Дар диёри арҷмандамон дар заминаи таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба соҳаи маориф ва афзалиятнок эълон шудани ин соҳаи тақдирсози миллат, сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар умум ҳамвора боло меравад.

Бино ба ҳисоботу гузоришҳое, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва ба Вазорати маориф ва илм аз ҷониби шуъбаю раёсатҳои маориф пешниҳод мешаванд, фаъолияти таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ асосан хуб буда, комёбиҳо дар таълиму тарбияи насли наврас рӯзафзунанд. Ин нуктаро метавон дар мисоли фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент низ ба мушоҳида гирифт. Дар ҳудуди ин шаҳри бостонӣ айни замон 136 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд (120 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1 гимназия, 2 литсей ва 1 мактаби хусусӣ), ки дар онҳо 4894 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. Шуъбаи маориф 69 кормандро (аз ҷумла, 17 нозир ва 29 мушовир) фаро мегирад, ки ин неруи  зеҳнии хеле тавоност.

Аз шиносоӣ бо гузориши ҳисоботии шуъбаи маориф ва аз суҳбат бо чанде аз масъулин метавон ба хулосае расид, ки дар муассисаҳои таълимии ин шаҳри бонуфуз эътибор ба касбомӯзии шогирдон ва ҳамкорӣ бо волидону соҳибкорон (дар самти ободонию муҷаҳҳазсозии таълимгоҳҳо) бештар аст. Дар назди аксар мактабҳо маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ амал мекунанд, ки дар онҳо хонандагон бо камоли майл ҳунарҳои рӯзгордорӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ ва амсоли инҳоро меомӯзанд. Мактаби санъати бачагонаи шаҳр ва Маркази рушди истеъдодҳо омӯзиши шогирдонро дар ин самт вусъат мебахшанд. Бо ҳадафи тарғиби ҳунаромӯзӣ ва тавзеҳи моҳияту аҳамияти касбу пешаҳо дар таълимгоҳҳо зимни баргузории ҳафтаҳои фаннӣ ва ҷашну маросими миллию давлатӣ намоиши маҳсулоти дастии хонандагон ташкил карда мешавад, ки хеле муассир асту ибратбахш. Шуъбаи маориф роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор кардааст, ки минбаъд теъдоди ҳар чи бештари хонандагонро ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб намоянд.

Кӯшишҳои шуъбаи маориф вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ бо волидон, ҷалби соҳибкорон ва ашхоси саховатпешаю хайрхоҳ ба ободонии таълимгоҳҳо ва такмили пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ натиҷаҳои шоиста бор овардаанд. Чунончи, дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷина аз тарафи гурӯҳе аз соҳибкорон ва бо дастгирии волидон (иштирок дар ҳашарҳо) дар назди мактаби №69, 14 синфхонаи нав бунёд мешавад. Дар ин ҷамоат волидони хонандагони дабистони №58 ба сохтмони 6 синфхонаи нав ба тариқи ҳашар машғуланд.

Дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бо маблағгузории волидону соҳибкорон 3 синфхонаи нав бунёд ва  сақфи 6 синфхона таъмир карда шуд. Гурӯҳе аз соҳибкорон дар Ҷамоати деҳоти Вору ба таълимгоҳи №70 бо сарфи 26000 сомонӣ мизу курсӣ ва шифер дастрас намуданд.

Дар ҷамоатҳои деҳоти Шинг, Чинор, Хурмӣ, Фароб, Халифа Ҳасан, Лоиқ Шералӣ… бо ҳиммати соҳибкорону волидон таълимгоҳҳо, соҳиби компютер, мизу курсӣ, тахтаи синф, сементу тахтаю шифер ва таҷҳизоту маводи дигар шуданд.

Воқеан ҳам, таваҷҷуҳу дастгирии соҳибкорону ашхоси саховатпеша ва волидон нисбат ба муассисаҳои таълимӣ дар шаҳр Панҷакент шоистаи таҳсину ибратпазирист.

Таълимгоҳҳои ин куҳаншаҳр бо омӯзгорон пурра таъминанд ва музди маоши аҳли таълиму тарбия саривақт пардохт мешавад. Дар Панҷакент омӯзгорони эҷодкору соҳибтаҷриба зиёданд ва дар давоми соли таҳсили равон бо ибтикори шуъбаи маориф таҷрибаи судманди 38 омӯзгор мавриди омӯзишу густаришбахшӣ қарор гирифтааст. Омӯзишу муаррифии фаъолияти ибратбахши ду омӯзгори тозакору муваффақ дар сатҳи вилоят (Суғд) пешниҳод шудааст. Аҳли маорифи шаҳри Панҷакент бо воситаҳои ахбори омма ва нашрияҳои соҳавӣ ҳамкории ҳамешагӣ доранд ва мунтазам хабару мақола, шеъру ҳикояҳои худро ба чоп пешниҳод мекунанд. Робитаи омӯзгорони ин шаҳр бо ҳафтаномаи «Омӯзгор» низ пурсамару фарогир аст.

Шуъбаи маорифи шаҳр дар масоили такмили сатҳу сифати таълиму тарбия, иҷрои дастуру барномаҳои давлатӣ, таъмин  бо китобҳои дарсӣ, кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва бепарастор, пардохти маблағҳои китобҳои иҷоравӣ, баргузории тадбирҳои варзишӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои дахлдори ҷаҳонӣ, иштирок дар ҷашнвораю ҳамоишҳои адабию фарҳангӣ… ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст…

Дар баробари ин, шуъбаи маорифро мебояд, ки вобаста ба масоили тақвияти сатҳи саводу донишомӯзии хонандагон (дар теъдоде аз мактабҳо давомоти шогирдон суст аст), таъмиру бунёди таълимгоҳҳо (14 муассисаи таълимӣ ба таъмири ҷиддӣ ниёзманд аст ва 2 муассисаи таълимӣ (№23 ва №45) дар вазъи садамавӣ қарор дорад), бунёди толорҳои варзиш (аз 136 мактаб ҳамагӣ 25 таълимгоҳ дорои чунин толор мебошад), таъмини муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо майдончаҳои варзишӣ (чунин майдонча дар як кӯдакистон ҳам нест!), бо мизу курсӣ пурра таъмин кардани тамоми таълимгоҳҳо (дар қисмате аз мактабҳо курсиҳои талабагӣ нокифояанд), танзими маблағгузории сарикасӣ ва истифодаи пурсамару ҳадафмандонаи заминҳои наздимактабӣ (дар ихтиёри муассисаҳои таълимии шаҳр беш аз 90 га замин вогузошта шудааст)… оҷилан тадбирандешӣ намояд.

Панҷакент чун диёри аҳли адаб, ҳаводорони сухани волою фарҳанги баланд шуҳрату эътирофи дерин дорад ва шоиру нависандагони маъруфу олимони барумандаш шуҳрати ин шаҳри бостонии тоҷиконро боз ҳам афзудаанд. Аз чӣ бошад, ки солҳои охир ин шуҳрату овозаи шаҳри фарҳангпарвар то ҷое коҳиш ёфтааст. Чанде пеш дар ҷаласаи садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зимни маърӯзааш дар мавзуи «Мушкилоти чоп ва интишори асарҳои бадеӣ» муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа бо таассуф иттилоъ дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои харидории китобҳои бадеӣ дар соли равон ҳамагӣ ҳашт ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Агар як китобро тақрибан 50 сомонӣ нархгузорӣ кунем, пас ин маблағ ҳатто барои дастрас кардани 200 нусха китоби бадеӣ ҳам кифоят намекунад. Омӯзгор ва шоири пуркору адабгустар Исмоил Зарифӣ дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки бо эълони батакрори пешакӣ китобҳои тозанашри шоирони ҷаҳоновоза Нодирпуру Шаҳриёрро (дар таҳия ва баргардон ба хати кириллӣ) барои фурӯш ба маркази шаҳри Панҷакент овардам. Дар давоми рӯз танҳо 4 нусха аз ин китобҳо ба фурӯш рафт… Ин, воқеан, вазъест сахт асафбор. Ҳамчунин, бисёр таассуфовар аст, ки солҳои охир дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент касе бардавому муваффақона кор карда наметавонад. Дар давоми 7-8 соли охир инҳо дар вазифаи мазкур кор кардаанд: Қосимбой Отабоев, Орифшо Орифов (и.в.), Маъруф Каримов, Мақсадулло Шарифов, Алишер Мутрибов (и.в.), Шоҳида Мукаммалзода ва ҳоло Нақиб Соҳибов (и.в.). Давомнокии роҳбарии ҳар яке аз ин устодон аз 1,5-2 сол беш  набудааст. Албатта, зуд-зуд иваз шудани мудири шуъбаи маориф ба низоми кор, сатҳи таълиму тарбия, фаъолияти таълимгоҳҳою роҳбарони онҳо ва масоили дигар бетаъсир намемонад. Номафҳум аст, ки масъулин бо чӣ сабабе дар шаҳре, ки наздик ба шаш ҳазор (бо шумури устодони донишкадаю коллеҷу омӯзишгоҳҳо) омӯзгор дорад, дар дарёфти роҳбари шоистае ба шуъбаи маориф душворӣ мекашанд. Ва онҳое, ки мудир таъйин мешаванд, дер намепоянд. Касе аз масъулини шуъбаи маориф дар ин мавзуъ ошкоро суҳбат кардан намехоҳад. Иддае ба он назаранд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва чанде аз идораҳои шаҳр аз ҳад зиёд ба фаъолияти шуъбаи маориф дахолат мекунанд, кормандони шуъба ва омӯзгорону директорони мактабҳоро пайваста ба корҳои илова – ҳашарҳо, намоишу ҷашнвораҳо, шанбегиҳо, маъракаҳои сиёсӣ… ҷалб менамоянд.

Вақте ки ман бо мудири шуъбаи маориф Н.Соҳибов (алҳол и.в.) суҳбат оғоз кардам (дар дафтари кораш), ӯ хеле ошуфтаву бетоқат ба назар мерасид. Чанд лаҳза пас ошкоро иброз дошт: -Мебахшед, бародар, маро ба кумитаи амнияти шаҳр даъват кардаанд, аз он ҷо бояд ба комиссариати ҳарбӣ равам. Баъдтар ба шумо занг мезанам.

Бисёр мехостам, ки мудир чунин бигӯяд: – Мебахшед, бародар, ман бояд ба фалон мактаб биравам. Дер боз аз вазъи таълиму тарбия дар он ҷо бевосита огаҳӣ надорам. Метавонед маро ҳамроҳӣ бикунед…

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь