Ба ифтихори 90-солагии Аълочии маорифи Тоҷикистон, муаллимаи хизматнишондодаи ҶТ шодравон Соҷида Аккалаева

 Чӣ сеҳре дар ин сухан ниҳон аст. Ҳамаи мо чӣ пир, чӣ барно, чӣ роҳбару чӣ коргар гоҳе ки сар ба гиребони андеша фурӯ мениҳем, гоҳе ки зиндагӣ бо панҷаҳои сарду сангин, гоҳе бо нарму гармӣ моро мефишорад, навозиш месозад, беихтиёр  номи омӯзгорро ба хотир меорем.

Нахустин кадамҳо, нахустин нишастҳо, нахустин гуфторҳо ва нахустин…
Оре,  омӯзгор буд ва ҳаст, ки мо имрӯз  роҳ  сӯйи маърифат, рушноӣ ва зиё дорем.

Ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замон ба омӯзгор ниёз дошту ниёз дорад. Омӯзгор рӯшанибахши роҳи зиндагист. Беҳуда омӯзгорро шамъи базми ақлҳо нагуфтаанд. Муаллим, устод падари маънавии инсон аст. Васфи ин шахси наҷибро аз қадиммулаём вирди забон овардаанд ва меоранд. Ҳатто бо пайғамбарон дар он саф гузоштаанд.

Оре, ҳар як шахс дар ҷодаи ҳаёт устоди худро дорад, ки метавонад бо истифода аз гуфтаҳои ӯ соҳиби қадру манзалат, обрӯ гардида, ба қуллаи мақсуд бирасад.

Дар бинои илму дониш ва фазлу камол хишти аввалро устод мениҳад. Омӯзгор мисли падару модар аз зинаҳои аввал роҳи дурро дида, насли башарро ба сафари дуродури мурод, ба суйи орзуҳои бузург, ба олами маърифат роҳнамоӣ мекунад.
Мавлои Рум басо хуб гуфтааст:

 Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Мо дар тамоми пайроҳаи умр ҳамеша дар омӯзишем. Ман ҳама вақт аз таҷрибаи кори маорифчиёни шоён Ҳасанов Бобо Ҳасанович, Валентина Павловна, Аккалаева Софя Георгевна, Муҳаббат Маҳмудова, Лоҳутшо Гуландом Суфиевна ва Юсуф Ғафуров меомӯхтам, аз таҷрибаҳои бойи онҳо барои худ меандӯхтам ва роҳу усулҳои гуногуни дарсиро аз худ карда, дар ҷараёни дарсҳоям истифода мебурдам.

Солҳои 70 –уми асри ХХ. Соли 1975 баъди хатми синфи ҳаштуми мактаби миёнаи №1-и шаҳри Кӯлоб ба Омӯзишгохи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шудам. Тақдир маро бо устоди устодон Соҷида Аккалаева (Аккалаева Софя Георгиевна), Нусратулло Неъматов директори омӯзишгоҳи педагогӣ ва дигар устодон шинос намуд. Ҳар кадоми ин устодон гулҳои сари сабадро мемонданд. Аммо муаллима Соҷида Аккалаева байни дигар устодон фарқ мекарданд. Ӯ зани зебо, хушгуфтор, ҳалиму меҳрубон, ташаббускор ва дар муомилаю муносибат бо мо донишомӯзон басо орому ботамкин ва дар баробари ин серталаб буданд.

Бузурге фармуда: “Одами беҳадаф чун киштии бе бодбон аст, ки мавҷҳои девонаавзо ӯро ба коми хеш мепечонад.” Аз ин рӯ ҳар як инсон дар зиндагӣ бояд ҳадафе, мақсаде дошта бошаду баҳри амалӣ гардонидани он дар такопу бошад. Ҳадафи муаллимаи азизу меҳрубонамон тарбияи мо ҷавонон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, маъсулиятшиносӣ ва созандагию эҷодкорӣ ва  шахсияти комил ба воя расидани мо шогирдон буд. Ӯ ҳамеша худ меомӯхт ва ба мо шогирдон меомӯзонд. Барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекард.

Ёд дорам, ки падарам ба дохил шудани ман ба омӯзишгоҳи педагогӣ зид буданд, зеро мехостанд, ки ман мактаби миёнаро хатм намуда, ба донишгоҳи олӣ дохил шавам. Аммо ман баръакси хоҳишашон ҳуҷҷатҳоямро ба омӯзишгоҳ супоридам. Падарам аз ин хабардор шуда, маро сахт сарзаниш карду гуфт: “Ба омӯзишгоҳ намеравӣ…”

Ман ба директори омӯзишгоҳ шодравон Нусратулло Неъматов ва муаллима Соҷида Аккалаева асли корро гуфтам. Муаллима даррав ҳамроҳам ба хонаамон рафта, бо падару модарам суҳбат карданд ва онҳоро ба хонаи худашон таклиф намуданд. Аз чунин меҳмони ногаҳонӣ, ки ҳамсари шахсияти обруманди Кӯлобзамин Мирзо Бекматов буданд, аҳли хонаводаам дар ҳайрат монданд. Вале аз рӯи ҳурмату эҳтиром не гуфта натавонистанду ба хонаи муаллима рафтанд. Онҳо маро низ бо худ бурданд ва ин нахустин маротиба буд, ки ман вориди хонаи муаллимаи азизам шудам. Баъдан чи қадар зиёд ман ҳамроҳи ҳамкурсонам ба ин кошонаи меҳру вафо ва маърифат меомадем.

Хуллас, маҳз муаллима волидонамро мутмаин сохт, ки омӯзишгоҳ таҳкурсии хубе мешавад барои таҳсили ояндаи ман. Ана ҳамин хел ман шогирди ин шахси нотакрор шудам, ки то ҳол аз донишу малакаи аз ӯ андӯхтаам дар фаъолияти педагогиам истифода мекунам. Мисли ӯ доим дар омӯзишам, якчанд маълумоти олӣ дораму аз он мефахрам, ки пойсутуни донишам дар мактаби Соҷида Аккалаева ташаккул ёфтааст.

Муаллимаи меҳрубонамон ба мо ҳам касб меомӯзонду ҳам бо рафтори намунавии худ, гуфтору маслиҳатҳои пандомезаш роҳи зиндагиамонро мунаввар месохт. Меҳри моро нисбат ба китобхонӣ, мутолиа, донишандӯзӣ рӯз аз рӯз афзун мекард ва таъкиди ҳамешагиаш он буд, ки “Фарзандони халқро бояд аз сидқи дил дӯст доред, мисли фарзандатон! Дар акси ҳол омӯзгорӣ касби шумо нест!”.

Он кас ба мо шогирдон таъкид мекарданд, ки ҳамеша кӯшиш кунед, ки рӯзи гузаштаи худро мулоҳиза (анализ) карда бароед. Аз ҳамон солҳо то инҷониб ҳар як рӯзи гузаштаро аввал ба нақша гирифта, сипас онро таҳлил мекунам чӣ корро ба анҷом расонидам. Солҳои авали кориам каме душворӣ мекашидам.  Вале бо мададу маслиҳати устод Соҷида Аккалаева ва ҷустуҷӯю омӯзишҳои худам ин душвориҳоро тадриҷан бартараф кардам. Соҷида Аккалаева таъкид мекаранд, ки дар дарсҳои устодони ботаҷриба иштирок намоям ва лаҳзаҳои беҳтарини дарси онҳоро дар дафтарчаам қайд  намоям. Он кас  маслиҳат медоданд,  ки дар дарсҳоям аз осори адабии Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Хайёму Мавлоно истифода барам.

Марди деҳқон зимистон токро об медиҳад. Ин гуна об монданро қавсоб меноманд. Қавсоби сард ба ҳар як навдаи ток чун хун ба бадани одамӣ фоида меоварад.

Суханони сахт ва серталаби устод дар боғи дониши мо шогирдон низ чун қавсоб самар меораду авҷу барор медиҳад:

Рукниддини Авҳадӣ гуфтааст:

 То сардии сармои зимистон нашавад,

Пургул нашавад домани ҳар хору хасе.

Ҳар ки аз парваранда ранҷ надид,

Дар ҷаҳон ҷуз ғаму шиканҷ надид.

Мушкилие дар ҳаёти мо рӯй медод, роҳи ҳалли онро бо устодамон Соҷида Аккалаева машварат мекардем. Ӯ аз ҳама ғаму шодии мо огаҳ буд ва мисли модар бароямон хавотир мешуд.

Ранҷи дар тарбияи мо кашидаи устодро як баҳр гӯем, хизмати мо қатраеро аз ин баҳрро ташкил намедиҳад. Зеро бузургон қадру эътибор ва ҳурмати омӯзгорро баробари қадру эътибори падару модар донистаанд. Чуноне ки  Камолиддини Биноӣ гуфтааст:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Гар падар  аз ҳаёт баҳра диҳад,

Устод аз наҷот баҳра дихад.

Гар падар тарбият кунад сад сол,

Нозу неъмат диҳад туро ба камол.

Наравӣ то ба хизмати устод,

Илму ирфон куҷо бигирӣ ёд

Ҳурмати устод ҳар ки надошт,

Алами илм дар ҷаҳон нафрошт.

Хулоса, ӯ роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғараз, маслиҳатгар ва  модари мушфиқу мехрубони ҳар яки мо буд. Чуноне ки шоир Нарзулло Тилло гуфтааст:

Ташаккур бар ту бодо, устодам,

Ман аз ғамхорият бисёр шодам.

Туро як умр хоҳам кард таъзим,

Ки бар ман додаӣ бо сидқ таълим.

Зи ту омӯхтам дарси шуҷоат,

Зи ту омӯхтам азму рафоқат,

Зи ту омӯхтам ман росткорӣ,

Зи ту омӯхтам ман устуворӣ.

Ба номи ту бувад ин мехрнома,

Кунад умри ту чун дарё идома.

Шаҳригул АХМЕДОВА,

Аълочии маорифи халқи ҶТ, омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь