Шояд аз сарлавҳа маълум аст, ки сухан сари кӣ ва ё чӣ меравад?

Омӯзгор… Оре, омӯзгоре, ки мисли сӯзан ҳамаро дӯхту пӯшонид, ҳамаро таълим доду ба камоли инсонӣ расонид, омӯзгоре, ки тамоми умр истифода шуду чӣ будани истифода карданро надонист, омӯзгоре, ки шуморо ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расонид, то шумо имрӯз ба ивази хизматҳояш дар расонаҳо ҷонибаш санг занед.

Матбуот озод аст. Аммо танҳо барои ғайбати омӯзгор? Ростӣ, барои навиштани ин сатрҳо хело худдорӣ карда будам. Аммо шаъну шарафи омӯзгор охир хастудаи қади кӯча нест, ки ҳар касе тавонад, онро “шатта” занад.

Сархати расонаҳо бо сарлавҳаҳои “Омӯзгор тоҷир”, “Омӯзгор порахӯр”, “Омӯзгор пули таъмир ҷамъ менамояд”…. пур шудааст.

Барои аттестатсия пул, барои имтиҳон пул, акнун  таътил шуд, барои либоси ягона боз пул. Ҳамаи инро кӣ ҷамъоварӣ мекунад? Албатта, боз омӯзгор. Аммо доимо сухангӯи Вазорати маориф мегӯяд, ки мувофиқи қонунгузорӣ ин корҳо манъ ҳастанд Пас, омӯзгор “криша”-и боқувват доштааст, ки муқобили қонун мебаромадааст? Ин гуна мавзӯъҳо якбору дубор не, балки чандин сол аст, ки дар сархати расонаҳо қарор гирифта, то ҷое ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтаанд. Аммо, ҳама хомӯшанд. Чаро? Шояд бо ин роҳ ҷайби дигарон пур мешавад? Чизи дигар ҳам ҳаст.

Модоме ки омӯзгорон ин қадар роҳҳои манфиат ба даст оварданро медонанд, пас, чаро як зиндагии осударо ба сар намебаранд? Чаро “катеж”-ҳои зебо намесозанд? Чаро мошини зебо намехаранд? Чаро либоси зебо намехаранд (ба ман муаллимони донишгоҳ ё колеҷ инчунин муассисаҳои хусусиро мисол наоред). Шумо мегӯед, ки пули имтиҳон, пули аттестатсия, пули таъмир ва билохира пули сару либосро омӯзгор ҷамъ мекнакд. Пас, ин қадар пулро омӯзгор куҷо мекунад? Дар ҷайбаш нигоҳ медорад? Ё дар бонк? Не, хато мекунед. Ин гумон, ки омӯзгор пул ҷамъ мекунад, аллакай худаш хатост ва аслан дуруст нест.

Мо бовар мекунем, ки омзгор аз шогирдони худ бо ҳар баҳона пул мег ирад, вале чаро намеандешем, ки чӣ тавр роҳбари як муассиса ё мудири як раёсати маориф дар як ё ду моҳи кориаш тамоман дигар мешавад; мошини шахсӣ мехарад, соҳиби хонаи алоҳида мешавад ва чандин корҳои дигарро ба сомон мерасонад? Чаро дар  н бора андеша намекунем?

То ҷое, ки ман медонам, давлат барои ҳар як хонанда маблағи муайян ҷудо мекунад. Шояд 70% ё зиёдтар аз ин миқдори маблаӯи ҷудошуда барои музди маоши омӯзгорон сарф шавад. Дигараш чӣ? Албатта, барои таъмир ва дигар лавозимотҳои муассиса ҷудо карда мешавад. Лекин бо ин вуҷуд чаро дар охири сол боз аз хонандагон пул мепурсанд? Чаро?

Он пулҳое, ки ҷудо шуда буданд, куҷо мешаванд? Ба ҷайби кӣ мераванд? Шиками киро сер мекунанд? Байни кӣ тақсим карда карда мешаванд? Мақомотҳои дахлдор куҷоро нигоҳ мекунанд? Онҳо ҳар сол “ревизия” мегузаронанд-ку… ҳар сол ҳисобот имедиҳанд, ки “ҳама сад фоиз аст”. Аммо баъдан доду фиғони волидайн ба фалак мерасад, ки омӯзгорон пул талаб доранд. Пас, онҳо барои чӣ пул талаб мекунанд? О, “ҳама сад фоиз” буд ку?  Пас, чӣ гоуна дар ҳисоботҳояшон “сад фоиз” навиштаанд?

Бигзарем аз ин, китобҳое, ки бояд се сол дар фурӯш ба хонандагон бошанд, чаро даҳ сол фурӯхта мешаванд? Зиёду кам шудани хонандагон баҳона аст. Бигзор дар 7 сол (чор соли дигар илова барои ҳамин баҳона), аммо 39 соли дигар пули китоб ба ҷайби ки меравад? Ин маълум аст, ки ба буҷети маориф ворид нахоҳад шуд. Фикр мекунед, ки ҳамаи роҳбарони муассиса ва маориф  аз ин бехабаранд? Чаро онҳо нобиғаанду (дар ҳоле ки соҳиби ҳама чӣ шудаанд ва маълум нест аз пули куҷо) муаллими бечора “порахӯр”, “тоҷир” ва ё чизи дигар?

Биёед, дигар хел шарҳ медиҳем. Сарбоз амрро иҷро мекунад. Агар амр шавад, ки ҳуҷум кунед, ӯ маҷбур аст, ки ҳамла кунад. Зеро сарбоз ҳуқуқи муҳокима кардани фармонро надорад. Омӯзгор чӣ? Бечора панҷ сол мехонад, диплом мегирад, ба музди ночизе, ки нисфаш барои андозу дигар воситаҳо сарф мешавад, кор мекунад, бо он ду пули ночизе, ки барои “отпуска”-аш  медиҳанд, қаноат мекунад. Дурусттар гӯем, омӯзгор мисли як механизм шудааст.

Барои ҳамин хоҳиш мекунам, вақте ки чизеро дар мавриди ҷамъоварии маблағ менависед, нагӯед омӯзгор омӯзгор ҷамъ мекунад. Нависед, ки “роҳбари фалон муассиса чунин фармон додааст”. Зеро, мисли сарбозе, ки гуфтам, омӯзгори бечора ҳуқуқи муҳокима кардани фармонро надорад. Агар як сухане мегӯяд, дипломаш беарзиш мегардад ва ду-се хушомадгӯй дар дафтарчаи меҳнатиаш қадрашро ба сифр баробар мекунанд.

Агар ба иззати  нафси касе расида бошам, узр. Аммо андаке омӯзгорро дарк кунед, зеро ҳамаи моро ба ин зинаҳо омӯзгороне расониданд¸ ки имрӯз мо таҳқирашон мекунем.

Саид НАЗАРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь