Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Мукаррамзода Фарҳод суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

Номбурда дар оғози суҳбат қайд кард, ки фаъолияти кории шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли навраси ноҳия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ равона карда шудааст.

Муассисаҳои томактабӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки айни замон дар ноҳия 5 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои томактабӣ 521 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар назди 50 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия 54 гурӯҳи Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 843 нафар тарбиятгиранда ташкил карда шудааст.

Дар маҷмӯъ 1364 нафар кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудааст. Дар асоси «Барномаи давлатии рушди таҳсилотӣ томактабӣ дар Ҷумҳурин Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» нақша- чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар асоси нақша- чорабиниҳо бояд то соли 2030 дар ноҳия муассисаҳои хусусии томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад. Айни ҳол дар ноҳия муассисаҳои томактабии хусусӣ мавҷуд нестанд.

Интернати наздимактабии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Анзоб барои 110 нафар хонандагони водии Яғноб мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон 35 нафар тарбиятгирандагон аз водии Яғноб дар интернат фаро гирифта шудаанд. Барои тарбиятгирандагон дар ошёнаҳои 1 ва 2-юми хобгоҳ марказҳои касбомӯзӣ, аз қабили синфхонаи муҷҷаҳази компютерӣ, синфхонаи дӯзандагӣ, китобхонаи замонавӣ ташкил гардидааст, ки барои баланд гардидани сифати дониши тарбиятгирандагон нигаронида шудааст.

Муассисаҳои таълимӣ ва донишандӯзон

Дар ноҳия 12 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 779 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар асоси қарори раиси ноҳия аз моҳи январи соли 2023 дар мавзеъи Шахи Сафеди деҳаи Шаватки Поён муассисаи таҳсилоти умумии асосии №67 ташкил карда шуд.

Дар ноҳия 55 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия таълим бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 18886 нафар хонанда, аз ҷумла, 9390 нафар духтар ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Дар 17 муассисаҳои таълимии ноҳия равия ташкил карда шудааст, ки аз ин дар 25 синф равияи табии риёзӣ ва 31 синф равияи ҷамъиятию гуманитарӣ ба шумор меравад.

Базаи кадрӣ

Номбурда тазаккур дод, ки бо кадрҳо таъмин кардани муассисаҳои таълимии ноҳия дар маркази диққати шуъбаи маорифи ноҳия мебошад. Зеро беҳтар кардани сифати кори таълиму тарбияи насли наврас маҳз аз омӯзгорон ва меҳнати пурмаҳсули онҳо вобаста аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки таълимгоҳҳои ноҳия ба масъалаи зикршуда эътибори ҷиддӣ дода, ба он мекӯшанд, ки ҳарчи бештар омӯзгорони соҳибихтисосро ба кор ҷалб намоянд. Аз ин ҷост, ки ин масъала дар ноҳия ҳалли мусбии худро ёфта истодааст. Имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ 1725 нафар (610 зан) омӯзгор фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1454 нафар (450 зан) бо таҳсилоти олӣ, олии нопурра 37 нафар (26 зан) ва 234 нафар (134 зан) бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият доранд. Инчунин, 954 нафар (721 зан) кормандони техникӣ мебошанд. Дараҷаи тахассуси омӯзгорон чунин мебошад: Дараҷаи тахассуси олӣ 563 нафар (98 зан), дараҷаи тахассуси якум 502 нафар (156 зан), дараҷаи тахассуси дуюм 282 нафар (137 зан) ва бетахассус 378 нафар (219 зан).

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ оид ба норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияро мавриди таҳлил қарор дода, муайян намуд, ки дар ноҳия норасоии омӯзгорон мавҷуд нест. Дар ноҳия омӯзгороне, ки бо маълумоти миёнаи умумӣ дарс мегӯянд, омӯзгорони ғайрисоҳа мавҷуд нест. Бояд қайд намуд, ки теъдоди омӯзгорони ғайриихтисос 23 нафар буда, асосан аз фанҳои суруд ва мусиқӣ, технология, маърифати оилодорӣ ба ҳисоб мераванд. Аз 87 нафар мутахассисони ҷавон, ки табқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд 81 нафарашон ба кор ҳозир шуданд, ки 93,1%-ро ташкил медиҳад.

Кадрҳои оянда

Дар ҷараёни суҳбат ҳамсуҳбати мо итило дод, ки дар соли хониши 2022-2023, 1258 нафар хонандагон синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро хатм карданд. Аз шумораи зикргардида аз 1 апрел то 30 апрели соли равон (марҳалаи асосии бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) 1103 нафар хонандаи синфи 11 барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Инчунин, 42 нафар хатмкардагони солҳои пешин ва 53 нафар хонандагони синфи 9 аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Аз ин шумора 862 нафар ба донишгоҳу коллеҷҳои ҷумҳурӣ, 8 нафар ба донишгоҳҳои қудратӣ, 35 нафар ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва 15 нафар тибқи Квотаи Президентӣ дохил шуданд.

Фарогирӣ ба зинаи 3-юми таҳсил дар соли таҳсили 2023-2024, 97,1%-ро ташкил дод. Аз шумораи 1394 нафар хатмкунандагони синфи 9-уми соли таҳсили 2022-2023, 1353 нафар ба зинаи сеюми таҳсилот фаро гирифта шудаанд. 41 нафар хонандагони синфи 9-ум тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил гардиданд. Ягон нафар хонандаи синфи 9 аз таҳсилот дур намондааст.

Бунёдкорӣ барои фардо

Номбурда изҳор дошт, ки шуъбаи маориф қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-08-2008 таҳти №436 «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2017, ки дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд», зери назорат қарор додааст. Дар ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Ревад қисман садамавӣ буда, корҳои сохтмонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардидааст. Муассисаҳои таълимии №25-и деҳаи Кум, №28-и деҳаи Махшевад, №38-и деҳаи Ёвон, №50-и деҳаи Пинён, №62-и деҳаи Фатмовут ба шакли финӣ сохта шуда, таъмирталаб мебошанд. Дар ноҳия муассисаи таълимии садамавӣ вуҷуд надорад.

Муассисаҳои таълимие, ки дар се баст фаъолият доранд, нестанд.

Аз ҷониби соҳибкор Исрофилов З. сохтмони бинои МТМУ №52 барои 240 ҷойи нишаст идома дорад. Сохтмони бинои мактаби нав дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Фатмев барои 320 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз гардида, давом дорад. Дар МТУА №56 деҳаи Сайрон корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ ба анҷом расид ва санаи 25 ноябри соли 2023 бо иштироки раиси ноҳия ба истифода дода шуд. Соли равон барои бунёди мактаби замонави дар мавзеъи Ревади Поён санги асос гузошта шуд. Сохтмони 6 синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Вотаи ҷамоати деҳоти Урметан аз ҷониби сафорати Ҷопон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расид ва бо иштироки Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон ва раиси ноҳия ба истифода дода шуд. Дар назди МТУА №57-и деҳаи Кумарғ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ санаи 25 апрели соли равон бо иштироки раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба истифода дода шуд.

Сохтмони майдони варзишӣ дар назди МТМУ №47-и деҳаи Пасрӯд ва МТМУ №36-и деҳаи Канте идома дорад. Инчунин, аз ҷониби сарпарастон ва аҳолии деҳа дар назди муассисаҳои таълимии №8-и деҳаи Зоосун ва №19-и деҳаи Сангистон майдончаҳои муҷаҳҳази варзишӣ сохта ва бо иштироки раиси вилояти Суғд санаи 25 апрели соли равон ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, сохтмони толори варзишӣ, майдони варзишӣ ва таъмири капиталии МТМУ №2 ба анҷом расида, санаи 05 июли соли 2023 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздон аз ҷониби Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои Араб Зубайзода Зубайдулло ва таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Дарғи ҷамоати деҳоти Шамтуч аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии деҳа ба анҷом расид ва санаи 12 ноябри соли 2023 бо иштироки раиси вилояти Суғд, раиси ноҳия, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон, санаи 28 ноябри соли равон бо иштироки раиси ноҳия ба бунёди муассисаи таълимӣ дар мавзеи Дашти Ҳаштсари ноҳия барои таълимгирии 264 нафар хонанда дар як баст хишти аввал гузошта шуд.

Иштирок дар олимпиада

Натиҷаи даври ноҳиявии олимпиадаи хонандагони синфҳои 5-11 нишон дод, ки аз шумораи 10992 нафар хонандагон 4950 нафар дар даври мактабии олимпиада иштирок намуда, 1350 нафар дар даври ноҳиявӣ иштирок намуданд ва 137 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин, санаҳои 28-31 марти соли ҷорӣ олимпиадаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз фанҳои забони модарӣ ва математика дар чор минтақа гузаронида шуд ва ғолибон ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифта, дар олимпиадаи ноҳиявӣ иштирок намуданд ва ғолибон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар соли 2023 дар даври ҷумҳуриявии олимпиада 31 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд, ки аз инҳо 11 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои сеюм гардида, бо медалҳои биринҷӣ ва дипломҳои дараҷаи сеюм қадрдонӣ гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки имсол бори нахуст 25 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври якуми олимпиадаи байналмилалии Архимедия аз фанни математика ва 22 нафар дар олимпидаи байналмилалии ҲИППО аз фанни забони англисӣ иштирок намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбаст 33 нафар бо дипломҳо ва сертификатҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ даври ноҳиявии олимпиада баргузор гардид, ки аз шумораи 10050 нафар хонандагони синфҳои 5-11 4857 нафар хонандагон дар даври мактабӣ ва 1377 нафар хонандагон дар даври ноҳиявӣ иштирок намуданд ва 151 нафар ба даври вилоятии олимпиада роҳхат гирифтанд. Инчунин, 109 нафар хонандагон дар олимпидаи Байналмилалии “Глобус” номнавис шуданд. Ногуфта намонад, ки дар даври ноҳиявии олимпиада дар соли хониши ҷорӣ аз мактаб-интернати наздимактабии деҳаи Анзоб 3 нафар хонандагон иштирок намуданд. Инчунин, аз ҷониби шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон озмун таҳти унвони “Саҳми ту ба коррупсия- аҳамият дорад” ташкил гардид ва дар ин озмун 5 нафар хонандагон аз муассисаҳои №1, 19, 22, 37, 45 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо мукофотҳо қарддонӣ гардиданд.

Иштирок дар озмун

Мавсуф афзуд, ки моҳи марти соли ҷорӣ даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф баргузор гардид, ки дар он 1051 нафар хонандагон, 31 нафар омӯзгорон ва 22 нафар намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Дар натиҷа 251 нафар хонанда, 26 нафар омӯзгорон ва 16 нафар намояндагони касбу кори гуногун ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Санаҳои 10.05 то 16.05.2023 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Қасри фарҳанги ноҳия ба номи Нақибхон Туғрал ва маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид, ки дар натиҷа ба даври сеюми озмун (вилоятӣ) ҳамагӣ 59 нафар роҳхат гирифтаанд, ки аз онҳо 41 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 9 нафар омӯзгорон ва 9 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд. Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни мазкур муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Сатториён санаи 19 августи соли 2023 дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмун баргузор гардид, ки дар он 59 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмун иштирок намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун 3 нафар хонанда- Дилнишини Ҳабибулло, хонандаи синфи 8-и МТМУ №27-и деҳаи Вашан аз рӯйи номинатсияи эҷоди наср ҷойи дуюм, Хоҷамова Фарида, хонандаи синфи 4-и МТМУ №6-и шаҳраки Зарафшон-1 аз рӯйи номинатсияи ададбиёти кӯдакон ва наврасон ҷойи дуюм, Нурова Шукрона, хонандаи синфи 8-и МТМУ №54-и деҳаи Вота аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм ҷойи якум ва байни калонсолон бошад, Холмирзоев Шарифмурод, нафақахӯр аз деҳаи Шаватки Боло, Қодирова Умайра нафақахӯр аз деҳаи Вешканд аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Инчунин, 3 нафар хонанда- Бобозода Хуршедшоҳ аз МТМУ №13, Ҷумаева Қурбонгул аз МТМУ №8 ва Ситораи Ҷаҳонбахт аз МТМУ №40 ҷойҳои Ифтихориро ишғол намуданд. Холмирзоев Шарифмурод нафақахӯр аз деҳаи Шаватки Боло дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Моҳи марти соли 2023 даври аввали озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф баргузор гардид, ки дар он 2344 нафар хонандагон ва 17 нафар донишҷуёни (ЛКТ) иштирок намуданд. Дар натиҷа 212 нафар хонанда ва 6 нафар донишҷуёни (ЛКТ) ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Санаҳои 22.05 то 24.05.2023 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази ноҳия баргузор гардид, ки дар натиҷа ба даври сеюми озмун (вилоятӣ) ҳамагӣ 36 нафар роҳхат гирифтаанд, ки аз онҳо 35 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 1 нафар донишҷӯ мебошад. Даври вилоятии озмун моҳи сентябри соли 2023 баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок намуданд ва дар натиҷаи ҷамъбаст хонандаи синфи 11-и МТМУ №2-и деҳаи Урметан Иноятов Шаҳриёр аз рӯйи номинатсияи физика сазовори ҷойи дуюм гардид.

Инчунин, моҳи феврали соли 2023 даври аввали озмуни “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф гузаронида шуд, ки дар он 843 нафар хонандагон, 12 нафар донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи ва ибтидоии касбӣ, 26 нафар омӯзгорон ва 19 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Дар натиҷа 120 нафар хонандагон, 8 нафар донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи ва ибтидоии касбӣ, 25 нафар омӯзгорон ва 19 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд, ки тибқи нақша даври ноҳиявии озмуни мазкур санаҳои 14.06 то 16.06.2023 дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид ва дар натиҷаи ҷамъбаст Ҳакимова Маъқула нафақахӯр аз деҳаи Сангистон ҷойи дуюм ва хатмкардаи МТМУ №20-и деҳаи Мадм Ҳайдарзода Нилуфар ҷойи ифтихориро ишғол намуданд.

Такмили ихтисос

Мавсуф тазаккур дод, ки бояд қайд намуд, ки системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимтарини системаи таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи нерӯи зеҳни омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.

Инчунин, ҳама сола 20% омӯзгорони ноҳия аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаронида мешаванд. Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тақсимоти маъмурию ҳудудӣ такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти муассисаҳои такмили ихтисос мебошад. Тартиби гузориш аз такмили ихтисос дар 5 сол як маротиба муқаррар шудааст. Шакл ва давомнокии такмили ихтисос ва бозомӯзиро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Мувофиқи супориши шуъбаи маориф дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар қисмати аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон дар нақшаи дурнамо барои солҳои 2018-2023 теъдоди шахсоне, ки сол ба сол аз курси такмили ихтисос мегузаранд, нишон дода шудааст. Барои иштирокчиёни курсҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ маблағҳои хароҷотӣ аз ҳисоби маблағи барои ташкил ва гузаронидани курсҳо ҷудо кардашуда, пардохт карда мешавад.

Раъиятпарварӣ

Ҳамзамон, номбурда зикр кард кард, ки теъдоди хонандагони ятими кулл дар давраи ҳисоботӣ 10 нафарро ташкил медиҳад. Хонандагони ятими кулл мувофиқи қарори раиси ноҳия аз тарафи хешовандонашон парастори карда шудаанд. Дар ноҳия 535 нафар нимятимон (267 нафар бе модар ва 268 нафар бе падар) мебошанд.

Бо дастгириҳои Пешвои миллат ба ин кӯдакон ҳамасола тӯҳфаҳо тақдим карда мешавад. Ҳамасола аз тарафи раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм низ дар арафаи ҷашнҳо аёдати ятимон ташкил карда мешавад. Санаи 12 ноябри соли 2023 бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм ва дигар шахсони расмӣ тӯйхонаи деҳаи Дарғ, ки аз ҷониби соҳибкор Шарифов Ҷалолиддин бунёд гардид, ба истифода доданд ва дар ҳамон рӯз барои ятимони кул ва тарбиятгирандагони мактаб-интернати Анзоб дарстархони идона ороста ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Комиссияи ноҳиявии мақомоти васоят ва парасторӣ мунтазам аз шароити зиндагӣ, саломатӣ ва таҳсили ин хонандагон хабар мегирад.

Китобҳои дарсӣ

Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия таминот бо китобҳои дарсӣ дар асоси дархости муассисаҳои таълимии ноҳия ба роҳ монда, марҳила ба марҳила китобҳое, ки корношоям шудаанд ва намерасанд бартараф карда шуда истодаанд. Айни ҳол миқдори китобҳои дарсӣ дар ноҳия 415125 адад мебошад.

Ҳолати бо китобҳои дарсӣ таъмин гардидани хонандагон беҳтар шуда истодааст. Таъминоти китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия 95,6% ташкил медиҳад.

Мафтуна ВАҲҲОБОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь