Рушди соҳаи маориф омили асосии баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум буда, барои дар руҳияи баланди меҳандӯстию хештаншиносӣ тарбия ва ба камол расонидани фарзандони мардум масъулияти баландро бар дӯш дорад, – гуфт мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода ва илова кард, ки дар ноҳияи Дӯстӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону волидон соҳаи маориф сол аз сол ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад муассисаҳои тиббии нав, синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ин дар раванди таълиму тарбияи насли наврас таъсири хуб расонида истодааст.

Дар идома ӯ қайд кард, ки Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ фаъолияти худро дар асоси Дастур ва супоришҳои Сарвари давлат, Қарорҳо ва Қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии маълумот, Консепсияи миллии тарбия, фармону супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими аҳамияти соҳавидоштаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дӯстӣ, Раёсати маорифи вилояти Хатлон амалӣ намуда истодааст.

 Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф, МИҲД- ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатманд то ҷашни 35-солагии истиқлоли кишвар 8 муассисаи таълимӣ, 3 кӯдакистон ва бинои шуъбаи маориф ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ бунёд мешаванд. Шаҳноза Маҳмадсаидзода гуфт, ки ҳар муассисаи таълимӣ барои 360 хонанда дар як баст ва дар умум барои 5 ҳазору 760 хонанда дар ду баст сохта мешаванд. Ӯ афзуд, ки ҳоло сохтмони се муассисаи таълимӣ ва бинои шуъбаи маориф оғоз шудаву сохтмонашон бо маром идома доранд. Дар назар аст, ки се муассисаи томактабӣ барои 510 кӯдак то ҷашни 35-солагии истиқлоли кишвар бунёд карда мешаванд.

Айни замон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, №8, №20, №33 ва дар назди муассисаҳои таълимии №3, 20, 31, 32, 34, 35, 44, 46 ва 47 19 адад синфхонаи иловагӣ, 3 ошхона, 1 китобхона ва 1 толори маҷлисгоҳ бомаром идома дорад. Ин барои дар шароити хуб ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас нақши калидӣ дорад.

Раванди афзоиши аҳолӣ моро водор месозад, ки барои сохтани мактабҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимии мавҷуда, бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани онҳо ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар гардонидани имкониятҳои моддии аҳли маориф, яъне ғамхорӣ дар ҳаққи устодону омӯзгорон чораҳои зарурӣ андешем.

Омӯзгорон соҳиби замин шуданд

 Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо ташаббуси раиси ноҳия Нишонзода Даврон ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия ба зиёда аз 42 нафар омӯзгорони эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Шаҳноза Маҳмадсаидзода афзуд, ки аз ҷониби раиси ноҳия ба 12 нафар омӯзгор қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист дода шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи иди касбии омӯзгорон соли гузашта ба 30 нафар омӯзгори ҷавони ноҳия замини наздиҳавлигӣ дода шуда буд.

Иттилоъ дода шуд, ки раиси ноҳияи мазкур Нишонзода Даврон барои дасгирии омӯзгорон ва рушди соҳаи маориф аз ҳама имкониятҳо истифода карда ният дорад, ки дар оянда низ марҳила ба марҳила дар доираи имкониятҳо боз ба дигар омӯзгорони эҳтиёҷманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист ҷудо намоянд, ки ин иқдом хело хуб аст.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” аз 3 майи соли 2006, № 197 моҳи январи соли ҷорӣ 10 нафар аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 6 000 сомонӣ (дар маҷмӯъ 60 000) бархӯрдор шудаанд. Ҳамзамон, аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар доираи шарикии иҷтимоӣ бо шуъбаи маориф 6 нафар собиқадорони соҳа аёдат карда шуданд. Инчунин, онҳо бо тӯҳфаҳои идона қадрдонӣ гардиданд.

 Дохилшавии хонандагон ба донишгоҳу донишкадаҳо

Дар марҳилаи асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1202 нафар хатмкардагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2022-2023 1093 нафарашон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ММТ (ИМД-2023) ҳуҷҷат супориданд ва 1126 нафар дар имтиҳонҳо иштирок намуда, 890 нафар комёб шуданд. Яъне 890 нафар хатмкунандагони синфҳои 11 соли таҳсили 2022-2023 тибқи ММТ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд, ки 71%-и хатмкунандагонро ташкил менамояд. Сатҳи дохилшавии хатмкунандагони синфҳои 11 соли таҳсили 2022-2023 нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30% зиёд мебошад. Ҳамзамон, тариқи озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд. Мавриди қайд аст, ки аз соли 2017 то соли 2023 141 нафар, аз ҷумла, 72 нафар духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд. Аз онҳо 106 нафар дар самти омӯзгорӣ, 16 нафар дар самти тиб ва 19 нафар дар дигар ихтисосҳо мебошанд.

Таъминоти кадрӣ

Имрӯз хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, махсусан, дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Соли ҷорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 нафар мутахассисони ҷавон, яъне хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тариқи буҷавӣ ва квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Дӯстӣ сафарбар шудаанд, ки аз онҳо 2 нафар ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ дар соҳаи маориф таъмин шуданд. Барои таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон ҳама чораҳо андешида шуда, аз ҷониби МИҲД-и ноҳия пайваста ба онҳо кӯмак карда мешавад.

Таваҷҷуҳ ба фанҳои технологияи иттилоотӣ

Имрӯз дар 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 15 ҳазору 644 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ҳисоби муассисаҳои таълимии ноҳия 1030 адад компютер мебошад, ки иҷрои барномаи компютерикунонӣ дар ноҳия 98%-ро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 202 адад принтер, 44 адад проектор, 27 адад тахтаи электронӣ ва 38 адад генератор мавҷуд аст. Шумораи кабинетҳои фанни технологияи иттилоотӣ 39 адад буда, то имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №17, 38, 42, 43, 44, 46, 47 ва 48 бинобар сабаби норасоии синф кабинетҳои фаннӣ ташкил нашудаанд.

 Дастовардҳои хонандагон

Дар даври ноҳиявии олимпидаҳои фаннии хонандагони синфҳои 7-11 860 нафар, дар даври вилоятӣ 442 нафар ва дар даври ҷумҳуриявӣ 36 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иштирок намуданд. Дар даври вилоятии олимпидаҳои фаннӣ 6 нафар ҷойи якум, 14 нафар ҷойи дуюм ва 16 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамчунин, дар даври ҷумҳуриявии олимпидаҳои фаннӣ 11 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки ин моро қонеъ намекунонад ва барои бештар ҷалб кардани хонандагон дар озмунҳо аз ҳама имкониятҳо истифода хоҳем кард. Аз рӯйи имтиёзи муқарраргардида аз хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 2 нафар аз Стипендияи раиси вилояти Хатлон ва 38 нафар бо Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мебошанд.

Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (108 нафар) аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор гардид, ки 28 нафар ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 28 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок намуданд, ки аз онҳо 1 нафар хатмкардаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 дар соли таҳсили 2022-2023 Маҳмудов Лутфулло аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, ба даври 4-уми озмун роҳхат гирифт.

Дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” 32 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯйи 6 номинатсия иштирок намуда, 2 нафар, аз ҷумла, Муратов Ихлас хонандаи МТМУ №15 аз фанни биология сазовори ҷойи 3-юм ва Мирзоев Сироҷиддин хонандаи МТМУ №18 аз фанни Информатика сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Санаи 27-уми феврали соли 2023 дар китобхонаи марказии ноҳия байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров тибқи Низомнома ва Саволномаи тасдиқшуда баргузор гардид ва ба ғолибони даври ноҳиявӣ роҳхат ба даври вилоятӣ дода шуд. Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Бунёди сардхонаҳо

Бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои мутараққии ҷаҳон муносибатҳои устувори иқтисодӣ барқарор намуд, ки ҳоло ин кишварҳо дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ дар кишвар саҳмгузорӣ менамоянд. Ташкилотҳои хориҷӣ бо шарикони рушд бо ноҳияи Дӯстӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳамкориҳои зич доранд. Санаи 13-уми июни соли ҷорӣ аз тарафи лоиҳаи “Дастгирии ғизоӣ мактабӣ” барои беҳтар намудани устувории таъминоти муассисаҳо бо маҳсулоти ғизоии мактаббачагон дар муассисаҳои таълимии рақами 10, 11, 23, 25 сардхонаҳо бо мақсади нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Дар муассисаҳои таълимии рақами 8, 13, 23, 32 дар доираи татбиқи лоиҳа, зерлоиҳаҳои “Таҷҳизонидани ошхона ташкил ва таъмири гармхона” таҳия ва тасдиқ гардид.

 Тадбиқи барномаҳои давлатӣ дар амал

Дар давраи ҳисоботӣ рафти амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии тарбия ва таҳсилот, Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қонуну Барномаҳои давлатии амаликунандаи соҳаи маориф, вазъи ташкили назорати дохилимактабӣ, сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таьлимии ноҳия аз тарафаи муатахассисони шуъбаи маорифи ноҳия санҷиш шуда, дар Шуроҳои шуъбаи маориф мавриди муҳокима, омӯзиш, баррасӣ қарор гирифтанд ва ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Сару либоси ягонаи мактабӣ

Бо мақсади фаҳмонидани мазмуну муҳтаво ва ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 ва таъмини хонандагон бо либосӣ мактабӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида дар муассисаҳои таълимии ноҳия суҳбати вохӯриҳо доир гардид. Дар вохӯриҳои баргузоргадида қайд шуд, ки таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад. Бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2-юми августи соли 2011, № 762 қабул гардидааст. Барои таъмини хонандагон бо либосӣ мактабӣ бо коргоҳи дӯзандагии «Судайс – саноат» дар ҳаҷми 60 000 дона шартнома баста шуд, ки иҷроиши нақшаи шартномабандӣ барои солҳои 2023 – 2024 116%-ро ташкил медиҳад. То имрӯз падару модарон ба коргоҳи дӯзандагии «Судайс – саноат» дар ҳаҷми 1 300 000 сомонӣ маблағи либоси мактабӣ пешпардохт намуданд ва 24372 дона либоси мактабӣ дастраси хонандагон гардидааст. Ин нишондиҳанда 47%-и нақшаи либоси мактабии ноҳияро таъмин менамояд.

 Истифодаи самараноки заминҳои наздимактабӣ

Дар заминҳои ёрирасони кишоварзӣ, заминҳои назди муассисаҳои таълимии ноҳия ва дар заминҳои хоҷагии деҳқонии омӯзгорони ноҳия ҳамагӣ 3,5 га картошка кишт гардидааст. То 10-уми марти соли 2023 дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда оид ба таъсиси Ситод ва нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои соли 2023 365 бех арча, 408 бех дарахтони мевадиҳанда, 496 бех дарахтони сояафкан, 719 бех гули садбарг, 65 адад гулҳои гуногун, 220 адад гули лола шинонида шудааст.

Аз тарафи кормандони кабинети методӣ дар асоси нақшаи Шӯрои кабинети методӣ ба коллективи педагогии муассисаҳои таълимии ноҳия оиди гузаронидани озмунҳои мактабӣ, минтақавӣ, ноҳиявӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ, тартиби бурдани журналҳои синфию дарсӣ, ҳуҷҷатдории иттиҳодияҳо, усулҳои истифода аз тестҳо ёрии методӣ ва маслиҳатҳои муфид расонида шуд. Аз рӯйи нақша дар давраи ҳисоботи аз фанҳои таълимии физика, химия ва биология, математика, китобдорон, забон ва адабиёти тоҷик,забони русӣ ва англисӣ, география, синфҳои ибтидоӣ, инчунин, бо директорон, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия созмонҳои хонандагон семинарҳои доимамалкунандаи ҳармоҳа гузаронида шуданд.

 Омӯзгорон донишу малакаи худро такмил медиҳанд

Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда 296 нафар аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шуданд, аз ҷумла, 8 нафар мураббияҳои МТТ ва МРК, 24 нафар омӯзгорони химия ва биология, 16 нафар омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ, 12 нафар омӯзгорони таълими меҳнат, 56 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, 15 нафар омӯзгорони таърих ва таърихи дин, 28 нафар омӯзгорони фанни математика, 12 нафар омӯзгорони фанни физика, 17 нафар омӯзгорони забони русӣ, 14 нафар омӯзгорони забони англисӣ, 18 нафар омӯзгорони забони давлатӣ, 8 нафар омӯзгорони география, 8 нафар муовинони директор оид ба таълим, 6 нафар муовинони директор оид ба тарбия, 7 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 4 нафар омӯзгорони суруд ва мусиқӣ, 6 нафар омӯзгорони маърифати оиладорӣ, 12 нафар омӯзгорони технологияи иттилоотӣ, 12 нафар роҳбарони созмони талабагӣ, 15 нафар омӯзгорони фанни забони ӯзбекӣ ва ғайра.

 Фаъолияти назарраси муассисаҳо

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар тобеи худ 54 муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва томактабӣ дорад, ки аз ин шумора 2 адад муассисаи томактабӣ, 5 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 43 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла, 1 адад хусусӣ, 1 адад гимназия, 3 адад маркази назди шуъбаи маориф мебошад, – илова кард Ш.Маҳмадсаидзода ва гуфт, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 29 ҳазору 885 нафар хонандагон, аз ҷумла, 14 ҳазору 448 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи хонандагон нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 1000 нафар афзоиш ёфтааст. Ба таълиму тарбияи хонандагони ноҳияи 1537 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 987 нафар занон вобаста карда шуда, ҳама донишу малакаи худро баҳри тарбияи онҳо равона карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ду адад муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 340 нафар кӯдакони то 6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд ва ба онҳо 15 нафар мураббияҳо, 15 нафар ёрдамчиёни мураббияҳо вобаста карда шуданд. Ҳамчунин, барои ҷалби бештари кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи кӯдакон ҳама шароит муҳайё гардидааст. Ҳамчунин, соли таҳсили 2022-2023 ба таҳсили инклюзивӣ (таҳсил дар хона) 8 нафар (аз ҷумла, 2 нафар духтар) кӯдакони имконияташон маҳдуд ҷалб шуданд.

Омодагӣ ба зимистон

Ба гуфти мудири Шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳноза Маҳмадсаидзода, бо дасгирии МИҲД-и ноҳияи Дӯстӣ муассисаҳои соҳаи моарифи ноҳияи пурра ба фасли тирамоҳу зимистони имсола омода буда, дар анборҳои муассисаҳои таълимию томактабӣ ангишт, ҳезум, сузишвории дизелӣ ба қадри кофӣ захира карда шудааст. Ҳамчунин, шишабандӣ дар муассисаҳо пурра иҷро гардидааст. Мо талош мекунем, ки хонандагонро дар фасли зимистон дар синфхонаҳои гарм ба таълиму тарбия фаро бигирем, – илова кард ӯ.

Талошҳо баҳри ободӣ

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода бурда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия, бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва зиёд кардани дастовардҳои хонандагон ҳама донишу малакаи худро сарф карда, дар оянда бо дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд шуд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь