Муттаҳидии насли ҷавон омили муҳимтарини ҳастии миллат ва сарчашмаи тамоми ободкориву созандагиҳо маҳсуб меёбад.

Пешравии тамоми соҳаҳо аз оромии ҷомеа вобаста буда, муттаҳидии ҷавонон асоси он ба шумор меравад ва муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст.

Дар ҳар давру замон ҷавонон нерӯи бузург барои пешрафти миллат дониста мешаванд ва «ҷавононро ояндасози ҷомеа» номидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 чунин гуфта буданд: «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Кам нестанд ҷавонону наврасони ватанпарвару ватандӯст, ки бо кору пайкори хеш байни хамсолон намунаи ибрат гаштаанд. Яке аз чунин ҷавонони фаъолу боистеъдод хонандаи литсейи №1-и шаҳри Бӯстон Иноятзода Фотима мебошад, ки байни ҳамсолони хеш аз ҷумлаи беҳтаринҳост. Ӯ иштирокчии якчанд озмуну чорабиниҳо буда, дар таҳсили илм ва ҳунаромӯзӣ хеле фаъол аст. Аз ҷумла, дар чорабинӣ ва озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-ватани азизи ман», «Китобхони беҳтарин», «Хонандаи сол», «Ровии беҳтарин», «Рӯдакихонӣ», «Турсунзодахонӣ», «Камолхонӣ», «Лоиқхонӣ», «Хаттоти беҳтарин», «Ошёни баланд», «Шеърхони беҳтарин», «Фестивали шеърҳои Камоли Хуҷандӣ», «Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа», «Раиси Шурои Созмони хонандагон», «Дурахши Истиқлол», «Академияи хурди илмҳо»,  «Ҳунарманди беҳтарин», «Дастархонороӣ», «Ҳафтсин ва ҳафтшин», «Маликаи Наврӯзӣ», «Тирамоҳи заррин», «Тарроҳи беҳтарин», «Сайри гули лола»,  «Суруди Модар-Алла» иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидааст. Бо навиштани иншову мақолаҳои «Конститутсия-санади сарнавиштсози миллат», «Пешвои миллат-ҳомии миллат», «Маъвои дили мардуми фирӯз, Душанбе!», «Ваҳдат-бақои дунёст», «Ваҳдат саодати халқ аст»,  «Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ», «Ватан бо ту мефахрам!», «Саразм-ёдгории нодири таърихӣ», «Коррупсия-падидаи номатлуби ҷаҳони муосир», «Зиндагӣ бидуни хушунат зебост», «Тоҷикистон ватани азизи ҳамаи мост», «Камоли Хуҷандӣ-шоири ватандӯст», «Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ масъулияти шаҳрвандист» ва дар бисёр чорабиниҳои дигар иштирок намуда, комёб гардидааст.

Аз ӯ пурсон шудем, ки “кадом нерӯ туро то ба ин андоза дар андӯхтани илму ҳунар водор месозад?”. Дар посух чунин гуфт: «Ягона илҳоми ман меҳри Ватан аст. Зеро дар олам чанд муқаддасоте мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомиланд. Ҳисси ватандустӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонам. Ҳар амале, ки адо менамоям бо номи Ватан ва баҳри Ватан хоҳам иҷро намуд».

Миллати тоҷик нобиғаҳои беҳамто дорад ва ҳамчун миллати бофарҳанг муаррифӣ ёфтааст. Умед бар он дорем, ки Фотима низ аз зумраи бузургони миллати тоҷик хоҳад гашт.

Рауфова Шаҳноза, омӯзгори литсейи №1

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь