Дар зиндагӣ инсон бо шахсиятҳои гуногун  рӯ ба рӯ мешавад ва ба яке аз беҳтаринҳо пайравӣ мекунад. Мутаасифона, кам касонеро пайдо мешаванд, ки онҳо намуна бошанду пайравӣ кардан аз онон боиси ифтихор бошад. Шавкат Шариповро ман аз зумраи беҳтаринҳо мешуморам. Зеро ӯ дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ чун хоксорӣ, ростқавлӣ ва донишмандӣ,  масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва нуқтасанҷиву дақиқназарӣ буда, барои ӯ  бетарафӣ, дурӯягӣ, беҷуръатӣ, ситоишкорӣ  тамоман  бегонаанд. Ӯ ба илми таърихшиносӣ меҳри беандоза дорад. Шавқу рағбат ва самимияту дилбохтагӣ ба касби дӯстдоштааш ва заҳматҳои бисёри ӯ дар ин ҷода натиҷаҳои назарраси илмиро ба бор овардаанд.

Тамоми ҳаёту фаъолияти олими шинохта Шавкат Шарифовро ба се самт тақсим намудан мумкин аст. Сараввал, ҳаёти наврасӣ, таҳсил, хидмат ба Модар-Ватан; дуюм вазифаҳои пурмасъули ҷамъиятӣ ва сеюм пажӯҳишҳои илмию таҳқиқотии олим дар риштаи ғафуровшиносӣ ва тамаддуну фарҳанги давраҳои гуногуни таърихи ватан. Шавкат Шарифов 18-уми декабри соли 1953 дар деҳаи Тутки шаҳри Истаравшан дар оилаи омӯзгор Шарифҷон Пӯлодов ба дунё омадааст. Соли 1961  таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш ба номи Муҳаммадҷон Раҳимӣ шурӯъ карда, пас аз гирифтани маълумоти ҳаштсола дар мактаби миёнаи рақами 1-и ба номи Горкийи шаҳри Истаравшан таҳсилро идома дод. Соли 1971 ин боргоҳи маърифатро хатм карда, соҳиби номаи камолот гашт. Соли 1971 пас аз хатми мактаби миёна Шавкат Шарифов ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1976 курси пурраи онро бо ихтисоси «Муаррих-омӯзгор» хатм кард. Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти касбии худро  дар кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин оғоз кард. Пасон, бо даъвати доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Аҳрор Мухторов ба яке аз марказҳои бонуфузи илмию тадқиқотии кишвар – Шӯъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна, давраи нави Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш аввал ба сифати лаборант ва баъди гузаштан аз озмуни даврии он ҳамчун ходими хурди илмӣ фаъолияти худро идома дод. Солҳои 1984-1986 дар ҳайати маҳдуди Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба сифати тарҷумони ҳарбӣ фаъолият карда, хидмати Модар-Ватанро сарбаландона иҷро намуд. Солҳои минбаъдаи фаъолияти меҳнатии Шавкат Шарифов ба Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ алоқаманд аст. Ӯ тайи солҳои 1992-1995  дар кафедраи таърихи умумии донишгоҳи мазкур сараввал вазифаи омӯзгорӣ, сипас сармуаллими кафедраро бар ӯҳда дошт.

Аз соли 1995 то соли 2011 фаъолияти меҳнатии Шавкат Шарифов дар шаҳри Хуҷанд, дар Филиали Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ дар вазифаҳои гуногун суръат гирифт. Аз ҷумла, солҳои 1995-1998 омӯзгори кафедраи ҷомеашиносии ДП ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, солҳои 1996-1997 дар факултети механикии донишгоҳи мазкур муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ, солҳои 1998-2003 сармуаллими кафедраи илмҳои ҷомеашиносии ҳамин донишгоҳ буд.

Шавкат Шарифов аз соли 1998 дар баробари ин вазифаҳои пурмасъули омӯзгорию тарбиявӣ дар донишгоҳи номбурда ба сифати ходими калони илмии кафедраи илмӣ-тадқиқотии ЮНЕСКО-и ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров (Маркази тадқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО), ки то соли 2015 фаъолият дошт, ба тариқи муштарак фаъолияти пурмаҳсули илмию эҷодӣ кард. Ӯ дар омода кардани кадрҳои илмӣ низ саҳмгузор мебошад. Ба ҳайси котиби илмии Шӯрои диссертатсионии назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба илми таърих фаъолият намуда, нисбати унвонҷӯёну аспирантон нуктасанҷона ғамхорӣ мекард. Шавкат Шарифов аз соли 2011 то ҳол дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Солҳои 2013-2014 вазифаи декани факултети таърих ва ҳуқуқро ба ӯҳда дошт.

Замоне, ки Шавкат Шарифов ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон ба кор омад, таҳти роҳбарии Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои таърих, профессор Аҳрор Мухторов ба таҳқиқи рӯзгор ва осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров машғул шуд ва яке аз ғафуровшиносони замон эътироф гардид. Ҷустуҷӯ ва пажӯҳишҳои  заҳматталаби ӯ буданд, ки бо ҳаммуаллифии устодаш А.Мухторов се рисола бо номи «Академик Бобоҷон Ғафуров» (солҳои 1983, 1988, 1989) бо забонҳои русӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ба нашр расонид. Ин рисолаҳо нахустин тадқиқотҳо дар самти омӯзиши ғафуровшиносӣ маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, Шавкат Шарифов дар бораи ҳаёту фаъолият ва осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 60 мақолаҳои илмию оммавӣ нашр намуда, дастраси аҳли илму адаб ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ гардонидааст. Шавкат Шарифов мураттиб ва муаллифи пешгуфтори аксари мақолаҳои китоби «Звезда – сияющая знанием и добром» (Сборник статей, воспоминаний и документов о великом сыне таджикского народа, Героя Таджикистана, академике Бободжане Гафурове)» мебошад, ки соли 1999 дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 90- солагии Б.Ғафуров ва 1100–солагии давлати Сомониён ба чоп расид. Натиҷаи ҷустуҷӯҳо, шабҳои бедорхобии  Шавкат Шарифов самараи хуб ба бор оварданд. Вай соли 2002 дар мавзуъи «Саҳми академик Б.Ғафуров дар инкишофи илми ховаршиносӣ» дар Шӯрои диссертатсионӣ  оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯйи ихтисоси “таърихи ватан” (илмҳои таърих) таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор С.Абдуллоев ва Ходими хизматнишондодаи илми ҷумҳурӣ, академики АИ Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Н.Неъматов рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуд. Фаъолияти  илмию тадқиқотии Шавкат Шарифов доманаи васеъ дошта,  рӯзгор ва осори илмии академик Б.Ғафуров, иштироки Тоҷикистон ва донишмандони тоҷик дар барномаҳои илмии ЮНЕСКО, ҷанба ва вижагиҳои гуногуни таърих ва фарҳанги тоҷикон дар асрҳои миёна ва давраи наву навтарин, ҷамъоварӣ, баргардон ва таҳқиқу омӯзиши санадҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ (васиқаҳо), инчунин, сарчашмаҳои таърихиро дарбар мегирад.

Ҳоло бошад Шавкат Шарифов  ҳамчун донанда ва пажӯҳишгари васиқаҳои асримиёнагӣ дар мавзӯи «Дипломатикаи тоҷик: аз таърихи таҳқиқу омӯзиш ва дурнамои пажӯҳиши он» тадқиқоти илмӣ мебарад ва ба навиштани рисолаи докторӣ машғул аст. Устод Ш.Шарифов дар мураттабсозии як қатор рисолаҳо мақоми хоса дорад. Аз ҷумла, дар  ҳамкорӣ бо  профессори  кафедраи таърихи ватан ва археология, доктори илмҳои таърих Ваҳҳоб Набиев маҷмӯи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Паём ва рисолати созандаи он» ва маҷмӯи суханрониҳояшро бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи нусратовар ва ваҳдатофар» таҳия ва нашр кардааст. Шавкат Шарифов яке аз тарғиботчиёни фаъол буда, дар таблиғи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати кишвар дар гурӯҳҳои сатҳи гуногун ҳиссагузор мебошад. Барои хизматҳои шоёнаш дар назди халқу ватан бо ордени «Ситораи Сурх», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС «Ба сарбози байналмилал», медалҳои ҷашнии «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС», «Георгий Константинович Жуков», «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,  «70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «5-солагӣ, 10-солагӣ ва 15-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон», «Ба сарбози байналмилал аз мардуми сипосгузори афғон», «Собиқадори амалиётҳои ҷангӣ», бо нишони сарисинагии «Ба сарбози байналмилал», «20-солагии баровардани Қӯшунҳои шӯравӣ аз Афғонистон» мукофотонида шудааст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба ин шахси муътабар, ки олитарин намунаи инсонӣ буда, дар баробари олими наҷибу ватанпарвар буданаш, устоди ғамхор, муҳаққику худогоҳ, худшиносу таҳаммулпазир,  ватандӯсту ободкор аст, сари таъзим фуруд меорем ва хоҳони онем, ки мудом дар амон бошад!

Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ, узви ИЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь