“Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеч гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар дунё он кишварҳое ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, техникаю технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамоянд. Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум солҳои охир ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарҳанги техникӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Аз ин рӯ, Ҳукумату давлати Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат дониста, барои беҳтару хубтар сохтани сатҳи донишандӯзии хонандагону толибилмон кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст.

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи соҳаи маориф дар шаҳри Ваҳдат бо сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Мусофириён Миралӣ Сайдалӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки муҳтавои он пешкаши хонандагон гардонда мешавад.

Мусофириён Миралӣ Сайдалӣ дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар 11 моҳи соли равон, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ислоҳот дар соҳаи маориф, стандарти давлатии таҳсилот ва дигар асноду меъёрҳои марбут ба соҳаи маорифро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати иҷрои онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар ин давра бо иштироки васеи директорон ва мудирони кӯдакистонҳо 9 мушовара ва 20 ҷамъомади назди сардор гузаронида шудааст. Дар мушовара 55 ва ҷамъомади назди сардор 50 масъалаи марбут ба соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Ваҳдат 153 ададро ташкил дода, аз ин теъдод 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 16 асосӣ ва 128 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ин 1 гимназия, 1 литсей) ва дар баробари ин дар назди Раёсати маориф Муассисаи давлатии Маркази технологияи иттилоотӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази эҷодии кӯдакону наврасон фаъолият намуда истодааст.

Таъминоти кадрӣ  

Тибқи иттилоъи мудир, соли таҳсили 2023-2024 шумораи омӯзгорон дар шаҳри Ваҳдат 3951 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 2284 нафар ё 57,8 дарсадро занон ташкил медиҳанд. Теъдоди омӯзгорон бо таҳсилоти олӣ-2776 нафар (70,2 фоиз), миёнаи махсус-996 (25,1 дарсад) ва миёнаи умумӣ 179 (4,5 %) мебошанд.

-Дар муқоиса ба соли 2022-2023, шумораи омӯзгорон, ки дар соли    гузашта 3817 нафар буд, имсол ба 3951 нафар баробар гардид, ки 134 нафар бештар аст. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  42 нафар мутахассиси ҷавон барои бо ҷойи кор таъмин гардидан ба шаҳри Ваҳдат роҳхат гирифтанд. Дар маҷмуъ, дар соли таҳсили 2023-2024-ум 330 омӯзгор бо ҷои кор таъмин гардиданд,-гуфт мудир.

Теъдоди хонандагон

Тибқи омор, соли гузашта дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ваҳдат 90 936 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буданд, ки аз инҳо 43670 (48 %)-нафарро духтарон ташкил медоданд. Имсол бошад, теъдоди хонандагон  93 640 нафарро ташкил медиҳанд (44809 духтар), ки дар қиёс ба соли гузашта 2704  (2,9%) хонанда зиёд гардидааст.

Корҳои ободонӣ

-Моҳи августи соли равон, бо мақсади иҷрои “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” 108 ҷуфт мизу курсӣ барои хонандагон, 8 ҷуфт мизу курсӣ барои омӯзгорон, 8 тахтаи синфӣ, 8 ҷевон барои китоб дастрас намуда, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ расонида шуд. Ҳамзамон, вазорати маориф ва илми мамлакат барои иҷрои Барномаи мазкур барои кабинети химияи муассисаи таҳсилоти умумии №7 ба маблағи 34 ҳазор сомонӣ, кабинети биологияи муассисаи таҳсилоти умумии №43 38 ҳазору 600 сомонӣ, МТМУ №8 (барои кабинети физика 40 ҳазору 923 сомонӣ), № 4 (кабинети физика 40 ҳазору 923 сомонӣ), №111 (кабинети биология 38 ҳазору 600 сомонӣ) таҷҳизот кӯмак намуд, ки 85%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Айни замон дар назди 17 муассисаи таълимӣ 122 синфхонаҳои иловагӣ ва дар Маҳаллаи -14 бошад, муассисаи замонавӣ сохта шуда истодааст. Баъди ба истифода қарор додани синфхонаҳо ва муассисаи маҳаллаи -14, дар маҷмуъ 122 синфхона ва 3075 ҷойи нишаст зиёд хоҳад гашт. Соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаи таҳсилоти умумии №1 кабинетҳои химия ва физика азнавсозӣ гардида, дар кабинети химия ба маблағи 1107 сомонӣ гӯшаҳои банерӣ харидорӣ гардид. Аз ҳисоби буҷети муассиса ба маблағи 6610 сомонӣ барои озмоишгоҳи фанни химия ва ба маблағи 9390 сомонӣ барои озмоишгоҳи  фанни физика маводҳои зарурӣ харидорӣ гардид. Инчунин, кабинети химия бо экран, проектор ва компютер таъмин карда шуд. Аз 36 кабинети фаннии ба нақша гирифташуда 9 кабинети фаннӣ ва 2 кабинети технологияи меҳнат дар муассисаҳои №1, 2, 11, 38, 55, 133, 140 харидорӣ карда шуд, ки маблағи харид 222494 сомониро ташкил медиҳад. Дар  муассисаи таҳсилоти умумии №2 таъмиру азнавсозии кабинети география ва харидории таҷҳизотҳои лозимӣ бо маблағи 28 927 сомонӣ, №11 ташкили кабинети математика бо харидории асбобҳои математикӣ бо маблағи 12000 сомонӣ, №38 кабинети технологияи иттилоотӣ, бо маблағи 14750 сомонӣ ва дар баробари ин муассисаи таҳсилоти умумии №38 аз ҳисоби Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо 6 адад компютери замонавӣ таъмин гардид. Кабинети технологияи иттилоотӣ МТМУ №55 аз таъмир бароварда шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 тахтаи электронӣ бо арзиши 14000 сомонӣ, 1 проектор 4100 сомонӣ, 1 принтер 4200 сомонӣ, 1 компютери замонавӣ 5500 сомонӣ, дар умум 27 800 сомонӣ тӯҳфа карда шуд. Бояд хотиррасон намуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ моҳи августи соли равон бо мақсади иҷрои “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” 108 ҷуфт мизу курсӣ барои хонандагон, 8 ҷуфт мизу курсӣ барои омӯзгорон, 8 тахтаи синфӣ, 8 ҷевон барои китоб дастрас намуда, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ расонида шуд. Дар соли 2024 тибқи талаботи Барнома ташкили 36 кабинети фаннӣ ва 1 озмоишгоҳи муҷаҳҳази таълимӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 3 кабинети физика, 5 химия, 5 биология, 9 география, 9 математика, 3 технологияи иттилоотӣ,  2 суруд ва мусиқиро дар бар мегирад,-афзуд Мусофириён М. С.

Мувофиқи иттило, дар шаҳри Ваҳдат 17 муассисаҳои томактабии давлатӣ, як адад мактаб-кӯдакистони хусусии “Шукрона” фаъолият дорад, ки 2360 кӯдакро фаро гирифтаанд. Шумораи умумии мураббияҳо 92 нафар буда, аз ин бо таҳсилоти олӣ 36 (39,1 %), олии нопурра -20 (21,7 %), миёнаи махсус-36 нафар (39,1%)-ро ташкил медиҳанд. Соли равон дар назди 94 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат 111 гуруҳи Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1886 кӯдак таъсис дода шуд, ки ин нисбати соли 2022 68 гуруҳ ва 1143 кӯдак зиёд мебошад. Дар даври озмуни шаҳрӣ мураббии кӯдакистони №1“Лола”-Шарипова Ҳамида ғолиб дониста шуда, дар даври минтақавии озмуни “Мураббии  соли Тоҷикистон -2022”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, байни мураббияҳои кӯдакистонҳои 9 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст. Шарипова Ҳамида дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шудааст. Даври шаҳрии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” дар кӯдакистони №9, бо иштироки 7 нафар мураббиён аз кӯдакистонҳои №1, 4, 5, 9, 11, 12 ва 17 гузаронида шуд, ки дар ҷамъбасти озмун мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони №9 “Бунафша”-Гулова Мафтуна сазовори ҷойи аввал гардида, моҳи июн дар даври минтақавӣ иштирок варзида, сазовори ҷойи дуюм гардидааст. Номбурда бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шудааст.

“Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” 

-Дар назди раёсати маориф бо мақсади дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони боистеъдод Маркази рушд таъсис дода шуда, бо 11 воҳиди корӣ фаъолият намуда истодааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз ҷониби хонандагони мо дар даври минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ишғоли ҷойҳои 1-2-3 (медали тилло, нуқра ва биринҷӣ) ва ҷойи Ифтихорӣ зиёд аст. Соли гузашта 51 медал, имсол бошад, 81 медал дар даври минтақавӣ ва 37 медал дар даври ҷумҳуриявӣ, ҷойи Ифтихорӣ дар минтақа аз 8 ба  40 ва ҷумҳуриявӣ бошад, ба 11 баробар гардид. Агар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта пешравиҳо назаррасанд. Дар соли таҳсили гузашта аз 310 нафар 51 нафар ғолиб дониста шуда буд, ки ин 16,4 %-ро ташкил медод, имсол бошад, аз 382 нафар иштирокчии даври минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ 118 нафар ғолибият ба даст овард, ки ин ба 31 % баробар меояд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 15 % зиёд гардидааст. Ин нишондод аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сатҳу сифати таълим ба МТМУ дар шаҳри Ваҳдат хуб буда, дониши хонандагон  сол то сол рӯ ба афзоиш дорад. Шогирдони муассисаҳои шаҳри Ваҳдат дар олимпиадаи байналмилалӣ низ фаъолона ширкат меварзанд, ки он натиҷабахш мебошад. Масалан, Саидова Рукмина-хонандаи синфи 9 МТМУ №3 дар Конкурси “Я помню! Я горжусь” иштирок карда, ғолиби ҷойи аввал гардид. Номбурда аз тарафи раиси ҷамъияти маркази забони русӣ “Тоҷикистон-Русия” бо Диплом сарфароз гардонида шуд. Тошева Амина- хонандаи синфи 5 аз МТМУ №148 дар олимпиадаи байналмилалӣ миёни хонандагони 22 давлат, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ширкат варзида, аз фанни забони русӣ соҳиби ҷойи аввал гардид. Хонандаи синфи 7-уми муассисаи давлатии “Захираҳои олимпӣ” Ашeров Иброҳим дар 19-умин Олимпиадаи  байналмилалӣ байни 22 давлатҳои дунё дар шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии Узбекистон оид ба забони русӣ иштирок намуда, ҷойи 1-умро сазовор гашта, соҳиби медали тилло гардид. Дар ҳамин гуна Олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хонандагони муассисаҳои таълимии №148 (Тошева Амина), 49 (Эшонқулова С) ҷойҳои аввалро ишғол намуда, барои иштирок дар Олимпиадаи байналмилалие, ки дар шаҳри Санкт- Петербург баргузор мегардад, роҳҳат гирифтанд. Хонандаи синфи 4 муассисаи таҳсилоти умумии №95, Бобизода Н. дар олимпиадаи байналхалқие, ки дар давлати Қазоқистон баргузор гардид, аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардида, бо “Диплом” сарфароз гардид,- боифтихор аз шогирдони худ мегӯяд Мусофириён М. С.

Озмунҳои даврӣ

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-227 аз 07.07.2022 ва қарори Раиси шаҳри Ваҳдат №1559 аз 03.08.2022 бахшида ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, озмуни “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” гузаронида шуд.

-Дар даври минтақавии озмуни “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат”хонандаи МТМУ № 17 Абдуллоева Муҳиба сазовори ҷойи 1, Саидова Нигора (№26) ҷойи 3, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Азиззода Мирзобек ҷойи 1, Қурбонова Мавзуна (коллеҷи тиббӣ) ҷойи 3 гардиданд. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки аз 10 май то13 майи соли равон дар толори “Кохи Маърифат” баргузор шуд, 136 нафар довталаб ширкат варзиданд. Ҳакамони озмун 56 нафарро ҳамчун ғолиби даври шаҳрӣ эътироф намуда, аз рӯйи 6 номинатсия ба даври минтақавӣ роҳхат доданд. Даври минтақавии озмуни мазкур моҳи август дар шаҳри Ҳисор гузаронида шуд, ки 53 хонанда ва 1 нафар омӯзгор аз шаҳри Ваҳдат иштирок варзида, 10 хонанда соҳиби ҷойҳои 1-2-3 ва омӯзгори муассисаи таҳсилоти умумии №25 Сайфиддинова Гавҳар сазовори ҷойи якум гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии рақами рақами 3 ва 5 Саидова Рухмина (синфи 9, номинаи “Адабиёти муосир”) ва Насирова Нозия (синфи 10, “Адабиёти бачагона”) ба гирифтани ҷойи Ифтихорӣ сазовор дониста шуданд. Дар даври минтақавии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” бошад, 9 шогирди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ваҳдат ва 1 нафар хатмкардаи литсейи ба номи Темур Собир иштирок намуда, ғолиб дониста шуданд. Як нафар ғолиби ҷойи 1, се нафар ғолиби ҷойи 2, панҷ нафар ғолиби ҷойи 3 ва 1 нафар хатмкардаи литсейи ба номи Темур Собир -Бухориев Муродалӣ, ки айни замон дар курси 1-и ДДТТ таҳсил менамояд, сазовори ҷойи 3 гардиданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, ки аз 23 то 25 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ғолибони даври минтақавӣ аз шаҳри Ваҳдат иштирок доштанд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни  “Илм-фурӯғи маърифат” хонандаи синфи 11 МТМУ №3 Қаландаров Анушервон дар номинаи “Математика” сазовори ҷойи аввал, Амонова Ҳилола (Литсейи Т. Собир) хонандаи синфи 11 (“Биология”) ҷойи сеюм ва Гулова Омина хонандаи синфи 10, МТМУ № 35 дар номинаи “Биология” сазовори ҷойи Ифтихорӣ гардидаанд, ки Қаландаров Анeшервон бо 35 ҳазор ва Амонова Ҳилола бо 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд,- ,-гуфт сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Мусофириён М. С.

Дохилшавӣ ба муассисаҳои олии кишвар

Сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат иттило дод, ки аз теъдоди 6505 нафар хатмкунандаи синфи 9-ум 850 (791 духтар) нафар  (13,0 %)   аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд. Аз 3293 нафар хатмкунандаи синфи 11 бошад, 1850 (791духтар) нафар (56,1 %)  аз қайди ММТ гузашта, дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок намуданд, ки натиҷааш чунин шуд: 1351 нафар (41,0%) аз ин 480 нафар духтар, ба муассисаҳои олии кишвар, 337 (10,2 %), аз ин 162 нафар духтар ба коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои таълимии касбӣ, 110 нафар  (3,3 %) 38 духтар ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии тадбиқкунандаи тайёрии таҳсилоти умумӣ, 35 нафар (1,9 %) аз ин 11 духтар ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии тадбиқкунандаи тайёрии таҳсилоти умумӣ ва ба бахшҳои гуногун 41 нафар (28 духтар) дохил шуда, таҳсили илм намуда истодаанд. Агар соли гузашта 1163 нафар ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуда бошанд, имсол бошад, ин шумора 1351нафарро ташкил медиҳад, ки  нисбати соли гузашта 188 нафар (16,1 %) зиёд мебошад. Аз шумораи дохилшавандаҳо ба муассисаҳои олӣ соли гузашта 416 духтар бошад, имсол шумораи духтарони дохилшуда 480 нафарро ташкил медиҳад.

Квотаи Президентӣ

Дар соли 2022-юм 91нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ваҳдат, ҳамчун довталаб ба квотаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд, ки аз ин 25 нафар тариқи озмун ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуда, таҳсили илм карда истодаанд.

Маркази методӣ

Маркази методӣ тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, корҳои зиёдеро ба анҷом расонид, аз ҷумла, 544 нафар омӯзгорону дигар кормандони  соҳаи педагогиро аз курсҳои такмили ихтисоси  6, 12 ва 18-рӯзаи назди Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, сафарбар намуданд. Ҳамчунин, 3 нафар омeзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ва 3 нафар омeзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ, ки дар синфҳои русӣ ба таълими хонандагон машғуланд, барои аз курсҳои такмили ихтисос гузаштан ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ба муҳлати 10 рeз фаро гирифта шуданд. Дар асоси мактуби вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар кормандони масъули раёсати маориф ва 2 нафар мутахассисони синфҳои ибтидоӣ санаи 14 -15.02.2023 ва   120 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ моҳи август, дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи маориф, ки аз тарафи Лоиҳаи ЮСАИД “Биё, ҳамроҳ омӯзем” ташкил  шуда буд, иштирок намуданд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ

-Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бахшида ба “Рӯзи Модар”, ҷашни “Наврӯзи Аҷам”, Иди Меҳргон, Ҷашни Сада, 9-сентябр-Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчам шиору овезаҳо оро дода шуда буданд. Инчунин, бо мақсади эҳтиром ва бузургдошти Зан-Модар дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ байни хонандагон чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла қироати шеър, сурудхонӣ озмунҳои “Алласароӣ”, “Канӣ духтарон!”, “Расмкашӣ”, баровардани рӯзномаҳои деворӣ ва гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар мавзуи “Модар-олиҳаи зиндагӣ”, “Зан-офарандаи ҳаёт”, “Зан зебописанд аст”, “Модар қаҳрамон аст” гузаронида шуд. Озмуни “Канӣ духтарон”, ки дар муассисаи таҳсилоти умумии №3 баргузор гардид, дар сатҳи баланд  гузаронида шуд.

Боиси қайд аст, ки чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Модар” дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо иштироки омӯзгорону хонандагон ва собиқадорони меҳнат дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Санаи 3.03.2023 дар ҳамҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ чорабинии фарҳангӣ-адабӣ таҳти унвони “Давлати пойдор-Модар” бо фаъолзанон ва занони собиқадор гузаронида шуд. Ҳамзамон, маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Раиси шаҳр, ки дар толори муассисаи таҳсилоти умумии №71, бахшида ба “Рӯзи Модар” баргузор гардид, дар он кормандони соҳаи маориф фаъолона иштирок намуданд.

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ конференсияи адабӣ-бадеӣ дар мавзeи “Наврӯзи хуҷастапай ҷаҳонӣ шуд”, озмунҳои гуногун, чорабиниҳои адабию варзишӣ (вохӯрӣ бо адибон, озмуни иншо, расм, суруд, шеърхонӣ, бандкашӣ, футбол, волейбол, давидан) ва тозаю озода намудани гирду атрофи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ташкил карда шуд. Дар санаи 21.03.2023 дар варзишгоҳи марказии шаҳр ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил гардид, ки дар он омӯзгорону, собиқадорони соҳа ва хонандагон фаъолона иштирок намуданд.  Ҳамзамон, дар ин ҷашни пуршукуҳ дастовардҳои раёсати маориф ба маърази тамошо гузошта шуда, ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай дастархони идона бо ташкили   “Ҳафтсин”-у  “Ҳафтшин” густурда шуд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва иҷрои Амри Раиси шаҳри Ваҳдат ба ҷашни Наврӯз озмуни шаҳрии “Сад ранги чакан” бо иштироки фаъолонаи хонандагон ва тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ рӯзи 15 марти соли 2023 аз рӯйи 6 номинатсия ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 27 дар мавзуи “Тоҷикистон-Ватани азизам”, №42 -“Ҳифзи пиряхҳо”, 49 -“Модар-фаришта буд”, 74 бахшида ба “Рӯзи Ғалаба”, 106 -“Омӯзгор – рӯзгор ва осори Садриддин Айнӣ” конференсияҳои илмӣ-адабӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки басо хотирмон буданд,-иброз дошт дар фарҷоми суҳбат сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Мусофириён М. С.

Тибқи иттило, раёсати маориф дар пайвастагӣ бо шуъбаи фарҳанги шаҳр барои даври озмуни “Андалеб” корҳои зиёдеро  ба анҷом расонида, дастовардҳои соҳаи маорифро ба маърази  намоиш гузоштанд. Озмуни  “Андалеб”, ки дар толори муассисаи таҳсилоти умумии №71 баргузор гардид, саҳми раёсати маориф низ дар гузаронидани озмун калон аст. Чорабинии дигари сиёсие, ки бахшида ба 9-сентяр-Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар Боғи Алишери Навоӣ аз 9 то15 сентябр идома кард, дар он саҳми раёсати маориф арзанда буда, дастовардҳои маорифчиёни шаҳрро ба маърази тамошо гузоштанд. Боиси қайд аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бахшида ба Рӯзи Президент, Рӯзи Парчам, чорабиниҳои идона гузаронида шуд, дар ҷамъомади тантанавие, ки дар маркази шаҳр  баргузор гардид, тамоми муассисаҳои соҳаи маориф бо дастовезҳо ва тайёрии ҳаматарафа иштирок доштанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 17, 19, 20, 30, 139, 140, 141, литсейи Темур Собир, гимназияи ба номи А.Балъамӣ дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм-падидаи номатлуб”, “Пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ” конференсияҳои илмӣ-бадеӣ, вохӯриҳо, корҳои фаҳмодадиҳӣ гузаронида шуд, ки басо аҳамияти тарбиявӣ доштанд.

Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон

Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, тибқи Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, аз рӯйи 30 маҳфил самти корро ба роҳ гузоштааст. Варзишгарони Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар мусобиқаҳои варзишии “Вазнбардорӣ” дар шаҳри Ҳисор, мусобиқаи кушод оид ба намуди “Муай Тай” дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд, “Таеквандо” дар шаҳри Душанбе, шаҳри Стамбули давлати Туркия, дар 25-ум чемпионати ҷаҳон оид ба “Армрестлинг” шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, иштирок намуда, соҳиби 207  медали тилло, 191 нуқра ва 141 биринҷӣ гардиданд, ки ин дар маҷмуъ нисбат ба соли гузашта 77 адад (32 медали тилло, 23 нуқра, 24 биринҷӣ) зиёд мебошад. Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ”, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди “ЮНИСЕФ”, “АРСИВИСИ”, “ЮНИСОР” ва “Ҳайати шафқат” 4 синфхона ва толори консертиро аз таъмири капиталӣ бароварданд. Толори консертӣ бо 200 ҷойи нишаст, курсиҳои толори маҷлисӣ, 3 адад миз, 1 адад минбар (трибуна), 2 кондитсионери калонҳаҷми толорӣ, баландгӯяк таъмин намуданд. Шарикони рушд марказро бо 60 адад мизу 120 курсӣ, 5 ноутбук, 2 проектор, барои маҳфили “Қаннодӣ”, 1 тафдони калонҳаҷм бо плитаю газ, 1 яхдони камерадор, 3 тафдон, 12 мошинаи дарздузӣ, 4 соякат ва 8 курсии наздиҳавлигӣ таъмин намуд. Бинои марказ аз  таъмири асосӣ бароварда шудааст. Дар асоси барномаи “Флекс” аъзои маҳфили “Омӯзиши забони англисӣ” Раҳимқулова Тоҷинисо ва роҳбари маҳфили “Омӯзиши забони англисӣ”- Какроев Фирӯз аз рӯйи барномаи “СУСИ” барои муаллимони забони англисӣ роҳхат гирифта, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Рӯзи 25 октябр аъзоёни маҳфили “Омӯзиши забони англисӣ” бо Сафири Амрико дар Тоҷикистон, дар доираи рушди малакаҳои забономӯзии забонҳои хориҷӣ, вохӯрӣ гузаронд. Ҳамзамон, Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қазоқистон иштирок намуда, дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Китобхона

Дар китобхонаи Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат, аз аввали сол то ба имрӯз, аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  65 номгӯйи китобҳои дарсӣ ба миқдори  201 012 нусха ба маблағи 4 285 360 сомонӣ ворид гардида, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонда шудааст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь