дар дасти ҷавонон аст ва агар ҷавонон барои ободию бунëди миллат кӯшиш накунанд, пас оянда бисёр торику норавшан аст. Асли масъала ҳам дар сари ҳамин аст, вале касе ба дохили он намедарояд ва таҳлил ҳам намекунад. Рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани қисми зиёди ҷавонон албатта боиси он мегардад, ки аз роҳи маърифату дониш дур шаванд ва чун дар ҷомеа шахсони “илмгурез” зиёд гаштан гиранд, он ҷомеа оҳиста -оҳиста рӯ ба завол меорад. Баъзе аз донишҷӯписарон танҳо ба хотири шомил нагардидан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кӯшиши ба МТОК дохил шуданро доштанд ва ба ин васила соҳиби пешае мегардиданд, ки дар оянда аз рӯи он фаъолият карда натавониста, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои шарик, махсусан, Русия мерафтанд. Аммо баъди тағйирот дар қонуни ҶТ дар бораи “Ӯҳдадориҳои ҳарбӣ”, ки минбаъд хатмкардагони МТОК ҳам хизмат мекунанд, аз ду сар сафи ҳам донишҷӯшавандагон ва хам хизматчиён кам гардиду таври маълум имсол аксар рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварданд. Вале вазъият дар Русия, ки ба аксари муҳоҷирони мо “паноҳгоҳ” ба ҳисоб мерафт, имрӯз ба ҳама маълум аст. Агар Русия дарҳои худро ба муҳоҷирони мо бандад, чӣ мешуда бошад?! Номаълум.  Мутаассифона, мо дурнамое надорем, ки кафолат диҳем баъди чанд сол аз руйи он амал кардан имконпазир бошад. Албатта ин ҳам аз норасоии кадрҳои ҷавобгӯ ба ҳазору як ихтисосе, ки ММТ бо номҳои зебо нигоштааст. Ана акнун биëед чанд лаҳза дар сари масъалаи маориф, тахассус ва бозори касбу кор таваққуф намоем: Аввалин зинае, ки мушкилӣ дорад, ин системаи маорифи мо мебошад. Махсусан, низоми тестӣ аз мо факат “тӯтӣ” тайёр мекунаду халос. Хоҳ бовар кунед, хоҳ на, аз садҳо ҳазор донишҷуёне, ки дар МТОК таҳсил мекунанд, шояд онҳое, ки назари таҳлилӣ доранд, ангуштшумор, ё 1 ё 2 нафар бошанд. Ин ҳам аз инҷо сарчашма мегирад, ки дар системаи мактаби миёна ҳанӯз мо дар сатҳи лозимӣ таълим намегирем, ки дар натиҷа ин равандро дар зинаҳои минбаъда ислоҳ кардан имконнопазир мегардад. Шурӯъ аз нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-22 низоми тестӣ (кредитӣ) қисман аз донишгоҳҳо бардошта шуд, ки ин чораи саривақтист. Агар “хишти аввалин” ки дар доираи маориф гузошта мешавад, дурусту махкам гузошта шавад, дар муддати на он кадар дароз мо ҳам бе мушкилӣ қоматамонро рост карда метавонему дигар муҳоҷират ҳам оҳиста – оҳиста аз байн меравад. Барои рафъи муҳоҷират ҷойҳои корӣ лозим аст, барои ҷойҳои корӣ тайёр шудан корхонаҳо лозиманд, барои корхонахо сохтан фикру дарки амиқ лозим аст, барои фикру дарки амиқ доштан мутахассис ва барои мутахассис сохтан таҷрибаву малакаи баланд лозим аст, ки дар натиҷа ҳамаи гап боз ба дӯши мактабу маориф фурӯгузор мегардад. Ҷавонон низ бояд фаҳму дарки дуруст дошта бошанду кӯшишҳо ва имтиёзҳои Ҳукумату давлатро дуруст истифода бурда тавонанд. Дар сӣ соли Истиқлолият баъди он ҳама табоҳиҳо пешравиҳое, ки мо ба даст овардаем, воқеан бесобиқа мебошанд. Кам давлатҳои дунë дар ин қадар муддати кӯтоҳ ба чунин дастовардҳо ноил шудаанд. Пас, ба қадри ин ҳама заҳматҳо бояд бирасему камбудиҳои минбаъдаро низ аз як гиребон сар бароварда ҷиддан ҳал намоем.

Норов Қаландар, Разоқзода Меҳрона, донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь