Вақте бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲҶТ ва раёсати ДМТ дар шафати СТТ факултети журналистика бунёди студияи телевизиони оянда оғоз гардид, ба дӯсту ҳамкасби худ Хуршеди Атовулло занг зада, гуфтам:

– Ако Хуршед, бо тасмими ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ва раиси кумита устод Нуриддин Саид дар назди факултети журналистика телевизиони донишгоҳӣ фаъол мегардад. Соли гузашта дар пояи факултети ману шумо хатмкарда, радиои донишгоҳӣ ташкил гардид.

Дар давраи ректории Қобилҷон Хушвахтзода “Синфхонаи ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов” таъсис ёфт. Маҳз бо мусоидати ректор, моҳи декабри соли 2022 “Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев” ифтитоҳ гардид. Дар асоси он ба ихтиёри устодону шогирдони факултет толори муҷаҳҳази хурде гузошта шуд, ки дорои имкониятҳои васеъ мебошад. Мо журналистону муаллимони журналистика ба ғайр аз қалам чизи дигаре надорем, ки ба чунин роҳбарон изҳори миннатдорӣ намоем. Чӣ мешавад, ки як маводе омода намуда, дар бораи хидматҳову таваҷҷӯҳи ин роҳбари ҷавон нашр намоем, ки он дар таърих мемонад.

Хуршеди Атовулло, ки ба тарбияву камоли журналистон бетафовут нест ва ҳамеша таваҷҷуҳ дорад, чунин гуфт:

– Бошад. Чаро не? Бунёди ин телевизон кори хуб аст. Ягон устод, ё шогирдро гӯед, чизе нависад ва дар шумораи оянда онро ҷо медиҳем. Беҳтараш худатон нависед, зеро аз ҳама чиз хабар доред.

Ин ишораи Хуршеди Атовулло сабаб гардид, ки дар бораи кумаку мусоидатҳои ректори феълӣ дар нисбати факултети журналистика чизе нависам.

Замоне чун ректори донишгоҳ аз ихтисоси ғайрифилологӣ омад (соли 2020), каме мушавваш ҳам гардида будем. Гумон мекардем, ки ректори иқтисодчӣ ба бахшҳои филологияву журналистика кам таваҷҷӯҳ менамояд. Гумон ботил баромад ва ҳатто баръакс шуд. Хидматҳои ректорҳои гузашта (махсусан Нуриддин Саид ва Муҳаммадюсуф Имомзода) инкор карда намешавад, аммо Қобилҷон Хушвахтзода ҳамчун шогирдони ин ректорҳои гузашта дар ободониву пешрафти факултети журналистика саҳми бештар гузошта тавонист.

Ба вазифаи ректорӣ омадани Хушвахтзода Қобилҷон барои мо ба қавле “бо пайи қадам” гардид  ва аз замони омаданаш ба ин вазифаи пурмасъул дар факултети журналистика навгониҳои зиёд ба миён омаданд. Бигзор умумигӯӣ ва тавсифи хушку холӣ нашавад ва дар доираи факту рақамҳо чанд ҷузъиётро номбар менамоем.

Дар аввалин қадамҳо синфхонаи ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов таъсис ёфт. Хушвахтзода Қобилҷон бо эҳтирому арҷгузорӣ ба меҳнату заҳмати устодони шинохтаву соҳибмақом кори худро оғоз кард. Бо сабаби пандемия дар соли 2020 аз ҳаёт рафтани беҳтарин шахсиятҳову олимон ва устодону адибон, боиси афсус мегардид ва дар ин қатор устод Баҳриддин Камолиддинов ҳам буданд. Аммо бузургону соҳибистеъдодон ҳеҷ гоҳ намемиранд. Устоди забоншиноси шинохта Баҳриддин Камолиддинов аз худ мероси гаронбаҳо гузоштанд. Дар баробари ин маҳз бо мусоидати ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода дар муддати кӯтоҳтарин дар факултети журналистика “Синфхонаи ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов” таъсис ёфт. Бо мусоидату ризоияти фарзандони устод китобҳову асарҳои устоди зиндаёд ба факултет оварда шуд. Акнун дар ин синфхонаи муҷаҳҳаз шогирдон дар ҳалқаи аксҳову китобҳои устод бо шодиҳои арвоҳи устод дарсҳои худро мегузаранд.

Дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва мусоидати вазорати маориф ба студияи таълимии радиову телевизиони факултет дар ҳаҷми 65 ҳазор евро таҷҳизоти навтарин оварда шуд. Махсусан камераҳои наворбардориву аксбардорӣ ва дигар дастгоҳҳои банду басти барномаҳо имрӯз барои шогирдону кормандони студия як чизи беминнат гардидаанд.

СТТ-и факултет баъди солиёни зиёд аз нав симои худро дигар кард. Толору шифти он аз нав тармим гардида, дизайни он тағйир ёфт. Як утоқи алоҳидаи дигар бунёд гардида, ба ихтиёри кормандони он гузошта шуд.

Моҳи сентябри соли 2022 дар пояи факултети журналистика Радиои Донишгоҳи миллӣ таъсис ёфт. Акнун шогирди факултет имкон дорад, ки беминнат маводи шогирдонаи худро тавассути ин радио нашр намояд. Ҳар рӯз ду соат барномаҳои он рӯи мавҷи алоҳида пахш мегардад.

Моҳи декабри соли 2022 “Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев” таъсис ёфт. Ҳар як журналисте, ки  аз солҳои ҳафтодум то соли 2016 шуъбаву факултети журналистикаро хатм кардааст, ҳатман аз баракати дарси ин устод баҳра бурдааст. Ҳудуди ҳазор номгӯ адабиёти гуногун аз китобхонаи шахсии ин устод ба факултет оварда шуд. Албатта, дар ин кори хайр хидмати фарзандони устод Асадулло Саъдулоев истисно намебошад.

Дар заминаи ҳамин марказ толори муҷаҳҳази замонавӣ таъсис дода шуд, ки  бо навтарин таҷҳизоти коммуникатсионӣ таъмин мебошад. Ин марказ асос мегардад, ки дар пояи он Шурои дифои рисолаҳои илмӣ таъсис дода шавад ва ҳамзамон имкон ҳаст, ки дар доираи он такмили ихтисоси устодони риштаи журналистӣ ба роҳ гузошта шавад.

Дар давоми танҳо 6 моҳи охир қариб даҳ нафар устодону шогирдони факултет барои такмили таҷрибаву омӯзиш ба хориҷи кишвар сафар намуданд. Аз ҷумла декани факултет ҳамроҳи чанд нафар шогирдон дар доираи як форум аз Донишгоҳи Давлатии Урали Ҷанубӣ дидан намуданд. Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ Сангин Гулов барои омӯзишу таҷдиди барномаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ як ҳафта дар кишвари Олмон буд.

Моҳи марти соли 2021, дар арафаи ҷашни Рузи матбуоти тоҷик  бори аввал дар таърихи факултет бо тасмими ректори донишгоҳ ба факултет якбора шумораи зиёди сармуҳаррирон (баъзе муовинон) ташриф оварданд. Зиннатуллоҳ Исмоилзода – раиси ИЖТ, Қурбоналӣ Раҳмонзода – сармуҳаррири нашрияи “Ҷумҳурият”, Далери Абдулло – муовини сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум”, Хуршеди Атовулло –  сармуҳаррири нашрияи “Фараж”, Одил Нозир – муовини сармуҳаррири нашрияи “Тоҷикистон”, Бахтиёр Ҳамдамов – сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ”, Ноилшоҳ Нурализода – сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор”, Шодихони Назар – сармуҳаррири нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон”, Охунзода Насриддин – котиби масъули нашрияи “Омӯзгор”  бо ҳузури худ дар ин сӯҳбату вохӯрӣ ҳамбастагиву робитаашонро бо донишгоҳу факултет нишон доданд.

Дар остонаи иди Наврӯз  (15.03.2022) бо иқдоми ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкунандагон ва устодон мулоқот барпо намуданд. Дар ин мулоқот Саид Нуриддин Саид – Раиси  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати    Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи роҳбарони радиову телевизионҳои дар пойтахти кишвар қарордошта, ширкат намуданд. Дар ин мулоқот раиси кумита, ректори донишгоҳ,  роҳбарони радиову телевизионҳо ва устодону шогирдон ҳар кадом мавқеъ ва андешаи худро барои тарбияи кадрҳои журналистӣ  баён намуданд. Ин вохуриву сӯҳбатҳо боис гардиданд, ки иқдомҳои тоза роҳандозӣ гарданд.

Соли 2022 бахшида ба сисолагии таъсиси факултет барои эҳтирому арҷгузорӣ ба меҳнату заҳмати устодони имрӯзу гузашта, ки дар тарбияи кадрҳои журналистӣ саҳм гузоштаанд, бо тасмими факултет ва мусоидати раёсати донишгоҳ ба таври хоксорона ду китоб – “Омӯхтану афрӯхтан” ва “Шамъи хотира” нашр гардид. Чунин тасмим низ дар таърихи сисолаи факултет аввалин бор сурат мегирад. Агар дар маҷмӯаи  “Омӯхтану афрӯхтан” хотираву ёддошти 31 нафар устодону шогирдон фароҳам омада бошад, пас дар “Шамъи хотира”-и устоди факултет Қироншоҳ Шарифзода дар бораи он устодони факултет сухан меравад, ки феълан дар қайди ҳаёт нестанд. Сипос ба ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода, ки дар нашри ин китобҳо кумак намуданд. Зеро, ин китобҳо таърих ва ташаккули факултети журалистика буда, барои наслҳои оянда ҳамчун як ганҷи таърихӣ боқӣ хоҳанд монд.

Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода табиатан адабиётдустдор аст ва дар аксар ҷамъомаду маҳфилҳо аз маҳорати сухандониву шеърдӯстии худ дарак додааст. Ба журналистон эҳтиром ва робитаи қавӣ дошта, ҳеҷ гоҳ дар суҳбат бо онҳо истиҳола наменамояд. Беҳтарин нишастҳои матбуотиро доир намуда,  дар доираи он таваҷҷӯҳи бевоситаи худро нисбат ба тарбияи кадрҳои журналистӣ нишон медиҳад.  Ҳеҷ як пешниҳоду хостаи факултетро дар самти тарбияи кадрҳои журналистӣ инкор наменамояд. Аз ҷумла, дар ояндаи наздик дар нақша дорад, ки як гурӯҳ устодону шогирдони факултетро барои таҷрибаву такмили касб ба донишгоҳҳои Самарқанду Тошкент сафарбар намояд. Дар нишасти матбуотии охир ин масъала таъкид гардид.

Шояд бисёриҳо аз мавҷудияти рӯзномаи “Қалам” дар факултети журналистика дар солҳои 2000 ёд дошта бошанд, ки штатҳои кории алоҳида дошт ва ба муаллифон ҳаққи қалам медод. Бо сабабҳои номаълум нашри ин ин рӯзнома аз ҷониби Вазорати фарҳанг қатъ гардида буд. Ба наздикӣ дар доираи як ҷаласа ҷаласа пешниҳод гардид, ки аз нав ин нашрия барои омода намудани шореҳону таҳлилгарон фаъол гардонида шавад ва Вазорати фарҳанг дар ин масъала мавқеи мусбат ҳам нишон дод. Боз ҳам ғамхориву таваҷҷӯҳи ректор донишгоҳ мебошад, ки дар сурати набудани сарчашмаҳои дигар, раёсати донишгоҳ омода аст, ки ин рӯзномаро аз ҷиҳати молиявӣ сарпарастӣ ва эҳё намояд.

Ва инак таъсиси телевизиони донишгоҳӣ, ки дар заминаи он рушди журналистикаи соҳавӣ имконпазир мегардад. Устодону шогирдони факултет аз ин иқдом хурсанд мебошанд ва бошад, ки рӯзе шогирди факултет симои худро дар эфири ин телевизион бубинад.

Чанд нуқтае, ки дар боло ишора гардид, холисона мебошад. Агар раёсати донишгоҳ нахоҳад, садорати факултет кореро анҷом дода наметавонад. Ногуфта намонад, ки ин иқдомҳоро танҳо дар доираи факултети журналистика гуфтем ва чунин навгониҳо барои факултетҳои дигар низ истисно нест.  Ҳар он чизе, ки дар давраи ректории Қобилҷон Хушвахтзода барои факултети журналистика бунёд гардидааст, барои фарзандони мардум мебошад, ки бо садҳо ҳавасу орзӯ ба инҷо меоянд. Боз ҳам онро таъкид менамоем, ки акнун соҳибқаламони ҷавонро танҳо шавқу рағбату меҳри касбомӯзӣ лозим аст ва бошад, ки аз чунин шароит самаранок истифода баранд.

Бахтиёри Қутбиддин, узви ИЖТ, устоди ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь