Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Қосимов Мақсатилло Усмонович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда аз ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати соҳаи маориф миннатдорӣ карда, қайд кард, ки Пешвои миллат соҳаи маорифро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва ин боис шудааст, ки беш аз пеш соҳаи маориф рушд намояд. Дар Паёми навбатии худ Роҳбари кишвар чунин изҳор доштанд: “Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад”.

Ин ҳама дастгириҳо нисбати соҳаи маориф шаҳодат аз он медиҳад, ки мо миллати илмдӯсту маорифпарвар ҳастем.

Ҳамзамон, дар идомаи суҳбаташ ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки Шуъбаи маорифи шаҳр дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифро мавриди иҷро қарор дода, дар соли 2023 корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Омодагии арзанда ба Ҷашни Истиқлолият

Номбурда изҳор дошт, ки дар шаҳри Панҷакент ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоотҳои соҳаи маориф дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 2023 сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №58 шаш синфхонаи иловагӣ барои 300 нафар дар як баст аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуд. Дар назди МТМУ №90 майдончаи варзишӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ бунёд гардид. Ҳамчунин, ба бунёди боғчаи бачагона дар назди МТМУ №33 санги асос гузошта шуд. Дар назди МТМУ №26 аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятӣ-хайриявии Тоҷикистон 5 синфхонаи иловагӣ барои 125 нафар дар як баст ва 1 кабинети директор бо маблағи 560 000 (панҷсаду шаст ҳазор) сомонӣ ба истифода дода шуд.

Вобаста ба фарорасии Соли нави милодӣ аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва кормандони шуъбаи маорифи шаҳр ба 40 нафар ятимони кул дастархони идона тартиб дода, ба ҳамаи онҳо халтачаҳои солинавӣ ва сару либос тӯҳфа карда шуд.

Вобаста ба сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои шанбе дар ҳамаи муассисаҳои зертобеи шуъба ҳашари ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шудааст.

Базаи кадрӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки айни ҳол дар шаҳри Панҷакент 137 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 121 адад мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1 гимназия, 2 литсей, 1 мактаби хусусӣ мебошанд.

Мактабҳои шаҳру деҳот бо кадрҳои роҳбарикунанда пурра таъмин буда, дар шуъбаи маориф захираи кадрҳои роҳбарикунанда низ ташкил карда шудааст.

Дар соли таҳсили 2022-2023 аз 3278 нафар хатмкунандагони синфи 11, дар даври асосии бақайдгирӣ ба Маркази миллӣ тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1885 нафар (988 нафар писарон ва 897 нафар духтарон) ва аз 5402 нафар хонандагони синфи 9, 347 нафар (77 нафар писарон ва 270 нафар духтарон) ҳуҷҷат супориданд.

Айни замон дар синфҳои якум 7598 нафар (3620 нафар духтарон), дар синфҳои 2-11 бошад, 62545 нафар (30769 нафар духтарон) таҳсил менамоянд.

Дар соли таҳсили 2023–2024 дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 70143 нафар ба таҳсил ҷалб шудаанд, ки 34389 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр кард, ки дар назди “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди шуъбаи маориф хонандагон 2 маҳфил аз фанни забони русӣ, 2 маҳфил аз фанни забони англисӣ, 2 маҳфил аз фанни таърих, 2 маҳфил аз фанни ҳуқуқ, 2 маҳфил аз фанни химия, 2 маҳфил аз фанни математика, 2 маҳфил аз фанни биология, 1 маҳфил аз фанни география фаъол буда, дар умум 560 нафар хонанда ба ин маҳфилҳо фаро гирифта шудаанд. Имрӯз бо иқдоми омӯзгорони алоҳида 474 нафар хонандагони лаёқатманд ройгон ба маҳфилҳои мухталиф ҷалб карда шудаанд. Маҳфилҳо аз фанҳои забони русию англисӣ, математика, технологияи информатсионӣ ташкил карда шудаанд. То ба имрӯз дар назди муассисаҳои таълимӣ ба маҳфилҳои забони русӣ 1233 нафар, забони англисӣ 1262 нафар, математика 1495 нафар, технологияи информатсионӣ 864 нафар, химия 1105 нафар, физика 963 нафар, биология 1284 нафар фаро гирифта шудаанд.

Иштироки хонандагон дар олимпиада ва озмунҳо

– Дар озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» дар даври аввал 3066/1813 нафар ширкат варзида, 1853/687 нафар ба даври дуюм (шаҳрӣ) роҳхат гирифтанд, дар даври шаҳрӣ 155 нафар иштирок намуда, 60 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд, 7 нафар хонанда ва 2 нафар омӯзгор ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, аз инҳо 3 нафарашон соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд, – изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 312 иштирок намуданд, ки 295 нафари онҳо хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 15 нафар донишҷӯ ва 2 нафар омӯзгоранд. Аз ин ба даври вилоятӣ 55 нафар роҳхат гирифт (18 нафар ҷойи 1, 21 нафар ҷойи 2, 15 нафар ҷойи 3). Аз ин шумора 6 нафар хонанда ва 2 нафар омӯзгор ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, ки 2 нафар соҳиби ҷойҳои 1 ва 3 гардиданд.

Дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон 191 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии синфҳои 5-11 аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, таърихи халқи тоҷик, физика, химия, география, алгебра, биология ширкат варзида, 34 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, ки 11 нафар сазовори ҷойҳои 2 ва 3 гардида, 3 нафари дигар сазовори ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз

Номбурда афзуд, ки бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2021, №114 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021–2025” чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Аз рӯйи нақша кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021–2025 ҳар сол 63 ададро дарбар гирифтааст. Бо ин мақсад 26 муассисаи таълимии шаҳру деҳоти Панҷакент бо кабинетҳои муҷаҳҳаз аз фанҳои таълимӣ, аз фанни химия (МТМУ №64, 7, 21, 56, 95), аз фанни биология (МТМУ №35, 51, 91, 90, 98), аз фанни физика (МТМУ №15, 52, 37, 81, 59, МТУА №3), аз фанни математика (МТМУ №2, 29, 84, 21, 72), аз фанни география (МТМУ №109, 41, 6, 30, 11) харидорӣ карда шуда, ба санаи 16.06.2023 барои харидорӣ намудани кабинетҳо ва озмоишгоҳҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба маблағи 3504198 сомонӣ барои харидории 74 адад кабинетҳо ва озмоишгоҳҳо пардохт карда шуд.

Дар муассисаҳои таълимӣ барои рӯз аз рӯз хубтар намудани сатҳи сифати таълиму тарбия, ба маҷрои муайян равона сохтани низоми таълим, амалӣ намудани Барномаҳои давлатии дар соҳаи маориф қабулшуда, таҷрибаивазкунӣ миёни омӯзгорон ва омодагиҳо баҳри гузаштан ба низоми нави таҳсилот тадбирҳои чорасоз андешида мешаванд.

Таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд

Вобаста ба амалӣ намудани талаботи Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсуф изҳор дошт, ки дар Шуъбаи маорифи шаҳр фарогирии кӯдакони эҳтиёҷоти махсусдошта ба таҳсил дар назар гирифта шудааст. Дар ин ҷода шуъба бо ташкилоти байналмилалии “Миссияи Шарқ”, ки лоиҳареро бо мақсади дастгирии чунин кӯдакон дар шаҳри Панҷакент амалӣ карда истодааст, ҳамкориро ба роҳ мондааст. Аз тарафи ташкилоти номбурда дар заминаи беморхонаи марказии шаҳр “Маркази тавонбахшии кӯдакони имкониятҳои маҳдуддошта” фаъолият менамояд, ки бо аҳолии шаҳру деҳот оид ба дастгирии ин қабил кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад. Дар Маркази мазкур 46 нафар кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ ҷалб карда шуда, дар як рӯз ба 15-20 нафар кӯмакҳои гуногун расонида мешаванд. Ғайр аз ин, аз тарафи ташкилоти “Миссияи Шарқ” дар доираи татбиқи “Лоиҳаи тавонбахшӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва гурӯҳҳои осебпазир ва рушди созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон”, ки бо 19 деҳа ва 2 маҳаллаи шаҳр ҳамкорӣ доранд, кормандони шуъбаи маорифи шаҳр низ дар ин раванд иштироки фаъолона доштанд. Дар навбати худ аз тарафи мутасаддиёни шуъбаи маорифи шаҳр низ миёни омӯзгорон ва хонандагони таълимгоҳҳо ҳамин гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам ташкил ва гузаронида мешаванд. Қобили қайд аст, ки дар шаҳри Панҷакент “Шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак” фаъолият дорад, ки дар ин фурсати ба 200 нафар кӯдакони имкониятҳои маҳдуддошта (54 нафар кӯдакони синни томактабӣ ва 62 нафар кӯдакони синни мактабӣ) ёрии амалии педагогӣ – психологӣ ва тиббӣ мерасонад.

Марказҳои таҳсилоти иловагӣ

Мавсуфи зикор кард, ки дар шаҳру деҳоти Панҷакент 3 маркази таҳсилоти иловагии мансуб ба шуъбаи маориф фаъолият дорад. Дар маҳфилҳои мухталифи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ 944 нафар хонандагон фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷамъ 46 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки аз онҳо 34 нафар соҳиби таҳсилоти олӣ, 13 нафар соҳиби таҳсилоти миёнаи омӯзгорӣ мебошанд. Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дорои 13 дарсгоҳ мебошанд. Дар ин муассисаҳо 29 компютер, 7 мошинаи дарздӯзӣ, 1 дастгоҳи чӯбкоркунӣ мавҷуд мебошад. Муассисаи таҳсилоти иловагии №2-и деҳаи Ғӯсар соҳиби осорхона аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ маҳфилҳои дӯзандагӣ, омӯзиши компютер, техникони ҷавон, рассомӣ ва ғайра амал намуда истодаанд, ки ба онҳо зиёда аз 270 нафар хонандагон фаро гирифта шудаанд. Дар моҳи марти соли гузашта ба ифтихори таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи шаҳр байни аъзои маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ озмуни “Бозиҳои миллӣ” гузаронида шуд, ки дар он аъзои маҳфилҳои МТИ №1 ғолиб дониста шуданд. Аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар чорабиниҳои шаҳрӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла дар ҷашнгирии Соли нави мелодӣ, Рӯзи модарон, Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ширкати дастпарварони МТИ хеле назаррас буд. Кори 26 маҳфилҳо бо тарҳрезии нақша-чорабиниҳои мушаххас дар фарогирии 1060 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ назаррас буд.

Бо ташаббуси роҳбарони маҳфилҳои “Технологияи информатсионӣ”, “Ибтидои техникӣ”, “Радиотехника”, “Зардӯзӣ”, “Кашидадӯзӣ”, “Дӯзандагӣ” мунтазам дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои маърифативу омӯзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, ки лаҳзаҳои ҷолиб наворбардорӣ шуда, ба воситаи ТВ “Симо”-и шаҳр пешкаши бинандагон гардонида мешаванд.

Муассисаҳои томактабӣ

– Дар қаламрави шаҳр 20 муассисаи таълимии томактабӣ (12-то мансуби шуъбаи маориф, 6-то хусусӣ, 2-то мансуби корхонаву ташкилот) фаъолият доранд. Дар ин кӯдакистонҳо 4054/1729 нафар кӯдакон тарбия мегиранд. Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо мизу курсӣ, катҳои хоб, ҷевонҳо барои бозичаҳо, китобҳо, либос, ошхона ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъминанд. Дар самти таъминоти кӯдакистонҳо бо таҷҳизот ва мустаҳкам намудани пояи моддии онҳо нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мунтазам эҳсос мегардад. Ҳамасола бо дастгирӣ ва маблағгузории волидон, сарпарастон ва шахсони саховатпеша муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таъмиру таҷдид ва таҷҳизонида мешаванд. Ҳамзамон, биноҳо таъмири асосӣ шуда, барои ба талабот ҷавобгӯ намудани шабакаҳои санитарию техникӣ ва обгузаронии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ чораҳо андешида мешаванд. Ҳамчунин дар доираи иҷрои талаботи барномаҳои давлатии марбут ба тарбияи томактабӣ ҳамасола кӯдакистонҳо бо маблағгузории волидон таъмири хушсифат шуда, заминаи моддию таълимиашон мустаҳкам мегардад, – изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бинобар маҳдудии масоҳати онҳо майдончаҳои варзишӣ мавҷуд намебошанд. Вале ҳамаи кӯдакистонҳо дорои майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон буда, аз таҷҳизот ва воситаҳои дастрас оро дода шудаанд.

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии ташкилоти байналмилалии Юнисеф дар назди 16 муассисаҳои таълимӣ (МТМУ рақамҳои 4, 8, 31, 35, 78, 9, 63, 66, 88, 5, 76, 40, 27, 45, 25, 65) марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд, ки 530/250 нафар кӯдаконро дар 25 гурӯҳ фаро гирифтаанд. Марказҳои зикршуда бо таҷҳизоти зарурӣ (мизу курсиҳо, адабиёти бадеӣ ва таълимию методӣ, бозичаҳо, ҷевонҳои либосовезӣ, дастшӯякҳо, қолинҳо барои бозӣ ва ғайра) таъмин карда шудаанд. Ҳамзамон дар соли таҳсили 2023 – 2024 дар 25 муассисаи таҳсилоти умумии ҷамоатҳои деҳот бо ҷалби кӯдакони синни томактабӣ дар 35 гурӯҳ марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил карда шуданд. Барои ташкили гурӯҳҳои марказҳои инкишофи кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ корбарӣ карда мешавад.

Таъминот бо технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ

Номбурда тазаккур дод, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Панҷакент дорои 1900 адад компютер, 345 адад принтер, 70 адад тахтаи электронӣ, 100 адад проектор ва 905 адад камераҳои назоратӣ мебошанд. Пайваст намудани компютерҳои мактабӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ҳамеша дар назар аст. Дар ин самт ҳоло 70 муассисаи таълимии шаҳру деҳот тавассути модем ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошанд. Дар ин давра 51 адад компютер, 13 адад тахтаи электронӣ, 24 адад проектор, 4 адад принтер харидорӣ ва 142 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд. Ҳамзамон, аз тарафи кормандони Маркази ТИК 342 адад компютерҳои таъмирталаб таъмир ва ба истифода дода шуданд.

Бунёди иншооти таълимӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки барои мустаҳкам кардани пояи моддию таълимии муассисаҳои соҳа бо волидон, сарпарастон, шахсони саховатманду хайрхоҳ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуд. Ин аст, ки дар ин фурсат бо кӯмаки кумитаи волидон, саҳмгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, сарпарастон ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳу саховатпеша дар Ҷамоати деҳоти Саразм, деҳаи Абдусамад (12 синфхонаи иловагӣ), деҳаи Камар МТМУ№43 (4 синфхонаи иловагӣ), деҳаи Яккасада МТМУ№38, (12 синфхонаи иловагӣ), деҳаи Ҳавзаки боло, МТМУ №105 (7 синфхонаи иловагӣ), дар назди МТМУ №72-и шаҳраки Саразм (майдони варзишии хурд аз тарафи падару модарон), дар Ҷамоати деҳоти Ворӯ, деҳаи Ворӯ аз ҳисоби Сармоягузории Арабистони Саудӣ (бинои нав дорои 6 синфхона бо таҷҳизоташ ), дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, деҳаи Дашт, МТМУ №69 (14 синфхонаи иловагӣ), дар Ҷамоати деҳоти Шинг, МТУА №45-и деҳаи Марғзор (8 синфхонаи иловагӣ), дар Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, МТМУ №31-и деҳаи Озодагон (15 синфхонаи иловагӣ), дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, МТМУ №115-и деҳаи Боғча аз ҳисоби маблағгузории Раиси вилоят (бинои нав дорои 12 синфхона бо таҷҳизоташ), МТМУ №32-и деҳаи Амондара (5 синфхонаи иловагӣ), дар Ҷамоати деҳоти Моғиён, МТМУ №8-и деҳаи Хурмӣ (8 синфхонаи иловагӣ), МТМУ №45-и деҳаи Ғезани поён (4 синфхонаи иловагӣ), МТМУ №117-и деҳаи Зебон (5 синфхонаи иловагӣ), дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи Зиддӣ, МТМУ №91 (4 синфхонаи иловагӣ) сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.

Инчунин моҳи августи соли гузашта дар муассисаҳои таълимии №94-и Ҷамоати деҳоти Моғиён, деҳаи Пушти Қурғон (6 синфхонаи иловагӣ), дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан МТМУ №36 деҳаи Наврӯзтеппа (3 синфхонаи иловагӣ), дар Ҷамоати деҳоти Чинор, деҳаи Чинор МТМУ №37 (2 синфхонаи иловагӣ), деҳаи Дашти Малла МТМУ №58 (6 синфхонаи иловагӣ), дар Ҷамоати деҳоти Хурмӣ деҳаи Шингак МТМУ №46 (6 синфхонаи иловагӣ) сохта ба истифода дода шуд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь