Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд, ки “Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».

Маҳз дар партави ҳамин ҳидоятҳо масъулини соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бо дастгирӣ аз дастурҳои Роҳбари давлат фаъолияти худро ҷоннок месозанд. Инҷо метавон аз талошҳои пайгиронаи масъулини Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ёдовар шуд.

 Дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат

Муқаддас Носирзода, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иброз дошт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҷории худ маорифро ҳамчун самти афзалиятнок ва моҳиятан калидӣ арзёбӣ карда, сол аз сол маблағгузории ин соҳаро афзун менамояд.

– Дар ҳамин радиф, махсусан ба муассисаҳои таълимӣ, ки дар шароити феълӣ аз нақшу мақоми баланд бархурдор мебошанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Ва беасос нест, ки дар марҳилаи феълии рушди ҷомеаи муосири тоҷик, замоне сухан аз боби мактабу маориф меравад, сифати таҳсилот дар мадди аввал қарор гирифта, таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала – “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”- дар мағзу шуури ҳар як корманди соҳаи маориф ҷой мегирад. Зеро бидуни мунтазам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибихтисос ва дар ин замина, таъмини боэътимоди ояндасозии Ватани азизамон имконнопазир мегардад. Бо ҳамин назардоштдар самти пайваста баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас корҳои қобили мулоҳизаро роҳандозӣ карда истодаанд, – афзуд Муқаддас Носирзода.

 Таълиму тарбия – дар мадди аввал

Ба иттилои Муқаддас Носирзода, ба Шуъбаи маорифи ноҳия дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2021 дар умум 1848 ҳуҷҷат ворид гардида, ҳамзамон аз тарафи мудир 70 нафар шаҳрванд қабул карда шудаанд. Дар баробари ин, ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби мудири Шуъба, сармутахассис  ва мутахассисон рӯзҳои қабул роҳандозӣ гашта, инчунин, телефонҳои боварии Шуъбаи маорифи ноҳия бо рақамҳои 236-18-21 ва 236-31-06 мунтазам фаъоланд ва арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагон сари вақт мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар 15 Шӯрои навбатию ғайринавбатӣ Шуъбаи маориф бо баррасии 60 масъала, 11 ҷаласаи назоратии назди мудир 44 масъаларо пайгирона муҳокима намуда, дар ин замина қарорҳои дахлдор қабул кард.

 Таҳсилоти ғайрианъанавӣ ва алтернативӣ

Мусаллам аст, ки таҳкурсии асосии тарбия намудани инсони комил дар давраи то ба мактаб раҳсипор гаштани ӯ ба амал  меояд. Дар давраи ҳисоботӣ дар 41 муассисаи томактабии буҷавӣ иқтидори ғунҷоиш барои 10892 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида бошад ҳам, дар онҳо 12427 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 606 нафар мураббӣ бо шумули 39 сармураббӣ, 40 равоншинос ва 74 роҳбари мусиқӣ дар 537 гурӯҳ фаъолият намуда истодаанд.

Таҳсилоти томактабӣ яке аз зинаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, дар баробари фаъолият намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ташкил ва ба роҳ мондани кӯдакистонҳои хусусӣ низ дар мадди назари роҳбараияти давлату ҳукумат қарор дорад.        Муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусии ҳудуди ноҳия, ки дар маҷмӯъ 14 ададро ташкил медиҳанд, фаъолияти худро тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ба роҳ мондаанд.

Ин аст, ки дар муассисаҳои томактабии идоравӣ ва хусусӣ шумораи умумии кӯдакон 1777 нафар, шумораи кормандони педагогӣ бошад 117 нафарро ташкил медиҳад. Дар ёздаҳ моҳи  соли 2021 бо роҳхати Шуъбаи маориф 7258 нафар кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ равон карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бо сабаби афзудани аҳолӣ, кӯчиши аҳолӣ аз дигар манотиқи кишвар ба пойтахт, ҳамчунин, ба истифода додани биноҳои нави баландошёна ва зиёд гардидани талаботи шаҳрвандон ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандонашон дар муассисаҳои томактабии №№ 68, 80, 85, 96, 112, 136, 158 дар умум 130 кӯдак дар навбат қарор доранд.

Баҳри сайқал додани инкишофи қобилияти зеҳнии тарбиятгирандагон ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо дар 25 кӯдакистони ноҳия озмуни “Доноякон” баргузор гардид, ки тарбиятгирандагон фаъолона ширкат варзида, аз тарафи маъмурияти муассисаҳо бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардонида шудаанд. Ҷамъбасти озмуни шаҳрии “Доноякон” дар муассисаи таҳсилоти томактабии №53-и ноҳияи Фирдавсӣ гузаронида шуд, ки аз байни муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии МТТ №89 ба ҷойи 1-ум, МТТ №18 ба ҷойи 2-юм ва МТТ №137 ба ҷойи 3-юм сазовор гардиданд. Ғолибон аз тарафи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ ёфтанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ хусусӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби шаҳрвандон Абдулвоҳидова М. ва Худойназарова Т. ду кӯдакистони хусусӣ ҳар кадоме барои 100 ҷой ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ҳамзамон, дар муассисаи таҳсилоти томактабии №80 аз тарафи ҶДММ “Нур-К” ба маблағи 26000 сомонӣ толори мусиқӣ аз таъмир бароварда шуда, дар муассисаи таҳсилоти томактабии №137 аз ҳисоби маблағҳои махсус (бо сарфи 39400 сомонӣ) дар кабинети ҳамшираи тиб ва анборхона тирезаҳои пластикӣ насб ва хонаи либосшӯӣ таъмир гардид.

 Сатҳи сифати таҳсилот

Дар соҳаи маориф зинаи таҳсилоти умумӣ чун зинаи асосии таҳсилот мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Ин аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба дигаргунсозии мазмун ва моҳияти таълим талошҳо баҳри ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва шаклгирии мактаби миллӣ равона гардида, дар иртибот як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ки дар ҳамоҳангсозии муносибатҳои субъектҳои раванди таълим, фароҳам овардани шароити мусоиди донишандӯзии хонандагон, истифодаи усулҳои ҳамкорӣ дар таълим ва технологияи инноватсионӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ки дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот равона гардидаанд, мусоидат карда метавонанд.

Айни ҳол, дар ноҳия 80 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (буҷавӣ), 5 муассисаи таҳсилоти умуми асосӣ (буҷавӣ), 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, муассисаи таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус (барои нобиноён), 2 мактаб-кӯдакистони хусусӣ, 7 литсей, 7 гимназия, 1 Мактаби байналмилалии Президентӣ, 4 мактаб-интернат, 6 муассисаи таълимӣ (“Абдураҳмони Ҷомӣ”, “Омина”, “Империяи дониш”, “Дӯстии халқҳо”, “Фазл”, “Ҳоризонт”), 1 муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” ва 2 муассисаи ғоибонаи колонияи ислоҳотии бачагона (маҳбаси бачагона) бо фарогирии умумии  хонандагонро ташкил медиҳанд. Маҷмуан дар ноҳияи Сино 4719 нафар омӯзгор (3731 нафар бонувон) ба 103 913 нафар хонанда (49527 нафар духтарон) таълиму тадрис медиҳанд, ки 4165 нафарашон бо маълумоти олии омӯзгорӣ, 351 нафар бо маълумоти олии нопурра ва 203 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ мебошанд.

Ҳамзамон, аз моҳи январи соли 2021 10 муассисаи таҳсилоти умумии буҷавӣ ва 1 гимназияи хусусии “Абӯрайҳони Берунӣ” ва Литсейи хусусии “Эҳсон”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо фарогирии 12596 нафар хонанда ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ворид гардиданд.

Дар  соли ҷорӣ  тибқи нақша  652 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ,  омӯзгорони ва мураббияҳо аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

 Рушди истеъдодҳо

Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” дорои 10 иттиҳодияи таълимӣ буда, аз ҷумла иттиҳодияи таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, математика, физика, химия, биология, география, таърих, технологияи иттилоотӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ мебошад. Фарогирӣ дар иттиҳодияҳои таълимии Марказ аз 10 то 16 нафарӣ буда, дар онҳо ғолибони даврҳои дуюм ва сеюми олимпиадаи фаннии хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар маҷмӯъ шумораи умумии хонандагон дар Марказ ба ҳолати моҳи декабри соли ҷорӣ 230 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамаи онҳо аз ҳисоби хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳисоб мераванд. Инчунин омӯзгорони Марказ бошанд, аз ҳисоби омӯзгорони ҷавони соҳибистеъдод, ки қаблан мактаби олимпиро газаштаанд, ба Марказ ҷалб карда шудаанд.

Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” дар баробари кор бо ғолибони олимпиадаҳо, инчунин аз рӯи нақашаҳои кории солона ва моҳонаи Марказ фаъолияти худро ба таври мунтазам ба роҳ монда, тибқи талаботи нақшавӣ омӯзгорон моҳе як маротиба дар машғулиятҳои якдигар иштирок намуда, аз методу усулҳои якдигар баҳравар мегарданд. Дар ин баробар баргузор намудани дарсҳои кушод низ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷониби шахсони масъул давомоти хонандагон, аз ҷумла ғолибони даври дуюм ва сеюм олимпиадаҳои фаннӣ ҳамарӯза таҳти назорат қарор дода мешавад.

 Олимпиадаи даставии “Истеъдод”

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бори аввал Олимпиадаи даставии “Истеъдод” бо шаклу услуби нав дар байни хонандагони синфҳои 7 то 11-и МТМУ шаҳри Душанбе аз фанҳои дақиқ баргузор шуд, ки дар маҷмӯъ 12 нафар хонанда ҳамчун дастаи ноҳия ба олимпиадаи мазкур пешбарӣ гардиданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино дар даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе (синфи 11), Олимпиадаи анъанавии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе (синфҳои 9 ва 10), Олимпиадаҳои даставии наврасон (синфҳои 5-6 ва 7-8), Олимпиадаҳои “Spelling Bee” ва “Шоҳмот”, Олимпиадаи даставии “Истеъдод” ва даври  интихобии олимпиадаи даставии хонандагон байни синфҳои 9-10  фаъолона иштирок намуда, дар маҷмӯъ бо ба даст овардани 351 ҷой дар байни ноҳияи пойтахт мақоми аввалро соҳиб гардид ва ба даври чоруми Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

 “Илм-фурӯғи маърифат”

Табиист, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”-ро Сарвари давлат ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия амр намуда буданд. Бо мақсади иҷроиши амри мазкур дар даври дохилимуассисавии озмун 1252 нафар хонанда ва 16 нафар омӯзгор иштирок намуда, аз ин миён 382 нафар хонанда аз рӯи 7 номинатсия ба даври ноҳиявии озмуни мазкур пешниҳод гардиданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври ноҳиявии озмун 35 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври шаҳрии роҳхат гардиданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни мазкур бошад, 13 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи  маърифат” иштирок намуда, 5 нафарашон соҳиби мақомҳои намунавӣ гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки хонандаи синфи 11-уми МТМУ №56 Шарифова Заррина аз рӯи номинатсияи “Химия” сазовори ҷойи 1-ум гардид. Ҳамаи ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” аз тарафи кумитаи тадорукот бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

“Фурӯғи субҳи доноӣ…”

Ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъол гардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла мурраббиён ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, омӯзгорону хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар даври муассисавии он 5000 хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, дар натиҷа 358 нафар хонанда ва 6 нафар омӯзгор ноҳиявӣ баромаданд. Аз байни онҳо 23 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва 1 нафар мураббия ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифта, бо туҳфаҳои таъсиснамудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни мазкур ҳамаи 23 нафар таълимгирандагон ва 1 нафар мураббия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, ки умедворем, шуҳрати ноҳияро боло мебаранд.

Рӯ ба имконоти аз ин беҳтар

Албатта, дар ҷое кор равнақ дорад, онҷо камбудӣ низ пеш меояд. Шуъбаи маорифи ноҳияи Сино низ аз ин амри воқеият дар канор нест. Мудири Шуъбаи маорифи ноҳия Муқаддас Носирзодабо овардани чанд далел ва факту рақамҳо аз дастоварду пешравиҳои соҳа ҳамчунин, бо дарки масъулият ва ҳисси ғамхорӣ иқрор гардид, ки табиист, соҳаи маорифи ноҳияи Сино низ алъон бо баъзе мушкилоти ҳалталабе, аз қабили нарасидани маводи таълимӣ дар кабинетҳои методии муассисаҳои томактабӣ, норасоии кадрҳои педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар онҳо хонандагон дар синфҳои таълимашон ба забони русӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, мувоҷеҳ аст. Биноан, бо мақсади беҳтар намудани шароит ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва ба танзим даровардани системаи тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҷмуъ пешниҳод дорем, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот тавассути мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимии томактабӣ, давра ба давра баргардонидани биноҳои муассисаҳои таълимие, ки дар ихтиёри муассисаҳои дигар қарор доранд, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ҳифзи саломатӣ ва рушди ҷисмонии кӯдакони синну соли томактабӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимии томактабӣ бо ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории муассисаҳои таълимии томактабӣ бо муассисаҳои тандурустӣ, ба роҳ мондани шумораи хонандагон дар синфҳо мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар тамоми муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли моликияташон, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино ва инчунин, тақвият бахшидан  ва назорат ба фаъолияти мутахассисони ҷавон ба инобат гирифта шуда, ҳамзамон роҳандозӣ гардад.

– Новобаста ба ин, Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тадбирҳои таъсирбахшу судманд андешида, бо мақсади саривақт ва хушсифат иҷро гардидани онҳо аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода мебарад, – бо итминон иброз намуд Муқаддас Носирзода.

“Бешак мутмаинам, ки чунин мушкилоту муаммоҳои соҳа муваққатиянд ва бо дастгирии мақомоти марбутаи вазорат ва ҳукуматҳои маҳалливу мамлакат ҳалли саривақтии худро пайдо мекунанд. Дар навбати худ Шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе минбаъд низ ҷаҳду талош бар он хоҳад намуд, ки дар доираи ваколату салоҳияти худ тамоми дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо сифатан  таъмин намояд”, – дар хотима иброз дошт М. Носирзода.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь