“Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.

“Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо воқеан ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд”.

“Ниёгони мо доир ба заҳматҳо ва нақши муаллим дар таълиму тарбия гуфтаанд:

Тарбия чист? Хок зар кардан,

Қатраи обро гуҳар кардан.

Аз ин рӯ, бояд ҳар як омӯзгор донад, ки ӯ шахси масъулу равшанфикр ва пешбарандаи ҷомеаи мост”.

“Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад”.

“Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.

“Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.

Ин ва дигар суханҳои пурмуҳтавоеанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳову вохӯриҳо бо омӯзгорон, аҳли зиё ва маорифпарварони мамлакат дар замонҳои гуногун дар ситоиш онҳо аз сидқи дил гуфтаанд ва ҳамеша ба ҷомеа таъкид намудаанд, ки ба қадри муаллиму омӯзгор бирасанд.

Маорифчиёни ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон низ дар пайравӣ ба суханҳои волои Президенти мамлакат кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ба боварӣ сазовор ва дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълими толибилмон саҳим бошанд.

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, баҳри рушди он дар тамоми шаҳру навоҳии кишвари азизамон нақшаву чорабиниҳои зиёд амалӣ мегарданд. Хусусан, шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зарурияти ҳар як тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафар кард ва вобаста ба дастоварду пешравии соҳа бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Одилзода Абдулвоҳид суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Фишурдаи суҳбат пешкаши хонандагон карда мешавад.

Баргузории озмунҳо

Одилзода Абдулвоҳид дар оғози суҳбат гуфт, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд, кӯшиш ба харҷ дода, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳия, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дигар  санаду ҳуҷҷатҳои  меъёрии ҳуқуқиро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимиятҳои маҳаллӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба амал бароварда истодааст.

-Маҷмӯи тадбирҳои муҳими ободонию созандагӣ, бунёдкориву навгониҳо, баланд бардоштани маърифатнокии толибилмон, ки бо ташаббуси  бевоситаи Пешвои муаззами миллат рӯи кор омадааст, имрӯз қалби ҳар як омӯзгор ва ҳамаи кормандони соҳаи маорифро сидқан фаро гирифтааст. Дар давоми се моҳи соли 2023  байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ,  фарҳангӣ, фаннӣ, варзишӣ ва ғайра гузаронида шуд, ки сатҳи донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати онҳо арзёбӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ин давра олимпиадаи фаннӣ, озмунҳои “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат”, «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», «Хонандаи сол», «Маликаи Наврӯз», “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, “Мураббии сол” “Ҳуқуқдони беҳтарин ”, “ Ифтихори ватандорӣ”, “Квотаи  Президентӣ” ва конференсия бахшида ба “Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуд, васеъ ва шаффоф ҷамъбаст гардиданд. Бахшида ба ҷашни “Наврӯз” дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия ва худи шуъбаи маориф ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид,-гуфт мудири шуъбаи маориф.

Шумораи муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон

Бинобар маълумоти Одилзода, дар ноҳияи Панҷ 53 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 1 литсейи давлатӣ, 1 гимназия, 7 муассисаи томактабӣ, маркази рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ фаъолияти босамар менамоянд.

-Дар соҳаи маориф 1883 нафар омӯзгор ба таълими толибилмон фаро гирифта шудаанд, ки 1110 нафарашон дорои маълумоти олӣ (62 фоиз) мебошанд. Аз ин шумора 1302 нафар (70 фоиз)-ро занҳо ташкил медиҳанд. 509 нафар омӯзгор дорои маълумоти миёнаи омузгорӣ буда, ҳамзамон, 232 нафар омӯзгор ғоибхони макотиби олӣ ва 32 нафар  ғоибхони коллеҷи омӯзгорӣ мебошанд,-қайд намуд Одилзода А.

Теъдоди хонандагон ва муассисаҳои томактабӣ

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 29383 нафар хонанда таҳсил менамоянд, ки 14377 нафарашон духтаранд. Дар зинаи сеюми таҳсилот  синфи 10-ум  90 %-ро ташкил медиҳад.

-Баҳри таъмини иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» вобаста ба имкониятҳои дастдода ва захираҳои мавҷуда як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд. Алҳол дар ноҳия 7 муассисаи томактабӣ мавҷуд буда, 3-тои он дар маркази шаҳраки Панҷ фаъолият доранд. Муассисаҳои мазкур 34 гуруҳи синни томактабӣ бо фарогирии 685 нафар кӯдак амал мекунанд. Дар назди 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 725 нафар кӯдак дар 53 гӯруҳ фаро гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ 1562 нафарро ташкил дода, ба андозаи 11,4% баробар аст, ки ин аз дараҷаи нишондоди вилоят дар ин самт 1,2% зиёд мебошад,-гуфт мудири маорифи н. Панҷ.

Маркази тестӣ

Ба қавли Одилзода, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои  мактаббачагон хеле хубу фаъолона аст. Ин аст, ки дар даври ноҳиявӣ натиҷаҳои ба даст овардаи муассисаҳои таълимӣ хуб буда, дар даври сеюми олимпиадаи вилоятӣ дар минтақаи Бохтар хонандагони синфҳои 8, 9, 10 ва 11  фаъолона  иштирок кардаанд. “Тибқи маълумоти Маркази миллӣ тестӣ, аз шумораи 1411 нафар хонандагони синфҳои 11-ум, 72%  аз қайд гузаштанд, ки ба 1011 нафар баробар буда, ҳамзамон бақайдгирӣ идома дорад”.

Компютеркунонӣ

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ гуфт, Тадбиқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2017, №443 «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», амалӣ шуда, имрӯз муассисаҳои таълимӣ дорои 843  адад компютер, 110-принтер, 9-тахтаи электронӣ, 15-дастгоҳи сканер, 23-видеопроектор буда, ҳамзамон, дар 48 муассисаи таълимии ноҳия 274 адад камераҳои назоратӣ насб гардидаанд.

-Инчунин, 40 нафар хонандагони беҳтарини мактабҳои ноҳия ба дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд ва 3 нафар ба гирифтани Стипендияи Раиси  вилояти Хатлон муносиб дониста шуданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пурра амалӣ  гардида истодааст. Тибқи талаботи Қонуни мазкур, муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон, бо мақсади беҳдошти кори таълиму тарбия, якҷоя фаъолият намуда истодаанд,-иброз намуд Одилзода А.

Комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана

Ба гуфтаи мудир, шуъбаи маорифи ноҳия дар давоми се моҳи соли ҷорӣ дар самти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  комиссияҳои доимоамалкунанда ташкил дода, рафти фаъолияти онҳоро дар ҳар нимсола мавриди баррасии Шӯрои шуъба қарор медиҳад.

–Чунин комиссияҳои ҷамъиятӣ дар 40 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия таъсис дода шудааст. Рафти ҳолати ташкили кори комиссияҳои ҷамъиятӣ ва низоми ҳуҷҷатнигорӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода  шуда, оид ба беҳтар  гардидани ин масъала ба сарварони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шудааст. Бояд гуфт, ки ин қонуни муҳими иҷтимоӣ дар ниҳодҳои соҳаи маориф риоя гардида, ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ба назар нарасидааст. Бо дастгирии кумитаҳои падару модарон ва ҷавонмардони саховатманду саховатпеша боз 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ташкил карда шудааст. Аҳли маорифчиёни ноҳия муҳимияти таъкидҳои Сарвари давлатро бо ҳисси баланди масъулиятба инобат гирифта, баҳри вусъат бахшидани раванди ислоҳот тамоми нерӯву имконотро равона месозанд,-гуфт Одилзода. А.

Барномаи рушди муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2020-2030

Айни замон фаъолияти шуъбаи марифи ноҳияи Панҷ баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2020-2030» равона гардида, ҳамкории неку судбахши шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ бо шӯроҳои маҳаллӣ, Асоссиатсияҳои волидони муассисаҳо ва омӯзгорон бобати навсозӣ ва таъмири биноҳои муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза ёфта истодааст.

-Чунин иқдомҳои ватандӯстона тавассути сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба миён омадаанд. Ҳамзамон, дар назди Муассисаҳои таълимии №36-5 синфхона, №27- 4 синфхона, №17-6, №37-4  ва №27-у №36 сохтмони толорҳои хурди варзишӣ, бо дастгирии падару модарон ва соҳибкорони маҳаллӣ, идома дорад. Сохтмони МТМУ №9 (барои 640 хонанда) ва №41 (барои 240 хонанда) бо маром рафта истодааст,-қайд намуд мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдулвоҳид Одилзода.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь